Бахшҳо
16 фев 2012 06:36Дидгоҳи хос

Маҳалгароӣ

Ҳанӯз барои мардуми мо мафҳуми Тоҷикистон ба сифати Ватан арзиш ва муқаддасот нест...

Имрӯз ин падида меъёри аслӣ ва омили таъинкунанда дар муносибат бо ҳамдигар ба вижа дар мавориди интихоб ва таъини кадрҳо гардидааст. Дар асли худ падидаи маҳалгароӣ бад нест ва решаи он дар фарҳанги ғорнишинҳо, ё даврони асри санг ва айёми зиндагии қабилавӣ мебошад. Дар бархе кишварҳои пешрафта низ  маҳалгароӣ мушоҳида мешавад, албатта на ҳамчун омили сӯзанда, балки ба сифати меъёри созанда аз он кор гирифта мешавад. Яъне, ин падида дар ростои ваҳдат ва манфиати миллат истифода мешавад.

То ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон масъалаи маҳалгароиро чун як падидаи манфӣ зери танқиди тозиёна гирифтаанд ва ҳатто дар бисёр ҳолат на фақат ҷиҳатҳои мусбати онро, балки вуҷудашро низ инкор кардаанд. Аммо бо интиқод ва инкори ин падида то имрӯз дар кишвар маҳалгароӣ на фақат барҳам нахӯрда, балки бештар реша давондааст. Ҳол он ки агар ин падида беморӣ маҳсуб гардад, барои табобати он пеш аз ҳам бояд худи беморӣ ташхис гардад. Агар вуҷуди бемориро инкор мекунем, пас дар фикри табобати он нестем. Гузашта аз ин, хеле аз ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки агар маҳалгароӣ ба шакли ифрот нарасад, яъне дар бардошту натиҷагирӣ ва тасмимҳо омили таъинкунанда ва меъёри асосӣ набошад, як падидаи баде нест. Аммо агар ин шахс бад ҳам бошаду тавоноӣ ва истеъдод надошта бошад, ҳам бояд дар баробари шахси дигар, ки аз назари истеъдоду тавоноӣ бартар аст пуштибонӣ шавад, зеро ҳаммаҳалаи мост, ҷомеаро ба вазъи бӯҳронӣ ва таркишҳои иҷтимоӣ наздик мебарад.

Аз назари равоншиносӣ ин падида нишони заъф ва камбуди эътимод ба нафс дар инсон аст. Яъне чун ба истеъдод, маҳорат ва тавоноии худ бовари мустаҳкам надорад, аз тарси пинҳоние ҳатто ноогоҳона ба дунболи дар атрофи худ ҷамъ кардани ҳамқабилаҳои худ мешавад. Аз ин назар шояд ин падидаро як навъи ғаризаи худҳифозат метавон арзёбӣ кард. Солҳои ахир шоҳид бар он будем, ки як нафар вақте аз як маҳали кишвар масъули ин ё он идора мешавад ҳатман атрофиёнашро аз ҳисоби ҳамрустоҳои худ интихоб мекунад. Агар ин афрод воқеан ашхоси арзанда ва мутахассис бошад, албатта ҳеч мушкил ва бадие надорад. Аммо фақат ба хотири ҳаммаҳали роҳбар будан як нафари беистеъдод ба сари кор ояд воқеан боиси таасуф ва ҷои нигаронӣ дорад. Аз сӯи дигар ба назар мерасад, ки аксари мансабдорони мо интихоб ё таъин шудан ба ин ё он вазифаро на василаи ошкор кардани тавоноӣ ва истеъдоди худ дар ростои хизмат ба мардум, балки манбаъи даромад медонанд. Ҳамин назарро доштани онҳо боиси дар атрофи худ ҷамъ кардани афроди боэътимод мегардад, то асрорашон фош нашавад. Табиист, ки дар ин миён афроди боэътимодро ҳар кадом аз онҳо дар маҳалли худ меҷӯяд, зеро бар ин назар аст, ки онҳоро мешиносад. Ин ҷо таъкид бар он нест, ки омили иқтисодӣ боиси тақвияти падидаи маҳалгароӣ мешавад. Гузашта аз ин, аз вазифа дар ростои ҷамъ овардани дороиҳо истифода бурдан ба ҳеч ваҷҳ муносибати иқтисодӣ нест, балки амали ғайриқонунӣ асту бас. Дар кӯтоҳтарин фурсат соҳиби мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ ва қасру кӯшк шудани мансабдорон нишони он аст, ки вазифа ба сифати василаи ҷамъ кардани сарват дар назар гирифта шудааст, яъне амали ҷиноӣ ва ғайриқонунист. Дар ин миён чунин афроди ҷиноятпеша ва хиёнаткорро пуштибонӣ кардани ашхосе фақат ба он хотир, ки ҳаммаҳалашон мебошад, хиёнати дучандон аст.

Ҳанӯз барои мардуми мо мафҳуми Тоҷикистон ба сифати Ватан арзиш ва муқаддасот нест. Мо худро суғдиву зарафшониву ҳисориву ғармиву файзободиву бадахшониву кӯлобӣ медонем. Гузашта аз ин тааллуқоти маҳаллиямон аз ин ҳам хурдтар мешавад ва аввал ба доираи шаҳракҳо ва баъд рустоҳо ва баъд маҳаллаву гузарҳо тақсим мешавад. Ба иборати дигар, ҳар кадом аз ин минтақаҳо ба даҳҳову садҳо гӯша ҷудо мешавад ва ин гуна ҷудоӣ ба ҷуз тоҷик ба ҳеч мардуми дигар хос нест. Шояд ҳамин ҷиҳат дар маҳалгароӣ, ки моро бузург не, балки хурду хурдтар мекунад, як ҷиҳати аслии манфии ин падида бошад. Зеро ин ҳолат ҳамеша як таҳдиди воқеъӣ ба ваҳдату якпорчагии миллат ва мардуми кишвар аст.

Агар мо маҳалҳои зодгоҳамонро ба сифати порае аз хоки муқаддаси кишваре ба номи Тоҷикистон надонем, агар ҳаммаҳалҳои худро ҷамъе аз ҷамъияти тоҷикистонӣ нашиносем ва ба тарзи ифротӣ зодгоҳамону мардуми онро бартару болотар аз дигарон бинем ба ҳеч ваҷҳ омили маҳал ва маҳалгароӣ нақши созанда дар суботу амнияти кишвар ва якпорчагӣ нахоҳад дошт.

Умуман, барои як инсоне, ки сарбаланду боғурур асту нангу номус дорад, ҳар падидае, ки ба сӯи бузург шудан мебарад арзиш дорад ва ҳар чизе бузургро кӯчак бикунад қобили инкору рад кардан аст. Ҳоло интихоб ба ҳар яки мост, ки падидаи маҳалгароиямон моро ба сӯи бузургӣ ва дар ростои манфиати миллат ҳаракат медиҳад ва ё ба доираи танги манфиатҳои як маҳал ё як гузари кӯчак. Яъне қадру арзиши ҳар кас ба андозаи ҳиммати ӯст.

Зафари Сӯфӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)