Бахшҳо

Қазияи гази узбакӣ масъалаи иқтисодист ё сиёсӣ?

Баҳор ҳам ба муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон гармӣ наовард. Баръакс, бо аввалин нишонаи зиндашавии табиат ҳамсоякишвар эълон кард, ки интиқоли газашро қатъ мекунад. Ба қавли коршиносон сардии муносибат байни Душанбеву Тошканд акнун печидатар шуда, дар сурати ҷилав нагирифтан ва пайдо накардани роҳҳал он барои амнияти тамоми минтақа мушкилд пеш хоҳад овард.

Мақомоти Тоҷикистон Ӯзбакистонро барои қатъи гази табиияш дар аҳдшиканӣ айбдор мекунанд. Ба қавли масъулини ҳукумати Тоҷикистон тибқи тавофуқномаи аз қабл ҳосилшуда ҷониби ҳамсоякишвар муваззаф буд, ки интиқоли сузишвории кабудро идома бидиҳад. Ахиран, сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия низ бо нашри варақаи иттилоотие вазъи душвори миёни Душанбеву Тошкандро ба қалам дод, аммо баъди камтар аз 24 соати гузошта шуданаш онро аз саҳифа бардоштанд.


Дар иттилоияи мазккур гуфта мешуд, ки новобаста аз талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Ӯзбакистон ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар муносибатҳои байнидавлатӣ роҳбарияти Ӯзбакистон бо мақсади маҷбур кардани раҳбарияти Тоҷикистон ба тасмимҳои барои онҳо мувофиқ аз фишорҳои иқтисодӣ кор мегирад:


"Аз соли 2010 Ӯзбакистон ба таври системавӣ муҳосираи минтақаҳои марказӣ ва ҷануби Тоҷикистонро бо роҳи манъи қаторҳоро шурӯъ кардааст.  Аз 17 ноябри соли 2011 то имрӯз ҷониби Ӯзбакистон  бо ишора ба тахриби пули роҳи оҳани минтақаи "Ғалаба-Амузанг", ки гӯйё дар пайи "амалиёти терористӣ" вайрон шудааст, интиқоли бору колоро ба минтақаи ҷануби Тоҷикистон манъ карда, бо ин васила дар сардиҳои шадиди зимистон ва оғози мавсими кишту кор сокинони ин минтақаҳоро бидуни ашёи ниёзашон гузошт. Новобаста ба муроҷиатҳои зиёди ҷониби Тоҷикистон дар мавриди кӯмак барои барқарорсозии роҳ , ки Тоҷикистонро бо дигар кишварҳои ИДМ мепайвандад, ҷониби Ӯзбакистон ба таъмири ҷода иқдом накард". Дар баёнияи мазкур ҳамчунин гуфта мешуд, ки ин хатти роҳи оҳан  барои таъмини вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Хатлон ва Бадахшони Кӯҳӣ ҳаётан муҳим аст. Дар ин ду минтақа ҳудуди се миллион нафар зиндагӣ мекунанд.


Муаллифони баёния навиштаанд, ки Ӯзбакистон ӯҳдадориҳояш дар мавриди интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро иҷро намекунад. "5 январи соли 2012 Тоҷикистон барои интиқоли давра ба давраи 200 миллион метрии мукааб гази Ӯзбакистон барои соли 2012 қарордод баст, аммо баъди ду моҳ ҷониби Ӯзбакистон изҳор дошт, ки аз якуми апрел пурра интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ мекунад".


Ёдовар мешавем, Ӯзбакистон сабаби ин иқдомашро ба афзоиши ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба Русияву Чин рабт дод.


Дар варақаи иттилоотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав навишта шуда буд, ки ҷониби Ӯзбакистон бо ҳар гуна баҳонаҷӯӣ чанд сол аст, ки ба интиқоли нерӯи барқи Туркманистон аз тариқи қаламраваш ба Тоҷикистон иҷоза намедиҳад: "Ин ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Ӯзбакистон имзо кардааст, муғоир аст".


Дар иттилоия ҳамчунин аз мушкили ду кишвар дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ-обӣ, махсусан нерӯгоҳи Роғун, корхонаи алюминии "ТалКО", аломатгузории марз ва минҳои аз сӯи Ӯзбакистон дар сарҳад гузошта шуда, бастани гузаргоҳҳои марзӣ ёдоварӣ шуда буд.


Бархе соҳибназарон мегуфтанд, нашри ин баёния бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия шояд ба ин хотир аст, ки Душанбе мехоҳад, дар ҳали қазия Русия ба сифати миёнҷӣ ширкат намояд.


Аммо далели аз сомона ҳазф кардани он мухталиф шарҳу тафсир мешавад. Гурӯҳе тахмин мезананд, ки шояд баёнияи мазкурро бидуни мувофиқа бо Душанбе нашр карда буданд. Гурӯҳе аз коршиносон бошанд, мегӯянд, эҳтимол ин ба мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Ӯзбакистон дар Тошканд рабт дошта бошад, ки мавзӯи интиқоли гази табииро баррасӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол тибқи хабарҳо ҷониби Тоҷикистон бо ҳамтоёни узбаки худ мулоқоти телефонӣ анҷом додаанд. Алъон аз натиҷаи ин мулоқот ҳарфе гуфта намешавад. Қатъи интиқоли сузишвории кабуд аз Ӯзбакистон имрӯзҳо мавзӯи №1 аст. Аз будани набудани сузишвории кабуди ӯзбакӣ мардуми оддӣ аслан парвое надоранд, зеро онҳо ба бебарқиву бегазиҳо кайҳо одат кардаанд. Муштарии аслии гази ҳамсоякишвар корхонаҳои бузург -ТалКО ва корхонаи семент ҳастанд. Гуфта мешавад, масъулини ҳукуматро ҳам маҳз тақдири корхонаи алюминий нигарон кардааст. Зеро таври маълум агар ин корхона ҳади аққал як шабонарӯз аз фаъолият монад, садҳо ҳазор сомонӣ хисорот ворид мешавад. Аз ин рӯ ҷониби Тоҷикистон барои азсаргирии интиқоли гази табиӣ талош хоҳад кард.


Зимнан, хабарҳо ҳокист, ки ТалКО дар ҷустуҷӯи манбаҳои алтернативии энергия аст, ки гази табииро иваз карда тавонад. Гуфта мешавад, аллакай аз кони "Зиддӣ"-и Варзоб ба ин корхона кашонидани ангиштсанг шурӯъ шудааст.


Дар гузашта ҳам Ӯзбакистон интиқоли гази табиро ба Тоҷкистон гоҳ-гоҳе мутавақиф карда буд. Дар бештари маврид ҳамсояи мо далели ин иқдомро пардохт накардани маблаги истифода аз сузишвории кабуд унвон мекард. Аммо ин навбат мегӯяд, афзоиши ҳаҷми газ ба Русияву Хитой сабаб шудааст, ки ба интиқоли онро ба Тоҷикистон қатъ намояд.


 


 


Абдулазизи ВОСЕЪ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)