Бахшҳо
05 май 2012 05:20Сӯҳбати рӯз

Фирӯз Саидов: Буҳрони кадрӣ баъди 6 сол барои Тоҷикистон ҷиддӣ мешавад

Соҳаи маориф бешубҳа зербинои рушди тамоми бахшҳо аст. Ин соҳа метавонад мушкили муҳоҷират, рушди иқтисод ва проблемаҳои дигари ҷомеаро бартараф созад. Аммо дар ду даҳсолаи ахир раванди рушди соҳаи маориф ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мояи нигаронии коршиносон боқӣ мондааст. Ҳамсӯҳбати навбатии Озодагон ҳам таъкид кард, ки ба роҳи пешрафти кишвар танҳо бо василаи омода кардани кадрҳои шоиста метавон расид. Меҳмони мо коршиноси масоили иҷтимоӣ Фирӯз Саидов аст.

Озодагон: Чаро то ҳол соҳаи маориф рушд накардааст ва агар ин бахш инкишоф ёбад, ба чӣ муваффақиятҳое ноил мегардем?

Фирӯз Саидов: «Соҳаи аслии мо маориф аст, ба тавре, ки дар бештари кишварҳои тараққикарда таваҷҷӯҳу барномарезии зиёд ба ин соҳа равона шудааст. Агар дар Тоҷикистон ба омода намудани кадрҳои мутахассис ҷиддӣ аҳамият медоданд, мо кайҳо тараққӣ мекардем. Зеро ҳар кишваре бойгарии худро дорад. Масалан, Ӯзбакистон газ дорад, кишвари дигаре нафт дорад, аммо боигарии арзишманди Тоҷикистон об ва қувваи корист. Бо ҳали ин масъала ҳам мушкилоти дохилӣ ҳал мегардад ва ҳам маблағ аз хориҷа ба кишвар ворид мегардад. Ҳамин Туркия то солҳои 70-уми қарни гузашта вазъияти хубе надошт, аммо баъди он ки ба соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳо аҳамияти ҷиддӣ дод, муҳоҷиронаш ба Олмону дигар кишварҳо рафта кор карда ба мамлакат маблағи зиёде ворид карданд, ки ниҳоят боиси пешрафти ин кишвар гардид. Ҳоло колоҳои ин кишвар тамоми дунёро тасхир мекунад.

Мақсади асосии Тоҷикистон ҳам тарбия намудани на мутахассисони аробакаш, балки кадрҳоест, ки дорои тахассус буда дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобат карда тавонанд. Дар ин сурат метавонем қувваи кории худро на танҳо ба Русия, балки ба кулли дунё фиристему соҳиби маблағҳои зиёде гардем. Ҳоло барои Тоҷикистон шарт нест ба Русия як миллион муҳоҷир фиристад. Барои мо 300 ҳазор бас аст, ин ҳам дар сурате, ки онҳо соҳибтахассус бошанд. Агар чунин бошанд, метавонанд ба кишварҳои араб, Аврупо ва дигар манотиқи ҷаҳон сафар кунанд. Тайёр кардани кадрҳое, ки ба системаи бозори меҳнат мувофиқат кунад, аслитарин мушкили мост. Бо ҳали ин мушкил ҳато метавонем ба соири давлатҳо кӯмаки амалии худро расонем. Гузашта аз ин, дар сурати омода намудани кадрҳои соҳибтахассус баҳрабардорӣ аз захоири табии кишвар осон мегардад.

Дар замони Иттиҳоди шӯравии собиқ дар ҳамин минтақаи Тоҷикистон 25 миллион нафар метавонистанд кор кунанд. Агар қувваи корӣ ва табии худро пурра барои истифода аз захоири табиӣ истифода барем, ҷамъияте то 3 баробар зиёдтар аз аҳолии феълии Тоҷикистон метавонанд дар кишвари мо ҳаёт ба сар баранд. Бинобар ин мушкили асосӣ қувваи кориямон аст, чунончи 80 фоизи онҳо тахассуси муайяне надоранд».

Озодагон: Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти зиёди ин мавзӯъ чаро то кунун онро ҳал накардаанд? Зеро аз 2 миллион муҳоҷири мо бештарашон фоқиди тахассусанд. Омода намудани кадрҳои варзида вазифаи кист?

Фирӯз Саидов: «Баъди истиқлолият ҷанги дохилиро паси сар намудем ва таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба ин соҳа аз соли 2001 оғоз шуд. Ин мушкиле нест, ки дар як ё ду рӯз ҳал гардад, балки пардозиши дуру дароз аст. Барои Тоҷикистон пеш аз ҳама тайёр намудани кадрҳои касбӣ зарур аст. Он кадрҳои русзабоне, ки дар корхонаҳои Тоҷикистон кор мекарданд, кайҳо аз кишвар берун рафтанд. Аз ин рӯ боястӣ кадрҳои худиро тарбия намоем то рафта дар нерӯгоҳи Роғун ва дигар корхонаҳо фаъолият кунанд. Шароити феълӣ агар ба ҳамин минвол идома ёбад, маҷбур мешавем мутахассисонро аз Русия ба Тоҷикистон ворид кунем ва аз инҷо кадрҳои бетахассуси худро ба Русия содир кунем. Мутахассисони русзабон, ки барои Тоҷикистон лозим буданд, ҳамаашон ин ҷоро тарк карданд ва дар як ё ду сол ин гуна кадрҳоро омода карда наметавонем, аммо баъди 10-12 сол ин мушкил ҳал хоҳад шуд.

Бояд кадрҳое тарбия намоем, ки ҳам дар дохили Тоҷикистон кор кунанд ва ҳам дар хориҷа. Агар тоҷик дар Русия мутахассис мебуд, ба ҷои 300, 1000 доллар мегирифт. Шарт нест, ки як миллион қувваи корӣ содир намоем, балки 250 ҳазор қувваи кории соҳибтахассус бас аст. Шумораи донишгоҳҳое, ки солҳои 60-70 кадрҳои миёнаи касбӣ омода мекарданд, дар замони ҳозира ба 48 то 45 расидааст.

Бояд омӯзему бинем барои мо кадом намуди ихтисосҳо зарур аст, он ихтисосҳое, ки замони Шӯравӣ буданд дигар бароямон лозим нест. Системаи замони Шӯравӣ кадрҳои якранг тарбия мекард ва имрӯз барои омода намудани кадрҳои аъло ҳарчанд талош мешавад, аммо расидан ба ин ҳадаф хазинаи зиёдеро металабад. Мушкил инҷост, ки дар замони Шӯравӣ ширкатҳои хусусӣ дар тарбияи кадрҳои мутахассиси миёна иштирок доштанд, аммо имрӯз ин корхонаҳо дар омода намудани кадрҳо умуман мушорикат намекунанду танҳо давлат маблағгузорӣ менамояд. Ширкатҳои хусусӣ бояд дар инҷо фаъол бошанд ва кадрҳоеро тарбия намоянд, ки онҳо рафта дар хориҷа кор кунанду маблағ ирсол намоянд. Зеро дар замони Шӯравӣ ширкатҳои хусусӣ хазинаи таъмини кадрҳоро ба гардан мегирифтанд. Ин кор танҳо бо ҳамкории давлату корхонаҳои шахсӣ ҳал мегардад. Иштироки ширкатҳои хусусӣ дар ин амр ба манфиати худашон аст, зеро чанд баробари маблағи сарф кардаашон суд мебинанд».

Озодагон: Пас ба назари Шумо бо ҳамкории бахши хусусиву давлат ҳам мушкили соҳаи маориф ҳал мегардад ва ҳам вазъияти муҳоҷирон беҳтар мешавад?

Фирӯз Саидов: «Беш аз 80 дарсади муҳоҷирони мо касби муайяне надоранд ва дар бозорҳои Русия мегарданд. Аммо вақте онҳо соҳиби касби худ бошанд, фишорҳои иқтисодиву сиёсие, ки Русия ба Тоҷикистон ворид мекунад аз байн меравад. Чун ки кадрҳои мутаххасис на танҳо барои ин кишвар, балки барои соири давлатҳо ҳам лозиманд. Дар ҳоли ҳозир ҷуз омода кардани кадрҳои мутахассис, роҳи дигаре барои пешрафти Тоҷикистон вуҷуд надорад».

Озодагон: Мушкили соҳаи маориф танҳо кадрист?

Фирӯз Саидов: «Ҷуз буҳрони кадрӣ, мушкили асосии соҳаи маориф молиявист. Барои омода сохтани кадрҳои миёнаи махсус, маблағи мушаххасе зарур аст. Бояд технологияҳои навтаринро ба Тоҷикистон оварду аз онҳо барои омӯзиши кадрҳо истифода кард. Давлат муқассир нест, балки ширкатҳои хусусӣ дар инҷо айбдоранд. Зеро ба тайёр намудани мутахассисон аҳамият намедиҳанд. Мо худамон дар ин бора таҳлилҳо гузаронидему дидем, ки ширкатҳои давлатии хусусишуда ба тарбия кардани кадрҳои варзида бетафовутӣ нишон медиҳанд. Ҳам мушкили кадрӣ дорем ва ҳам молиявӣ. Системе, ки дар он ширкатҳои хусусӣ бо ҳазинаи худ коргаронро барои мутахассис шудан ба хориҷа эъзом кунанд, дар мо мавҷуд нест. Замони Шӯравӣ колхозу савхозҳо хазинаи таҳсили донишҷуёнро пардохт мекарданд, вале ҳоло кӣ ин корро анҷом медиҳад? Ин мушкил бояд ҳалли худро ёбад, агарчи ширкатҳои хусусӣ мегӯянд, ки ба онҳо озодии бештару раҳоӣ аз пардохти андози зиёд лозим аст, аммо дар масъалаи тарбия намудани кадр иштирок намеварзанд».

Озодагон: Барои он ки ҳамкории давлату бахши хусусӣ ҷиҳати омода кардани кадрҳои мутахассис зиёд гардаду маблағгузорӣ ба соҳаи маориф афзоиш ёбад, дақиқан чӣ коре боястӣ анҷом дод?

Фирӯз Саидов: «Ин масъала ба Вазорати меҳнат ҳам марбут мешаваду вақте ҳал мегардад, ки низомномае байни ширкатҳои хусусиву давлатӣ вуҷуд дошта бошад, корхонаҳои шахсӣ барномаҳои худро барои тарбия намудани кадрҳои баландихтисос ба Вазорати маориф ва меҳнат пешниҳод намоянд. Агар ин ширкатҳо барои омода сохтани кадр барномаҳои худро пешниҳод мекарданду маблағгузории онро ҳам маълум мекарданд, ин мушкил ҳал мегардид. Умуман, ҳамкорие дар соҳаи маориф байни давлат ва ширкатҳои хусусӣ вуҷуд надорад. Ин системаро, ки дар замони шӯравӣ роиҷ буд, бояд барқарор намоем. Дар он даврон Вазорати маориф ба ширкатҳои хусусӣ мегуфт, ки ба мутахассис ниёз доранд. Бо ҳамкории давлату ширкатҳои хусусӣ на танҳо соҳаи маориф, балки туризм ҳам инкишоф меёбад. Аммо барномарезиро набояд дар ин кор фаромӯш кард. Бояд дақиқан маълум кард, ки дар соҳаи маориф чӣ теъдод мутахассис дорем. Бидуни барнома омода сохтани кадрҳо мумкин нест. Мебояд дид, ки ба бозори меҳнат чӣ қадар мутахассис лозим асту баъд ба ҳамон андоза онҳоро омода кард. Донишкадаҳои миёна фақат дузандаву ронанда тарбия мекунанд, ки чунин ихтисосҳо барои Тоҷикистон нолозиманд. Дар баъзе ҳолатҳо мутахассис кам меорем. Дар ҳамин Роғун кадрҳои дигар кишварҳо кор мекунанд».

Озодагон: Тарбияи кадрҳо дар дохили кишвар барои Тоҷикистон камхарҷтар аст ё дар хориҷа?

Фирӯз Саидов: «Давлатҳои муҳоҷирсодиркунанда ва муҳоҷирворидкунанда аз якдигар фарқ мекунанд. Бояд дар тайёр намудани кадрҳо бо Русия созишнома ба имзо расад, то онҳо барои омода сохтани мутахассисони ҳирфаӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кунанд. Муҳим нест, ки кадрҳо дар дохил тарбия мешаванд ё дар берун. Дар ин кишвар масъалаи демографӣ роиҷ аст. Агар кордиҳандагони рус ақл медоштанд, омада бо донишгоҳҳову донишкадаҳои Тоҷикистон дар хусуси кадрҳо ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ мекарданду ба Сибиру соири манотиқ мутахассисони тоҷикро мефиристоданд. Тоҷикистон ба танҳоӣ барои Русия мутахассис омода карда наметавонад. Зеро кадрҳое, ки дар кишвар нолозиманд, дар Русия ба онҳо ниёз доранд.

Мебояд байни ин ду кишвар ҳамкорӣ бошад. Ба он хотир, ки бештари муҳоҷирони мо ба ин кишвар мераванд. Агар чи Русия барои донишгоҳҳои муштараки худ аз ҷумла «Славянски» маблағгузорӣ менамояд, аммо барои донишкадаҳои миёнаи махсуси омода кардани кадрҳои соҳибтахассус коре анҷом намедиҳад. Мушкили аслии байни Тоҷикистону Русия ҳамин аст. Дар аҳди Шӯравӣ тоҷикон ба шаҳрҳои мухталифи Русия барои омӯзишу таҷрибаомузӣ мерафтанд. Аммо акнун чунин нест. Ин мушкил дар онҷо ҳам ҳаст, ки ҳеч ширкати хусусӣ ҷиҳати тайёр намудани кадр хоҳиши маблағгузориро надорад.

Буҳрони кадрӣ баъди 6 сол барои Тоҷикистону соири мамолики Осиёи Марказӣ ҷиддӣ мешавад ба вижа барои русҳо, ки ниҳоят онҳо маҷбур мешаванд хазинаҳои сангинеро барои тарбияи кадр дар кишвари мо ва дигар мамлакатҳо пардохт кунанд. Дар масоҳати ин кишвар одамон дар ҳоли кам шудананд ва ин кишвар қувваи кориро аз мамолики Осиёи Миёна талаб хоҳад кард».

Мусоҳибаи Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)