Бахшҳо
29 июн 2012 08:02Иҷтимоӣ

Пушти пардаи сулҳи тоҷикон чист: дӯстӣ ё душманӣ?

Аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва итмоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 15 сол гузашту имрӯз ин солгард дар ҳоле таҷлил мегардад, ки ҳануз байни ду ҷониби сулҳ иттифоқи назаре дида намешавад. Агар ҳукуматиҳо сулҳро тасбитшуда ва матлуб унвон доранд, ҷониби дигар аз иҷро нагардидани бандҳои созишномаи сулҳ ва яктарафа баҳо додан ба он норозист. Пас бо чунин вазъият ва бо дарназардошти изҳороти номутобиқи ду тараф, то куҷо сулҳу ваҳдати мо воқеист?

Сулҳи тоҷикон коғазист ё воқеӣ?

Гуфта мешавад, ки созишномаи сулҳ ва ризоятӣ миллӣ дорои аҳамияти сарнавиштсози таърихӣ буда дар радифи эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон меистад. Ин созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ 27 - и июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Русия аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ ба имзо расида буд. Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони "Рӯзи Ваҳдати миллӣ" дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин сана бо шукӯҳу шаҳомати вижа таҷлил мегардад.

Аммо ин таҷлилҳо ҳар сола дар ҳоле сурат мегирад, ки як ҷониби сулҳ расидан ба ваҳдати миллиро матлуб баҳогузорӣ намекунад. Барои мисол роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ чанде қабл гуфтааст, ки бо идомаи ин раванд ба навбат "кабутарони сулҳ" ҷои худро ба "уқобҳои шикорӣ" медиҳанд ва ахиран муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит ҳам гуфта, "ҳануз ҳам ба ваҳдати миллӣ даст наёфтем, зеро то ба ҳол миллат ҳамчун миллат ташаккул наёфта ба гурӯҳу қавму маҳал тақсим шудаасту ҳукумат ва ВАО - и ҳукуматӣ сулҳро ба худ нисбат медиҳанд, ҳол он ки сулҳ яктарафа шуда наметавонаду ҷанги шаҳрвандӣ низ қаҳрамон, ғолибу мағлуб надорад ва инҷо мағлуб мардуми тоҷик аст".    
Имрӯз бисёреҳо сулҳу ваҳдати тоҷиконро воқеӣ арзёбӣ намекунанду ҳатто иддае онро инкор мекунанд. Аммо коршиносон ваҳдати моро чи гуна арзёбӣ мекунанд?

Коршиноси масоили сиёсӣ Абдуфаттоҳ Воҳидов ваҳдати тоҷиконро мусбат арзёбӣ мекунаду мегӯяд, ки мафҳуми ваҳдат ин ба ҳам омадани тамоми тоҷикон аст ва имрӯз бо вуҷуди норизоятиҳо дар мамлакат сулҳу оромӣ ҷорист: "дар солҳои ҷанг мардумро ба ноҳияҳову минтақаҳову қисмҳо ҷудо намуданд, аммо қисме аз миллат, ки хоҳони ҳамгироӣ буданд, ин миллатро ба ҳам оварданд. Ҳоло ҳам сари қудрат будани як гурӯҳ маънои набудани ваҳдатро надорад. Агар аз тамоми мардуми манотиқи гуногуни кишвар пурсида шавад, ҳамаи онҳо ваҳдатро эҳсос мекунанд.  Агар ҳамин ваҳдат намешуд, соли 1997 шояд давлати Тоҷикистон аз байни мерафт".

Аммо агар ваҳдат аст, пас чаро назарҳо ва изҳороти ду ҷониб бо ҳам мувофиқат намекунад? Абдулфаттоҳ Воҳидов мегӯяд: "аз байни мардум иддае сари ҳукуматанд ва агар онҳо бо якдигар созиш накунанд, ин айби мардум нест. Ба ин масъала ба гунаи дигар бояд баҳо дод. Ба хотири 4 -5 ҳукуматдор ваҳдати миллатро зери суол бурдан лозим нест. Бояд Эмомалӣ Раҳмону ҳукумат, ва онҳое, ки муддате дар қудрат буданд, бо якдигар созиш кунанд ва пои миллатро дар инҷо васат накашанд. Миллати тоҷик аз ҳукумат тафовут дорад".         

Асоси ҳар як ваҳдатро иқтисодиёт ташкил медиҳад ва иллати рух додани ҷанг дар кишвар, ба фақру бенизомӣ рабт дошт. Коршиноси масоили сиёсӣ Раҳматулло Валиев дар ин бора мегӯяд, ки имрӯз ҳар ду ҷониби сулҳ эътироф карда шавад ва онҳое, ки имзои худро дар ин санад гузоштанд, бояд то охир масъулияташонро иҷро намоянд: "сулҳ асосан дутарафа мешавад ва намешавад гуфт, ки як тарафе дар ин ваҳдат саҳим нест. Сулҳ асоси якдигарфаҳмӣ ва таъмини зиндагии мардум аст, вале бо гузашти солҳо аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ сатҳи зиндагии мардум ҳануз ҳам дар сатҳи лозима қарор надорад. Барои ба даст омадани сулҳу ваҳдати комил бисёре аз масоил бояд ҳалли худро ёбад аз ҷумла масъалаи кадр, фасод ва маҳал".            

Аммо Сӯҳроб Шарипов вакили Парлумон назари дигаре дорад. Номбурда мегӯяд, онҳое, ки ваҳдатро инкор мекунанд, курнамаканду некиву ободии миллати тоҷикро намехоҳанд. Дар созишномаи сулҳ гуфта шуда буд, ки дигар набояд ҳамдигарро кушту бояд бо якдигар муттаҳид буд ва давлати тоҷикро сохт. Дар ин санад дарҷ гашта буд, ки бародар бародарро ҳурмат мекунаду ба рӯи якдигар корду намекашаду тирпаронӣ намекунад ва ин магар ваҳдат нест? Тоҷикистон дар ҳолати таҳдидҳои зиёд ба ин созишнома расид. Асоси ин созишнома ин буд, ки тарафи опозитсия бо роҳбарии марҳум Нурӣ ва тарафи ҳукумати бо сарварии Раҳмон масъулияти худро анҷом доданду бо имзои ин санад қадами аввалро гузоштанд ва дар соли 2000 сулҳу суботу ваҳдати комил дар Тоҷикистон барқарор шуд, ки ин бузургтарин қадам дар таърихи навини сиёсии Тоҷикистон мебошад. Дар рушди давлати сиёсии навин дар тамоми дунё норизоятиҳо ҳастанд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳҳо дар бунбасти ғоявӣ қарор дошту идеяи миллӣ вуҷуд надошт. Як тараф баҳси миёнаро матраҳ мекарду ҷониби дигар ақидаи коммунизмро, вале паси ин идеяҳое, ки аз манофеи миллат ба куллӣ дур буданд, онҳо тавонистанд ба ояндаи миллату давлат як зина баландтар нигоҳ кунанд ва ба назари онҳо таърих баҳои хеле ҳам баланд дод ва имрӯз имкони пурқувват гаштани ин арзишҳо ҳаст.

Рузи ваҳдат рӯзи бузургест, зеро дар ин рӯз тоҷик куштани тоҷикро хотима бахшиду ба давраи худшиносиву ҳувияти миллӣ расид. Ин як сарнавишти аҷоиби таърихист ва он омилҳое, ки моро ба қавмҳову қисмҳо тақсим мекарданд, бартараф гардиданду роҳи озодиву сулҳ боз шуд. Созишномаи сулҳ ҳамин аст. Даъватҳои фаровоне буданд, ки пароканда гаштанд аммо мо бо ин рӯйдод тавонистем аз манофеи танги гурӯҳи ба манофеи миллӣ расем. Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ сухан ва овози худро дорад. Инак ҳарчанд ба комёбиҳои лозима даст наёфтем, аммо ба ҳар ҳол миллат дар ҳоли ташаккулёбисту давлат ҳам дар ҳоли инкишоф. Озодӣ ҳам ҳасту ба сӯи демокртаия дар ҳоли ҳаракатем ва мо асоси пешрафту рушди кишварро дар созишномаи сулҳ тарроҳӣ кардему аз дасти он кумандонҳое, ки сулҳу ваҳдати миллатро намехостанд, оҳиста - оҳиста раҳо ёфтем, афзуд Сӯҳроб Шарипов.
Дар ин байн раиси анҷумани Миллии сиёсатшиносии Тоҷикистон Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, ки ваҳдати миллӣ ба 3 марҳила вобастааст ва дар кишвар ин ваҳдат аз марҳилаи манфии он, парокандагӣ оғоз гардиду баъдан ба ризояти миллӣ расид ва акнун бояд кӯшиш кард то ба нуқтаи ниҳоияш, ки иттиҳоди миллист, расид.              

Норизоиҳо ваҳдати Тоҷикистонро ба куҷо мебарад?

Сиёсат ба воситаи тарафдории аксарияти мардум амалӣ мешавад. Сухани мухолифинро агар конструктивист, бояд шуниду аз пайи ислоҳи он баромад. Ба гуфтаи Сӯҳроб Шарипов дар оянда бо баррасии сулҳ бояд қадри онро донист. Зеро соли 1997 наздик буд кишвар аз байн равад. Ин созишномаи сулҳ боис шуд то куштан ва рехтани хуни миллат ба итмом расад ва мо миллату давлатро ба даст гирифтему ба худшиносии миллӣ расидем ва қадамҳои асосии мустаҳкамгардонӣ ва рушди давлатро гузоштем. Худи Раҳмону Нуриву таърихшиносону дигарон ба сулҳи мо ҳамингуна баҳо додаанд. Ҳар кас розӣ нест, мушкили худаш аст ва ин як мушкили умумимилливу давлатӣ нест, илова намуд номбурда.

Аммо агар ҷашни ваҳдат бароямон сафед аст, пас чаро ҷониби дигари сулҳ аз яктарафа баҳо додан ба он доимо шикоят мекунад? Далели онро Сӯҳроб Шарипов чунин шарҳ медиҳад: "иддае аз мухолифин вазифаву мансаб гирифтанду онҳое, ки дар иҷрои вазифа муваффақ нагаштанд, аз вазоифашон сабукдуш шуданд. Ин кори давлатист, аз ӯҳдаи кор, ки набароянд, бояд онро раҳо кунанд. Ин майдони тирпаронӣ нест, кори давлат аст, маҳорату илму дониш мехоҳад. Кадоме аз онҳо тавонист, дар вазифа монд ва натавонистагиҳо рафтанд. Он эродҳое, ки ашхоси алоҳида мегиранд, субеъктивист ва онҳо аз мансабу вазифа ва тақдири сиёсии худ норозиянд. Дар ин тараф ҳам командонҳои норозии ба ин ё он манотиқ фиристода шуда, зиёданд".
Хелеҳо бар ин назаранд, ки ба сулҳу ваҳдати пурра ва ё нопурраи тоҷикон омилҳои зиёде таҳдид эҷод мекунанд. Ба гуфтаи раиси АМСТ Абдуғанӣ Маҳмадазимов барои ваҳдати кишвар хатар вуҷуд дораду мушкилот зиёд дида мешавад, аммо он ба ҳадди ниҳоии худ нарасидааст. Барои ҳамин бояд пояҳои ваҳдатро, ки байни минтақаҳои алоҳидаи фарҳангии тоҷикон мебошад, устувортар намуд. Агар дар ин минтақаҳо роҳҳои заминӣ нашавад, бо роҳи оҳан ба нуқтаи ниҳоии ин раванд хоҳем расид.

Хунҳои рехта магар ваҳдат овардааст?

Сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон аз аҳаммияти фаровоне бархурдор асту натиҷаи он оромиву озодӣ ва ободист. Дар сурате, ки дар Тоҷикистон якпорчагиву ваҳдат набошад, тоҷикон беш аз беш мутафарриқтар хоҳанд гашт. Аммо ба ростӣ моҳияти сулҳи тоҷикон чи буд?  
Бо чунин ҳол суоле матраҳ мегардад, ки ваҳдати сулҳу тоҷикон то куҷо аз таҳкурсӣ ва зерсохтори қавие бархурдор аст то бо итминон битавон гуфт, ки он комилу ҳақиқист?

Ба гуфтаи коршиносон сулҳ дар Тоҷикистон дорои ҳечгуна таҳкурсие нест ва дар ҳолате, ки кучактарин садамае ба ин сулҳ ворид гардад, бори дигар  даргирӣ шурӯъ мешавад, ки касе онро намехоҳад.
Коршиносон мӯътақиданд, ки дар бисёре аз кишварҳо сатҳи таҳаммулпазирии ҳукумат дар баробари мухолифин хеле болост ба истиснои бархе кишварҳо ба монанди Тоҷикистон. Чун ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон таҷрубаи кофӣ аз ҳамзистӣ бо мухолифин ба чашм намерасад. Ба қавли онҳо роҳе ҷуз ҳамзистӣ ва иттиҳод бо мухолифин мавҷуд несту ба ин чиз мебояд одат кард.

Дар Тоҷикистон мухолифин бештар аз ҳукумат суботу сулҳу ваҳдатро хоҳонанд. Ба гуфтаи Раҳматулло Валиев коршиноси масоили сиёсӣ, замини Тоҷикистон танҳо моли аъзоёни ҳукумат набуда ин замин, замини ватани онҳое ҳам, ки ақоиди мухолиф доранд низ ҳаст ва ҳамонҳо беш аз дигарон баҳри сулҳу ваҳдат ва ободии ватан талош мекунанд: "дар инҷо одамони ҳукумат ақидаҳои мухолифро дастгирӣ намекунанд ва онҳо набояд гуянд, ки мо сулҳу ваҳдатро намехоҳем, баръакс дар кишвар бояд сулҳу ваҳдат бошад, ки натиҷааш баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам гаштани ҷойҳои нави корӣ ва бозгашти муҳоҷирон аст".

Назари коршиносон дар бораи сулҳу ваҳдати тоҷикон гуногун аст. Иддае аз онҳо чунин мешуморанд, ки дар ҳақиқат сулҳи тоҷикон ба маънои поён додан ба даргириҳои низомӣ воқеъ шудааст ва иддае дигар бошанд, мӯътақиданд, ки агар  сулҳ ба маънои созиш ва ҳамкорӣ барои сохтани кишвар фаҳмида шавад, чунин чизе аслан амалӣ нашудааст.

Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)