Бахшҳо
03 мар 2012 04:27Гузориш

1 пурсиш=7 посух

Ба президент чӣ суол доред?

Имсол 100 солагии иди матбуоти тоҷик аст ва ҳама сола он дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вале ҷашни имсола бо як вижагӣ аз ҷашнҳои дигар шояд тафовут дошта бошад. Зеро дар 100 солагии ҷашни матбуот вохӯрии президент бо намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар дар назар аст. Иди матбуоти тоҷик аз нашри нахустрӯзномаи тоҷикии "Бухорои шариф" сарчашма мегирад, ки 11-уми марти соли 1912 ба нашр оғоз кардааст. Аммо баъди як соли нашр, соли 1913 фаъолияти он қатъ гардидааст. Баъди он нашрияҳои дигари тоҷикӣ, аз қабили "Овози тоҷик", "Самарқанд", "Оина" ва ғайра дар саҳнаи матбуот баромад карданд, аммо рӯзи иди матбуоти тоҷик аз рӯзи таъсиси рӯзномаи "Бухорои шариф" сарчашма мегирад. Ба муносибати 100 солагии иди матбуоти тоҷик "Озодагон" пурсиши ҳафтаро чунин матраҳ кард:
Абдумудассир Аҳмадзода, муҳаррири нашрияи "Тоҷикистон"
Ман танҳо як савол медодам: "Мо Роғунро месозем?". Аммо дар шарҳи ҳамин савол мегуфтам, ки магар намешавад Роғунро бо пули ширкати пулчинии роҳи Душанбе-Чанак: IRS сохт? Агар ҳангоми савол эҳсос фаро гирад ҳам кӯшиш мекунам, ки президент мазмуни саволи маро фаҳмад.

Адолати Мирзо, муассиси ҳафтаномаи "Миллат"
Ман як бор ба президент суол додам ва пешниҳод кардам, ки расонаҳои давлатӣ барҳам дода шаванд ва ё кам карда шаванд ва ба ҷои онҳо як шабакаи расонаии ҷамъиятӣ таъсис гардад. Се сол сипарӣ шуд, чизе тағйир наёфт. Ба фикрам дигар рафтан ва суолу пешниҳод кардан фоидае надорад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, муҳаррири ҳафтаномаи "Наҷот"
Ба президент савол надорам, аммо интизорӣ дорам. Дарвоқеъ агар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо рӯзноманигорони кишварро дар арафаи 100 солагии ҷашни  матбуоти тоҷик доир мекунад ё дар ҳузури онҳо дар ин рӯз ширкат менамояд, пас ба ҳеч сурат онро дар нисбати мулоқот ё нишастҳое, ки бо доираҳои дигар то ба имрӯз баргузор шудаанд қарор додан намехоҳам. Ин мулоқот бояд комилан аз он нишастҳову суханрониҳо ва ҷаласаҳо фарқ дошта бошад. Зеро мо таҷрибаи он гуна мулоқотҳоро дорем ва зарур нест, ки ҷузъиёти онро аз нав шарҳ диҳем. Ба ҳама маълум аст, ки нишастҳо чӣ гуна сурат мегиранд ва ба чӣ хотир анҷом мешаванд. Вале ман гумон мекунам, ки дар ин мулоқот ҳадди ақал як хабарнигор намояндагии қишри алоҳидаеро дорад. Агар фикри рӯзноманигор матраҳ мешавад ё саволе дода мешавад ин аллакай ангезаи қишри муайяни ҷомеа аст. Худи сарвари давлат дар мулоқот бо хабарнигорон аллакай бо тамоми ҷомеа мулоқот дорад ё метавонад дар рӯ ба рӯи ангеза ва ниёзҳои ҷомеа қарор бигирад ва мавриди баррасӣ қарор диҳад, ки чӣ чизҳое дар ин ҷомеа мегузарад ва мардум чӣ интизориҳое аз ҷаноби президент дорад. Чунки матбуот хеле масъалҳоеро дар саҳифаҳои худ матраҳ крдааст, ки на дар ҷаласаи ҳукумат, на дар парлумон ин проблемаҳо матраҳ нестанд. Пас бояд сарвари давлат ба ин гуна ангезаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунад. Матбуот миёни сарвари давлат ва ҷомеа ҳамин гуна васила бояд бошад. Он хабар бурданҳо, таҳлилҳо ва корҳое, ки дар ниҳодҳои алоҳида ҳаст, онҳо дар ҷои худанд. Ҳеч кас намехоҳад, ки онҳоро сарфи назар кунад, вале ман чунин интизор дорам, ки президент ин масъаларо асл қарор диҳад. Маҳз мулоқотеро интизор ҳастам, ки саволу ҷавоб ва сӯҳбати озод бошад. Агар онро боз мебаранд ба ҳамон чорчӯбаҳои нишасту вохӯриҳои дигар қарор медиҳанд, ба истилоҳ як лексияе гӯш мекунем ва рақсу бозиро дар саҳна мебинему бо ҳамин баромада меравем, пас ин як гуна нодида гирифтани воқеяти ҷомеа аст. Ман медонам, ки нависанда ё як зиёӣ чизеро дорад ва рад кардани он имкон надорад. Вале таҷриба нишон дод, ки онҳо наметавонанд ҳарфи лозим ва мушкилоти воқеии ҷомеро бигӯянд. Ин корро накрдаанд ва карданӣ ҳам нестанд. Интизори ман ҳамин аст, ки рӯзномнигорон дар чорчӯбаи сӯҳбати озод битавонанд мушкилотро матраҳ кунанд ва назари сарвари давлатро бифаҳманд. Вале аз он овозаву хабарҳое, ки мешунавам ин нишаст мисли ҳамон нишастҳое, ки буданд, доир хоҳад шуд.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Фараж"
Дар арафаи 100 солагии иди матбуот вохӯрии президент бо журналистон дар назар аст, аммо ман ба президент саволе надорам. Чун бо бардошт аз вазъи воқеии ҷомеа ба ҳама суолҳоям пеши худ посух дорам.

Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи "Имрӯз-нюс"
Албатта ба назари ман вохӯрии президент  бо журналистон аз вохӯриҳои президент бо дигар намояндагони аҳли ҷомеа тафовут хоҳад дошт. Ба хотири оне, ки аудитория дигар аст. Тасмими президент дар мавриди вохӯрдан бо журналистон дар 100 солагии иди матбуотро бисёриҳо нек арзёбӣ мекунанд. Ин чунин маъниеро дорад, ки сардори давлат ба журналистон таваҷҷӯҳ дорад ва журналистон ҳам ҳанӯз ҳамон мавқеи мустаҳками худро дар ҷомеа аз даст надодаанд ва ҳамчун як нерӯ шинохта мешаванд. Ман ба сардори давлат суоле надорам, вале ба назарам дар ин вохӯрӣ имкони саволу ҷавоб ҳам чандон вуҷуд надорад.

Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Минбари халқ"
Агар президент дар ҷашни матбуот бо журналистон вохӯрӣ анҷом диҳад ва дар он ҷо саволу ҷавоб сурат гирад, ман аз сардори давлат хоҳиш мекардам, ки талабот ба вокуниши мақомот ба матлабҳое, ки дар ҳафтаномаҳо ба табъ мерасад, нисбатан ҷиддитар гардад. Зеро аслан матлабҳои танқидиву таҳлилӣ хоҳ дар нашрияҳои давлатӣ бошад, хоҳ дар рӯзномаҳои хусусӣ, ба хотири ислоҳи вазъ нашр мешаванд ва онҳое менависанд, ки ё худашон ба ягон проблема дучор шудаанд ё аз вуҷуди ин гуна мушкилот дар ҷомеа хабардоранд. Лекин мутаассифона, дар аксар вақт ба ин матлабҳои проблемавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намешавад ё бештар ҳангоми вокуниш ба мақола масъулини идораҳо шеваи худсафедкуниро пеш мегиранд.

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия плюс"
Вохӯрии президент бо журналистон дар иди матбуот ба назари ман дар формате доир мешавад, ки мо имкони савол доданро надорем. Аммо ман ягон суоле ба ҷаноби президент надорам. Зеро ба суолҳое, ки то имрӯз дар зеҳнам пайдо шудаанд посух дорам.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)