Бахшҳо
28 июл 2012 04:45Иқтисодӣ

20 СОЛИ ИСЛОҲОТИ ЗАМИН

ФАСЛИ АВВАЛ: ҚИССАИ ЗАМИНҲОИ "ИҶОРА"Ибтидо истиқлолият ба даст омаду баъд ғалмағолу ҳаёҳу, ки оқибатуламр ба ҷанг рафта расид. Ҷангу даргириҳо низ поён пазируфтанд, албатта, на яку якбора, балки тадриҷиву оҳиста-оҳиста, чунонки ҳар як ҷангеро дар таърих бувад. Маъмулан вазъи иҷтимоии мардум ва зиндагии ҳамарӯзаи эшон бас ба сахтӣ ва сангиниҳо мекашид, хавфи гуруснагӣ ва маргу мирӣ ногаҳонӣ таҳдиди фаврӣ ба кишвар мекард.Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати навтахт тасмим гирифт, то баҳри рафъи ин вазъ ва пешгирии гуруснагӣ ва қашшоқию бенавоии ба зуҳур омада, чораҳое таъҷилӣ ва дар айни ҳол ҷиддиву муассир биандешад. Ва ин Ҳукумат қарор баровард, то заминҳое, ки қаблан дар ихтиёри колхозу совхозҳо буданд, ба мардуми заҳматкаш, хосатан, кишоварзону барзгарони тиҳибағал ва аслан мискину кунуннодор ҳиссу бахш карда шаванд.Дарвоқеъ, сарварони бахши аъзами колхозу совхозҳо бечораву нотавон ва оҷизу лоилоҷ монда буданд, чун дигар дар ихтиёри хеш на чорвои калони шохдори ҷамъиятӣ доштанду на коргару на техника. Сабабаш маълуму мафҳум: бо баҳонаи ҷанг камондорон ҳама молу колои колхозҳову совхозҳоро ғорат карданд, дигар тафовут байни моли ҷамъиятиву давлатӣ ва худӣ ё шахсӣ намонд. Аммо алъон, суоле дар мағзам хутур кардааст, ки кулли амволи давлатро дар музофоту рустоҳо магар танҳо камондорони ду ҷониб ба боди фано додаанд ё хайр?!Ҳукумат амр кард, то заминҳо ба таври иҷора (бале, аввалҳо иҷора буд) тақсим карда дода шавад ба мардум. Ба ҳар кас мувофиқ ба қуввату қудрат ва нерӯю тавонияшон, албатта. Ва аммо дар ҳеч ҷо, дар ягон санаду дастури президент ва Ҳукумати ҷадид ҳарфе ё иборае, ё ҷумлае сабт нагардида буд, ки ин заминҳо ба василаи маблағе, моле ва ба як сухан, ришва супурда шавад ба райият.Ва ин фикри нохосту ногаҳонӣ, ки шабеҳи тароша аз бом маҳсуб меёфт, дар сари ҳеч як деҳқону барзгари гуруснаву дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону даҳон во монда, наомада буд ва тасаввурнопазир ҳам ҳисоб меёфт. Пайки тақсим намудани заминҳо тавассути намояндаҳои Ҳукумати қонунӣ, руасои ноҳияву колхозҳо, ки аз қавле, "чашми Ҳукуматанд" ба маҳаллҳо расид, овоза шуд ва он овоза то дурдасттарин рустои мамлакат - кӯҳистон рафта, мардумро ба изтиробу ҳаяҷон овард. Ҳама дар такопӯ афтоданд, ҳадаҳаву саросема ва шитобзада баромаданд ба сари заминҳо, ки дер боз аз ҳолати он заминҳо бехабар буданд. Аммо...Ҳеҷ гапу ҳарф ва ҳаракоту талошеро ба мушоҳида нагирифтанд. То нисфирӯзӣ ин тарафу он тараф давр заданду давр заданд ва умедашон барбоду "латтаашон дар об зад", ки ошуфтаву пакар ва бедимоғ баргаштанд ба хонаҳояшон ва тан ба ризои Ҳақ доданд, ки "ку бубинем, фардо аз Раззоқи олам чӣ мерасида бошад?". Фардо бошад, хабарҳои тоза, вале зимнан барои як тӯда хушу писандида, барои тоифаи дигар бас ғамангез паҳну густариш ёфт. Хабар ин буд, ки саркорон (бригадирҳо) аллакай тақсими заминҳоро шурӯъ кардаанд, вале пинҳонию махуф ва ба одамони худиву дилобхӯри хеш.Ва дафъатан, осемасару батаъҷил мардум раҳ гирифтанд ҷониби заминҳое, ки ба гунаи иҷора ба иддае аз ниёзмандон ҳиссу бахш карда мешуд. Ва ростӣ, ҳайратзада буданду ҳайратзадатар шуданд. Бригадиру думравонаш бо ченчӯби якметраи А-шакл баҳузуру бафурҷа замин ҷудо карда, ба Алию Валӣ, Салиму Ҳалим, Шарифу Зариф, Қодиру Нодир, Убайду Зубайд ва ғайра медод. 1 гектару 2 га, 3 га, 4 га, 5 га ва ба ҳамин тартибу низом.Як нафар бо исми Ғуломи подабон, ки ҳамакнун бо таллаву тороҷ ва тарака шудани фермаи колхоз бекор мондаву зиндагияш ба сахтӣ мегузашт, пештар рафт ва мустақиман ба раиси колхозу бригадир хитоб кард, ки "чаро шумо заминҳоро бе рӯйхати пешакӣ ба ин одамони бою пулдор медиҳен? Чаро ошнобозию хотирбинӣ мекунен? Мо харро чаппа савор шудаем магар? Ҷавоб бидиҳед!".- Рав, гаранг накун, - ғурунгид саркор. - Ҳоло вақти доду шикояти ту нест. Замини иҷора гирифтан шарти худро дорад, бобои Ғулом, - тавзеҳи ҳол кард раиси колхоз, ки собиқаи 10-12-солае дошт ва доиман чун аз кор мерондандаш, ёру рафиқҳояшро "хӯронда" воситабозӣ мекарду дар колхози дигар раис таъин мешуд.- Чӣ хелӣ шарт? - барошуфт Ғуломи подабон ва илова кард: - Ҳукумат "приказ" кардай, заминҳо ба одамони зарур дода шаванд. Боз чӣ гап?- Ҳукумат, ҳо дар боло гуфтан мегирад, - ришханд намуд раис. - Поён, яъне колхозу совхоз қонунҳои худро дорад. Фаҳмидӣ, амак?- Неъ, нафаҳмидам.- Бригадир ба ту мефаҳмонад, амаки содда.Ва бригадирҳо ба Ғуломҳо фаҳмонданд дар тамоми қаламрави кишвар, ки барои гирифтани замин гов ё ҷавонаи сесол ё фалону анд миқдор маблағ меоред. Меоред ба хонаи раиси колхозҳову совхозҳо месупоред, фардояш соҳиби замин мешавед. Дар ин роҳ, ягон саду монеаи дигар вуҷуд надорад. Ва дорандаҳо соҳиби заминҳои иҷора гардиданду Ғуломҳо овораю сарсон шикоят ба боло бурданд. Ҳукумати ноҳия напурсид онҳоро ба болотар арз бурданд.- Ин чӣ гап? - бо қаҳр қариб, ки дод зад Ғулом дар як вазорат. - Президент гуфт, ҳукумат гуфт, ки заминҳо бе пулу молу чорво тақсим карда дода мешаванд ва аввал ба бечораву нодорҳо. Ҳосил чӣ шуд? Ку адолату инсоф?- Адолату инсоф ҳаст, - дилпур карданд Ғуломро. - Шумо равед, мо комиссия ташкил карда, ин бесарусомониро дар колхозатон месанҷем. Равед!Ғуломҳо омаданду "банда ба умед, шайтон ноумед" гуфта, интизори комиссия нишастанд дар хонаҳояшон. Вале шаш моҳ тирвор гузашта рафту аз комиссия хату хабар нашуд. Ғуломҳо дилсарду навмед гашта, дубора роҳи "боло"-ро пеш гирифтанд. Ҳамон шахсеро, ки ба онҳо ваъда дода буд, дар вазорат шинохтандаш.- Шумо одами ҳукумат шуда, ба мо дурӯғ гуфтед, - рост ба чашмони шахси масъул нигариста маддаи дил кафонд Ғулом. - Моро фиреб кардед. Ҳукумати шумо ҳамин хелӣ ҳукумат аст?- Аз ҳаво гап назанед, амак, - бо зарда хитоб кард мардаки галстук дар гардан, ки зоҳиран ғазабаш дар ботинаш талотум мекард, чунонки мадду ҳазр дар баҳр. - Мо рафтем, санҷидем, ҳамаашро дақиқан дида баромадем. Заминҳо дуруст тақсим шудаанд.- О, мо шуморо бо чашм надидему, - ҳайрон шуд Ғулом ва хандид.- Шарт нест, ки шумо моро бинед, - паст наомад галстукбагардани вазорат. - Мо ба ҳуҷҷату санадҳо кор дорем, на бо Шумо...- Ва ба шумо, амак як маслиҳат, - илоҷи ҳалли муаммо ҷуста, гуфт галстукбагардан. - Биравед ба хонаҳоятон. Ҳафтаи дигар дар тамоми гӯшаву канорҳои мамлакат заминҳои Президентӣ тақсим карда, ба ҳама дода мешаванд. Ба шумо аз ана ҳамин заминҳо мерасад, Худо хоҳад.- Ман бовар надорам, - рӯ тофт Ғулом аз мардаки галстукбагардан. - Мо боз фиреб мехӯрем.- Не, фиреб намехӯред, - таъкид кард галстукбагардан. - Ман ба раисатон занг мезанам. Мегиред ҳамон заминро.- Ба Худо, рост мегӯед? - аз ҳаяҷону соддадилӣ чеҳрааш шукуфтаву арғувонӣ гардида суол дод Ғулом. - Шумо раиси моро нағз мешиносед?- Набошад-чӣ? Як одами чор кас медидагӣ. Дар ҳамон колхозе, ки Раҳмон-Гитлеру Сафар-подабон давлату савлат меронданд, осон буд раисӣ? - бо тафохур иброз дошт галстукбагардан.- Раҳмат, раҳмат, бачем, - изҳори миннатдорӣ пеш овард, Ғулом. - Илоҳо, хока гирӣ, зар гардад!Ва хушнуду шодон баргашт Ғулом бо ёронаш ба деҳ. Ва боз интизор шуд.2. ФАСЛИ ДУВУМ: ЗИКРИ ТАҚСИМИ ЗАМИНҲОИ ПРЕЗИДЕНТӣ СОЛИ 1994Ва ҳафтае баъд неву як моҳ пас оғоз гардид тақсими заминҳои "президентӣ". Ҳамон замонҳое, ки бо қарори Президент 75000 гектар ҷудо карда шуда буд. Инак, тафсили ҳиссу бахши заминҳои президентӣ. Сари субҳи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи аввали моҳи ноябри соли .... раисону муовинонаш, бригадиру ҳисобчӣ ва чанд намояндаи бахши агросаноатии ноҳияи №Н. дар саргаҳи замини обии маъруф ба Ҷавпая ҷамъ омаданд.Тибқи нақшаву қарори қаблӣ ба 125 нафаре, ки боястӣ соҳиби замини президентӣ мегардиданд, аввал варақча тақсим карда дода шуд, ки рақами муайяну мушаххасе дошт. Пас-он аз ҷониби раиси ҷамоат (собиқ колхоз) эълон гардид, ки мувофиқ ба рақами варақчаҳо пай дар пайю батартиб ба мардум замин тақсим карда мешавад.Бригадиру ҳисобчӣ ва ёвари онҳо Рустами "звена" ба кор шурӯъ карданд. Ибтидо маъракаи тақсимоти замини президентӣ дар ҳузури намояндаҳои Ҳукумати ноҳия аз рӯи қонун ва барномаи пешакӣ саҳеҳу дуруст сурат мегирифту роҳандозӣ мешуд. Оҳиста-оҳиста ба 12 нафар замин супурда шуд. Намояндаи ноҳия онҳоро табрик намуд ва якҷоя бо эшон сурат гирифт ва баъд кори зарур доштанашро шафеъ оварда, ба мошини шахсияш нишасту роҳи ноҳияро пеш гирифт.Бо рафтани намояндаи ҳукумати ноҳия раиси ҷамоату муовинонаш низ осемасар савори мошинашон ба куҷое "ғайб" заданд. Бригадир гӯё ки маҳз ҳамин лаҳзаҳоро нигарон буд, ки "худам шоҳу табъам вазир" гӯён қонуни адолатро зери пову ба рӯи мафҳуми "инсоф" туф кард. Дигар аз варақчаҳо кор нагирифт, аввал ба бародарбузургаш, додарҳояш (се нафар) замин ҷудо карда дод, сипас ба додарарӯсҳояш (4 нафар), хешу пайвандони наздики боқимондааш замин дод. Бад-ин сабку шева, тамаллуқкорону хушомадгӯёнаш, ҳамсояҳои наздикаш соҳиби замин шуданд. Кор ранги дигар гирифт. Сирри "тақсими замини президентӣ" ошкор гардид. Мардум кӯр набуданд, медиданд охир, ки чӣ амали шармандавору фоҳише ҷараён гирифта.Давлатбеки муаллим, ки бо лақаби "псих" машҳур аст, ҷанҷолу ғирев ва ҳамҳама бардошт. Рафта аз гиребони бригадир дошт, силтав дода, муште обдор ба даҳонаш фаровард. Хун аз зеҳи дандонҳои бригадир шорида, куртаашро арғувонӣ кард. Хешу пайвандон ва бародарони бригадир ба Давлатбеки муаллим дарафтоданд. Дар як пилк ба ҳам задании чашмон варо зери мушту лагад гирифтанд. Ба даҳонаш хок тиққонданд, ки "маҳ бихӯр, сер шав аз замин, мумсики мурдаи ҷангандоз".Ҷонибдорони Давлатбеки муаллим саф кашиданд. Аён буд, ки ҷанҷол ба як фоҷиаи мудҳише мубаддал хоҳад гардид. Чанд пиру мӯйсафед ба байн даромаданд, насиҳату андарз "хонданд". "Санги вазнинро об набурдааст" - хулоса карданд онҳо. Бригадир одами ҳукумат аст, гапи ӯро гӯш кардан даркор". Ва боз дубора тақсими замин оғоз гардид. Ва боз "хотирхоҳию рӯбинӣ" боло гирифт. "Зӯрҳо" соҳиби замин шуданд, нотавону бечораҳо аз қавле, "ду даст дар почаки бинӣ" монданд.Тақсим карданду тақсим карданд заминро ва ниҳоят, навбат ба Ғуломи подабону Давлатбеки муаллим расид, ки замин тамом шуд. Ғулом варақча дар даст даҳонвоз ба мардум менигарист. Ҳама даводаву такопӯ доштанд. Бригадир бо ду-се лагандбардораш зери шоҳтути бузург нишаста, тарбузи лалмӣ мехӯрданд. Ғулому Давлатбек зани саркорро ном гирифта, дашноми обдоре доданд. Ва... бо шӯру ситеза аз байни заминҳо қадам зада, "мебинем, мебинем", гӯён баромада рафтанд. Чӣ амалеро ба анҷом расонданӣ буданд онҳо, алҳол номаълум буд...Ва Ғуломҳову Давлатбекҳо боз ҳам ба боло арз бурданд. Дарди дил карданд, оҳ аз ҷигар кашиданд.- Ба мо замин надиҳед ҳам, майлаш, - бо таҳаммул сухан пеш оварданд онҳо. - Танҳо қонуни адолату инсофро вайрон накунед, шудааст. Давлате, ки адлу инсофро зери по мекунад, оқибат надорад.Ва боз ба онҳо ваъда доданд. Боз доманашонро "бо чормағзи пуч" пур карданд. Аз он ваъдаҳо 17 сол гузашту рафт. Ғулом пиру нотавон ва бистарӣ гардидаву Давлатбеки муаллим дар як шаҳри дури Русия "миёнараву корёб"-и муҳоҷирон.Чунин буд манзараи тақсими заминҳои Президентӣ дар соли 1995 дар кишвари демокративу дуняыӣ ва ҳуқуқбунёд - Тоҷикистон.3. ФАЛИ СЕЮМ; ИЮНМОҲИ СОЛИ 1995Дар ҳамин ҳол, тобистони бағоят гарму оташнафас, июнмоҳи соли 1995 Ҳукумати ҷумҳурӣ қароре бароварду онро якдилонаву сидқан парлумони кишвар қонунан ба тасвиб расонд, ки ба шахсони воқеан ҳам деҳқону аз нозукиҳову сирри замин бохабар қитъаҳои бузург ҳамчун заминҳои соҳибкорӣ (фермерӣ) тақсим карда дода шавад. Дар заминаи колхозу совхозҳо ҳамакнун хоҷагиҳои ҷадиди фермерӣ созмон дода шавад.Ин гапи нав буд, назирашро дар Тоҷикистон касе ёд надошт. Аммо ташкил кардани хоҷагиҳои соҳибкорӣ амали саҳлу осон набуд! Ва боз шитобу бар ивази калла саллабёрӣ сар шуд. Як печидагиву мураккаббие ба зуҳур омад, ки "саг соҳибашро намеёфт". Мушкил сари он масъала қарор дошт, ки заминҳои холи нокорам дар ҳеҷ ҷой намонда буд. Ҳама қитъаву марзҳои обӣ чун заминҳои иҷора, чуноне ки зикраш дар боло рафт, ба як зумра одамон ҳиссу бахш карда шуда буданд. Валек он замнҳои иҷора дар ҳисоби колхозҳо буданду ҳуҷҷату аснод надоштанд. Ана ин вазъро ба назар гирифта, раисони таҷрибаманд, гургони борондида дарсоат илоҷи корро ёфтанд.Дар масҷидҳои деҳкадаҳо маҷлису ҷамъомадҳо барпо карда, ба райияти аз асли воқеа бехабар иттилоъ доданд, ки ҳар касе, ки имкону шароити хуби иқтисодӣ дорад, метавонад замини фермерироба таври якумрӣ соҳиб гардад. Яъне, чӣ тавр? Субҳ ба сари қитъаи заминҳои мавзеи Ҷавпая ҷамъ оянд, ҳамааш аниқ мегардад.Ва бомдоди пагоҳ мардум шабеҳи айёми мозӣ дубора шитобиданд ба сари заминҳои Ҷавпая, ки соҳиб доштанд. Раису муовинонаш, бригадиру думравонаш аллакай дар таги як тутти пир интизори одамон рост меистоданд. Чун мардум оқибат сафу ҷамъ гардиданд, раис ба теппачае баромада, ба онон муроҷиат кард:- Эй мардум! Чуқур диққат диҳед, ки масъалаи ҳаёту мамоти шумо ин ҷо, ҳоли ҳозир ҳал мешавад. Гап дар сари он, ки ҳозир мо ин заминҳои арендавиро аз соҳибони муваққатиашон кашида мегирему ба онҳое, ки дар дафтари хосаи ҷамоат номнавис гардидаанд, ҳамчун замини фермерӣ бо асноду ҳуҷҷат тақсим карда медиҳем. Касе, ки пулу мол дораду маблағи заминҳои фермериро пардохт карда метавонад, соҳиби замин мегардад. Касоне, ки чунин шароитро надоранд, хафа нашаванд аз мову заминҳои иҷораро монда, баромада бираванд.Ва аз рӯйхат номи онҳое, ки маблағро аллакай пардохт кардаанд ва ҳуқуқи соҳиб шудан ба заминҳои ҳуҷҷатии фермериро пайдо намудаанд, қироат карда шуд. Заминҳои иҷоракорон аз нав ҳисоб карда шуд ва аз дасти онон гирифтаву ба одамони дар рӯйхатбуда тақсим карда дода шуд. Иҷоракорон доду фиғон бардоштанд, шӯру шанг бархезонданд. Инон мегуфтанд, ки дар вақташ мо барои соҳиб шудан ба ин заминҳо гову ғуноҷин ва ҷувонаҳои сесол дода будем ба раис. Чаро имрӯз ин заминҳо аз дасти мо ба зӯр ситонида мешавад?!Ин беадолатист, балки зулм асту золимист. Раис ба ин амали номардонааш ҷавоб бидиҳад. Ва аммо он раиси қаблӣ кайҳо аз кор озод шудаву як шахси қоқинаи аз қавле пӯсту устухонӣ, ки чеҳрааш дар офтоб сӯхтаву чун ангишт сиёҳи сиёҳ гардида буд, ӯро иваз кардааст. Бас донову ҳуққабоз ва мавридшинос ҳисоб меёфт вай.- Равед, - амр кард вай. - Ба хонаи раиси пешин ва гову молатонро аз вай талаб кунед. Гуноҳи ман чӣ? Дар вақташ гову ғуноҷин ва ҷувонаҳотона бароварда, бо ду дасти адаб ба раиси ҳамдеҳаатон тӯҳфа кардед, акнун сазои саратон.- Мо аз куҷо медонистем, ки моро ин тавр фиреб карда, ба "таги об мемонанд", - барошуфт норозиёна Аҳмади Ақл, ки бо соҳибтадбирии худ ном бароварда буд дар деҳ. - Ҳамон вақт ҳам роҳбарон мегуфтанд, ки фармон аз болост, аз Ҳукумат аст. Чаро дурӯғ мегӯянд? Чаро ҳамеша пулу мол ҷамъ мекунанд? Магар ҳамин давлатдорӣ шуд?- Рост, рост, - суханони Аҳмади Ақлро тасдиқ ва ҷонибдорӣ карданд чанд тан иҷоракори сӯхтадилу ҷигаркабоб. - Мо бачаи ҷайраем? Фаҳмида монед, ки ин корро ҳамин тавр намемонем. Ба боло арз мебарем, ба худи Президент! Ана ҳамин тавр!- Мо аз рӯи қонун амал карда истодаем, - далел пеш овард раиси "қоқ". Қонун бо мост!- Ин чӣ хел қонун будааст, ки ҳамеша бо ситонидани чорво ва пули ҳангуфт амалӣ мешудааст? - луқма партофт Аҳмади Ақл. - Нафаҳмидем...Ва каллаҳо гиҷу гаранг бо мушкиливу сангиниҳое замини Ҷавпая ба соҳибкорон супурда шуд, аммо... Кинаҳо дар дилҳо амиқан лона монда будааст, ки қарибиҳои намози аср байни собиқ заминдорони иҷоракор ва соҳибони ҷадиди ин заминҳо ҷангу уштулум ба миён омад. Раҳими милиса бо писаронаш чанд соҳибзамини навро латукӯб намуданд, сари онҳоро зада кафонданд. Хун рехт... Ҳарчанд касе ҷон ба ҷаббор насупурд.Ва бад-ин наҳву шева, бар асари кинаҳову қасдҳо аз рӯи ҳамин заминҳо, дар деҳ ду гурӯҳи ҷангандаи ба ҳам зид пайдо гардид. Пинҳониву ошкоро ҷангу низоъ идома меёфт. То он даме, ки дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ шӯъбаи дуюми ноҳиявии милисаро таъсис надоданд, ин ҷанҷолҳо хотима наёфт. Баъд... гунаҳкорону муҷримон ба шӯъбаи нави милиса даъват ва пурсида шуданд. Ҷарима бо пули калон ситонида шуд аз собиқ заминдорон ва онҳо "болои сӯхта намакоб" бе пулу бенаво гашта, сархам ҷое лаб ба шикоят накашиданд. Хомӯш гаштанд. Хомӯши хомӯш... сарро чун сангпушт ба гиребон кашида...4. ФАСЛИ ЧАҲОРУМ: ХАБАРИ ҒУЛОМ Ё КОРГАРИ КИРОЯ ШУДАНИ БЕЗАМИНҲО БА ЗАМИНДОРОНВа бад-ин тариқ, дар Тоҷикистон, ки аз қавли як рӯзноманигори ҳукуматӣ муносибатҳои нави капиталистӣ ба зуҳур омада буд, ду табақаи одамон пайдо гардид: заминдорон ва безаминҳо. Безаминҳо аз ин сӯ мондаву аз дигар сӯ ронда шуда, фикр карданду фикр карданд, сесаду шасту шаш роҳу усулро чӯту рақам заданд, илоҷи корро наёфтанд, дар инҳироф монданду ба бунбаст мувоҷеҳ. Пас-он ночору ноилоҷ боз ҳам бо сари хам, кебидаву шармида назди заминдорони фермер омаданд ва арзи ҳол карданд.- Моро ба сифати аъзои хоҷагии фермериятон ба кор қабул намоед. Мо аз субҳ то шом дар хидмати шумо.Ва фермерҳо, қабат-қабат гӯшт гирифта, қаноатманду хушҳол ононро ба дафтари хоҷагии худ номнавис кардан два ба пайдо омад синфи нав дар деҳот: коргари кироя ё ғуломи асри XХI дар Тоҷикистон. Ва ин бардагӣ тӯли 17 сол мешавад, ки дар кишвар идома дорад ва сарварони ҳукумат ҳамаи ин амалҳоро ислоҳоти замин ва эҳёи муносибатҳои ҷадиди иқтисодӣ номгузорӣ намудаанд. Вале бечора коргари заминҳои фермерӣ натавонисту наметавонад, ки муддати 17 сол як хона бисозад ё фарзандашро хонадор кунад. Дар нӯги забонаш танҳо як ҷумла чарх мезанад:- Шукр ба ҳамааш, шукр. Бояд шукрона кард. Худо аз ин бад накунад...5. ФАСЛИ ПАНҶУМ: АНДАР БОБИ ДАРДУ АЛАМҲОИ ФЕРМЕРҲОИ ТОҶИКВа ба ин ҳама нигоҳ накарда, соҳибкорон ё фермерҳои соҳибзамин аз ҷабру зулми андозситонҳои Ҳукуматӣ ба дод омадаву боди сард аз ҷигар мекашанд. Аз замину заминдорӣ дилсарду навмед гардидаву кам-кам дар фикри он афтидаанд, ки заминҳои дар ихтиёрашонбударо бисупоранд ба ҳамин Ҳукумат ва роҳ бигиранд ҷониби Русия. Ҷонашон ба лаб расидаву пардохти маблағҳои андоз ва хароҷоти замин дилашонро хунчакон карда.Дар рӯи олам ҳамин гуна кишваре вуҷуд дошта бошад, ки бечора заминдорро ба ҳоли худаш, рӯ ба раҳми Худо монда, ба вай ягон хел кӯмак накунаду доиман пули андоз талаб кунанд? Техникаро худат ёб, доруву нуриро бо нархи гарон худат бихар аз бозорҳо, дар ҷустуҷӯи об чоруқатро ғалберу асоятро сӯзан кун... Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)