Бахшҳо
10 фев 2012 06:23Гузориш

Ошнобозӣ дар Тоҷикистон

Шиносҳо дар кишвари мо хеле муҳиманд. Агар замоне Сталин гуфта буд, ки кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд, дар Тоҷикистони имрӯза бидуни шинос қариб ҳеч масъала ҳалли худро намеёбад.

Барои ҳалли одитарин масъала ҳамватанони мо ба суроғи шинос меафтанд. Дар гумрук шинос дорӣ? Дар прокуратура касеро мешиносӣ? Дар мақомоти андоз ошноят ҳаст? Касеро дар Вазорати корҳои дохила намешиносӣ? Ягон хешу таборат дар донишгоҳ ҳаст?... Ин пурсишҳоро ҳар кадоми мо қариб ҳар рӯз аз забони корафтодагон мешунавем. Воқеият чунин аст, ки ҳатто баъзан барои дар боғча мондани фарзандатон  шинос меҷӯед.

 

Дар аксари ниҳодҳо барои ҳалли мушкилатон бо худ бурдани шинос ё занги телефонии шинос аҳамияти калон дорад. Кореро, ки тавассути шинос дар як рӯз ҳал менамоед, бе шинос рӯзҳову моҳҳо зарур меоянд, то ҳалли худро ёбад. Имрӯз ҳамватанони мо бидуни шинос ба шифохона рафтан метарсанд. Аз он меҳаросанд, ки духтури ношинос метавонад, эшонро ба хотири ситонидани маблағ ё харидани доруҳояш ба кадом бемории набуда гирифтор шуморад ё ҳадди ақал ба табобати шумо ҷиддӣ машғул нагардад.

Оре, имрӯз шиносҳо хеле муҳиманд. Барои шомил кардани фарзандон ба Донишгоҳ шинос лозим, барои аз хизмати ҳарбӣ "гурезондан" ҳам шинос зарур, баҳри ба ин ё он идора ба кор қабул намуданашон ошнои зӯр даркор аст...

Агар нафарони шиносдору серёру ошно бе дарди сару бидуни мушкилоти ҷиддӣ ба сар баранд, бешиносҳо дар ҷомеаи мо  ғарқи гирдоби мушкилот мебошанд.

Дар Тоҷикистони имрӯза ҳатто пул наметавонад нақши шиносро иҷро намояд. Агар чанд сол қабл мардуми оддӣ фикр мекарданд, ки ҳамаи мушкилро метавон бо роҳи сарфи пул бартараф намуд ва "пул бошад дар ҷангал шӯрбо мешавад" мегуфтанд, алҳол ин фикрро билкулл ғалат аст. Зеро ҳатто барои пешниҳоди пул низ ҷаноби шинос бениҳоят зарур аст. Ҳоло пулро аз дасти ношинос на ҳама мегиранд. Яъне, барои пора додан низ мардум ба шинос зор мегарданд.

Аммо чӣ касоне метавонанд, ба ҳайси шинос хизмат намоянд? Дар нақши шинос метавонанд, тағоҳо, амакҳо, ҳамшаҳриҳо, ҷӯраҳо… ҳунарнамоӣ кунанд. Ҳамчунин сатҳи иҷтимоии шиносҳо дар ҳалли мушкилот хеле муҳим аст.

Ҳоло пурсише посух мехоҳад, ки чаро чунин аст? Чаро бидуни шинос наметавон кореро анҷом дод? Фикр намекунед, ки ин ҳама ба ҷойгоҳи сазовор надоштани қонун бармехӯрад? Охир на ҳама вақт корафтодагон барои қонунӣ кардани амали ғайриқонунӣ пеши шиносон мераванд. Аксар вақт барои анҷом додани коре, ки ҳаққи қонунияшон аст, маҷбур мешаванд сари ниёз пеши шинос баранд.  Агар қонунҳо ба таври бояд дар кишвари мо амал менамуданд, ҳар вазифадору мансабдор масъулияти худро дар назди қонун иҷро мекард, мушкили корафтодагон ба таври сода роҳи ҳал пайдо менамуд ва ҳоҷат ба ҳеч шиносу ошное намемонд.

Шиносбозӣ дар ҷомеаи мо аз он мегӯяд, ки дар ин ҷомеаи мо муҳимтар аз қонунҳо низ вуҷуд дорад.

Пас, маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон қонунро на барои ҳама менависанд ва на ҳама ғуломи қонунанд. Баръакс, ба назар менамояд, ки қонун ғуломи бархеҳо шуда, барои бечораҳо маҳаки зиндагист. Ночор бечораи бепушту паноҳ қонунро риоя мекунад, моҳҳо аз паси шинос медавад ва ба натиҷае намерасад.

Аммо иддае бологузару қонуннописанд боз ҳам ба ҳар васила, аз ҷумла тариқи ёру ошнобозӣ ба мақсад мерасанд ва қонунҳоро нодида мегиранду зери по мекунанд.

Ин бе ошнову бе тағо мемонад, сари дуроҳаи бероҳагӣ. Куҷо раваду пеши кӣ арз кунад? Магарам пеши Худо.

Азизи Нақибзод

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)