Бахшҳо
09 июл 2012 05:00Гузориш

Иттифоқҳои қарзӣ фоидаи пулҳои «таиболиштӣ» - ро зиёд мекунанд

Баррасии навбатии лоиҳаи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», ки дар таҷрибаи Тоҷикистон чизи ҷадид аст, рӯзе пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон ва ҳамзамон муаллифи лоиҳаи  қонуни мазкур мегӯяд дар паи ташкили иттифоқҳои қарзӣ дастрасии мардум ба маблағҳо бештар шуда, аз ҳисоби гардон шудани пулҳои «таиболиштӣ» суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бештар мегардад.
Талбаков афзуд:
«Айни ҳол дар дасти мардум  5 миллиард сомонӣ хобанд, ба истиллоњ таи болишт нигоҳ дошта мешаванд. Ин миқдор маблағ аз гардиш берун аст. Имкон дорад мардум ин маблағро тавассути ташкили иттифоқҳои қарзӣ ба гардиш дароранд, ки дар натиҷа самаранокии он дучанд мегардад, маблағҳо ба рушди истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқ равона мешаванд».

Талбаков бартарият ва фарқияти иттифоқҳои қарзиро аз ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо дар он медонад, ки иттифоқ бо маблағи худи шаҳрвандон ташкил мешаванду қарзгирӣ аз онҳо осону бо фоизҳои паст сурат мегирад:
«Фарз кардем дар як дења 200 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. 60 – 70 нафар маблағҳояшонро ҷамъ мекунанду иттифоқи қарзӣ ташкил менамоянд ва барои додани қарзҳо ба ивази фоизҳои муайян истифода мебаранд. Маблағҳо барои хариди техника, тухмӣ ва ғайра равона мешаванд, - ба гардиш медароянд, дар истеҳсолот истифода мегарданд, дивиденд меоранд ва самаранокиашон ба маротиб зиёд мегардад».

Исмоил Талбаков, мегӯяд иттифоқҳои қарзӣ ҳамчун субъект аз қайди вазорати адлия мегузаранд ва аз имтиёзҳои зиёд бархурдор хоҳанд шуд:
«Фарз кардем, ман бо маблағи маошам дар иттифоқи қарзӣ саҳм мегузорам. Ин пули кулан қонунӣ аст, аз он аллакай ҳамаи намуди андозҳо, аз ҷумла андоз аз даромад супорида шудааст. Андозбандии иловагӣ нахоҳад шуд. Қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ ба андешаи мо санадҳои муҳиме мешавад, ки асосҳои ҳуқуқӣ ташкилӣ ва молиявии иттифоқи қарзиро муқаррар намуда, муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ ба миён меоянд, ба танзим медарорад. Манфиатҳои иштирокчиёни иттифоқи қарзиро ҳифз намуда, самаранок истифодабарии манбаъҳои захираҳои қарзиро дар Тоҷикистон таъмин менамояд».  

Ташкили иттифоқҳои қарзӣ ва қабули қонуни дахлдорро Талбаков таҷрибаи маъмули ҷаҳони муосир гуфта, афзуд, ки кишвари мо дар раванди ҷаҳонишавӣ аз дигаргуниҳои молиявию қарзӣ дар арсаи байналмилалӣ берун буда наметавонад: «Ҳанӯз дар солҳои 20 – 30 –юми асри гузашта иттифоқҳои қарзӣ таъсис ёфта буданд. Ҳоло дар 92 давлати дунё 42 ҳазору 616 иттифоқи қарзӣ фаъолият доранд ва дар сафҳои худ 200 миллион аъзоро муттаҳид сохта, сандуқи қарзии онҳо бештар аз як триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад».
Талбаков мегӯяд иттифоқҳои қарзии Тоҷикистон метавонанд маблағҳои иттифоқҳои хориҷиро ҳам ҷалб намоянд:
«Чанд иттифоқи қарзӣ ҷамъ шуда дар дохили кишвар Асосиатсияро ташкил менамоянд. Асосиатсияи тоҷикистонӣ ба Асосиатсияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, маблағҳои онҳоро ҳам ҷалб менамоянд».
Айни ҳол оиди лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» кумитаҳои парлумону вазоратҳои ҳукумат хулосаи худро пешниҳод намуда, омӯзишашон аз ҷониби комиссияи корӣ идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)