Бахшҳо
30 апр 2012 10:44Сӯҳбати рӯз

Юрий Попов: Русияву Тоҷикистон бидуни ҳамдигар наметавонанд

Равобити мардуми тоҷику рус таърихи дуру дароз дорад. Бештар аз сад сол мешавад, ки русҳову тоҷикон канори ҳамдигар бо анъанаҳояшон ба сар мебаранд. Барқарор кардани равобит ва муносибати дипломатии Русияву Тоҷикистон заминаи дигари дустӣ барои ин ду давлат буд. Чанде қабл ду кишвари ба ҳам дӯст аз ин санаи таърихӣ ҷашн гирифтанд. Таҷлил аз 20 солагии барқарорсозии муносибат ва равобити дипломатии Тоҷикистону Русия боис гардид, то хабаргузории Озодагон бо чанд савол ба Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Озодагон: Юрий Федорович, муносибати феълии Русияву Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Юрий Попов: «8-уми апрел аз барқарорсозии муносибати дипломатии ду кишвар 20 сол сипарӣ гардид. Метавон гуфт, ки дар ин мудат русҳову тоҷикон рӯзҳои вазнинеро бо суқути Иттиҳоди шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз сар гузарониданд. Дар ин муддат русҳо ҳамеша канори тоҷикон буда, ёрии худро дареғ намедоштанд. Далели ин гуфтаҳо қурбон гардидани низомиён ва марзбонони рус аст, ки барои сулҳу суботи Тоҷикистон талош мекарданд. Русия дар бартараф кардани муноқишаи хунии Тоҷикистон нақши бориз дошт. Созишнома дар бораи сулҳи Тоҷикистон тасодуфӣ дар Маскав ба имзо нарасидааст.

Сарони ду кишвар Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон вузарои умури хориҷӣ Сергей Лавров ва Ҳамрохон Зарифӣ бахшида ба 20 солагии барқарорсозии равобити дипломатӣ ба ҳамдигар барқияи шодбошӣ фиристоданд. Сафари расмии вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров низ ба ҳамин хотир буд.

Равобит ва муносибати ду кишвар намунаи беҳтарини ҳамкории стратегӣ мебошад. Ин ҳамкорӣ дар асос ва фазои эътимоду боварӣ вуҷуд дорад. Мо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ дар масоили ҳаётан муҳими мардуми ду кишвар ҳамкории зич дорем. Барои Русия муносибат бо Тоҷикистон ва ҳамчунин барои Тоҷикистон равобит бо Русия муҳим буда, мо дар бахши сиёсат, иқтисодиву тиҷорат, иҷтимоӣ ва ҳарбиву техникӣ ҳамкории хуб дорем. Ин ҳамкориҳо дар асоси баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва манфиатҳои дуҷониба ба роҳ монда шудааст.

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», талошҳои «Газпром» барои пайдо намудани ҷойҳои нафту газ дар Тоҷикистон, бунёди ширкати «Созидание», меҳмонхонаи «Ҳаёт», «Мегафон» ва «Газпромнефть» намунаи ҳамкории дуҷониба мебошад. Фаъолияти корхонаи ҷамъи худравҳои тамғаи «ЗИЛ» дар Хуҷанд ва оғози сохтмони СП барои ҷамъи тролейбусҳо дар Душанбе намунаи ҳамкорӣ дар бахши истеҳсолот аст.

Дар бахши маориф низ Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳои хуб доранд. Фаъолияти донишгоҳи Русияву-Тоҷикистон (Славянский) аз соли 1996 ва филиали донишгоҳи давлатии Маскав аз тобистони соли гузашта далели ин гуфтаҳо мебошанд. Қарор аст, соли равон Донишкадаи энержии Маскав ҳам дар Душанбе намояндагии худро боз намояд. Садҳо ва ҳазорҳо ҷавон аз Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсилу илмомӯзӣ ба Русия сафар мекунанд. Танҳо 650 ҷавони тоҷик дар асоси квотаи давлатии Русия дар ин кишвар таҳсилро идома медиҳанд.    

Дар лаҳзаҳои вазнин мо ба ҳамдигар ёрӣ мерасонем. Низомиёни рус баҳори соли 2010 ба сокинони зарардидаи Кӯлоб аз офати табиӣ ёрӣ ва кӯмакҳои башардӯстона расониданд. Русия ҳамзамон дар интиқоли ҷавонони тоҷик аз Либӣ ва Миср даст дошт.

Дар остонаи таҷлил аз 20 солагии муносибати дипломатӣ Русия оғози моҳи апрели соли равон ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона ба маблағи 3,5 миллион доллар фиристод. Ин кӯмак аз палатка, дастгоҳҳои энержӣ, бухориҳо, зарф ва маҳсулоти консервӣ иборат буд.
Ҳамин тавр муносибати ду кишвар на танҳо дар асоси ҳамкориҳои стратегӣ, балки дар муносибати бародарии ду миллат ба роҳ монда шудааст».

Озодагон: Шумо рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро чӣ гуна мебинед? Ба назари Шумо муносибат миёни ду кишвар то кадом андоза муҳим аст?

Юрий Попов: «Ояндаи равобит ва муносибати Русияву Тоҷикистонро ҳамкориҳои солҳои гузашта муайян мекунад. Ин воқеияти обективӣ мебошад. Тақдири ду кишвар то андозае пайваст шудааст, ки Русияву Тоҷикистон бидуни ҳамдигар наметавонанд. Манфиатҳои сиёсии ду кишвар низ якранганд, ки онро танҳо дар якҷоягӣ метавон бароварда сохт. Новобаста ба мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ Русияву Тоҷикистон бояд дустӣ ва ҳамкорӣ дошта бошанд, онҳо вазифадоранд».  

Озодагон: Ҷузъиёти муҳими рушди муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии Русияву Тоҷикистон дар ин давра чист?

Юрий Попов: «Рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси воқеъияти ҷадиди сиёсати ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ намунаи ин гуфтаҳост. Қабл аз ҳама ман вазъияти ноороми Афғонистон ва хурӯҷи нерӯҳои низомиро аз ин кишвар ва ҳамчунин натиҷаи воқеаҳои кишварҳои Африқои Шимоливу Шарқи наздикро дар назар дорам. Дар ин вазъият ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар бахши амният ва низомӣ, иқтисодиву фарҳангӣ бештар мегарданд.  

Феълан, мо ва масъулини тоҷик созишномаи ҷадиди миёни давлатӣ дар робита ба мавқеъ ва шароити ҳузури базаи ҳарбии Русия 201 дар Тоҷикистонро баррасӣ дорем. Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчи зудтар ҳал кардани ин масъала ба мувофиқа расиданд. Чанде қабл ду давлат созишномаи ҷадиди ҳамкорӣ дар бахши марзбонӣ, ки сентябри соли сипаришуда аз ҷониби раҳбарони ҳарду кишвар ба тасвиб расида буд, тасдиқ намуданд. Корҳо дар мавриди амалисозии як қатор тарҳҳои муштараки иқтисодӣ идома дорад.

Дар ин авохир раванди ҳамгироӣ дар ҳудуди кишварҳои собиқ шӯравӣ ранги дигар гирифт: фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ, таъсисёбии кумиссияи иқтисодии АвруОсиё раванди воқеии ҳамгироии иқтисодиро шурӯъ кард. Мақсади аслии ин раванд таъсисёбии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. То чӣ ҳад муҳим будани ин тарҳ ва то кадом андоза бароварда сохтани манфиатҳо дар ҷомеаи байналмилалӣ ва дар доираи ин ҳамкориро лозим намешуморам. Русияву Тоҷикистон бо ҳам натанҳо бо натиҷаи бӯҳрони иқтисодӣ мубориза мебаранд, балки рушди минбаъдаро низ тарҳрезӣ мекунанд. Тавре мо шоҳидем Тоҷикистон низ ба раванди ҳамгароии АвруОсиё таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Тасдиқи Созишнома оид ба минтақаи озоди тиҷоратии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки 18-уми октябри соли 2011 аз ҷониби кишварҳои узви ин созмон дар Санкт-Петербург ба тасвиб расид, метавонист гоми нахустине бошад».  

Озодагон: Вожаи «муҳочират» ду давлатро ба ҳам пайваст мекунад. Баъзе аз намояндагони давлати Русия дар робита ба раванди муҳоҷирати тоҷикон сару садои зиёд баланд карда, изҳоротҳое низ пахш карданд. Ин низои лафзӣ то ҷое расид, ки баъзе аз мансабдорони рус аз ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан карданд. Назари шумо ба ин мушкилот чист?

Юрий Попов: «Воқеан баъзе аз расонаҳои хабарии Русия ва гурӯҳе аз сиёсатмадорони рус дар робита ба фаъолияти муҳоҷирон дар Русия суханони нохушоянд мезананд. Ба тахмини ман чунин баҳогузорӣ (маҳкумияти сиёсиро дар назар надорам) бо он асоснок мешаванд, ки муҳоҷирони Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳои дуру наздик ба кишвар ва фазои барои худ бегона ворид шуда, бо баҳонаҳои воқеиву ғайривоқеӣ қонунгузории Русияро риоя намекунанд. Бархе аз сиёсатмадорони рус аз чунин вазъият ба манфиати худ истифода карда, аз ҷорӣ кардани низоми раводид сару садо баланд мекунанд. Бояд зикр намоям, ки чунин сиёсатмадорон дар Тоҷикистон низ вуҷуд доранд. Боре ҳам нашудааст, ки намояндагони расмии давлати Русия бо чунин изҳорот баромад карда бошанд. Чунки муҳоҷират- хиёбони дуҷониба аст. Аз мавҷудияти муҳоҷират на танҳо кишварҳои муҳоҷир, балки давлатҳои қабулкунанда низ манфиати зиёде доранд.

Ҳамкорӣ бо масоили муҳоҷирати меҳнатӣ маҳдуд намешавад. Миёни кишвар ва мардуми русу тоҷик иртиботи зичу қавӣ берун аз сатҳи давлатӣ низ ба роҳ монда шудааст. Аксари тоҷикистониҳо дар Русия хешу табор доранд. Бояд гуфт, ки дар гузаштаи начандон дур дар ҳудуди як давлат зиндагӣ доштем, ки чунин муносибот дар як соат аз байн намеравад. Аз ин хотир ман бар ин бовар ҳастам, ки ҷорӣ кардани низоми раводид чӣ барои Тоҷикистон ва чӣ барои Русия мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меовард.   
Мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки ба давлат хисороти зиёд расонида, сарчашмаи ҷиноят ҳам аз ҷониби муҳоҷирон ва ҳам аз ҷониби кордиҳандагон мебошад, масъалаи дигар аст. Владимир Путин, сарвазири кишвар дар ҷаласаи  Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия низ чанде қабл аз масъулин даъват ба амал овард, то ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи муҳоҷирон устувор намоянд.   

Масъалаи дигар низ вуҷуд дорад: гурӯҳе аз сиёсатмадорони Тоҷикистон низ талош доранд, то мушкилоти муҳоҷиронро ба манфиати хеш истифода кунанд. Расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон марги ҳар як муҳоҷирро ба «скинхедҳо» ва миллатгароён рабт медиҳанд. Аммо санҷишҳо собит месозад, ки гурӯҳе аз муҳоҷирон дар натиҷаи беморӣ, ҷароҳати вазнин ва ё задухӯрд ҷони худро аз даст додаанд. Қатли муҳоҷирон дар асоси миллигароӣ хеле кам аст. Тибқи омор мизони марги иҷбории муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия баробари нишондод дар дохили Тоҷикистон мебошад».  

Озодагон: Дар робита ба изҳороти «Русия барои русҳо», ки дар ин авохир расонаҳои хабарии рус, масс-медиа ва сиёсатмадорон аз он зиёд истифода мекунанд, бархурди шумо чист? Шумо аз вожаи «рус» чӣ бардошт доред?

Юрий Попов: «Русия барои русҳо» ин яке аз шиорҳои нерӯҳои миллигарои Русия мебошад. Аз ин гуна шиор танҳо онҳо истифода мекунанд. Гузашта аз ин қонунгузории Русия низ дар иртибот ба ба вуҷуд овардани бадбинии миллатҳо бекор нашудааст. Ёд надорам, ки сиёсатмадорони оқили рус ва намояндагони давлатӣ аз ин шиор истифода карда бошанд. Ба назари ман ин шиор муваффақ буда наметавонад, зеро Русия аз аввал давлати гуногунмиллат буд. Мардуми таҳҷоии рус низ ҳамон қонун ва ӯҳдадориҳоеро дорад, ки намояндагони дигар миллат дар Русия аз он бархӯрдоранд. Аз ин лиҳоз ба чунин изҳорот ман назари манфӣ дорам. Тибқи мушоҳида чунин гуфтаҳо ҳангоми интихобот садо медиҳад. Гурӯҳе аз сиёсатмадорон бо ин шиор мехоҳанд махбубияти бештар миёни райъдиҳандагон пайдо кунанд. Ҳадафи пинҳонии суоли шуморо аз вожаи «рус» дарк мекунам. Тавре қаблан зикр намудам Русия ҳамчун давлати гуногунмиллат таъсис ёфтааст, ки дар сурати ғайр мо давлати рус ташкил карда наметавонистем. Бисёре аз донишмандон ва рушанфикрони ғайрирусе, ки дар қаламрави ин давлат ба сар бурдаанд дар илм, фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии Русия хидматҳои беназир доранд. Аз ин хотир шиори «Русия барои русҳо» ин як популизм буда, аз ин шиор танҳо афроди дорои мафкураи маҳдуд истифода мекунанд».

Озодагон: Аз истиқлоли Тоҷикистон дар Русия чӣ назар доранд? Шумо вазъияти сиёсии Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Юрий Попов: «Дар Русия Тоҷикистони соҳибистиқлолро эҳтиром мекунанд. Русҳо медонанд, ки ин кишвар шарики боэътимод мебошад. Албатта ҷанги шаҳрвандӣ ва аз ҳудуди Тоҷикистон берун рафтани русзабонҳо бетаъсир намонд. Дар робита баъзе аз русҳо муносибати начандон хубе бо Тоҷикистон доранд. Аммо дар Русия аз рушди Тоҷикистон низ бохабаранд. Онҳо медонанд, ки чӣ корҳое барои барқарорсозии иқтисод, фарҳанг ва илм анҷом шудааст. Ҳама кор ба осонӣ даст намедиҳад. Бо дар назардошти ин дар Русия муносибат бо Тоҷикистонро ҳифз ва эҳтиром мекунанд.   

Дар робита ба бахши дуввуми суолатон ҳаминро мегӯям, ки вазъи Тоҷикистон дар умум муътадил мебошад. Воқеаҳои араб, ки мо шоҳиди он будем, ба Тоҷикистон ҳеч рабте нахоҳад дошт. Раҳбарияти давлат бо вазъияти начандон хуби хориҷӣ барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони ҷавон талош дорад. Агар мушкилоти сиёсӣ ва ё иқтисодие пеш омад, он зуд бартараф мегардад».   

Озодагон: Дар охир мехостам чанд суоле берун аз вақти кори Шумо дошта бошам. Шуғли дӯстдошдаатон чист, кадом мусиқиро гӯш медиҳед, бо кадом намуди варзиш машғул мешавед, чӣ мехонед?

Юрий Попов: «Ман шуғлҳои зиёд дорам. Ба мусиқӣ ва китобхониву варзиш майли зиёд дорам. Аммо зиндагӣ он тавре паси сар мешавад, ки берун аз кор ман вақте барои тафреҳ надорам. Кор хеле зиёд аст, баъзан мо сари кор истироҳат мекунем.
Илова бар ин фаъолият низ яке аз шуғли дӯстдоштаи ман мебошад. Ҷолиб ин аст, ки ман ҳамеша бо инсонҳои аҷиб муошират мекунам».

Мусоҳиб: Наталия Михайлова

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)