Бахшҳо
10 май 2012 08:17Гузориш

Тоҷикистонро Иттиҳоди гумрукӣ аз буҳрони сӯзишворӣ наҷот медиҳад?

Нархи нефт то охири соли равон барои як бушка (баррель) то ба 150 доллар мерасад, пешгӯи мекунанд коршиносон. Йен Тейлор, роҳбари бузургтарин пойгоҳи нефткашии мустақили «Vitol Group» бар ин назар аст, ки ин аз арзиши рекордии соли 2008, ки барои як бушка то 130 долларро ташкил медод, ба маротиб мегузарад.

Арзиши бушкаи нефт ба 150 доллар мерасад
Гуфта мешавад, ки арзиши «тиллои сиёҳ» рекорди астронимиро касб карда, чун солҳои 1979-1980 ба марзи садамаи (шок) нефтӣ оварда мерасонад. Дар ҳоли ҳозир нархи як бушка нефт дар бозори ҷаҳонӣ аз 118 то 124 долларро ташкил медиҳад. Вале болоравии нархи нефт дар соли 2012 аз ҷониби якчанд коршиносону созмонҳои марбут ба нефт пешгӯӣ карда мешавад. Коршинос оид ба таҳлили босифати риски бозори ҷаҳонӣ Эрел ле Бри бар ин назар аст, ки зиёд шудани талаботи кишварҳои ҷаҳон, ба хусус Чин ва ҷумҳуриҳои Осиё ба нефт дар нимсолаи дуввуми соли 2012 арзиши бушкаи нефтро ба 150 доллар мерасонад ва дар моҳҳои наздик эҳтимоли то ба 130 доллар расиданаш вуҷуд дорад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки кишварҳои нефткаш солҳои ахир захираҳои худро сарф карда истодаанд. Аз ҷумла, Арабистони Саудӣ чанд сол аст, ки нисбат ба нефткашӣ фурӯши онро бештар кардааст.  Дар Яман ҷангҷӯён лӯлаҳои нефткаширо мекананд, судониҳо байни худ нефтро одилона тақсим карда наметавонанд, Исроилу Эрон мехоҳанд яке дигареро аз рӯи замин руфта партояд. Нефти Эрон дар таҳрими Амрикову Аврупо қарор дорад. Оқибати ин ҳама ба болоравии қимати нефт оварда мерасонад.

Тоҷикистон дар марзи бӯҳрони сӯзишворӣ
Дар Тоҷикистон бошад, бе ин ҳам проблемаи таъминоти сӯзишворӣ мавзӯи хеле ҳассос аст. Як иқдоми ноҷо шояд баҳонае мегардад барои Русия то боҷи содиротиро боз боло барад. Ҳоло аз сабаби он ки тайи ду соли ахир Русия чанд маротиба боҷи содиротӣ барои сӯзишвориро баланд кард, нархҳо дар тамоми соҳаҳо боло рафт. Аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёт арзиши интиқоли молу маҳсулот баланд гардида, нархи роҳкиро ва мусофиркашонӣ боло рафт. Баъзе ронандаҳо тарки касби худ карда, ба муҳоҷират рафтанд. Дар соҳаи саноат аз сабаби баланд шудани нархи сӯзишворӣ арзиши маҳсулот гарон шуд. Дар соҳаи сохтмон бо ин далел нархи маҳсулоти бинокорӣ афзуд, хонаҳо қимат шуд ва бар замми ин сохтмони биноҳои истиқоматӣ кам гашт. Дар соҳаи кишоварзӣ арзиши шудгору кишти замин ба деҳқон гарон афтод ва ин ҳама ба арзиши аслии маҳсулот таъсири манфӣ расонд. Ҳоло паёмадҳои манфии гаронии сӯзишворӣ мушоҳида мешавад ва маҳсулоти гаронқимати Тоҷикистон на танҳо дар бозори минтақа ва ҷаҳон, балки дар дохили кишвар низ рақобатнопазир гаштааст. Масалан, биринҷи чинӣ бо назардошти он қадар хароҷоти роҳу барасмиятдарории гумрукӣ дар Тоҷикистон аз биринҷи тоҷикӣ арзонтар аст. Яъне сабаби асосӣ гарон будани арзиши аслии маҳсулоти тоҷикӣ аст.
Манфиат болотар аз ҳама…
Ҳоло дар Тоҷикистон роҳи баромад аз ин мушкилиро ҷустуҷӯ доранд. Бархе аз коршиносон чунин мешуморанд, ки Тоҷикистон метавонад бо шомил шудан ба ҳайати Иттиҳоди гумрукӣ мушкили гаронии сӯзишвориро то андозае рафъ намояд. Яъне бо шомил шудан ба ин созмон Русия имтиёз медиҳад ва нархи сӯзишворӣ пойин меравад. Аммо коршиноси масоили иқтисодӣ Умед Асланов мегӯяд, ки мавзӯи боҷи содиротии сӯзишворӣ то андозае ранги сиёсӣ гирифтааст ва роҳи ҳалли он норӯшан аст. Вай гуфт, ҳоло номаълум аст, ки бо шомил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди гумрукӣ нархи сӯзишворӣ пойин меравад ё не. Зеро дар ин ҷо манфиатҳо нақши асосиро мебозанд.

Андешаи дигаре ҳам ҳаст, ки шомил шудан ба ҳайати Иттиҳоди гумрукӣ тиҷорати озодро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад ва сабаби болоравии нархҳо низ мегардад. Раиси Маркази бозори озод Константин Бондаренко чунин меҳисобад, ки Иттиҳоди гумрукӣ созмони чандон бузурги ҷаҳонӣ нест ва мақсади он ҳам ҳифзи манофеи созмондиҳандаи он аст. Вай мегӯяд, ки агар мақсади Созмони умумиҷаҳонии савдо пойин бурдани нархҳо ва тиҷорати озодро роҳандозӣ кардан бошад, ҳадафи Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳудуди иттиход маҳдуд кардани воридот мебошад.  
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо беш аз 80 кишвари ҷаҳон доду гирифт дорад ва дар сурати шомил шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ маҷбур мешавад аз ҳамкорӣ бо баъзе аз ин давлатҳо худдорӣ кунад. Ба андешаи иқтисодшинос Нозим Ишонқулов арзиши ҳамаи молу хизматрасониҳо, ки бо дигар давлатҳо роҳандозӣ шуда буд, баногоҳ боло меравад. Аз ҷумла, қимати молҳои Эрон, Чин, Афғонистон, Покистон ва Туркия баланд гашта, танҳо маҳсулоте, ки аз Русия ё кишварҳои аъзои иттиҳод ворид мегардид, арзон мешавад ва он ҳам дар гумон аст. Вай афзуд: «Дар ҳоле, ки ба шакли иқтисоди бозорӣ гузаштаем, ҳукумат меояду ба соҳибкори тоҷик амр мекунад, ки ту акнун бо соҳибкори эронӣ ё соҳибкори турк ба таври дигар ҳамкорӣ мекунӣ! Яъне ҳукумат аз номи соҳибкор баромад мекунад, ки ба кӣ чӣ хел бояд пардохт кунад ё чӣ тавр ҳамкорӣ намояд».

Вақте, ки гузаранда аст, интизорӣ мехоҳад?
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, ки бо вуон ки ба ҳайати ин ё он иттиҳод шомил шудан истиқлолияти кишварҳои сустинкишофро маҳдуд мекунад, вале дар шароити ҷаҳонишавӣ дар ҳайфати иттиҳоде будан ба нафъи чунин кишварҳо ҳам ҳаст. Сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов бар ин назар аст, ки агар қимати сӯзишворӣ боло равад, ҷои нигаронист ва ҳатто баъзе бахшҳои иқтисоди миллӣ ба бӯҳрони шадид рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Вале ба андешаи ӯ шомил шудани Тоҷикистон ба ин ё он иттиҳод паҳлӯҳои мусбат ва манфӣ дорад. Яке аз паҳлӯҳои мусбаташ дар он аст, ки он робитаҳои иқтисодиву иҷтимоие, ки дар замони шӯравӣ буд, аз нав эҳё мешавад. Аммо бохт дар он ифода меёбад, ки созмонҳои фаромиллӣ таъсис меёбанд ва онҳо метавонанд як қисми истиқлолияти кишварҳои алоҳидаро маҳдуд кунанд. Лекин дар шароити имрӯзаи рушди Тоҷикистон, ки дар баробари кишварҳои пешрафта рақобатпазир нест, шомил шудан дар ин ё дигар иттиҳодҳо ба нафъи мост, мегӯяд ӯ.
Масъулини ҳукумат мегӯянд, ки набояд ба умеди сӯзишвории Русия нишинем ва роҳҳои дигари таъминоти онро ҷӯем. Бо ҳамин мақсад мехоҳанд аз Эрон газ ворид кунанд ва дар Тоҷикистон коркард намоянд. Ҳамчунин роҳандозии фаъолияти корхонаҳоро бо ангишт ба роҳ монданиянд. Боз умед ба истихроҷи гази худӣ доранд. Вале ин ҳама нақша аст ва барои амалӣ кардани он ҳам маблағи зиёд ва ҳам вақт даркор аст. Аммо мардум вақт надоранд, онҳо бояд то замони амалӣ шудани ин нақшаҳо зиндагии худро пеш баранд. Бор кашонанд, мусофир кашонанд, аз як шаҳр ба шаҳри дигар сафар кунанд, молу маҳсулот истеҳсол намоянд ва барои ин ҳама сӯзишворӣ ҳатман даркор аст.  

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)