Бахшҳо
08 июн 2012 11:56Гузориш

Чи гуна "Сомон эйр" "Тоҷик эйр"-ро "ба як нӯл зад"?

Ҳудуди 20 сол мешавад, ки Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш аз иқтисоди планӣ ба иқтисоди бозорӣ қарор дорад, аммо ҳукумат то ҳол намехоҳад бисёре аз иншоотҳо ва корхонаҳои калонро аз "канор"-и давлат ба "оғӯш"-и бозор ё бахши хусусӣ вогузор кунад. Чаро? Оё ба иқтисоди бозорӣ гузаштан намехоҳад ё то ҳол механизми гузаштан ба иқтисоди бозориро наомӯхтааст?

20 соли иқтисоди бозорӣ бо корхонаҳои давлатӣ

Кадоме беҳтар: "Тоҷиктелеком" ё "ВАВИЛОН"?

Коршиносон чунин мешуморанд, ки модели иқтисодии Тоҷикистон омехта аст ва бо тартиби фармоишиву бозорӣ фаъолият мекунад. Аммо бо вуҷуди он ки иқтисоди бозориро қабул кардааст, таъсири иқтисоди фармоишӣ бештар ба назар мерасад. Раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон ва ҷонибдори фаъолияти озоди иқтисодӣ Константин Бондаренко мегӯяд, ягон модели иқтисодиро наметавон идеалӣ номид, вале дар шароити имрӯза иқтисоди бозорӣ шакли беҳтари рушдро ба худ касб кардааст. Яъне, одамон ҳамеша аз пайи даромаднокии бештару фоидаи хуб мебошанд ва инро фаъолияти озоди иқтисодӣ барояшон фароҳам месозад. Барои ҳамин талош мекунанд то мустақил бошанд ва тиҷорати шахсии худро роҳандозӣ намоянд. Ҳар як фарди алоҳида дар баробари боз кардани тиҷорати шахсӣ ва ба даст овардани даромади хуб барои худ, бо истеҳсол кардани маҳсулот ва ба бозор баровардани он ба манфиати ҷомеа низ кор мекунанд. Яъне, моликият шахсӣ аст, аммо барои ҷомеа метавонад судовар бошад. Дар акси ҳол, яъне дар  сурати давлатӣ ё ҷамъиятӣ будани моликият касе ба он чун амволи худ назорату нигоҳубин намекунад ва ба андешаи ин коршинос аз ин хотир ҳамеша моликияти умумӣ ғорат мешавад, нобуд мегардад ё манбаи коррупсия барои афроди алоҳида боқӣ мемонад.

Ҷонибдорони бозори озод чунин меҳисобанд, ки ҳар қадар давлат ба фаъолияти корхонаву соҳибкорон ва бозор камтар дахолат кунад, ҳамон қадар самаранокии кори онҳо бештар мегардад. Ва баръакс, ҳар қадар назорату дахолати давлат бештар гардад, ҳамон қадар шанси фоидаоварӣ коҳиш меёбад. Раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон ба унвони мисол фаъолияти корхонаҳои озод ё хусусӣ ва корхонаҳои давлатиро қиёс карда, мегӯяд, ки ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик-эйр" аз ширкати хусусии "Сомон-эйр" чӣ бартарӣ дорад? Баръакс муштариён бештар сатҳи хизматрасонӣ дар ширкати "Сомон-эйр"-ро беҳтар баҳо медиҳанд. Ё ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" аз ширкати алоқаи хусусии "Вавилон" ягон бартарие дорад? Не! Пас ба таври озод ё хусусӣ фаъолият кардани корхонаҳо самараноктар аст, аз он ки давлатӣ бошанд, мегӯяд ӯ.
Дар Тоҷикистон хусусӣ кардани корхонаҳои азим аз оғози истиқлол шурӯъ шуда буд, вале гуфта мешавад, ки дар он давра хусусигардонӣ ба таври ноодилона сурат гирифт. Баъзе корхонаҳои азимро афроди алоҳида бо маблағи ночиз хариданд ва бар ивази он ки ба кор андозанд, таҷҳизоти корхонаро ба қисмҳо ҷудо сохта, барои оҳанпора ё чун қисми эҳтиётии корхонаҳо ба хориҷ бо нархи арзон фурӯхтанд. Бархеи дигар, ки афроди тасодуфӣ буданд ва саноатро ба қавле "бомба" мефаҳмиданд, аз ӯҳдаи кор набаромаданд ва корхона аз кор монд. Корхонаро вайрон карда, ба ҷои он хона бунёд намуданд.

Аммо имрӯз бо гузашти 20 сол аз истиқлоли кишвар ва пеш гирифтани шакли иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон корхонаҳову иншоотҳои зиёде дар дасти давлат аст ва ҳукумат ба хусусигардонии онҳо майл надорад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки вақте таҷрибаи озод будани фаъолияти корхона самараноктар аст, пас чаро ба ин тарзи фаъолият гузаштанро ба таъхир андохт? Ба гуфтаи Константин Бондаренко имрӯз фаъолияти Почтаи тоҷик, корхонаи обу корез, ЖЭУ ва чандин корхонаи дигар муассир ба назар намерасад ва сатҳи хизматрасонии онҳо низ паст аст, аммо то ҳол дар ихтиёри давлат боқӣ мондаанд. Беҳтарин намунаи ба таври озод кор кардани корхонаҳоро ӯ дар мисоли ширкатҳои мобилӣ мебинад ва изҳор медорад, ки фаъолияти озод ба рушди ин бахш дар Тоҷикистон мусоидат кардааст. Аммо баъзан дахолатҳое аз ҷониби Хадамоти алоқа ва андозбандиҳо ба назар мерасад, ки то андозае ба нархгузориву тарзи кори онҳо таъсир мегузорад. Ахиран нархи интернетҳои бесиме, ки ин ширкатҳо ба фурӯш гузоштанд, хеле паст шуд ва қимати сӯҳбатҳои телефонии ҳамроҳ низ арзонтар шуд. Вале бо як андозбандии аксизӣ аз ҷониби давлат нархи сӯҳбатҳои телефонӣ боз қиматтар гашт.
Бо ин вуҷуд ҳам ба андешаи ин коршинос ширкатҳои алоқа фаъолияти хуб доранд ва бар замми ин нисбат ба баъзе корхонаҳое, ки давлат онҳоро "стратегӣ" меномад, ин ширкатҳо ба буҷет андози бештар ворид мекунанд. Танҳо дар натиҷаи андозбандии аксизӣ соли гузашта ширкатҳои мобилӣ 45 миллион сомонӣ андоз супоридаанд.

Бюрократия ва корхонаҳои хусусии бесоҳиб

Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки сатҳи баланди бюрократизм дар ҳукумат иҷоза намедиҳад то гузаштан ба иқтисоди бозорӣ шаффоф ва табиӣ бошад. Яъне, принсипи иқтисоди бозорӣ рушди бахши хусусӣ ва фаъолияту тиҷорати озод аст, аммо дар ҳамин марҳила ҳам баъзе бюрократҳо монеаи рақобати озод ва тиҷорати озод мегарданд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ бояд рақобати солим ба роҳ монда шавад то корхонаҳо имконияти баробар дошта бошанд, аммо фаъолияти ширкати хусусии пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чанак (IRS) нишонаи он аст, ки дар Тоҷикистон ҳукуматдорон ба ҳарфи мардум аҳамият намедиҳанд ва ҳатто вакилони мардумӣ, ки бояд аз номи мардум баромад кунанд, бар зарари мардум қонун қабул мекунанд. Андрей Догадин, коршиноси масоили иқтисодӣ дар Қирғизистон мегӯяд, ки дар ин кишвар тиҷорат хеле озод аст ва ҳукумат дар назди мардум ҳисоботдиҳанда аст ва муроҷиати шаҳрвандонро беҷавоб намемонад. Дар Қирғизистон Парлумон ҳар як шикоятро баррасӣ мекунад ва ворид шудан ба бинову арз кардан ба вакилон кори саҳлу сода аст.
Иддае аз коршиносони тоҷик ҷонибдори онанд, ки модели Қирғизистонро бояд Тоҷикистон қабул кунад ва ҳукумат дар назди ҷомеа ҳисоботдиҳанда бошад. То ин ки шаҳрвандон тавонанд мансабдоронро водор созанд то аз он қонуне, ки бар зарарашон ҳаст сарфи назар намоянд. Масалан, бо вуҷуди он ки бидуни алтернатива пулакӣ кардани роҳ ғайриқонунӣ аст, вакилон ба қабули ин қонун ҷонибдорӣ карданд.

Дар ҳоле, ки то имрӯз роҳбари ин ширкати пулчинаки роҳ маълум нест ва худи ширкат дар кадом ҷазираи офшорӣ сати ном шудааст, аммо ягон мансабдор ҳозир нест ба саволи асосии мардум посух гӯяд, ки соҳиби ин ширкат кист ва чаро бо ин қадар нархгузории қимат аз андозҳо озод карда шудааст? Бо вуҷуди он ки қонун мансабдоронро вазифадор месозад то ба саволҳои шаҳрвандон посух диҳанд ва дар сурате, ки ҳукумат худро мардумӣ эълон кардааст, аммо ба назар намерасад, ки мансабдорон дар ростои қонун масъулият ҳис кунанд ва фаъолияти худро шаффоф ба роҳ монанд.  
Аз ин рӯ саволе ба миён меояд, ки бо чунин "ҳукумати мардумӣ" ва сатҳи бюрократияи баланд хусусигардонии корхонаҳо ба манфиати кор хоҳад буд? Шояд манфиатталабоне пайдо мешаванд, ки мисли ин ширкати пулчинӣ мехоҳанд ширкати хусусӣ дошта бошанд ва бо истифода аз робита бо "криша" ба ин кор метавонанд даст ёбанд. Дар чунин ҳол Тоҷикистон ба як минтақаи офшорӣ табдил меёбад. Раиси Маркази бозори озод низ чунин мешуморад, ки яке аз намунаи на чандон хуби фаъолияти хусусӣ дар Тоҷикистон ин ширкати IRS мебошад, ки бидуни пардохти андоз фаъолият мекунад. Лекин ин танҳо мисоле нест, ки метавон аз он ёдовар шуд. Ба қавли ин коршинос додани имтиёз ба баъзе корхонаҳои хусусӣ ё озод кардан аз андозҳо боис мегардад, ки корхонаи дигар ба рақобат тоб наоварда, аз фаъолият бозмонад ва дар ин ё он бахш монополия ба вуҷуд ояд. Вале ӯ аз намунаи беҳтар дар ин бахш фаъолияти ширкати "Помир-энержӣ"-ро ёдовар шуд, ки хизматрасонии хуб доштааст.

Нақши иқтисоди планӣ дар Тоҷикистон

Аммо дар ҳамин ҳол иддае аз коршиносон бар ин андешаанд, ки бидуни дахолату назорати давлат ҳам пешбурди иқтисод дар кишвар ғайримумкин аст. Мудири кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Сафиувло Ҳабибов бар ин назар аст, ки давлат ба хотири танзими нарху наво бояд корхонаҳоеро дар ихтиёр дошта бошад, ки дар ҳолати ба таври сунъӣ боло рафтани нархи ягон маҳсулот дар бозор cари вақт чораандешӣ кунад. Масалан, агар ду-се корхонаи хусусӣ дар бахши истеҳсоли ягон маҳсулот фаъолият дошта бошанд, рақобат ба вуҷуд омаданаш ғайриимкон аст. Зеро барои ба вуҷуд омадани рақобати солим ками андар кам 10-15 корхона дар истеҳсоли як намуди маҳсулот бояд саҳм дошта бошанд. Ин коршинос мегӯяд, ки ҳоло 5 ширкати воридкунандаи сӯзишворӣ дар кишвар фаъолият мекунанд, аммо нархи сӯзишворӣ поён намеравад. То он замон, ки давлат барои тавлиди сӯзишворӣ дар дохили кишвар замина фароҳам насозад ва ба корхонаҳои коркардкунандаи сӯзишворӣ дар аввал имтиёзҳо надиҳад, дар бозори сӯзишворӣ рақобат ба вуҷуд намеояд ва нархҳо пойин намераванд. Барои рақобат шароит даркор аст. Вақте дар бозор панҷ нафар картошка фурӯшанд, нарх пойин намеравад, лекин агар 50 нафар ба бозор картошка ворид кунанд, аллакай нарх аз рӯи навъу намуди картошка танзим мешавад. Дар сурати ба вуҷуд омадани чунин шакли фаъолияти хусусӣ бедахолати давлат нарху наво танзим мегардад. Аммо барои ин корро роҳандозӣ кардан аввал давлат бояд мусоидат кунад то теъдоди чунин корхонаҳо дар ҳар бахш афзоиш ёбад. Ин коршинос мегӯяд, давлат бесиёсат, мол бетиҷорат ва илм бетакрор намешавад.

Аз сӯи дигар ба андешаи ин коршинос системаи иқтисоди планӣ низ дар замони худ самаранок буд ва аз ҷумла Тоҷикистон тавонист дар он давра дар ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ ба рушди иқтисод ноил гардад ва бахши кишоварзиву саноатиро пеш барад. Ҳамчунин корхонаҳои бузурге, ки имрӯз ҳаст, дар замони Иттиҳоди шӯравӣ сохта шудааст. Вай дар ин бора гуфт: "Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар замони шӯравӣ бозор вуҷуд надошт, аммо ба андешаи ман ин чандон дуруст нест. Хариду фурӯши мол ин бозор аст, ки чунин муносибат дар он давра вуҷуд дошт, аммо аз ҷониби давлат танзим мешуд".

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар замони шӯравӣ иқтисоди планӣ боис шуда буд то бисёре аз соҳаҳо бар зарар кори худро идома диҳанд ва моликияти давлатӣ дуздида мешуд ё аз назари эътибор дур меафтод. Ба гуфтаи Сафиувло Ҳабибов истеҳсоли ангишт пурра бар зарар буд, аммо давлат имтиёз медод. Таъмини маҳсулот, аз ҷумла картошкаву пиёзу сабзавот аз рӯи нақша сурат мегирифт ва бо мошинҳо ба навоҳиву деҳот мерасониданд, аммо аз сабаби дар баъзе ҷой харидор надоштан мепӯсид ё медуздиданд. Акнун принсипи иқтисоди бозорӣ тавассути механизми "дасти ноаён", яъне пешниҳод, талабот, нарх, рақобат ва фоида амалӣ мешавад. Вале дар тамоми давлатҳои пешрафтаи дунё иқтисоди бозорӣ танзим мешавад. Имрӯз Тоҷикистон нархи пардохти барқ, пули газу об ва баъзе намуди дигар хизматрасониҳоро танзим мекунад. Аммо дигар имкони танзими нархро надорад. Зеро ба иқтисоди бозорӣ гузашт ва акнун нархи бисёре аз маҳсулотро худи бозор танзим мекунад. Мол зиёд шавад, нарх пойин меравад ва мол кам шавад, нарх боло меравад. Давлат танҳо тавассути имтиёз, сабукӣ дар пардохти андоз, дастгирӣ ва ғайра фаъолияти бозорро танзим мекунад. Як камбудии давлат дар замони бесарусомонӣ ҳамин шуд, ки ислоҳотро пеш аз ҳама аз тиҷорат оғоз кард ва моликияти давлатиро одамони ҳушёру пулдор бо нархи арзон ба даст оварданд ва имрӯз пулро ҷамъ карда гирифта истодаанд, изҳор дошт ӯ. Ҳамчунин ба бовари ӯ муносибатҳои иқтисодии замони шӯравӣ номукаммал буд ва имрӯз Чин аз ҳар ду муносибати иқтисодӣ як модели омехта сохта, онро комил кард ва моҳирона истифода бурд. Аз як сӯ танзими давлатии иқтисодро нигоҳ дошт ва аз тарафи дигар озод эълон кард. Дар натиҷа ба иқтисоди инноватсионӣ ноил шуд.   

Бартарии амволи шахсӣ

Ҷонибдорони фаъолияти озоди бозор бартарии бахши хусусиро дар он медонанд, ки ҳар як шахс пеш аз ҳама ба молу амволи худ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад ва эҳтиёт менамояд. Масалан, агар як нафар боғи шахсӣ дошта бошад ва аз ҳисоби он даромаде ба даст орад, нисбат ба шахсе, ки дар боғи ҷамъиятӣ бо маош кор мекунад, беҳтар боғро нигоҳубин менамояд. Зеро ӯ аз маош не, аз самараи боғ бештар вобаста аст. Агар боғ самара диҳад, даромад мегирад. Аммо имрӯз бисёре аз иншоотҳои давлатӣ ба шахсони алоҳида ба иҷора дода мешавад, ки иҷорагиранда медонад, як рӯз хоҳад-нахоҳад иншоотро аз ӯ мегиранд, ба ин хотир ҳар қадар имкон бошад, даромад мегирад ва ба нигоҳубину ободсозии бино аҳамият намедиҳад. Феълан, дар Тоҷикистон тақрибан тамоми театрҳо давлатӣ аст. Кохи Борбад ва Кохи Ҷомӣ иҷора дода мешавад, боғҳои истироҳатӣ давлатӣ аст, аммо имкон дошт, ки ин ҳама хусусӣ гардад ва ба тозагиву озодагӣ ва ободии он нафари алоҳидае вазифадор бошад.

Константин Бондаренко бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон бахшҳои зиёде ҳаст, ки хусусӣ кардани он ба рушди босамари соҳа мусоидат мекунад. Аз ҷумла, ба қавли ӯ дар кишвар як шабакаи телевизиони давлатӣ кифоя аст ва боқимонда агар хусусӣ мешуд, то имрӯз шабакаҳои зиёди телевизионӣ пайдо мегардиданд. Ё агар хусусигардонии кохҳо ба роҳ монда мешуд, чандин кохии дигаре мисли Кохи Ҷомӣ ва Борбад бунёд мегардид, ки дар натиҷаи рақобат арзиши намоишдиҳиву тамошои онҳо барои аксари ҳофизон ва ҳам мухлисон дастрас мебуд. Ё агар як донишгоҳ давлатӣ мешуду боқимонда хусусӣ, сатҳу сифати даромӯзӣ беҳтар мегашт. Зеро донишҷӯён ба он донишгоҳе таваҷҷӯҳ мекарданд, ки арзиши дохилшавӣ бамаротиб пойин аст ва сатҳи омӯзиш ба маротиб болост.

Таҷрибаи талхи хусусисозӣ

Корхонаву иншоотҳое, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз давлатӣ ба ҳисоб мераванд, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон кайҳо хусусӣ шуда буданд. Аз ҷумла, роҳи оҳан, хадамоти ҳолатҳои фавқулода, почта, муассисаи сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайра. Масалан, дар Русия ҳоло ширкатҳои суғуртавӣ бештари хизматрасониҳои ҳолатҳои фавқуллода (МЧС)-ро ба иҷро мерасонанд. Ба хусус садамаи мошин, фурӯ рафтани хона ва амволро суғурта мекунанд, ки ин хароҷоти буҷети давлатиро кам мекунад. Ҳамчунин дар Русия корхонаҳои сӯхторхомӯшкунии хусусӣ ва ёрии таъҷилии хусусӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар баъзе кишварҳо роҳи оҳан хусусӣ аст, ба хусус дар Швейтсария 40 корхонаи хусусии роҳи оҳан, дар Финландия 4 корхона ва дар Ҷопон ҳам рохи оҳани давлативу ҳам хусусӣ фаъолият доранд. Дар Ҳиндустон бештари мактабу донишгоҳҳо ба таври хусусӣ фаъолият мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҳоло талош доранд то ширкати "Барқи тоҷик"-ро ба се бахш ҷудо кунанд ва фаъолияти онро хусусӣ гардонанд. Ҳамчунин тибқи қарори ҳукумат ширкати Роҳи оҳан бояд то соли 2015 ба корхонаҳои саҳҳомиву хусусӣ табдил ёбад. Аммо маълум нест, ки оқибати онҳо ба чӣ меанҷомад, зеро дар мавриди хусусисозӣ Тоҷикистон дар гузашта ва имрӯз таҷрибаи талхе дорад.

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)