Бахшҳо
24 фев 2012 05:55Иқтисодӣ

"Бе пул суханат асар надорад"

Таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) дар сурати набудани маблағгузории зарурӣ зуд натиҷа намедиҳад. Ин нуктаро ахиран Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар як сӯҳбат баён кард.

3 сол 6 сол шуд, аммо…

Ба гуфтаи масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо заминаи меъёриву ҳуқуқии МОИ аз соли 2004 омода шуда, ба ташкили минтақаи мазкур аз соли 2005 асос гузошта шудааст. Аз рӯи нақшаи пешакӣ бояд дар ҳудуди ҷумҳурӣ 4 минтақаи озод ташкил мешуд, ки то 50 корхона дар он ҷо фаъолияти худро ба роҳ мемонданд ва тақрибан аз 6 то 10 ҳазор нафар шаҳрванд бо ҷои кор ва маоши миёнаи аз 200 то 400 доллар дар моҳ таъмин мегаштанд. Бояд дар давоми 3 сол ба натиҷаи назаррас ноил мегаштанд. Аммо аз замони таъсиси МОИ на 3, балки 6 сол сипарӣ мешаваду МОИТ ҳанӯз ба он натиҷае, ки аз рӯи ҳисоби қаблӣ муайян гашта буд, ноил нашудаанд. Ба гуфтаи Умеди Давлатзод раванди рушд ва фаъолияти МОИ дар Тоҷикистон хеле суст инкишоф меёбад. Вай аз ҷумла изҳор дошт: "Суоле пайдо мешавад, ки оё ҳамаи кор аз рӯи он нақшае, ки доштем дуруст анҷом мешавад? Интихоби ҷойгиршавии ҷуғрофиявии МОИ мувофиқ аст, базаи ҳуқуқӣ ва муҳити сармоягузории хуб таъсис ёфтааст. Ба сармоягузорон имтиёзҳои гуногун пешниҳод гардидааст. Базаи ҳуқуқӣ дар солҳои охир беҳтар шуда истодааст, вале ҳанӯз инкишоф суст аст".

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки ҳар сол то андозае тағйирот дар самти пешбурди кор дар МОИ ба назар мерасад. Масалан, дар соли 2010 дар маҷмӯъ 18 корхона дар ин минтақаҳо ба қайд гирифта шуда буданд, ки аз онҳо 14 субъект дар МОИ Хуҷанд ва 4 субъект дар МОИ Данғара ва Панҷ фаъолият мекарданд. Аммо имрӯз танҳо дар МОИ Хуҷанд 18 субъект бо сармояи 52 млн. доллар ба қайд гирифта шудааст, ки аз оғози моҳи март як ширкати сабти номшуда ба бозорҳои минтақа маҳсулоти коркардшудаашро содирот хоҳад кард. Шумораи корхонаҳо дар МОИ Панҷ низ ба 5 адад расидааст ва сармояи онҳо 19 млн. долларро ташкил медиҳад. Дар дигар минтақаҳо банақшагирии истеҳсолот идома дорад ва дар фикри роҳҳои дарёфти сармоя ҳастанд. Вале мӯҳлати аз худкунии ин маблағҳо 3 сол аст ва дар ин муддат бояд натиҷае ба даст ояд.

Ҳанӯз мушкилот зиёд аст

Вале суоле пайдо мешавад, ки чаро рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба кундӣ пеш меравад? Ба андешаи ҷаноби Давлатзод ҳукумати Тоҷикистон рушди МОИ-ро чун стратегияи рушди иқтисод, савдо ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба нақша гирифтааст. Истифодаи технологияҳои замонавӣ барои пешбурди фаъолият ва фароҳам кардани ҷои кор мусоидат карда, боиси коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва устувории рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бояд гардад.

Аммо роҳбари маркази бозори озоди Тоҷикистон, Константин Бондаренко чунин ақида дорад, ки соҳибкорони ватанӣ барои сабти номи корхонаҳояшон дар МОИ чандон ҳавасманд нестанд. Зеро шароити сабти ном ба ин ҷавобгӯ нест ва соҳибкорон барои фаъолият дар МОИ сармояи кофӣ надоранд. Зеро барои фаъолият аввал бояд инфрасохторро омода кунанд ва тамоми шароитро худашон муҳайё намоянд, ки ин ҳама маблағи зиёд ва хароҷоти бештарро талаб мекунад. Вай мегӯяд, як назарсанҷие анҷом шуд ва аз рӯи он 30,5 дар сади пурсидашудагон дар Суғд ва 40 фоиз дар Душанбе иллати аслии амалӣ нашудани тарҳҳои соҳибкориву бизнесро дар норасоии сармоя ва набудани таҷрибаи кофӣ дар оғози кор маънидод карданд.

Роҳи обӣ куҷову Тоҷикистон куҷо?

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ минтақаи махсусест, ки дар онҳо шароити имтиёзноки иқтисодӣ барои соҳибкорӣ муҳайё карда шудааст. Онҳо ба шакл ва номҳои гуногун ба монанди минтақаи махсуси иқтисодӣ, минтақаи муштараки соҳибкорӣ, минтақаи озоди тиҷоратӣ, бандарҳои озод, минтақаҳои комплексӣ ва ғайра номгузорӣ  мешаванд. Хусусияти фарқкунандаи ин минтақаҳо дар он ифода меёбад, ки дар он ҷо шароити имтиёзноки иқтисодӣ барои минбаъд вусъат додани фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун роҳи судманди пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми ин минтақа бояд муҳайё шавад. Аз рӯи маълумоти масъулини Вазорати иқтисод корхонаҳои дар МОИ Тоҷикистон ба қайд гирифташуда ба ғайр аз ду намуди андоз, андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз дигар намуди андозҳо озоданд.  Аз таҷрибаи кишварҳои дунё чунин бармеояд, ки МОИ бояд дар мавзее ташкил карда шавад, ки ҳам аз лиҳози ҷалби сармояи хориҷӣ бехатар бошад ва ҳам дорои роҳҳои обӣ, ҳавоӣ, оҳан ва автомобилгард бошад. Дар Чин солҳои 1980 панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, 14 шаҳри озоди соҳили баҳр ва 3 МОИ соҳилӣ мавҷуд буд, ки дар он ҳудуди сад миллион аҳолӣ сукунат доштанд. Дар ин минтақа 87 фоизи сармоягузории хориҷӣ амалӣ шуда, зиёда аз 20 навъи маҳсулоти саноатӣ тавлид мегашт, ки ҳоло даҳҳо маротиба зиёд аст.

Бо назардошти имкониятҳои кишварҳои дигар коршиносони масоили иқтисодӣ чунин мешуморанд, ки шароити Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ барои ташкили МОИ мувофиқ нест. Коршиноси масоили иқтисодӣ Шамсиддин Саломов чунин мешуморад, ки худи идеяи ташкили МОИ фикри хуб аст, аммо шароите, ки Тоҷикистон дорад ба он мувофиқат намекунад. Зеро Тоҷикистон аз як ҷиҳат худ дар мавзеи "тупик" ҷойгир шудааст, аз ҷониби дигар дар муҳосираи коммуникатсионӣ ва иқтисодӣ қарор дорад ва илова бар ин имконияти минтақаи Осиёи Марказӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ зиёд нест. Нооромиҳо ва эҳтимоли хатарҳо боиси наомадани сармоягузорон мешаванд.

Бархе аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки МОИ дар Осиёи Марказӣ чандон ояндаи хуб надоранд. Зеро имкони истифода аз имкониятҳои гуногун хеле маҳдуд аст. Масалан, дар МОИ-е, ки Тоҷикистон дорад, роҳи оҳан тақрибан вуҷуд надорад, дар роҳи мошингард низ мошинҳои боркаши бузург дар тамоми фасли сол имконияти ҳаракатро надоранд, роҳи ҳавоӣ ва обӣ тамоман нест. Агар онҳо бо МОИ ҷазираи Кеш дар Эрон ва бо якчанд МОИ Латвия, Литва ва Эстония, ки дар назди баҳри Сиёҳ таъсис ёфтааст, муқоиса шаванд, тамоман рақобатпазир нестанд. Иқтисодшинос Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров дар як сӯҳбаташ гуфт, ки сабаби рақобатнопазирии МОИ дар Тоҷикистон дар он аст, ки давлат барои сохтани инфрасохтори онҳо эътибор намедиҳад. Дар Ҳиндустон, Индонезия, Малайзия ва дигар давлатҳо тамоми хароҷотҳои инфрасохторӣ ба дӯши давлат бор карда мешавад ва ин боис ба он мегардад, ки сармоягузорони хориҷӣ бо маблағи камтар метавонанд фоидаи зиёдтар ба даст оранд.

Кадоме беҳтар: минтақаи озоди иқтисодӣ ё оффшор?

Ба андешаи иддае аз коршиносон дар шароити Тоҷикистон МОИ-ро дар ягон шакли дигар бояд ташкил дод. Консепсияи дигари минтақаи озоди иқтисодӣ омода карда шавад, ки аз консепсияи имрӯза тамоман фарқ дошта бошад.

Дар робита ба ин коршиноси масоили иқтисодӣ Зафар Абдуллоев мегӯяд, аз бас дар ин минтақаҳо асосан корхонаҳои дохилӣ фаъолият карда истодаанд, ки ё ба таври супоришӣ рафтаанд ё худро намоиш медиҳанд ва сармоягузори воқеӣ нестанд, дар ин ҷо ба ҷои минтақаи озод маркази савдои озодро роҳандозӣ кунанд беҳтар аст. Зеро ин минтақаҳо барои сармоягузорӣ муҳити хуб нест, сармоягузорон бовар намекунанд, вале барои савдо, азбаски Ишкошим бо Хитой наздик аст ва Панҷ бо Афғонистон, мавзеи мувофиқтар аст. Вай иброз медорад, ки аз ҳама хубаш як долони(каридор) озод ташкил диҳанд, ки аз Афғонистон рост ба Суғд ё аз ягон кишвар ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ молу маҳсулот оварда шавад ва ягон монеае дар роҳ набошад. Ҳар сол аз воридкунандагон барои интиқоли мол 100-200 доллар гиранд, кифоя аст.

Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ғайр аз МОИ инчунин минтақаҳои офшорӣ низ амал мекардаанд. Масалан, дар ҷазираҳои Вирҷиния фаъолияти оффшорӣ хеле васеъ доман паҳн кардааст ва гуфта мешавад, ки дар он ҷо корхонаҳое фаъолият мекунанд, ки бо ширкатҳои тоҷикистонӣ низ пайвандӣ доранд. Оффшор аз МОИ бо он фарқ мекунад, ки фаъолияти аввалӣ асосан ба сармояи аз хориҷа меомада такя мекунад ва фаъолияти дуввумӣ ба самти истеҳсолот ва маблағгузории шаҳрвандони кишвар дар асоси имтиёзҳои давлат равона шудааст. Зафар Абдуллоев мегӯяд, ки имрӯз гуфтан душвор аст, ки чӣ қадар пул ҳар моҳ аз кишвар ба хориҷа: Гонконг, ҷазираҳои Вирҷинияи Британия ва Ҷерси интиқол меёбад ва чӣ қадар маблағи шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳои хориҷа мечархад. Беҳтар нест, ки ин пулҳо дар дохили кишвар дар чархиш бошанд? Барои дар дохили кишвар гардиш ёфтани чунин пулҳо ин коршинос идеяи таъсиси бонкҳои оффшориро пешниҳод мекунад, ки қонун чунин имкониятро низ медиҳад. Дар асл ҳамаи бонкҳои хориҷӣ барои муштарӣ оффшорӣ маҳсуб мешаванд, вале имтиёз ба он бонкҳое дода мешавад, ки махфият ва фоизи ками хизматрасониро пешниҳод мекунанд. Ба монанди ширкатҳои оффшорӣ, ки давлат аз андози фаъолияти ширкатҳои оффшорӣ неву аз сабти ном ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо даромад мегирад.

Исфандиёри Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)