Бахшҳо
09 фев 2012 11:01Иқтисодӣ

Як қадами дигар ба қафо

Соли 2011 содироти пахтаи Тоҷикистон 72 ҳазор тонро ташкил додаст, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2010 кам аст.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2010 содироти пахта 94 ҳазор тонро ташкил додааст.

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, ки ҳарчанд содироти пахта коҳиш ёфтааст, аммо аз ҳисоби баланд будани нархи пахта имсол маблағи бештар ба даст омадааст. Масалан, дар соли 2010 содирот 94 ҳазор тон буд, аммо маблағи он 201 млн-ро ташкил дод. Вале соли 2011 аз ҳисоби 72 ҳазор тон пахтаи содиротӣ 191 миллион доллар маблағ ворид гаштааст. Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо чунин меҳисобад, ки ҳоло нисфи пахтаи мардум дар хонаҳояшон аст.

Коҳиш ёфтани содироти пахта дар ҳолест, ки соли 2011 майдони кишти пахта нисбати соли қаблӣ 40 ҳазор гектар зиёд шуда, ба 210 ҳазор га расидааст. Мувофиқи дурнамо аз ин майдони кишт 420 ҳазор тон пахта бояд ҷамъоварӣ мешуд. Сабаби зиёд кардани майдони кишти пахтаро масъулини Вазорати кишоварзӣ дар боло рафтани нархи он дар бозори ҷаҳонӣ шарҳ доданд, ки аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли пахта пахтакорон метавонанд фоидаи зиёд ба даст оранд. Дар моҳи марти соли 2011 нархи миёнаи пахта барои 1 тон то ба 5 ҳазору 200 доллар баробар шуд. Лекин ин нархи рекордӣ дар бозори ҷаҳонӣ дер напоид ва дар охири моҳи майи соли гузашта нархи пахта яку якбора ба 3 ҳазору 900 доллар коҳиш ёфт. Дар моҳи августи соли гузашта нархи як тон пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 3 ҳазору 115 доллар баробар буд ва тақрибан ҳар рӯз аз 3 то 5 доллар пастшавии нарх ба мушоҳида мерасид. Дар чанд моҳи ахири соли гузашта нарх ҳатто ба 2000 доллар фаромад. Аммо имрӯз рӯ ба баландшавӣ дорад. Ҳоло дар таърихи 8-уми феврали соли 2012 нархи як тон пахта дар бозори ҷаҳонӣ 2415 доллар аст.

Сабаб: корхонаҳои оташгирифта ё харидорони "ҳилагар"?

Дар ҳоле аз зиёд шудани майдони кишти пахта гуфта мешавад, ки содирот танҳо 72 ҳазор тонро ташкил додааст. Соли гузашта пахтаи якчанд корхонаи коркарди пахта ба коми оташ рафт ва бо ин далел бархе коршиносон мегӯянд, ки сабаби коҳиш ёфтани содирот шояд ба коми оташ рафтани қисме аз пахтаҳои коркардшудаи корхонаҳо бошад.

Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки дар биржаи "Ливерпул" ба пахтаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон нархнома намедиҳанд ва дар натиҷа харидорон бо иллати мушаххас набудани нарх пахтаи моро харидорӣ намекунанд. Далели ин амр истифодаи меҳнати кӯдакон ҳангоми ҷамъоварии пахта унвон мешавад, ки мӯҷиби эътирозҳо дар кишварҳои ғарбӣ шудааст. Тибқи маълумот 60 ширкати ҷаҳонӣ, аз ҷумла "Адидас", "Пума", "Барбери" ва дигар компанияҳо аз харидории пахтаи Осиёи Миёна даст кашиданд. Вале коршиноси масоили иқтисодӣ Дилшоди Абдуҷалил мегӯяд, ки даст кашидани ширкатҳои хориҷӣ аз харидории пахтаи Осиёи Миёна сирф аз манфиатҳои онҳо бармехезад. Онҳо мехоҳанд бо ин роҳ фишор оранду нархи пахтаро поён баранд ва ба хулосае омаданд, ки агар бо хоҳиши худ нархро муқаррар кунанд, даромади бештар мегиранд ва баҳонаи "меҳнати кӯдакон"-ро ба миён гузоштанд".

4 корхонаи коркарди пахта аз кор монд

Аз рӯи барномаи давлатӣ бояд то соли 2015 бояд шаш корхонаи нави коркарди пахта сохта ба истифода дода шавад. Аммо масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, ки онҳо дар фикри бунёди корхонаҳои наванд, аммо соли гузашта 4 корхонаи коркарди пахта аз фаъолият бозмондааст. Сабаби аз фаъолият бозмондани онҳоро дастрасӣ надоштан ба ашёи хом барои коркард ва набудани воситаҳои гардон арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи масъулин имрӯз аз нахи истеҳсолшудаи пахта ҳамагӣ 11 фоизаш дар Тоҷикистон коркард карда мешавад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 77 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият доштааст, ки 199,6 ҳазор тон пахтаро коркард кардааст ва 69, 3 ҳазор тон нахи пахта истеҳсол шудааст. Ин нишондод 37 фоизи нахи пахтаи истеҳсолшударо ташкил додаст.

Дар замони шӯравӣ система чунин будааст, ки пахта кишт ва истеҳсол мегашт ва барои ин маблағгузории хуб ва кофӣ сурат мегирифт. Давлат онро худ мехарид. Харидор намекофт. Он вақт 22 корхонаи коркарди пахта фаъолият доштааст ва ҳар сол моҳи июн бояд 250 тонна нахи пахта аз рӯи нақшаи умумӣ ба корхонаҳои Русия ва кишварҳои назди Балтика фиристода мешуд. Феълан шумораи корхонаҳо зиёд шудааст, майдони кишти пахта афзоиш ёфтааст, нарх баланд шудааст, аммо боз содирот кам. Дар ҳоле, ки ба корхонаҳо ашёи хом намерасад, тибқи барномаи давлатӣ боз бунёди корхонаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба андешаи коршиносон то замоне, ки пахтаи Тоҷикистон ба сифати ашёи хом ба берун бароварда мешавад, пояи иқтисодаш заъиф мемонад. Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон корхонаҳои коркарди ниҳоии пахта вуҷуд дорад, аммо ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Сангалӣ Раҳимов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ бар ин назар аст, ки дар масъалаи коркарди ниҳоии пахта дар Тоҷикистон шароит фароҳам кардан мумкин аст. "Текстилкомбинат" маҳсулоти ниҳоӣ коркард мекунад ва аз пахта либосҳо тайёр менамояд, вале маҳсулоташ чандон харидор надорад. Зеро технологияаш кӯҳна аст ва маҳсулоташ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест.

Сарварони корхонаҳо "дилзанак" шуданд

Шояд оташ гирифтани пахтаи корхонаҳо, мушкили пайдо кардани харидор ва аз кор мондани корхонаҳои коркард сабаб шуда бошад, ки содироти пахта коҳиш ёфтааст. Аммо Шариф Раҳимзода дар ин маврид андешаи дигар дорад. ӯ мегӯяд, ки вақте аз авали соли гузашта нархи пахта баланд шуд, корхонахои коркарди пахта барои ҳар тон 850 то 880 доллар доданд, лекин баъди поён рафтани нарх баъзе сарварони корхонаҳо дилзанак шуда, дар беморхона хоб карданд. Нарх поён рафт, вале мардум диданд, ки бо арзиши 880 доллар фурухтан мумкин аст, дигар пахтаро арзон нафурухтанд. Ҳанӯз ҳам пахта дар хонаву корхонаҳо хоб рафтааст. Мардум интизоранд, ки нарх боз боло меравад.

Гуфта мешавад, ки бархе кишоварзон фурӯши пахтаашонро ба охирҳои зимистон дар нақша доштаанд. Лашкарӣ Мирзоев, сарвари корхонаи пахтаи шаҳри Кӯлоб дар як сӯҳбат гуфтааст, ки хоҷагиҳо бо онҳо шартнома кардаанд, ки пахтаашонро гирифта захира кунанд ва танҳо замоне ба фурӯш бароранд, ки нарх боло меравад. Онҳо умедворанд, ки қимати пахта боло хоҳад рафт.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)