Бахшҳо
09 фев 2012 10:08Гузориш

Тоҷикистон метавонад ба Қирғизистон гузашт кунад?

Модоме, ки сухан дар бораи гузашт меравад, мо бояд принсипи баробариро нигоҳ дорем. Агар чизе ба онҳо диҳем, бояд дар баробари ин аз онҳо дар ҳамон миқдор гирем.

Имрӯзҳо дар Душанбе миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи хати марз гуфтушунид идома дорад. Ин комиссия бояд то рӯзи ҷумъа ба кори худ идома дода, натиҷаашро эълон намояд. Гуфта мешавад, ки то имрӯз танҳо 50 дарсади хати марзи муштараки ин кишварҳо аломатгузорӣ шуда аст. "Озодагон" ин ҳафта назари коршиносонро оид ба ҳамин масъала пурсид:

Муҳиддин КабирӢ, раиси ҲНИТ

Ин баҳс бояд бо гуфтушунидҳои дутарафа байни коршиносони ҳар ду кишвар роҳи ҳалли худро пайдо кунад. Набояд ин баҳсро ба баҳси сиёсӣ табдил дод. Чун байни Тоҷикистону Қирғизистон таърихан муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ вуҷуд дошт ва Тоҷикистон зарурат ба як низоъи наве дар минтақа надорад ва назари ман ин аст, ки бо роҳи гуфтушунид бояд ҳалли худро пайдо кунад ва ҳатман пайдо ҳам хоҳад кард. Ин ҷо ҳам назари аҳолӣ ва ҳам санадҳоро бояд ба инобат гирифт. Ба хусус санадҳое, ки аз рӯзҳои авали тақсимбандии марзӣ дар замони шӯравӣ тартиб дода шудаанд, бояд меъёри асосӣ бошанд. Шахсан ман муқобили ҳама гуна додани замин ба дигарон ҳастам, агар як ваҷаб ҳам бошад. Чун мо замини зиёд надорем ва мутаассифона, ҳамеша гузашт кардан дар ин масъала ҳамсоякишварҳои дигарро як гуна ташвиқ мекунад, ки ҳангоми баҳсҳои марзиашон бо Тоҷикистон аз мо ҳамеша интизори гузаштро дошта бошанд. Агар назари аҳолӣ ва санадҳоро ба назар бигирем, аслан баҳс ба нафъи Тоҷикистон тамом хоҳад шуд. Аз рӯи ин ду омил ҳама далелҳо ба тарафи Тоҷикистон ишора мекунанд, фақат мо бояд ҳамсояҳои худро мутақоид карда битавонем.

Абдуқайюм Юсуфов, ҳуқуқшинос

Дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аз ҳама тезу тунд масъалаи об аст. Мо шоҳид ҳастем, ки сокинони наздимарзии ду кишвар ҳар сол дар масъалаи об байни худ муноқиша мекунанд. Масъалаи замин низ дар маҳалли қирғизнишини Тоҷикистон ва баръакс баҳснок аст. Замине, ки ба тоҷикҳо тааллуқ дорад, қирғизон кашида мегиранд ва заминеро, ки ба қирғизҳо тааллуқ дорад, тоҷикон кашида мегиранд. Бо мурури замон, ки талабот ба таъмини замин рӯз аз рӯз меафзояд, ин масъала дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳалли худро наёфта истодааст. Шояд онҳо ҳал карда наметавонанд ё намехоҳанд. Аз ин сабаб ин масъала ба моҷарои ду мардуми дӯст табдил ёфтааст ва боиси ташвиш гаштааст. Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе кори худро оғоз кард, вале дар сатҳи боло ҳал кардани ин масъала роҳи ҳал нест. Хуб мешуд, ки аввал масъала дар сатҳи поён, дар миёни аҳолии наздимарзӣ омӯхта мешуд. Намояндагони ҳар ду маҳалли наздисарҳадӣ, чӣ аз аҳолии Тоҷикистон ва чӣ Қирғизистон бояд дар ҳайати ин комиссия шомил бошанд ва мушкилоти асосиро ба миён мегузоштанд. Зеро дар сатҳи боло бо ягон қарору созишномае масъала ҳал мешавад, аммо дар сатҳи поёнӣ вазъ бетағйир мемонад. Агар ба Сарқонуни давлати Тоҷикистон нигарем гуфта шудааст, ки марзу буми ҳар як давлат тағйирнопазир аст. Фикр мекунам, ки чунин ҳолатҳо дар сарқонуни Қирғизистон ҳам пешбинӣ шудааст. Намефаҳмам, ки аз тарафи давлати Тоҷикистон ё Қирғизистон гузашт кардани замин бидуни гузоштан дар раъйпурсии умумӣ чӣ гунна имконпазир аст? Сарқонун бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ қабул карда мешавад ва тағйир додани марзу буми давлати Тоҷикистон бидуни раъйпурсии умумихалқӣ ғайриимкон аст.

Абдулло Ҳабибов, генерали мустаъфӣ

Муносибати мардуми тоҷику қирғиз таърихан хуб аст ва онҳо ҳамеша дар фазои сулҳу осоишта зиндагӣ мекарданд. Фикр мекунам, ки танҳо як роҳи ҳал вуҷуд дорад. Фақат бо маслиҳату гуфтушунид масъаларо ҳал кардан имкон дорад. То ин ду миллат муносибати хубу ҳасанаро аз даст надиҳанд. Нашавад, ки баҳси марзӣ муносибатҳои ду кишварро сард кунад. Агар роҳбарияти ноҳияву вилоятҳо сари вақт масъаларо пайгириву пешгирӣ кунанд, муноқишаву низоъ ба амал намеояд. Дар замони шӯравӣ баҳсҳо пайдо мешуданд, лекин сари вақт ҳалли худро меёфтанд. Роҳбарияти ин минтақаҳои наздимарзӣ бояд бо аҳолӣ сӯҳбат кунанд, фикри мутахассисонро шунаванд ва ба хулосае оянд, ки чӣ кор бояд кард то баҳс хотима дода шавад.

Давлаталӣ Давлатов, вакили МН, раиси Кумитаи дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон

Аввалан, бояд ба як нукта равшанӣ андозем, ки имрӯз як ҷанҷоли байни ҷавононро, ки дар баъзе расонаҳо чун муноқишаи миёни мардуми тоҷику қирғиз ном мебаранд, комилан нодуруст аст. Чун ки ҳеч гуна муноқишоте байни ду халқи бо ҳам дӯсту бародар имрӯз вуҷуд надорад. Ин танҳо ҷанҷоле буд, ки байни ҷавонони тоҷику қирғиз дар яке аз деҳоти Қирғизистон рух додааст. Дар ҳар як маҳалу минтақа чунин як муноқишҳо мешаванд, лекин он ҳеч гоҳ характери милливу этникӣ надошт ва надорад. Онро мо ҳамчун низои байни тоҷикону қирғизон ё баръакс ном гирифта наметавонем. Имрӯз миёни ин ду халқи бо ҳам дӯст чунин як мушкилоте нест, ки ҳалнашаванда бошад. Албатта баъзе масъалаҳои сарҳадӣ вуҷуд дорад, лекин онҳо имрӯз ҳалли худро ёфта истодааст. Феълан дар шаҳри Душанбе гуфтушунидҳо миёни ҳайатҳои Тоҷикистон Қирғизистон идома дорад, ки он барои ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ равона шудааст. Лекин аз ҷониби дигар мо бояд ин тарафи масъларо ҳам ба назар гирем, ки имрӯз аз ҳама сарҳади ором ҳам барои мо ва ҳам барои қирғизҳо ин ҳамон сарҳади байни ин ду кишвар мебошад. Аслан он ҷо кушода аст ва ҳамеша рафтуомад вуҷуд дорад. Чунин вазъро мо дар сарҳади Қирғизистон бо дигар кишварҳо ё Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дида наметавонем. Ин худ нишонаи он аст, ки ин ду кишвар дар ҳақиқат бо ҳамдигар муносибатҳои неку дӯстона доранд. Вале як омили дигарро набояд сарфи назар кунем, ки баъзе гурӯҳҳои сиёсии кишварҳои саввуме ҳастанд, ки бисёр мехоҳанд байни тоҷику қирғизҳо ихтилоф ҷой дошта бошад. Ин гурӯҳҳо дар соли гузашта дар низое, ки дар шаҳри Оши Қирғизистон рух дода буд, бисёр мехостанд, ки тоҷиконро ба ин муноқиша ҳамроҳ кунанд. Лекин тирашон хок хӯрд.  Вале имрӯзҳо низ чунин корҳо давом карда истодааст. Ҳоло Тоҷикистону Қирғизистон бо бархурди манфиатҳои миллӣ бо ҳам шарики стратегӣ шуда истодаанд ва ин ба баъзеҳо маъқул нест. Ягон проблемаи ҳалношаванда дар байни ин кишварҳо вуҷуд надорад. Барои ҳалли масъала мақомоти ҳар ду кишвар дар якҷоягӣ кор карда истодаанд ва албатта бегузашт намешавад. Ҷойҳое ҳаст, ки ҷониби Қирғизистон метавонанд гузашт кунанд ва мавриде мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон метавонад гузашт кунад. Бо гузашт кардан ва бар сари компромисс омадан мо метавонем роҳи ҳалли ин масъалаҳоро пайдо кунем.

Ҳайдаршо Пирумшоев, профессор

Дар замони шӯравӣ давлатҳо ба ҳам муттаҳид буданд ва ба масъалаҳои баҳсҳои марзӣ камтар аҳамият дода мешуд. Низои сарҳадӣ набуд, рафтуомад вуҷуд дошт. Феълан, ки давлатҳо мустақил шуданд ин масъала ба миён омад бояд роҳи ҳалли он пайдо гардад. Он ҳуҷҷату санадҳое, ки маҷуданд бояд мавриди омӯзиши амиқ қарор гирад. Ба фикри ман дар он маҳалле, ки 60-70 фоизаш тоҷиконанд, аз рӯи инсоф он бояд аз они Тоҷикистон бошад. Аз баски ман дар ин бора маълумоти зиёд надорам, мушаххас чизе гуфт наметавонам, ки ин ҷо айби кист? Фақат инро бояд қайд кард, ки мо бо бародарони қирғиз дӯстии анъанавӣ дорем ва мехоҳам, ки ин дӯстӣ аз байн наравад. Ҳамаро ба мизони ақл бояд баркашем ва гуфтушунид гузаронем. Мо бо бародарони қирғиз ҳамдигарро фаҳмида метавонем. Бо бародарони ӯзбек ҳалли масъалаи сарҳад мушкилтар аст, зеро ҷанбаи сиёсии масъала бо онҳо бештар аст. Модоме, ки сухан дар бораи гузашт меравад, мо бояд принсипи баробариро нигоҳ дорем. Агар чизе ба онҳо диҳем, бояд дар баробари ин аз онҳо дар ҳамон миқдор гирем. Корро дуруст ва санҷида анҷом диҳем. Агар коре, ки имрӯз нодуруст ҳал мешавад, як рӯзи дигар проблемаи ҷиддиро ба миён меорад.

Раҳматулло Валиев, раҳбари созмони "Рушди ҷомеа"

Масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя танҳо бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳал мешавад. Баъдан, аҳолии наздимарзӣ агар тоҷик дар ҳудуди Қирғизистон бошад ё қирғиз дар ҳудуди Тоҷикистон, бояд ҳуқуқҳои шаҳрвандии онҳо маҳдуд нагардад. Барои таҳсил дар мактаб бо забони миллӣ ва дигар кору фаъолият бояд шароит фароҳам оварда шавад. Дар сурати риоя нагаштани ҳуқуқи онҳо ин масъала ҳлли худро намеёбад. Дар шароити феълӣ бо роҳи зӯрӣ ё таҳдид ҳал кардани масъала дигар аз байн рафтааст. Бояд мақомоти мо дар гуфтушунидҳо ва вохуриҳои дипломатӣ омода бошанд ва аз манфиатҳои миллӣ ҳимоят карда тавонанд. Фикр мекунам Тоҷикистон он қадар замини зиёд надорад, ки чӣ ба қирғизҳо, чӣ ба ӯзбекҳо ва ё Хитой гузашт кунад. Агар як қисми онро гузашт кард, бояд аз ягон қисмати дигари замини ҳамсоя гирад. Дар Конститутсия омадааст, ки сарҳади Тоҷикистон тағйирнопазир аст. Тоҷикистон сарзамини камзамин аст. Қисмшро ба Чин додем, як қисмашро ба қирғиз, қисмеро ба ӯзбак ва қисмати дигареро ба афғон диҳем, барои мо чӣ мемонад? Бо додани замин ба баҳс хотима гузоштан роҳи ҳалли масъала нест.

Шерзод Қодиров, сокини назди марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ман ҳар рӯз бо ду рафиқам аз марзи Тоҷикистон ба Қирғизистон мегузарам ва дар он сӯи сарҳад бо ҷавонони қирғиз дар як донишгоҳ таҳсил мекунам, ягон кирдори бад ё ношоистаро аз ҷониби онҳо нисбати ҷавонони тоҷик надидаам. Ду сол мешавад, ки бо ҷавонони қирғиз риштаи дӯстӣ дорем ва боре ҳам нашудааст, ки бо онҳо ҷангу муноқиш карда бошам. Албатта дар ҳама маҳал ё минтақа ҳастанд нафароне, ки аз рӯи бартарияти милливу маҳаллӣ бо ҳам дагир шаванд ва шояд дар байни ҷавонони қирғиз низ чунин афрод кам набошанд, вале агар ин тавр баҳо диҳем, кшмакашу муноқиша байни як деҳа ба деҳаи дигарро дар худи Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Ман аз қирғизҳо ягон бадиеро надидаам ва умедворам, ки бо чунин фазои дустиву рафоқат донишгоҳро хатм карда, муносибати ҳасанаро бо дӯстонам пайваста нигоҳ медорам. Ин ки дар як деҳи қирғизнишинҳо байни тоҷикону қирғизҳо муноқиша шудааст, далел шуда наметавонад, ки дар тамоми минтақаи наздисарҳади Тоҷикистону Қирғизистон вазъ ноором шудааст. Ҷанг карда бошанд боз сулҳ мебанданд, онҳо ҳамсояанд ва ҳар гоҳе бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Рафтуомад дар сарҳад хеле осон аст ва мардуми наздимарз байни худ равобити зиёд доранд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)