Бахшҳо
14 мар 2012 09:11Гузориш

Монополияи «Газпром» фоҷиа мешавад…

Ширкат метавонад бо истифода аз мавқеи яккатозиаш дар бозори Тоҷикистон, ба Русия барои ноил шудан ба ғаразҳои сиёсиаш мусоидат намояд, ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат кунад.

Русия ба далели назорат ва пешгирии қочоқи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, ҳукумат ва парлумони Қирғизистонро барои комилан дар ихтиёри «Газпром» гузоштани бозори сӯзишворӣ розӣ кардаст.

Расонаҳои он кишвар, аз қавли Аскарбек Шодиев, вазири энергетика хабар медиҳанд, ки ҷониби Русия бовар дорад, сӯзишвории ба Қирғизистон фурӯхташуда, ба таври қочоқ ба Тоҷикистон интиқол меёбад: «Бино ба ин ширкати «Газпром» мехоҳад, худаш раванди воридоту тақсимоти сӯзишвориро дар Қирғизистон назорат барад». Тибқи қарори байниҳукуматие, ки ахиран кумитаи соҳавии парлумони қирғиз ба тасвиб расондаст, ба воридоту тақсимоти сӯзишворӣ дар Қирғизистон танҳо ширкати «Газпромнефт Азия», - зерширкати «Газпромнефт» ҳуқуқи машғул шудан дораду халос. Ба ҳамин минвол масъулини қирғиз ният доранд, ҳаҷми воридоти сӯзишвориро зиёд карда нархи онро дар кишварашон коҳиш диҳанд.

Тафовути бозори қирғизӣ аз тоҷикӣ

Мушкилоти вобаста ба ҳаҷм ва нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон  дучанд аст, вале усули қирғизии ҳалли ин мушкилот, ки расман «Газпром»- ро монополисти бозораш эълон кардааст, миёни коршиносону соҳибкорони тоҷик мухолифони зиёд дорад.

Шодӣ Шабдолов, вакили кумитаи энергетикаи парлумони Тоҷикистон бастани чунин созишномаҳои байниҳукуматиро ҳаққи ҳукумат гуфта,  таъкид кард, ки Тоҷикистон бояд ба умеди имтиёзҳои кишварҳои хориҷа нашавад ва захираҳои худиро коркард кунад. Ба гуфтаи Шабдолов имрӯз кишвари хориҷӣ имтиёз медиҳаду фардо сиёсаташро дигар мекунад, мавқеи ҳукуматаш тағйир меёбад, ки аз он боз Тоҷикистон зарар мебинад:

«Сиёсат ҳама вақт пойбанди иқтисодиёт аст. Вақте манфиати иқтисодии ҷонибҳо тарафайн аст, муносибатҳои сиёсиашон ҳам хуб хоҳад буд. Сиёсат ягон вақт аз иқтисодиёт дур нест».

Айни ҳол гарчанде расман «Газпромнефт» дар Тоҷикистон монополист эътироф намешавад, амалан аксари бозорро дар даст дорад ва саҳмаш дар бозори сӯзишворӣ, махсусан  бензин, баъзе моҳҳо аз ҳадди 80 фоиз ҳам мегузарад. Бисёре аз коршиносон коҳиши ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ ва афзоиши нархи онро, ки боиси гаронӣ дар бозори маҳсулоти аввалиндараҷаи кишвар шудаст, ба вуруди «Газпром» ба Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Умаралӣ Қувватов, раиси ширкати «Фароз» мегӯяд, дар натиҷаи ворид гардидани «Газпром» ба бозори Тоҷикистон бисёре аз ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ муфлис шуданд: «Ҷониби Русия пештар сӯзишвориро бо нархҳои арзон медод. Баъде, ки ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфт ва қариб бозорро пурра гирифт, ҳаракатҳое, оғоз шуданд, ки дар натиҷа ширкатҳои хурди дигар натавонистанд рақобат кунанд ва аз фаъолият монданд».

Қувватов дар мавриди такрори таҷрибаи қирғизҳо дар Тоҷикистон, яъне расман додани  мавқеи монополиро ба «Газпром», афзуд, ки он «фоҷиа» барои кишвар мешавад:

«Вақте танҳо ба як шахс ё ширкат ҳуқуқ дода мешавад, ки ба воридоти сӯзишворӣ машғул шавад, мустақилияти кишвар зери суол меравад. Ширкат метавонад бо истифода аз мавқеи яккатозиаш дар бозори Тоҷикистон, ба Русия барои ноил шудан ба ғаразҳои сиёсиаш мусоидат намояд, ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат кунад».

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон умуман роҳ додани ширкати трансмиллии «Газпром» - ро ба Тоҷикистон хатои стратегӣ ва омили осебпазирии сиёсию иқтисодӣ арзёбӣ мекунанд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин ширкат дар вазорату сохторҳои Тоҷикистон одамони худро дорад, ки ба ивази маблағҳои ҳангуфт муҳофизи манфиатҳояш мешаванд.

Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон изҳоротро дар мавриди хатои стратегӣ, омили осебпазирии сиёсию иқтисодии Тоҷикистон будани «Газром» - ро  «аблаҳӣ» номид.

Ба гуфтаи Тағоймуродов ягон далеле, ки Русия ширкати «Газпром» - ро дар Тоҷикистон барои ноил шудан ба ғаразҳои сиёсиаш истифода кардаст, дар даст нест:

«Шояд чунин бошад, шояд «Газпромнефт» дар Тоҷикистон аз ҷониби Русия бо мақсадҳои сиёсиаш истифода шавад, ки исботи онро надорем, лекин ин ягона имконияти нозукест, ки иқтисодиёти моро мӯътадил нигоҳ дошта истодааст».

Тағоймуродов дар шароити мавҷудаи муносиботи Тоҷикистону ӯзбекистон «Газпром»-ро  ягона ширкате номид, ки каму беш бемонеа сӯзишвориро тавассути қаламрави ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид карда истодааст ва таъкид мекунад, ки дар ҳоли ҳозир  ягон кишвар ба ғайр аз Русия қодир нест, ки ба Тоҷикистон дар ҳаҷми лозима сӯзишворӣ пешниҳод намояд. Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ мӯътақид аст, ки бе «Газпромнефт» вазъ дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон ногувортар мешуд. Тағоймурдов мегӯяд, ҳар ҳолати қимматшавии сӯзишвориро дар Тоҷикистон, ки аз омилҳои дигар, аз ҷумла нархи нафт дар ҷаҳон, боҷи содиротӣ, ки аз рӯи нархи нафт муайян мешавад, ҳаққи интиқол  ва ғайра вобаста аст, наметавон фишори Русия ба Тоҷикистон номид.

Дар мавриди таҷрибаи қирғизҳо, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳор доштанд, ки дар ҳар бозор бояд рақобат бошад. Афзоиши саҳми «Газпром» - ро дар бозори Тоҷикистон масъулини Хадамот ба он рабт медиҳанд, ки ширкатҳои дигар ҳаҷми воридотро кам кардаанд, ё умуман ворид накарда истодаанд.

Фоида ба олигархҳо

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ каме поён рафта, бензин ҳудуди 6,2 – 6,5 сомонӣ сари як литр ва сӯзишвории дизелӣ 6 сомонӣ барои як литр нарх дорад.

Аз аввали сол камтар арзон шудани сӯзишвориро дар Тоҷикистон, Ҳамдам  Тағоймуродов ба коҳиши хароҷоти «Газпромнефт» зимни интиқол рабт медиҳад.  Ба гуфтаи сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ қаблан «Газпром» аз сабаби таъмиру тармим дар корхонаи коркарди нафти шаҳри Омск, барои қонеъ кардани талаботи Тоҷикистон маҷбур буд, аз шаҳри УФА сӯзишворӣ орад, ки масофа то он ҷо нисбат ба Омск наздики ду маротиба зиёдтар аст:

«Айни ҳол корҳои таъмиру тармим дар корхонаи шаҳри Омск ба итмом расидаанд ва «Газпромнефт» воридоти сӯзишвориро аз ин корхона барқарор кард».

Тибқи ҳисобҳо дар назар аст, ки сӯзишворӣ дар кишвар ба таври назаррас арзон гардад.  Ҳудуди се ҳафта пеш як гуруҳи кории Тоҷикистон, зери роҳбарии Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, даст ёфтаст, ки дар Маскав бо Русия оиди ба таври имтиёзнок ворид намудани 170 ҳазор тонна бензин ва 132 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ созишнома бандад. Назриев мегӯяд, кӯшиш мекунанд  ба қатори ширкатҳое, ки ба воридоти сӯзишвории имтиёзнок машғул хоҳанд шуд, бештар ширкатҳои ватаниро дохил созанд.

Тибқи ҳисобҳо сӯзишвории тариқи квота воридшаванда аз нархҳои мавҷуда бояд ҳудуди 1,7  сомонӣ арзонтар фурӯхта шавад, зеро хароҷот сари як тонна бензин зиёда аз 350 доллар камтар хоҳад шуд. Фарҳод Мирзоев, раиси ширкати «Газпромнефт – Тоҷикистон» қаблан изҳор дошта буд, ки бе пардохти боҷи содиротӣ ворид намудани сӯзишворӣ, маънои ду сомонӣ арзон шудани онро дар кишвар дорад. Акнун Тоҷикистон дар мавриди бе пардохти боҷи содиротӣ ворид намудани 170 ҳазор тонна бензин ва 132 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, розигии Русияро ба даст овардаст.
Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки бо вуҷуди гузашти Русия коҳиши нархи сӯзишвориро дар кишвар интизор щудан даркор нест:
«Ширкатҳои нисбатан хурдро ба сӯзишвории тариқи квота воридшаванда роҳ намедиҳанд. Фоида аз квота ба кисаи олигархҳо меравад. Нархи сӯзишворӣ, ки айни ҳол каме арзон шудаст, дигар аз ин поён нахоҳад рафт».
Дар мавриди таъсири квотаи Русия ба рақобат ва нархгузориҳо дар бозори Тоҷикистон, масъулини  Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ибрози назар худдорӣ карданд.

Ҳаким Давлатёров

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)