Бахшҳо
21 апр 2012 07:35Гузориш

Чаро мардум ба ҳукумат боварӣ надоранд?

Аллакай мо ваъдаи ҳукуматро муддати 20 сол аст, ки мешунавем. Вале афсӯс, ки онро амалан намебинем. Аз ин хотир ба ҳеч ваъдаи ҳукумат боварӣ надорам.


Комёб ҶАЛИЛОВ,  коршинос

Вақте масъулини ҳукумат ваъда доданду онҳоро иҷро накарданд, бидуни шак боварии мардум аз даст меравад. Ин як чизи табиист. Ҳукуматҳои маҳаллӣ умуман обруву эътиборашон дар назди мардум бисёр кам аст. Вақте хостаҳову ниёзҳои мардум бароварда намегардаду ҳукумат ба онҳо таваҷҷӯҳ накунад, табиист, ки аз боварии мардум мебарояд. Ҳукумат метавонад бо роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои гуногун, боварии мардумро нисбат ба худ афзоиш диҳад. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вазирону соири масъулин барои ба дастоварии боварии мардум бояд ниёзҳои мардумро бароварда созанду баҳри некӯаҳволии мардум хидмат кунанд.    

Шӯҳрат ҚУДРАТОВ, ҳуқуқшинос

Коста шудани эътимоди мардум аз бесалоҳиятии ҳукумат  дарак медиҳад ва нишони он аст, ки ҳар як иқдоме, ки онҳо пеш мегиранд ба манфиати гурӯҳе ва як ҳизб ҳал карда мешавад ва манфиати мардуми оддӣ сарфи назар карда мешавад. Бештари ваъдаҳои ҳукумат ба иҷро намерасад ва мардум аз ин гуна бархурд руҳшикаста мешаванд. Дар соли 2006 ваъда шуда буд, ки баъд аз 2 сол Тоҷикистон аз бӯҳрони энергетикӣ мебарояд. Лекин аз он ваъда 7 сол сипарӣ шуд, вале сол то сол бӯҳрони энергетикӣ шадидтар шуда истодааст. Барои ҳамин ниҳодҳои ҳукумат аз бовари мардум баромадаанд. Чунки ҳукумат бесалоҳиятии худро дар назди мардум нишон дод. Бесалоҳиятӣ дар он зоҳир мешавад, ки ҳукумат ва роҳбарони вазорату мақомот ба манфиати худ ва хешу табори худ фаъолият менамоянд ва аз камбудиҳои мардум огаҳӣ надоранд. Ҳукумати феълӣ бо ин роҳбарону вазирон фурсати ба даст овардани эътимоди мардумро рӯз то рӯз аз даст дода истодааст. Чунки онҳо чӣ тағйироте накунанд, мардум пешакӣ натиҷаи онро медонад. Барои он ки боварии мардумро ба даст оварад бояд тағйиротҳои ҷиддӣ сурат пазирад. Мардум аз ҳукумати феълӣ дилсард шудаанд, зеро бо иваз намудани се чор вазиру раисҳо боварии мардум ба ҳукумат зиёд намешавад. Ба назар гирифтани принсипҳои демократии давлати Тоҷикистон ва иваз шудани роҳбари давлат дар давраи муайян бовари мардумро метавонад ба ҳукумат зиёд кунад.

Мамлакат ҶАЙЧИЕВА, устоди донишгоҳ

Боварӣ доштан ба касе ё чизеро аз назари татбиқи амал бо сухан баҳо медиҳанд. Ба шахс ва ё ҳукумате дар он ҳолате бовар мекунанд, ки сухани ӯ бо амалаш як бошад. Агар аз ҷониби гурӯҳе ваъдаҳо бошаду амалӣ нашавад, боварии мардум албатта, ки коҳиш меёбаду ором - ором ба сифр баробар мегардад. Дар ҷомеаи мо ҳастанд раҳбароне, ки сухану амалашон яксон аст. Зеро садоқат доранду ростгӯ ҳастанд. Аммо дар хусуси ҳукумати феълӣ бояд гуфт, ки вақте супорише аз боло пешниҳод мегардаду амалӣ намешавад, як бадбиниеро миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд меоварад. Вақте 60 то 70 дарсади кадрҳо интихоб мешаванду ваъдаҳо иҷро намегарданд, албатта, ки боварии мардум нисбат ба онҳо кам мегардад. Дар инҷо кадрҳо бояд вазифаҳои худро одилона ва бо сидқи дил иҷро кунанд то боварии мардум ба ҳукумат афзоиш ёбад. Мутаасифона ҳамин татбиқ нагардидани сухан бо амал, нобовариро дар миёни мардум зиёд мегардонад. Ман фикр мекунам, ки агар масъулин дар иҷрои вазифаву ваъдаҳои худ содиқ бошанд, дар он сурат боварии мардум ба ҳукумат зиёд мегардаду ҳамроҳи он пешравиҳо сурат гирифта ҷомеаи Тоҷикистон обод хоҳад шуд. Танҳо дар ин ҳолат вазъият беҳбуд меёбад. Он нафароне, ки ҷои кор доранду зиндагии худро пеш мебаранд, ба ҳукумат боварӣ доранд, аммо ин ҳам ҷои тардид дорад. Зеро дар сӯҳбатҳо мардум на онқадар озод сӯҳбат мекунанду фикру андешаи худро ба пуррагӣ иброз намедоранд.  Барои ин ки боварии мардум зиёд гардад, бояд масъулин сахт кор кунанд. Дар донишгоҳи мо, роҳбарамон Нуралӣ Шоев, шахси сахткушу сарсупурда аст ва ман худ шоҳидам, ки чи қадар бо масъулияти комил кор мекунад. Агар ҳамаи роҳбарон монанди роҳбари мо кор кунанду аз нигоҳи иқтисодӣ маоши муалимонро зиёд гардонанд, сатҳи боварӣ дар кишвар бештар хоҳад шуд. Имрӯз зиндагии мардум дар он сатҳе, ки сазовору шоиста аст, нест ва барои ҳамин ман фикр мекунам, ки боварии мардум пурра нест. Нафароне дар соҳаҳои гуногун ҳастанд, ки худкома буда ба манфиати шахсияшон кор мекунанду боварии мардумро аз даст медиҳанд.

Абдураҳмон ХОНОВ,  вакили Маҷлиси намояндагон

Бо тақозои кору вазифа пайваста дар миёни мардум, ба хусус ҷавонон ҳастам ва фикр мекунам, ки эътимоди мардум рӯз то рӯз ба ҳукумат зиёд шуда истодааст. Як чиз маро рӯҳбаланд мекунад, ки фарҳанги сиёсии мардум боло рафтааст ва мавқеи онҳо барои баҳои воқеона додан ба падидаҳову ҳодисаву навигариҳое, ки дар дохилу хориҷи кишвар рух медиҳанд муайян аст. Гарчанде, ки дар баъзе воситаҳои ахбори умум нобоварии бархе афрод нисбати давлату ҳукумат мушоҳида мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки аксарияти мардум ба ҳукумату давлат боварӣ надоранд. Мо кишвари соҳибистиқлолем ва дар марҳилаи нави давлатсозӣ қарор дорем. Бидуни мушкилӣ давлату миллат сохтан ғайриимкон аст ва дар марҳилаи гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ дастовардҳои иқтисодии зиёд ҳам дорем. Ба се ҳадафҳои асосии худ, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ аст, марҳила ба марҳила наздик шуда истодаем. Итминон дорам бо амалӣ гардидани ана ҳамин барномаҳои давлатӣ мо метавонем дар солҳои наздик сатҳи иқтисодии кишварро баланд бардорем ва шароити  зиндагии мардумро боз беҳтар гардонем.  

Зафар ҚУРБОНОВ, адвокат

Аллакай мо ваъдаи ҳукуматро муддати 20 сол аст, ки мешунавем. Вале афсӯс, ки онро амалан намебинем. Аз ин хотир ба ҳеч ваъдаи ҳукумат боварӣ надорам. Боварии мардумро танҳо бо як роҳ: ҷойгузин намудани кадрҳои ҷавону болаёқат, додани озодиҳои динӣ, озодии маҳбусони сиёсӣ, агар бошанд, озодии собиқ размандагони ИНОТ, дастгирии иҷтимоии мардум, аз байн бурдани ришва ва ришвахорӣ, боз кардани дари масҷидҳо мумкин аст ба даст овард. Дар акси ҳол боварии мардумро ба даст овардан ғайриимкон аст.

Ғуломиддин САЙФИДДИН, коршиноси масоили энергетика

Қонунҳое, ки ҳукумат қабул мекунад, риоя намегарданд. Гузашта аз ин мардум куру кар набуда дурустии ваъдаҳои масъулинро месанҷанд. Ҳеч вазире дар кишвари мо фармонҳои президентро ба пуррагӣ иҷро намекунаду ҳар чизе, ки ба нафъаш бошад иҷро мекунад. Вақте дуздиву давладдуздиро мардум мебинанд, чи тавр метавонанд ба ҳукумат бовар кунанд. Агар раванди давлатдорӣ ҳамин гуна идома ёбад, эътимод ва боварии мардум кам шудан мегирад. Ҳукумати мо ваъда медиҳаду онҳоро амалӣ намегардонад. Порсол 10 соатӣ барқ доданд, имсол бошад, аҳвол дигар шуд. Ҳол он ки "Сангтуда" - и 2 пурра ба кор даромадаасту барқ тавлид мекунад. мегӯянд, ки ба Афғонистон барқ намедиҳем, вале ман худ шоҳидам, ки ҳар соат 9 ҳазор кв соат интиқол медиҳанд. Дар "Барқи тоҷик" ҳамагуна рақамҳо зоҳирист. Бо чунин аҳвол чигуна мардум ба ҳукумат бовар кунанд. Дар матбуоти мустақил менависанд, вале масъулин ба мушкилоти вуҷуд дошта ҷавоби дурусте намедиҳанд. Вақте ҳукумат қонунҳоро риоя намекунад, чӣ тавр мардум ба онҳо бовар кунанд. Ин ҳукумат эътимоди мардумро ба даст оварда наметавонад то он ҳангом, ки ислоҳ нагардад. Шахсе, ки як дасташ дар кисааш ҳасту дасти дигараш дар хазинаи давлат аст, чигуна метавонад худро ислоҳ намояд. Ҳукумат хосияти худислоҳкуниро надорад, ба ҳамин хотир наметавонад эътимоди мардумро ба даст оварад. Дар ҳукумати феълӣ шахсони шахшуда ?арор доранд. Ҳол он ки дар кишвар ҳазорон ҷавононе ҳастанд, ки метавонанд дар вазифаҳои менеҷерӣ худро нишон диҳанд. Ҳукумате, ки мо дорем на танҳо кадрҳои ҳирфавиро ҷалб карда наметавонад, балки ба пеш бурдани кишвар қодир нест. Бо тамоми масъулият мегӯям, то даме, ки ин ҳукумат дигар нашавад, вазъ ҳаминтавр боқӣ мемонад. Ҳазорон кадрҳои мустақиле мавҷуданд, ки аз онҳо истифода намешавад. Барои ҳамин кишвар пеш намераваду эътимоди мардум ба ҳукумат кам мешавад.

Шавкати МУҲАММАД, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Сабабҳо хело зиёданд, вале асосиаш дар ин аст, ки аввалан сохти давлатдорӣ ба мардуми мо бегона аст. Мамлакате, ки 97 фоизи аҳолияш мусалмон ва 99 фоизи мардумаш диндор ҳаст, наметавонад секулёрӣ ё дунявӣ бошад. Чунин, ки шуд албатта байни мақомот ва мардум фосила ҳатман эҷод мешавад. Чизи дигар ин ки дар мамлакати мо волоияти қонун ниҳоят нигаронкунанда аст, Ҳарчанд аз рӯи қонун кор мекунӣ, шояд ҳамин ҳам ба кадом масъули мақомот маъқул нашавад. Чунин руйдодҳо дар Тоҷикистон хело зиёданд. Аксарият масъулини мақомот таҳаммулпазирӣ надоранд, ҳамеша корро аз руи усули радикалӣ ба сар мекунанд. Яъне имрузҳо вазъияти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки на диндорон балки дунявиятхоҳон радикал шудаанд, ин сабаб мешавад, ки дар ҳеч ваҷҳ ба ҳукумат намешавад бовар кард, зеро агар шумо маъқул нашавед, хоҳ қонунӣ , хоҳ ғайри қонунӣ чандин айбу гуноҳ болои саратон бор мешавад ва ҷои шумо зиндон. Аммо дар масоили иктисодиву сиёсӣ бошад, мардум ба он хотир ба хукумат бовар надорад, ки дар тули бист соли истиклолят ягон пешравии назарраси иктисодӣ нашуд. Ҳатто надоштани қувваи барқ дар муддати 20 сол ин тамоман бахшиданӣ нест. Ва ҳамчунин Точикистон як давлати истеъмолкунанда ба хисоб меравад, дар тули 20 соли истиклолият рӯ ба истеҳсолот овардани Тоҷикистон назаррас намебошад. аксарият молҳои талаботи ҳарруза аз хориҷ оварда мешавад. Яъне худи мардум масъалаҳои иқтисодияшро худаш мебинад на давлат. Дар муддати 20 сол  шумори муҳоҷирин ба ҷои кам шудан зиёд шуда ва ҳатто меросӣ шуда истодааст. агар 10 сол пештар як нафар худаш ҳиҷрат мекард имрӯзҳо бошад бо ҳамроҳии фарзандонаш муҳочир шуда истодааст. Ҳарсола ваъдаҳо хело зиёданд, аммо аз 100 даҳ ҳиссаи онҳо шояд иҷро шаванд боқӣ дар рӯи коғаз мемонанд. дар ин ҳолат чи гуна мардум метавонад ба ҳукумат бовар кунад? Ҳукумат бояд ҳаргуна нақшаву амалиёте, ки сабаби норозигии мардум мешавад ба хотри суботу амният ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бардоштани фосила байни мақомоту мардум аз ингуна нақшаву амалиётҳо даст кашад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)