Ба ростӣ инҷониб таҳти фишор қарор гирифтани ҳукуматро ҳеч эҳсос намекунам ва дар паяш ҳам нестам. Барои ман ҳамеша мардум муҳим будаву ҳаст. Аз ин назар ҳама гуна фишор болои мардуми кишвар тамоми вуҷудамро ба дард меоварад.
Чанд муддат аст, ки ҳатто шунидан ва ё ба ёд овардани ин вожа озорам медиҳад. Шояд ба ин хотир аст, ки таи ин муддат аз ҳар сӯ таҳти фишор қарор доштем. Албатта хеле аз фишорҳое ҳаст, ки пеши ину он ва ба вижа аз тариқи расона гуфтанаш мушкилоти зиёдтареро ба дунбол меорад. Ҷои таассуф дорад, ки ин авохир бештарин мавриди интихоби мо сиёсӣ шуда, яъне ду гузинае бештар надорем: бад ё бадтар?! Мутаассифона ин таври интихоб барои инсонҳое мисли ман ормонгаро фишори пайвастаи руҳӣ ба бор меорад. Мо бар ин боварем, ки интихоб бояд байни хубу бад бошад, вале расми ин ҷаҳон зоҳиран таври дигар аст ва ҳеч намехоҳад ба коми мову дилхоҳи мо тағйир хӯрад. Дар зимн, дар мавриди тағйир бидуни шак ин ваъдаи Худованд беҳтарину бузургтарин ҳикмат аст, ки фармуд: тағйир нахоҳем дод вазъи ҳеч қавмеро, магар худи онҳо хоҳони ин тағйир бошанд. Намедонам, шояд мо зиёд ва ҳадди ақал ба андозаи лозим хоҳони тағйир нестем?
Ба ҳар сурат таи ин чанд муддати ахир аз ҳар сӯ ва аз ҳар назар таҳти фишор қарор дорему доштам. Ба сифати ҷомеаи як кишвар таи чанд муддати ахир дар доираву мунҷалоби бозиҳои геополитикии қудратҳои фароминтақаиву минтақаӣ қарор гирифта дар панҷаи мармузу малмуси бозиҳои онҳо гирифтори фишорем. Худо шоҳид, ки мисли идеологҳои ноуҳдабаро айбро аз берун ҷуставу маҳофили дохилиро бегуноҳ нишон доданӣ нестам. Мехоҳам ба қавле аз кул ба ҷуз биравам. Хуллас, қудратҳои фароминтақаӣ дар минтақаи мо ва манотиқи атрофи мо ба дунболи таъмини манфиатҳояшон, ки дар аксари маворид номашруъ мебошад, манфиатҳои моро нодида мегиранд. Ҳукумати мо ҳам, новобаста аз иддаоҳои идеологҳояш, дар баробари ин бозии қудратҳо барномаи мушаххас надорад ва гузашта аз ин ба назар мерасад дар ин бозиҳо мо ба ҳеч ваҷҳ бозигар нестем ва агар битавонем ҳадди ақал бозича набошем хеле қаҳрамонӣ кардаем.
Агар ошкортар бигӯям аз он гӯшаи дунё Амрико барои таъсиргузорӣ дар минтақаи мову атрофи он барномарезиҳо дорад ва дар ин наздиктар Русия, ҳарчанд хеле ошкор намекунад, барномаҳое барои хунсо кардани таъсири ин абарқудрат роҳандозӣ кардааст. Аз сӯи дигар Чин, Ҳинд ва Эрон низ ба дунболи манофеъи хеш ҳастанд. Дар ин миён мо агар бихоҳем ба сифати бозигар вориди ин майдони кашокашҳои ошкору ниҳон бишавем, ки гоҳе чунин кардем, фишори ҳамаҷониба бештар мешавад, ки кам не.
Дар ҳамин ҳол ҳамсоякишвар бо баҳонаҳои гуногун ба мо фишор ворид кардан мехоҳад, яъне гоҳ роҳамонро мебандад ва гоҳ онро пурра хароб мекунад. Гоҳ интиқоли газро қатъ мекунад. Албатта аз як назар ин ҳама шояд тавҷеҳи қонунӣ дошта бошад, вале чаро ҳар гоҳ масъалаи фурӯхтани об аз сӯ мо матраҳ мешавад, онро чун талош барои фишор арзёбӣ мекунанд?
Ба ростӣ инҷониб таҳти фишор қарор гирифтани ҳукуматро ҳеч эҳсос намекунам ва дар паяш ҳам нестам. Барои ман ҳамеша мардум муҳим будаву ҳаст. Аз ин назар ҳама гуна фишор болои мардуми кишвар тамоми вуҷудамро ба дард меоварад. Дар ҳамин ҳол таи як ҳафтаи ахир аз сӯи бархе мақомдорон ба сифати масъули як нашрия низ таҳти фишор қарор гирифтан боз як таҳрике барои навиштани ин сатрҳо шуд.
Чанд рӯз қабл аз тариқи телефон нафаре худро Маликов ва масъули шаҳрдорӣ муаррифӣ карду дар робита ба ишораи як коршиносе дар як матлаб моро чунон истинтоқ кард, ки гӯӣ як умр қарздораш бошем. Ҳарчанд мегуфтам, ки агар фикре дореду далеле бинвисед мо ба нашр мерасонем, ӯ ба ҷуз ҳарфҳои носазо дар ҳақи коршиносу муаллифи матлаб ва таърифи худаш чизи бадардбихӯре нагуфт. Ҳоло намедонам ин ба шаҳрдорӣ иртибот дошт ё ташаббуси худи ин ҷаноб буд, аммо чун шахси масъул сӯхбат кардани ӯ дар назари мо шаҳрдориро чун ниҳоди фишоровар ҷилва дод.
Мо дар баробари фишорҳои берун албатта метавонем бо барномарезии дуруст ва ҳисобшуда муқовимат нишон диҳем ва нагузорем манофеи миллӣ ба хатар рӯ ба рӯ шавад. Ин ҷо агар ҳукумат ба мардум такя кунаду бикӯшад, ки мардумӣ шавад, ҳеч фишоре боиси шикаст нахоҳад шуд. Вале ин фишорҳои дохилӣ барои чи бошад? Оё фикр мекунанд мо ба ин ҳад тарсуем?
Зафари Сӯфӣ
Мӯҳр