Бахшҳо
19 мар 2012 09:38Гузориш

Бедорӣ дар шимоли Африқо ва талоши Ғарб барои сӯиистифода аз инқилобҳои мардумӣ

Имрўз Ғарб бо савор шудан дар мавҷи бедориҳои мардумӣ дар кишварҳои шимоли Африқо, дар садади иҷрои тарҳи Ховари миёнаи мавриди назари худ аст…

 

Аз баҳори соли гузашта қаламрави аксари кишварҳои арабии шимоли Африқо ба саҳнаи тазоҳуроти мардумӣ дар эътироз ба давлатҳои худкома табдил шудааст. Ин ҷунбишҳои саросарӣ аз моҳи январи соли 2011 оғоз шуда, ҳамчунон гиребонгири давлатҳои худкома ва мустабид дар дунёи араб аст. Бедoрии ҷаҳони арабро худкушии як ҷавон оғоз бахшид. Муҳаммад Буазизӣ, як ҷавони тунисӣ, баъд аз он ки тавассути як корманди зани шаҳрдории пойтахти Тунис таҳқир шуд, дар эътироз ба ин тaҳқир рўзи 17 декабри соли 2010 худро дар муқобили сохтмони шаҳрдорӣ оташ зад. Талоши пизишкон барои наҷоти Муҳаммад натиҷае надод ва вай рўзи 4 январи соли 2011 ба асари шиддати ҷароҳот, даргузашт. Ин ҳодиса муҷиби эътирозоти густурдаи мардумӣ дар Тунис шуд, ки дар ниҳоят ба ҳукумати 23 солаи Зайналобидин бин Алӣ бар ин кишвар, поён дод. Инқилоби мардуми Тунис хеле зуд ба кишварҳои минтақа сироят кард ва то имрўз даҳҳо ҷавони араб ба пайравӣ аз Муҳаммад Буазизӣ, дар эътироз ба истибдоди ҳокимони худкома, худро оташ задаанд. Агарчи гуфта мешавад инқилобҳои мардумӣ, ё баҳори арабӣ кори дасти Ғарб ба саркардагии Амрикост, аммо нуктаи ҷолиби таваҷҷўҳ, бархўрди дугонаи ғарбиҳо ба ҷунбишҳои мардумӣ дар шимоли Африқо будааст. Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Миср дар оғози инқилоби мардум мавриди ҳимоятҳое аз тарафи ғарбиҳо қарор гирифт, аммо вақте ғарбиҳо эҳсос карданд, ки дар баробари иродаи мардуми Миср нотавонанд, муттаҳиди содиқи худ дар чанд даҳсолаи ахирро ба ҳоли худ гузоштанд. Дар Либия акси он чиро дидем, ки дар Миср иттифоқ афтод, Ғарб аз аввал дар баробари Муаммар Қаззофӣ сангар гирифт ва ба кумаки мухолифон омад, ки ҳосили он сарнагунӣ ва қатли Қаззофӣ буд. Дар Баҳрайн низ Ғарб ба ҳимоят аз ҳокими ин кишвар мубодират карда ва дар Сурия алайҳи раиси ҷумҳур даст ба амал шудааст.

Ғарб аз Африқо чӣ мехоҳад?

Ба баёни дигар имрўз Ғарб бо савор шудан дар мавҷи бедориҳои мардумӣ дар кишварҳои шимоли Африқо, дар садади иҷрои тарҳи Ховари миёнаи мавриди назари худ аст. Ахиран дар мисоли Сурия шоҳиди он ҳастем, ки Амрико ва муттаҳиддони арабӣ ва ғарбиаш даст ба дасти ҳам додаанд, то раванди ислоҳот дар ин кишварро халалдор ва бо роҳандозии ҷанги дохилӣ, хостаҳои худро амалӣ кунанд. Таҳияи қатъномаи зиддисурӣ дар Шўрои амният, ки бо ветoи Русия ноком монд, ғарбиҳоро ба он водошта, ки аз шеваҳои дигаре кор гиранд ва бо дасисачинӣ алайҳи дўстони мардуми Сурия, ҷуғрофиёи норомиҳоро густариш бахшанд. Дар ҳамин росто аст, ки ахиран иттиҳомоте ба Теҳрон дар мавриди кумак ба давлати Димишқ дар саркўби мухолифон, аз сўи расонаҳои вобаста ба Ғарб, мунташир мешавад.Ҳамзамон бо оғози мавҷи бедориҳо дар кишварҳои арабӣ, дар баҳори соли гузашта Сурия низ дастхуши нооромиҳо шуд, ки дар марҳалаи аввал пароканда ва бе ҳамоҳангиҳои лозим  буданд. Ҳамин вижагӣ гўёи ин воқеият буд, ки созмондиҳандагони аслии нооромиҳо дар хориҷ аз қаламрави ин кишвар ҳастанд. Аммо оҳиста-оҳиста сафи мухолифон аз ҳисоби афроде, ки бо ҳар роҳ аз кишварҳои ҳамсоя ворид мешуданд, тақвият шуд. Имрўз мухолифони давлати Башор Асад аз тарафи кишварҳои ғарбӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ мешаванд, ба онҳо силоҳу муҳиммот ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои густариши  доманаи нооромиҳо, фиристода мешавад. Ин талошҳо дар чорчўби ҳамон барномае сурат мегиранд, ки ҳадафи он ташкили Ховари Миёнаи мавриди назари Ғарб ба саркардагии Амрико аст. Он чи ки мушаххасан дар Сурия иттифоқ меафтад, талоши Ғарб барои такрори сенарияи Либия дар ин кишвар аст, яъне бо кумак ба мухолифони давлати Димишқ сарнагун кардани Башор Асад (ҳамон гуна ки Қаззофй сарнагун шуд) ва рўйи кор овардани давлате, ки дар чорчўби сиёсатҳои Ғарб бичархад. Сурия ба чанд далел ҳадафи ғарбиҳо қарор гирифтааст; аввал-кишвари муҳим дар Ховари миёна (Шарқи наздик) аст, дуввум-мавқеияти ҳассоси ҷуғрофиёӣ, яъне ҳаммарз будан бо Фаластини ишғолӣ, саввум-бархўрдорӣ аз захираҳои қобили таваҷҷўҳи сарватҳои табиӣ. Дар ин миён он чи бештар Сурияро ба давлати ба истилоҳ нохушоянд барои Ғарб табдил кардааст, наздикии он бо Эрон ва ҳимоят аз муборизоти одилонаи мардуми Фаластин аст. Ғарб бо тамоми тавон, аз тамоми каналҳои дипломатию сиёсӣ дар ҳоли баҳрабардорӣ аст, то давлати Асадро сарнагун карда, давлати дастнишондаи худро рўи кор орад. Дар ин фароянд дасисачинӣ дар нисбати кишварҳои дўсти Сурия, аз дигар тарфанде аст, ки имрўзҳо шоҳиди бакоргирии он дар Ховари миёна ҳастем.

Дӯстони дар нохунаки Сурия…

Дар ибтидои ин сиёсат кишварҳои ғарбӣ бо истифода аз ниҳодҳои байналмилалии таҳти нуфузи худ, Русия ва Чинро барои пайвастан ба сафи ба истилоҳ "дўстони Сурия"  тарғиб карданд. Инак дар идомаи ҳамин раванд Эронро ба кўмак ба давлати Сурия мутаҳҳам мекунанд. Охири январи соли ҷорӣ хабаргузориҳои вобаста ба мухолифони давлати Димишқ аз боздошти ҳафт нишонзани эронӣ гузориш доданд. Агарчи тасвирҳое дар ин замина пахш шуд, аммо натавонистанд дурустии ин хабарро собит кунанд, зеро бар асоси иттилои манбаҳои расмии Эрон, афроди боздоштшуда муҳандисоне буданд, ки ба фаъолиятҳои ғайринизомӣ машғул буданд. Ин иттиҳомот дар нисбати Эрон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ғарбиҳо талош доранд бо таҳти фишор қарор додани Шўрои амнияти Созмони милал, муваффақ ба эҷоди минтақаи парвозмамнуъ дар ҳарими ҳавоии Сурия шаванд ва ҳамон гуна ки аз ин тариқ бо артиши Либия вориди ҷанг шуда буданд, ба кўмаки мухолифони Димишқ бишитобанд.Кашидани пойи Эрон ба ин қазия ба он хотир аст, ки баҳонаҳои дигаре барои таҳти фишор қарор додани Теҳрон ба даст ояд. Албатта  Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо эълом кардааст, ки аз миллати Сурия ҳимоят мекунад ва кўмакҳои худро дар ихтиёри ниёзмандони ин кишвар қарор хоҳад дод. Нахустин чунин кўмакҳо рўзи 15 март ба воситаи ҳавопаймо ба Сурия фиристода шуд, ки иборат аз дору ва таҷҳизоти пизишкӣ будаст. Теҳрон борҳо таъкид кардааст, ки аз раванди ислоҳоти дар пеш гирифтаи Башор Асад пуштибонӣ мекунад ва мухолифи дахолати хориҷӣ дар корҳои дохилии ин кишвар аст.

Аъзами Хуҷаста

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)