Бахшҳо
13 июл 2012 05:42Сиёсат

Салоҳиятҳои Эмомалӣ Раҳмон кам мешавад?

Дар нишасте, ки рӯзи 4 - уми июл дар МТС баргузор шуд, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мавзуъи кам кардани салоҳиятҳои президентро матраҳ карда гуфтанд, ки бояд чанде аз ваколатҳои президент ба Маҷлиси миллӣ вогузор шавад. Аммо ба ростӣ вакилони Парлумон чунин кореро анҷом хоҳанд дод ва кам кардани салоҳиятҳои президент аз онҳо вобастааст ё мардум?

Ваколатҳои президентро кам мекунанд?

Ин аввалин бор аст, ки дар чанд соли ахир намояндагони азҳоби Тоҷикистон мавзуъи кам кардани салоҳиятҳои президентро матраҳ мекунанд. Зариф Наимов, муовини роҳбари Ҳизби сотсиалистӣ ва яке аз гардонандагони ин нишаст, коҳиш додани салоҳиятҳои президентро намунаи рушди демократия дар кишвар ва сабукии дасти ӯ ба ҳайси роҳбари давлат дониста гуфт, ки бо ин кор ҳам дасти президент ба масоили дигар мерасад ва ҳам фишор?ои сиёсии хориҷӣ болои раиси ҳукумат кам мешавад.    
Дар ин нишаст иштирокчиён мушкилоти печида ва тӯлонии ҷомеаро маҳз дар банду басти қонунгузорӣ ва шеваи ташкили ҳокимият дар Тоҷикистон дониста, таъкид намуданд, ки бознигарии ваколатҳои президенти Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва Маҷлиси миллӣ тақозои замон асту бояд инро ба мардум расонид.
Аммо чаро дар канори ин ки салоҳиятҳои зиёде ба президент дода шудааст, боз дар кишвари хурде чун Тоҷикистон ташкили ҳокимият дуруст роҳандозӣ нашуда бошад?  

Муовини аввали раиси ҲУСДТ Шокир Ҳакимов мушкилот дар шеваи ташкили ҳокимиятро тасдиқ карда мегӯяд, ки низоми ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон номукаммал мебошад. Зеро бо вуҷуди он ки усули таҷзияи ҳокимияти давлатиро моддаи 9 - и Конститутсияи ҷумҳурӣ эътироф кардааст, дигар моддаҳои ҳамин Конститутсия меъёрҳое дорад, ки ба моҳияти давлавти мо мухолифат мекунад. Масалан салоҳияти президент дар муқоиса бо салоҳиятҳои Маҷлиси олӣ, ҳукумат ва суд бештар ба назар мерасад. Ҳарчанд президент ҳамчун сардори давлат ҳамзамон сардори мақомоти иҷроияро ба зимма дорад, вале дар таҳти назорати на танҳо Парлумон инчунин шаҳрвандон ҳам қарор надорад ва маҳз чунин ҳолат боиси ба таври расмӣ ё ғайри расмӣ таҳти назорати худ гирифтани ҳамаи салоҳиятҳои ҳокимият аз тарафи як шахси мансабдор шудааст. Ба гуфтаи Шокир Ҳакимов кам кардани салоҳияти президент боиси беҳтар шудани самарабахшии ҳокимияти давлатӣ ва бо масъулияттар гардидани он мешавад.

Раиси ҲДТ Масъуд Собиров ҳам дар хусуси ин ки оё кам кардани салоҳиятҳои президент шуданист ё на, мегӯяд, солҳои зиёдест, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои коҳиш додани салоҳиятҳои президент талош мекунанд, вале натиҷае ба даст намеояд. Дар инҷо ҲСТ барои матраҳ кардани ин мавзуъ аҳзоби сиёсӣ ва баъзе сохторҳои ҳукуматиро гирди ҳам оварду онро барарсӣ намуд. Аммо дар асл ин масъулияти ҲСТ нест, ин масъулияти ҳамон давлатдорон аст, ки ба воситаи ҲСТ хостанд то як андоза салоҳиятҳои президентро маҳдуд созанд. Он салоҳиятҳое, ки бояд президент аз баҳраш барояд то мардум манфиъат бинанд ва он чизе, ки ҷомеаву аҳзоби сиёсӣ мехоҳанду бо идеалогияи ҳукумат мухолифат дорад, дастарс намешавад.

Бархе аз вакилони Парлумон чунин мепиндорнд, ки кам кардани салоҳиятҳои президент бевосита ба худи ӯ вобастагӣ дорад. Вакили Парлумон Исмоил Талбаков дар ин бора мегӯяд, то он дараҷае, ки ҷомеа ба ваҳдати миллӣ наздик мегардад, волоияти қонун таъмин мешавад ва рушди устувори иқтисодиёт таъмин мегардад, то ҳамон андоза салоҳиятҳои роҳбарияти сиёсии кишвар зарур аст ва дар шароити кунунӣ, ки президент барои ҳалли масоили умда ва  рушди Тоҷикистон дар бисёре аз нишастҳо бар ҳалли масоили институтсиониву сармоягузорӣ ва сиёсати беруна таъкид мекунад, фикр мекунем, ки дар замони ҳол президент он салоҳиятҳои худро иҷро мекунад: "тағйир додан ва кам кардани салоҳиятҳои президент ваколати конститутсионист, ки танҳо дар доираи конститутсияи ҶТ бавоситаи раъйпурсӣ онро пиёда кардан мумкин аст. Акнун, ки ба ваҳдати комили кишвар даст ёфтаем ва ин масъала матраҳ мегардад, бо ташаббуси худ дар сурати баромад кардану ташаббус нишон додани президенти кишвар,  ин мавзуъ баҳс хоҳад шуд".

Тоҷикистон кишваре парламентӣ ва президентӣ буда қисме аз салоҳиятҳо бар ӯҳдаи президент ва бахши дигари салоҳиятҳо бар дӯши Парлумон аст, ки ҳар дуи онҳо ба воситаи раъйдиҳӣ интихоб мешаванд ва ба ҳамин хотир ҳам парлумон ва ҳам президент бояд фаъолияти баробар дошта бошанд. Коршиноси масоили сиёсӣ Абдуфаттоҳ Воҳидов дар ин бора мегӯяд: "Дар Тоҷикистон вазъ чунин шудааст, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ аксари ваколатҳои давлатдорӣ бар ӯҳдаи президент гузаштааст ва ҳамин чизҳо дар Конститутсия ба восити референдум шакли қонунӣ ба худ гирифтааст. Ба таъбири дигар, давлати Тоҷикистон аз давлати парламентӣ - президентӣ ба давлати президентӣ гузаштааст. Ҳатто дар Британияи кабир, ки давлати шоҳигарист, идораи давлат асосан дар дасти парлумон аст. Дар ин кишвар парлумон ҳамаи сохтори давлатӣ ва сиёсати иқтисодиро роҳбарӣ мекунад ва шоҳ аслан дар ҳолатҳои фавқулода метавонад вориди амал шавад".

Парлумон пешқадам мешавад?

Ин ки салоҳиятҳои президент дар Тоҷикистон зиёд аст, хелеҳо онро дуруст мепиндоранд, аммо аз онҷое, ки то кунун аз тарафи вакилони парлумон иқдоме барои коҳиш додани ихтиёроти шахси аввали кишвар сурат нагирифтааст, оё метавон интизори коҳиш додани ваколатҳои президенти кишварро аз сӯи вакилони парлумон дошт?        
Раиси ҲДТ Масъуд Собиров интизор доштан аз парлумонро беҳуда медонад ва мегӯяд, ки аз парлумон дигар чи интизоре метавон дошт, вақте дар муҳокимаи баъзе аз қонунҳо ҷиддиятро эҳсос накарданд. Ҳатто дар баробари қонунҳои ҷузъӣ ҳам масъулият эҳсос намекунад. Ва агар дар шароити феълӣ парлумон бидуни дар назар гирифтани ин пешниҳодот кореро анҷом диҳад, иттифоқи ҷиддие нахоҳад афтод.        
Муовини раиси ҲУСДТ Шокир Ҳакимов ҳам мӯътақид аст, ки чун аксари вакилони парлумонро аъзои як ҳизб ташкил медиҳанд, набояд интизори коҳиши салоҳиятҳои президентро дошт: "агар тартиби таъин, бозхонд ва аз кор озод намудани судяҳо таҳлил гардад, натиҷа чунин хоҳад буд, ки низоми судӣ ва судяҳо дар амали намудани ваколатҳояшон озоду мустақил нестанд. Бар иловаи ҳамаи инҳо тарзи баргузорӣ ва ҳайати сифатии парлумон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақомоти олии қонунгузорӣ ва намояндагии ҳокимияти давлатӣ пурра аз мақомоти иҷроия вобастагӣ дорад, ки ин ба манфиати ҷомеа ва давлатдорӣ нест. Ингуна эродҳо нисбат ба мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ҳам сидқ мекунад".
Вакили парлумон Исмоил Талбаков чунин мешуморд, ки ҳоло салоҳиятҳои президент барои саривақтӣ ҳал намудани мушкилоте, ки дар кишвар ҳаст, бениҳоят зарур аст: "зеро дар остонаи воридшавӣ ба созмони ҷаҳонии тиҷорат қарор дорем ва дар инҷо ҳолатҳое ҳастанд, ки қарору қарордоду созишномаҳои байналмилалие, ки вуҷуд доранду тарҳрезӣ мешаванд ва барои ҳалли онҳо системаи ягонае, ки дар доираи ваколатҳои президент ҳаст, зарур мебошад. Акнун замоне расида то президент салоҳиятҳои худро бисёр самаранок истифода барад. Тибқи меъёрҳои қабулшудаи конститутсионие, ки ҷавобгӯи санадҳои байналмилалист, бояд чунин бошад".          

Оё дар ниҳояти кор вакилони парлумон ин корро хоҳанд кард ё на, Шокир Ҳакимов мегӯяд, ки вакилони Парлумони феълӣ бо ташаббуси худ ҷуръати баррасиву пешниҳод ва ба раъйпурсӣ гузоштани ин масъаларо надоранд. Зеро аксарияти онҳо дар мувофиқа бо ҳукумат ба воситаи ҲХДТ ва ё тариқи худпешбарӣ интихоб шудаанд. Бинобарин дар асл маҳдудиятҳои зиёд доранд.
Аммо бархе аз коршиносон дар ин бора назари дигаре доранд. Коршиноси масоили сиёсӣ Абдуфаттоҳ Воҳидов бар ин бовар аст, ки Парлумони кишвар метавонад ба роҳатӣ салоҳиятҳои президентро кам кунад: "чун Тоҷикистон намунаи як давлати навтараққист, тамоми иқтидор дар дасти қудрати ягонаи президентӣ қарор дорад. Агар дар доираҳои сиёсии кишвар хоҳиши додани қисме аз салоҳиятҳо ба дасти парлумон ба вуҷуд омада бошад, ин иттифоқи мусбат аст, зеро агар мо демократия мехоҳем, бояд мувофиқи он конститутсияе, ки қабул кардаем, амал намоем. Дар бисёре аз маворид раисони ҳокимиятҳои маҳаллӣ, вилоятҳо, раисони ҳатто донишгоҳҳо ва дигар корхонаҳои Тоҷикистон, ки президент таъин мекунад, ин бояд аз доираи ваколатҳои президент бароварда шавад ва ба вазоратҳои марбути соҳа супорида шавад. Агар ба Вазорати маориф ё Вазорати иқтисод марбут бошад, ба ҳамин вазоратҳо супоранд. Дар ин ҳолат принсипҳои демократӣ риоя мегарданд. Ҳоло дар мо ҳукумати президентӣ ҷорист на ҳукумати халқии демократӣ ва ҳамин шакли ҷорӣ худ ҳукумати авторитарист. Барои ҳамин беҳтар аст то ба ҳамон ҳукумате, ки дар Сарқонун аст, баргардем. Парлумону президент ҳар ду ваколатҳои якхела доранд, аз ин рӯ парлумон метавонад салоҳиятҳои президентро ихтисор намояд".

Аммо ба ростӣ агар қарор бошад салоҳиятҳои президент кам карда шавад, беҳтар аст кадоме аз онҳо кам гардад? Масъуд Собиров дар ин бора чунин ақида дорад: "аз ҳама муҳим ин аст, ки ҳукумат ба дасти нахуствазир дода шавад яъне раиси ҳукумат сарвазири феълӣ Оқил Оқилов бошад ва чун ҳар фармоне дар хусуси вазирон тавассути раиси ҳукумат ба имзо мерасад, дар сурати раиси ҳукумат будани Оқилов, бояд ин фармонҳоро ӯ содир намояд. Вале дида мешавад, ки ин салоҳиятро масъулин ҳеч гоҳ ба сарвазир намедиҳанд. Салоҳияти муҳиме, ки бояд аз президент гирифта шавад ҳамин аст. Аммо ин чиз рух нахоҳад дод ва президент аз баҳри ин салоҳиятҳояш намегузарад ва он салоҳиятҳои хурде, ки президент аз баҳраш мебарояд чандон муҳим нестанд ва амалан чизе дар ҳокимиятдорӣ ва зиндагии мардум тағйир намеёбад".
Абдуфаттоҳ Воҳидов ҳам мегӯяд, бояд салоҳиятҳои президент ба дигарон вогузор шавад. Чаро вазири маориф натавонад ректори донишгоҳҳоро таъин кунад, бигзор вазир ректори донишгоҳҳоро таъин кунад. Шарт нест, ки президент ректори донишкадаи санъат ва ё донишгоҳи техникиро таъин кунад. Аслан чаро ба мо прокурори генералӣ лозим аст вақте, ки наметавонад прокурори ноҳияро таъин кунад? Ин салоҳиятҳо ба ҳамон соҳае, ки марбутанд бояд вогузор гарданд ва мудирони ин соҳаҳо худ вазифаҳоро таъин кунанд.
Дар ихтиёри президент будани ин ихтиёрот ин худ инкоркунандаи салоҳиятҳои вазоратҳост. Зеро вақте президент ректори донишгоҳи марбут ба вазорати дахлдорро таъин мекунад, дар ин ҳолат худи вазир дигар наметавонад ба ректораш гӯяд, ки фалон корро анҷом бидеҳ. Ба ҳамин хотир, ки ректорро президент таъин кардааст, ӯ тобеъу вобастаи бевоситаи президент мемонад. Бисёре аз масоил ҳал мегарданд агар роҳбарони соҳа вазифаҳоро мушаххас кунанд.                                                           

Фарҳанги мардум салоҳияти президентро кам мекунад

Аммо бархе аз коршиносон нишастеро, ки аҳзоби сиёсӣ барои коҳиш додани салоҳиятҳои президент барпо намуданд, бесамар хонда чунин мешуморанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар ин конфронс бояд масъалаи муҳимтар аз инро муҳокима мекарданд.    
Коршиноси тоҷик Сайидюнуси Истаравшанӣ мӯътақид аст, ки барои аҳзоб муҳимтар аз ин мавзуъ, бардоштани масъалаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот буд ва онҳо бояд кӯшиш мекарданд дар ин замина бештар кор кунанд. Аммо чун ҳоло ин масъаларо бардоштаанд, хеле хуб мебошад, вале баъид аст ин кор бо таваҷҷӯҳ ба сиёсате, ки феълан дорем амалӣ шавад.

Гуфта мешавад салоҳиятҳои президент то ҳол ба он хотир коҳиш наёфтааст, ки аҳзоби сиёсӣ коре бештар аз пешниход додан карда наметавонанд ва Парлумон ҳам чун пурра вобаста аст, ташаббус нишон намедихад. Аммо дар инҷо коршиносон мавзуъи муҳимтареро матраҳ мекунанд.
Ба андешаи онҳо, мардуми Тоҷикистон аз сиёсат дуранд ва он ҷомеаи шаҳрвандие, ки дар он мардум қадру ҳуқуқи худро мешиносанду медонанд дар Тоҷикистон дида намешавад. Агар чунин аст, пас суоле матарҳ мегардад, ки нақши мардум то чи андоза дар ин байн таъсир гузор аст?

Коршиноси тоҷик Сайидюнуси Истаравшанӣ нақши асосӣ доштани мардумро тасдиқ карда мегӯяд, ки дар ин ҷо беш аз қонун, фарҳанги мардумӣ муҳимтар аст то дигар карда шавад: "ба ин маъно, ки дар ин замина мо чи қонун дошта бошем ва чи надошта бошем, дар назди мардуми мо, нигоҳ ба президент, мисли нигоҳ ба як подшаҳи томмулихтиёр аст. Мардум чунин фикр мекунанд, ки президент ҳама кора буда пойбанди ҳеч қонуне нест. Бинобар ин ҳоло агар ҳам чунин қонуне ҷорӣ гардад, боз ҳамин диди мардум аст, ки дар ҷомеа ҳукмфармост ва давлатмардони мо аз ин фарҳанги мардумӣ бадтарин ва бештарин суистифодаҳоро мебаранд. Аз ин рӯ бояд аввал ба мардум хуб фаҳмонда шавад, ки президент ҳам пойбанди қонун аст".
Ба гуфтаи коршиносон муддат ё замони роҳбарии як нафар ва ба вижа салоҳиятҳои зиёди як президент дар асл аз фарҳангу фаҳмиши мардум вобастагӣ дорад, ки боло бурдани ин фарҳанг, ҳаргиз ба ҳеч президенте иҷоза нахоҳад дод то салоҳиятҳои беш аз ҳад дошта бошад.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)