Бахшҳо
27 апр 2012 06:16Сӯҳбати рӯз

Сайфулло Сафаров: Ҳукумат моли мардум ва давоми мардум аст

Гузаштан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ шарти аслии демократӣ шудани ҳар кишварест.  Аммо таи 20 соли истиқлолият оё метавон гуфт, ки дар кишвари мо ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл гирифтааст? Ишораҳои умумӣ ва ё ками президент дар паёмҳои солонаи худ ба ин масъала ва ҳаётӣ будани он дар ҷаҳони муосир, моро водор сохт, то бо Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва коршиноси масоили сиёсӣ сӯҳбате анҷом диҳем.

Сиёвуш Қосимзода: Оё дар паёми президент наздикии ҳукумат бо мардумро мушоҳида кардед, то чӣ андоза ҷомеаи мо инкишоф ёфтааст ва президент ба инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рӯи кадом меъёрҳо баҳо медиҳад?

Сайфулло Сафаров: «Ба назари ман паёми имсола ба таври хеле рӯшан маҳз манфиатҳои мардумро  инъикос намуда, аз наздик будани ҳукумат бо халқ ва ҳукумати мардум будани он гувоҳӣ дод. Президент чӣ дар маърӯза ва чӣ дар суханронии берун аз матн, ки ман шахсан шунидам доир ба манфиатхои миллӣ ё ба таври дигар манфиатҳои мардум сухан гуфтанд. Лекин дар масъалаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд гуфт, ки дар ин бора президент соли 2007 гуфта буданд, ки «Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ба сифати унсурҳои фаъоли ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд. Дар раванди созмон додани ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши қонун, эҳтиром, риоя ва иҷрои он ниҳоят бузург аст. Маҳз аз ин рӯ, ман борҳо таъкид кардаам, ки қонун бояд меъёри муайянкунандаи рафтори ҳаррӯзаи шахс, фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва воситаи танзимкунандаи муносибатҳои ҷомеа бошад».

Ва дар соли 2011 дар ин бора чунин гуфта буданд: «Имрӯз 404 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 250-тоаш хусусӣ мебошад. Аз ҳашт агентии иттилоотии ба қайд гирифта шуда, ҳафт агентӣ ғайриҳукуматист. Инро ҳамчун падидаи мусбат дар ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намудан мумкин аст. Дар комилсозии фазои иттилоотии кишвар дар баробари шабакаҳои радиои давлатӣ, инчунин радиоҳои ғайриҳукуматӣ низ саҳм мегиранд. Ҳоло дар мамлакат 44  шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 радиову телевизион хусусӣ мебошад. Раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба давраи соҳибистиқлолии Ватанамон рост меояд.
Ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки ниҳодҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд, асосан дар даврони истиқлолият арзи вуҷуд намуданд. Ин ниҳодҳо дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократикунонии ҷомеа ва тавсеаи фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар кишвар мақоми хосаро соҳиб гардидаанд. Агар соли 1992 шумораи онҳо 141 ададро ташкил карда бошад, имрӯз ба 2364 адад расидааст. Ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият дорад, ки панҷтои он дар парламенти кишвар намояндаи худро дорад. Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ барои ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳад кард».
Яъне, на танҳо ҳукумати мо миллӣ ва мардумист, балки президент ҳукуматро вазифадор кардааст, ки ба ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд мусоидат ҳам кунад. Аз ин рӯ фақат бояд таъқид намоям, ки як чизро ҳар сол такрор кардан ҳам хуб нест. Асосаш мазмуни паём ба манфиатҳои мардум нигаронда шуда буд ва дар он нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб гирифта шудааст».

Сиёвуш Қосимзода: Воқеан фикр мекунед, ки ҳукумату мардуми Тоҷикистон ба якдигар наздиканд? Агар чунин аст пас чаро ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвари мо инкишоф намеёбанд?

Сайфулло Сафаров: «Бояд гӯям, ки ба ғайр аз баъзеҳо, ки аз равандҳои сиёсӣ бехабаранд ва дар онҳо иштирок надоранд, вале дар бораи онҳо ақидаи манфӣ баён мекунанд, аксарияти  мардум медонанд, ки дар Тоҷикистон ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ новобаста аз танқидҳое, ки ба ҳукумат нигаронда шудаанд, хеле наздиканд. Ва чунин созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ имсол қариб 3 ҳазоранд. Аз ҷумла 8 ҳизби сиёсӣ, ки аз онҳо 5 тоаш дар парлумон намояндаи худро доранд. Агар  чанд сол пеш аз нав бақайдгирӣ намешуду бисёре аз ташкилотхои ҷамъиятӣ аз тарафи сохторҳои андоз беасос ба андозсупорӣ маҷбур карда намешуданд, ҳоло шумораи созмонҳои шаҳрвандӣ аз 5 ҳазор мегузашт. Зимнан бояд гуфт, ки чунин ташкилотҳо баъракси фаҳмиши баъзе аз мансабдорон заминаи мустаҳкамии давлат буда бисёре аз масоили иҷтимоиро худашон ҳал мекунанд. Яъне, онҳо дастёрони давлатанд ва давлат бояд барои рушди онҳо ҳама монеаҳоро аз байн барад. Мутаасифона ҳоло дар ҷумҳурии мо аз созмонҳои ҷамъиятие, ки бо ташаббуси шаҳрвандон барои ҳалли масоили ҷомеа ташкил карда шудаанду ҳеҷ фоидаи молӣ надоранд, барои андозсупорӣ пур кардани варақаҳои пулакӣ талаб карда мешавад ва ҳатто ҳайрон мешаванд, ки агар маош намегиред ё ягон кас пул надиҳад, чаро Созмони ҷамъиятиро ташкил кардед? Яъне дарки манфиатҳои ҷомеа дар кормандони ин сохтор вуҷуд надорад, ки ин пеши роҳи ташаббуси шаҳрвандонро мегирад. Зеро на дар ҳамаи соҳаҳо метавон аз аъзоён ҳаққи аъзогӣ ситонид ва ё грант гирифт. Баъзан гирифтани грант ба принсипҳои шахсии раисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ мувофиқ нест ва бо ҳамин онҳо дигар кор намекунанд, зеро маошашон барои пардохти ҳармоҳаи варақаҳои холии пулакӣ, ки "нулевой" ном доранд, додани пули мусоҳиб ва ҷаримаҳои андозчинон намерасад. Аслан ҳамаи созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати доштани суратҳисоб бояд аз гардиши маблағ андоз супоранд, вале чунин фаҳмиш дар низоми андозсупории мо ҳоло ба вуҷуд наомадааст. Ва онҳо ба ҳама чун ба тоҷирон ва соҳибкорон нигоҳ мекунанд, ки ин аз фарҳанги пасти сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо шаҳодат дода пеши пурқувватшавии ҷомеаи шаҳрвандиро мегирад. Шояд дар ворид кардани тағироту иловаҳо шахсоне ёфт шаванд, ки ба ин чиз диққат диҳанд. Боварӣ дорем, ки Вазорати адлия ва вакилони халқ, ки аҳамияти ин корро хуб дарк мекунанд, ба ин ҷиҳати масъала низ диққат медиҳанд. Гузаштҳое, ки чандсоли охир Ҳукумати мо ба соҳибкорон кардааст, чи тавре ки президени кишвар таъқид карданд 3,2 миллиард сомониро ташкил додааст, лекин шояд фоидае, ки соҳибкорон ба иқтисод ва ҷомеа меоранд аз ин зиёдтар бошад. Ба ҳамин монанд созмонҳои ҷамъиятӣ агар корашон бе мамониат шавад фоидаашон даҳхо баробари он чанд суме хохад буд, ки кумитаи андоз коғазҳои худро ба онҳо мефурӯшад. Яъне ин ҷо манфиати умумро аз манфиати идоравӣ боло гузоштан ва онро дарк кардан зарур аст».

Сиёвуш Қосимзода: Дар ҳоли ҳозир фосилаи байни мардум ва ҳукуматро чӣ гуна арзёбӣ мекунед, рӯ ба наздик шудан дорад ё дур шудан?

Сайфулло Сафаров: «Албатта дар маҷмӯъ бо қудратманд гаштани давлат, зиёд шудани буҷа ва пурқувват гардидани барномаҳои иҷтимоӣ, наздикшавии халқу ҳукумат торафт мустаҳкамтар мегардад. Вале бояд гуфт, ки корҳои дурусти идеологӣ,омӯзонидан ва тарғиботу ташвиқот низ метавонанд ин равандро қувват бахшанд. Зеро Ҳукумат ҳама вақт аз мардум аст ва мардум бояд ба ҳукумати хеш наздиктар гарданд ва бо ташаббусҳои хеш онро ҳарчи бештар мардумитар гардонанд. Табиати ҳукумат чунин аст, ки агар чун президенти мо як шахсияти ҳақиқатан аз байни халқ баромада сарвари он набошад худ аз худ аз мардум дур шуда мардумро зери фишор мегирад. Яъне чун давлати халқии замони шуравӣ эҳтимоли аз халқ дур шудани фарз кардем ҳизби ҳоким ё ҳукумат аз воқеият дур нест. Барои ин бояд механизмҳое бошанд, ки пеши ин бегонашавиро бигиранд.

Хушбахтона президенти кишвари мо ин раванди манфиро доиммо ба таври муназзам кам карда ҳукуматро маҷбур менамояд, ки фақат дар хидмати мардум бошад. Аз ин сабаб хислати мардумӣ доштани худи президенти кишвар наздикии мардумро бо хукумат нигоҳ медорад. Худи мардум низ масъулияти давлатдорӣ ва ҳукуматдориро бояд дошта бошанд. Аз ҳукумат худро набояд дур гирифт, балки ба таври фаъол онро аз худ намудан даркор то моҳияти мардумии он равшантар зоҳир гардад. Мансабдорон меоянду мераванд, вале сохторе бо номи ҳукумат ҳама вақт чун муҳофизи манфиатҳои миллӣ боқӣ хоҳад монд. Мардумӣ шудан ва будани ҳукумат аз ҳар яки мо вобаста аст, на аз худи ҳукумат. Мардум ҳар қадар аз ҷиҳати сиёсӣ фаъол бошанд, созанда бошанду  фарҳанги сиёсии мардум ҳар қадар баланд бошад, ҳукумат ҳамон қадар самараноктар хидмати мардумро хоҳад кард. Яъне Ҳукумат моли мардум, давоми мардум аст ва онҳоро набояд ба ҳам муқобил гузошт. Дар ин кор як механизми назорати оппозитсия мебошад, ки вазифааш назорат кардан аз болои фаъолияти Ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ аст. Яъне зарурати мавҷуд будани оппозитсияи сиёсиро низ набояд инкор кард. Танҳо бояд тавре кор кард, ки онҳо сухани танқидӣ наёфта аз ҳукумати худ ифтихор кунанд. Ин кор албатта осон нест. Вале чи бояд кард, ки талаботи шароити демократӣ аст».

Мусоҳиб: Сиёвуш Қосимзода



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)