Бахшҳо
02 июн 2012 06:20Иқтисодӣ

Мораторияи нав бӯҳронро аз миён мебарад?

Рӯзи 23 - и май дар парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни "мораторияи санҷиши фаолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" дар таҳрири нав баррасиву қабул гардид. Тибқи ин лоиҳа, он соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаҳои саноатӣ машғул мешаванд ва ё дастгоҳҳову техникаҳои навро ворид карда барои истеҳсолот ба кор мебаранд, то 3 сол аз ҳамагуна санҷишҳои гуногун раҳо меёбанд. Аммо суоли аслӣ инҷост, ки моратория то чи андоза метавонад заминагузори рушди соҳибкории истеҳсолӣ бошад?

Тақсим шудани вазифаҳо нишонаи чист?

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Давлаталӣ Саидов аз ин қонун ҳамчун рушддиҳандаи иқтисодиёти миллӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ инчунин ташкилдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ ва низ ғанигардонандаи буҷет ном бурд.
Аммо оё ин қонун аз таҳкурсии қавие бархурдор аст то гуфтаҳои Давлаталӣ Саидовро ҷомаи амал пӯшонад? Иқтисоддонон мегӯянд, ки агар ин қонун бо кодекси андозу гумруку дигар санадҳову қавонин мутобиқат кунад, метавон умедвор буд, ки масъалаҳои қайд гашта дар ин қонун амалӣ мегардад.
Масъалаи дигар инҷост, ки баҳри амалигардонии механизми қонуни мазкур, комиссияи давлатӣ созмон дода мешавад, ки дар ҳайати он намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ шомил мешаванд. Бақайдгирии тамоми субъектҳои соҳибкорӣ, татбиқи моратория ва додани муҷаввиз аз вазоифи комиссияи мазкур мебошад. Санҷиши таҷҳизоту технология барои истеҳсолот, ки аз кишварҳои хориҷӣ ворид мегардад, дигар вазифаи комиссияи мазкур ба ҳисоб меравад.

Аммо чаро бояд назорат аз болои техникаҳову технологияҳои воридотӣ ба кишвар, яке аз вазифаҳои ин комиссия бошад? Магар "Тоҷикстандарт" - у мақомоти гумрук аз болои сифати таҷҳизоти технологии воридотӣ ба кишвар назорат намебаранд, ки комиссия вижае барои назорат аз болои таҷҳизоти техникӣ ташкил мегардад?
Дар ин бора иқтисоддон Баҳор Камаров мегӯяд, назорат набурдани "Тоҷикстандарт" аз болои техникаҳо дар сурате дуруст аст, ки онҳо ба сифати маҳсулот баҳо надиҳанд яъне оё ин технология ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ аст ё на. Барои фаҳмидани ин ки технологияҳое бо масрафи барқи камтар мавҷуданд ё на, ворид гаштани "Тоҷикстандарт" ба комиссияи мазкур муносиб аст. Ҳангоми амалӣ намудани имтиёзоте, ки барои воридоти техникаҳо пешбинӣ шудааст, рамзгузорӣ сурат мегирад ва баъзе аз ҳамон технологияҳое, ки ворид мешаванд, ба ин рамзгузорӣ дохил намегарданд.

Мораторияи соли 2008 чи натиҷа дод?

Соли 2008 ҳам моратория ба муддати 2 сол эълон шуду гуфта мешуд, ки дигар бозрасии мақомоти 12 сохтори давлатӣ ба поён мерасад. Аммо баъдтар хабарҳои зиёде ба гӯш расид, ки соҳибкоронро ҳамчунон тафтиш мекунанд. Ин ки моратория то куҷо ба фаолияти соҳибкорон таъсири мусбат расонида тавонист, иқтисоддони тоҷик Зафар Абдуллоев мегӯяд, то куҷо истифода бурдани соҳибкорон аз моратория номаълум аст. Ин моратория мисли афви ҳамон зиндон аст, ки ҳам паҳлуи мусбат дораду ҳам манфӣ. Эълони 2 сол моратория чунин бардоштеро дар байни соҳибкорон падид меорад, ки онҳо фикр мекунанд дигар набояд андоз супоранд ва аз паи роҳҳои гурез аз пардохти андоз шаванд.            

Дар ҳамин ҳол Некрӯз Забиров раиси Иттифоқи тоҷирон ва соҳибкорони Тоҷикистон мораторияи 4 соли пешро таҷрибаи муваффақе дониста мегӯяд, ки маҳдудияте дар он замон ҷой надошту ҳамаи соҳибкорони хурду миёна аз тамоми тафтишот озод буданд ба ҷуз тафтишоти санитарӣ - эпидемологӣ: "албатта дар канори ин камобеш мақомотҳои тафтишотӣ ба кори худ идома медоданд. Вале дар кул баъди мораторияи он сол, шумораи субъектҳои соҳибкории хурду миёна афзоиш ёфт. Аз натиҷаҳои моратория ин буд, ки даромад ва фоидаи софи соҳибкорон зиёд гашту аз ҳисоби соҳибкории хурд маблағи бештаре ба буҷет ворид гардид ва низ теъдоди соҳибкороне, ки варшикаста мешуданд, коҳиш ёфт".

Иқтисоддон Баҳор Камаров ин гуфтаҳоро тақвият бахшида бар ин бовар аст, ки  мораторияи соли 2008 аз сабаби он ки ҳамаи субеъктҳои хурду миёнаро дар бар мегирифт, барои худи соҳибкорон ва буҷети кишвар манфиат овард. Соҳибкор тавонист вақти худро сарфа намояду имкониятҳои молиявияшро барои рушди фаъолияташ истифода барад. Барои он соҳибкороне, ки тоза фаъолияти худро оғоз мекарданд, ин як имтиҳону санҷише буду ба онҳо имконият медод мушкилоти пеш омада ҳангоми фаъолиятро ҳал намоянду кор кардан дар чорчӯбаи қонунҳои ҷориро таҷриба намоянд.  Ҳамчунин иҷрои моратория боис гардид, ки соҳибкор хароҷоти дар ибтидои фаъолияташ сарфнамударо, то андозае ба даст орад, афзуд номбурда.                            
Аммо Вакили парлумон Шодӣ Шабдолов дар ин бора тамоман назари дигаре дорад. Номбурда натиҷаи моратория соли 2008 - ро хуб надониста мегӯяд, ки агар он моратория ҳосили дилхоҳро медод, дар бӯҳрон намемондем. Пас натиҷаи хуб надодааст, ки Тоҷикистон ҳамакнун дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад.

Қонуни нав натиҷаи дилхоҳро медихад?

Дар таҳрири нави қонуни мазкур, соҳибкороне, ки корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ бунёд мекунанд ва таҷҳизоту техникаҳои нав ба кишвар ворид менамоянд, аз ҳама намуди тафтишот дар давоми 3 сол озод мегарданд аз ҳамон вақте, ки ин қонун ба иҷро медарояд. Аммо ба ростӣ ин қонун, ки барои ҳимояи соҳибкории истеҳсолӣ равона шудааст, барои рушди ин намуди фаъолият муҳаррики қавӣ буда метавонад?   
Иқтисоддонон бар ин назаранд, ки барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ бояд барномаи муккамале омода гардаду ислоҳоти кулие гузаронида шавад, зеро як мортория ва ё як тағйиру илова ба кодекси андоз ба танҳоӣ заминасози инкишофи соҳибкории истеҳсолӣ ва дигар намудҳои он шуда наметавонад.

Иқтисоддон Зафар Абдуллоев  мӯътқид аст, ки барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ як барномаи комил лозим аст на моратория. Зеро моратория танҳо то ду сол барои соҳибкорон суд меорад ва баъди ин замон дубора омадани мақомот барои ситонидани андоз оғоз мегардад. Бароямон аслан моратория неву андози миёна лозим аст. Моратория барои соҳибкор ягон навовариву контрол надорад. Коре бояд кард то пардохти пул бавоситаи интернет сурат гирад. Тавре шавад, ки тавассути алоқаҳои мобилӣ бо фишори 3 тугма пул гузаронида шавад. Системае бояд роҳандозӣ гардад то худи соҳибкор дар кабинеташ аз болои омору арқоми ҳисобҳои худ, ҳисобҳои пардохшудаву нашуда ва ғайра назорат бараду худаш ҳисоботашро соф намояд. Дар кишварҳои пешрафта ин система ҷорист. Бинобарин барои мо ҳукумату сиёсати пулие лозим аст , ки чунин корро пеш барад. Кишварҳое, ки Тоҷикистон метавонад аз онҳо таҷриба гирад, Сингапур ва Гонконг аст. Худи мақомот як вақте инро гуфта буданд, аммо ин корро намекунанд. Пас дигар моратория барои чи лозим аст? Моратория танҳо ҳадяест аз ҷониби президент яъне муваққатисту доимӣ нест. Моратория фақат барои истироҳат ва барои пеш аз интихобот аст то соҳибкорон ба ин восита ба Раҳмон раҳмат гӯянд. Аммо баъди эълони моратория ва интихоботи соли 2013, як раиси Вазорати молия ё Кумитаи андоз боз баромад мекунаду аз бесамар будани моратория сухан гуфта хоҳони боло бурдани андозҳо то ду се баробар мешавад, мегӯяд Зафар Абдуллоев.

Аммо доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев қабули ин қонунро сари вақтӣ дониста бар ин назар аст, ки ҳар фаъолияте талаботи хоси худро дорад ва вобаста аз он ки имрӯз зарурати техникаву технологияҳои нав дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба вуҷуд омадаасту соҳибкорон бояд дар фаолияти худ аз дастгоҳҳову таҷҳизоти нав истифода баранд, қабули ин қонун барои соҳибкорон имконияти гузаштан ба зинаи дигари рушди иқтисодӣ яъне зинаи сармоягузориро фароҳам меорад. Зеро сармояи навин имкони истеҳсоли моли нав ва имкони тавлиди рушди иқтисодиро дорост.         
Дар ин байн вакили Парлумон Шодӣ Шабдолов ибрози умедворӣ мекунад, ки қонуни нав натиҷаи дилхоҳро ҳоҳад дод, зеро ислоҳоти ворид гашта дар ин қонун, то 3 сол соҳибкоронеро, ки ба воридоти дастгоҳҳову техникаҳои нав машғул мешаванд, аз пардохти ҳамагуна намуди андозҳо озод мегарданд. Номбурда меафзояд: "кумитаи махсуси "Стандартизатсия" ташкил мешаваду аз болои техникаҳое, ки соҳибкорон ворид мекунанд, назорат мебарад то маъмлум гардад он техникаҳо то чи андоза тавони истеҳсоли молро дорост. Агар техникаҳо ба талабот ҷавобгӯ буд, соҳибкорон аз моратория озод мегарданд, аммо тафтишоти зарурӣ, ки ба масоили амниятиву сӯхтору ингуна маворид марбут мешавад, боқӣ мемонад".      
Вакили дигари Парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар ин бора мегӯяд, "дар рӯйхати ширкатҳое, ки аз тафтишот озод мешаванд, он субеъктҳое дохил мегарданд, ки таҷҳизоти истеҳсолияшонро нав мекунанд. Яъне дар ҳолате, ки агар хати тавлид беш аз 50 дарсади маҳсулотро истеҳсол карда тавонад".  

Паёмадҳои таҳрири нави қонунҳои кӯҳна чист?

Ин ки чи боис шуда то ин қонун дар таҳрири нав қабул карда шавад, Некрӯз Забиров раиси Иттифоқи тоҷирон ва соҳибкорони Тоҷикистон мегӯяд, ба далели натиҷаи хуб додани моратория дар соли 2008, мо соҳибкорон худамон аз президент хоҳиш кардем  онро идома диҳаду субеъктҳоеро, ки ба фаолияти соҳибкорӣ машғул мегарданд, шомили моратория гардонад. Аммо мақомоти тафтишотӣ розӣ набуданду ба ҳар роҳе норизоятии худро ба президент мерасонданд. Баъдан Кумитаи сармоягузорӣ лоиҳаи фармони президентро дар хусуси қабули моратория ба ҳама намуди санҷишҳо барои субеъктҳои соҳибкории истеҳсолӣ баррасӣ ва қабул намуд: "дар ин рӯйхат онҳое, ки ба соҳибкории истеҳсолӣ машғул мешаванд ва ё соҳибкорони фаъолиятдоштае, ки то 50 дарсад тавоноии худро зиёд менамоянд инчунин он соҳибкороне, ки бо истифода аз техникаҳои замонавӣ фаъолияташонро роҳандозӣ мекунанд дохил мешаванд, мегӯяд Некрӯз Забиров.              
Ба гуфтаи иқтисоддонон, таҳрири нави ин қонун пешомадҳои мусбату манфии худро дорад. Агар соҳибкории истеҳсоливу тиҷоратӣ муқоиса гардад, соҳибкории истеҳсолӣ ба далели васеъ будани доманаи фаъолияташ мушкилоташ зиёдтар аст ва паҳлӯҳои ҳуқуқии зиёдеро фаро мегирад. Вақте ин намуди соҳибкор фаъолияташро шурӯъ мекунад, бо идораҳову вазоратҳои гуногуне сару кор мегирад. Агар фаъолияти ӯ ба иҷозатнома рабт дошта бошад, вай маҷбур аст аз мақомоту сохторҳои гуногун муҷаввиз гирад. Дар сурате, ки соҳибкор маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намояд, бо ӯ мақомоти "Тоҷикстандарт" ва Вазорати беҳдошт ҳатман сару кор мегиранд.

Дар хусуси паҳлӯҳои манфии таҳрири муҷаддади ин қонун, иқтисоддон Баҳор Камров мегӯяд, ки дубора эълон намудани моратория дар қонуни нав ба имиҷи давлат зарба мезанад. Зеро вақте мораторияи пешгирии санҷиши соҳибкорӣ дар истеҳсолот эълон мегардад, маънои онро дорад, ки дарки фазои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ барои ин соҳибкорон душвор асту онҳо дар рафти фаъолият мавриди тафтишоти гуногун қарор мегиранд. Ин ба имиҷи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, ангор он қонунгузорие, ки вуҷуд дораду ин муносибатҳоро танзим менамояд, мисле, ки имконияти пурра танзим намудани ин фаъолиятро надорад ва ё ихтиёроташ маҳдуд аст. Зеро дар соири кишварҳо сармоягузорон қабл аз сармоягузорӣ дар ҳар кишваре ибтидо қонунгузории он мамлакатро меомӯзанду ба иҷроиши қонунҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд.                                           

Иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки қонуни нав сармоягузорони хориҷиро нисбат ба фаъолият дар Тоҷикистон дилсард мегардонад. Онҳо суол мегузоранд дар баробри қонуне, ки соли 2006 дар бораи "санҷиши субеъктҳои соҳибкорӣ" қабул гардиду ҳоло ҳам амал менамояд, эълон шудани моратория ба ин маънист, ки ин қонун нуқсонҳои зиёде дораду ба хотири ҳамин камбудиҳои ҷойдошта моратория эълон мешавад. Дар баробари тафтишот неву нисбат ба ҷаримаҳову муҷозотҳое, ки соҳибкорон мешаванд, эълон кардани моратория хеле беҳтар аст, зеро бо аз нав эълон шудани моратория, ниҳодҳои давлатӣ дигар наметавонанд аз рӯи нақшаи пешакӣ соҳибкоронро тафтишу ҷарима кунанд ва баъди 2 сол нақшаҳои онҳо рӯи ҳам ҷамъ шуда ба якбора мақомот маҷбур мешаванд теъдоди зиёде аз соҳибкоронро бозрасӣ намоянд, ки ин барои ҳар ду тараф сангин меафтад. Чун таи ин муддат маблағҳои ҷамъ гаштаро соҳибкор ба якбора ҳамчун муҷозот, фоиз, ба мавқеъ напардохтани андоз ва дигар пардохтҳои давлатӣ баргардонида наметавонад. Дар ҳолате, ки камбудиҳои соҳибкорро сари вақт ифшо кунанду ба ӯ танҳо тавсия диҳанд то онҳоро рафъ намояд, ӯ кӯшиши ҳали онро хоҳад кард. Агар ин масъала омӯхта шаваду ба ҷои моратория ба санҷиш, моратория ба муҷозоти молиявӣ яъне ҷаримаву фоизҳо эълон гардад, натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад.          
Ёдовар мешавем, ки ин лоиҳаи қонун баъди имзои президент ва чоп дар нашрияҳои давлатӣ, ҳукми қонунӣ ба худ мегирад.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)