Бахшҳо

"Блокировка"

Ё худ сайтбандии - 2 дар Тоҷикистон

Сомонабандӣ дар Тоҷикистон як падидаи маъмул шудааст. Ҳар вақт хостанд, дастрасӣ ба сомонаеро масдуд мекунанд. Дар як соли ахир чандин сомона меҳмони рӯйхати "сиёҳ"-у "сафед" шуд. Дар ҳар маврид ниҳоди масъул айбро ба гардани сабабҳои техникӣ мепартофт. Ҳамин як ҳафтаи ахир ҳам, ки
паё-пай чанд торнамо мушкил дошт, гунаҳкори асосӣ иллатҳои фанниро гуфтанд.

30-уми июл бархе расонаҳо навиштанд, ки тибқи як амри шифоҳии Хадамоти алоқа фароҳамкунандаҳои интернет муваззаф шудаанд, ки дастрасӣ ба чанд сомонаро маҳдуд созанд. Дар миёни сомонаҳое, ки ном бурда шуд, хабаргузории "Озодагон"-ро ҳам дидан мумкин буд. Чун сайтҳои дигари дар хабарҳо овардашуда, аз қабили "Би-Би-Си" ва "Вести.ру" боз нашуданд, фикр кардем, шояд ба зудӣ дастрасӣ ба "Озодагон" ҳам масдуд шавад, аммо хушбахтона чунин нашуд. Дақиқтар онҳое, ки "Озодагон"-ро бо домени tj боз мекарданд, имкони вуруд ба онро надоштанд, аммо дар ҳавзаи com ҳамчунон фаъол будем. Бо ин ҳол, бархе муштариён мегуфтанд, ки дар боз кардани хабаргузорӣ мушкил доранд. Аз ин нуқтаи назар хулоса шуд, ки бархе ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет шояд ба амри шифоҳӣ итоат кардаву рӯи саҳфа "крест" гузоштаанд. Пас аз соати 18:00 то субҳи рӯзи 31-уми июл қариб ҳамаи истифодарбарандагон натавонистаанд, "Озодагон"-ро боз кунанд. Аммо ин ҷо танҳо атрофи "Озодагон" сӯҳбат нахоҳем кард, балки дар умум аз сомонабандиҳо мегӯем. Ба назар мерасад, мақомот лаҷоми фароҳамкунандаҳои интернетро сахт қабза карда ва дар лаҳзаҳои зарурӣ онро таранг мекашад ва дигар ин ширкатҳо низ ба ҷуз итоат наметавонанд коре анҷом бидиҳанд.

Дар як ҳафтае, ки гузашт аз ин лаҷом дар нисбати чанд сомона истифода шуд. Вақте ҳаводиси Хоруғ оғоз шуд, "Азия Плюс" дастнорас гардид. Аммо ин масдудшавӣ бидуни вокуниш намонд. Дуня Миятович, масъули вижаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён зимни баёнияи расмие аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, маҳдудияти дастрасӣ ба торнамои мазкурро аз байн бардорад. ӯ масдуд шудани сомонаи мазкурро "як таҳаввулоти таассуфангез" хонд. Баъди се рӯз боз кардани "Азия Плюс" имконпазир шуд, вале Би-Би-Си ба мушкил печид. "Озодӣ" аз нақли як манбааш аз Хадамоти алоқа, ки номашро ифшо накардааст, хабар дод, ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки торнамои Би-Би-Си ва "Озодагон"-ро банданд. Чунин як хабар дар сомонаи "Азия Плюс" ҳам нашр шуд. Дар қаламрави Тоҷикистон на танҳо бахши тоҷикӣ, балки бахшҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбакии Би-Би-Си низ боз намешуд. Дар хабарҳо ҳамчунин аз ду сомонаи русӣ-"Вести.ру" ва "Лента.ру" низ ном бурда мешуд. Аз субҳи 31-уми июл Би-Би-Си-ро мешавад боз кард, аммо ду сомонаи русӣ ҳамоно масдуданд.

Сомонаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аз интернетбандиҳо бенасиб намонд. Тибқи иттилои масъулини ин ҳизб аз шоми 30-юми июл то субҳи 31-уми июл "Наҳзат.tj"-ро боз кардан имкон надошт. Гуфта мешавад, ҳоло низ ин торнамо дар бархе "провайдерҳо" кушода намешавад. Гузашта аз ин дар чанд рӯзи охир талошҳо барои боз кардани шабакаи "Ютюб" ва "Вести-Памир" бенатиҷа анҷом меёбад. Ҳамчунин, ба асоси хабарҳои мухталиф шабакаи иҷтимоии "Твиттер" ҳам дар "рӯйхати сиёҳ" мақом гирифтаанд.

Коршиносон мегӯянд, дар бештари ҳолатҳо супоришдиҳандаҳо барои худро "мусичаи бегуноҳ" нишон додан, амри бастани сомонаҳоро ба таври шифоҳӣ медиҳанд. Мақомот расман сабабҳои маҳдудияти дастрасӣ ба торнамоҳоро шарҳ надодаанд, вале агар рафту шарҳ доданӣ ҳам шаванд, посухашон аз қабл маълум аст. Ҳатман дастнорас будани сомонаҳоро ба сабабҳои техникӣ рабт медиҳанд. Бег Зуҳуров, алоқачии №1 он гуна бо боварӣ ҳарф зада исбот мекунад, ки ба ҷуз мушкили фаннӣ чизи дигаре нест, ки аз додани саволи иловагӣ худдорӣ меварзед. Мисоли рӯшан ҷавоби ӯ ба суоли хабарнигорон дар мавриди сабабҳои қатъи иртиботи фазоӣ дар давоми ҷараёни амалиёти низомии Хоруғ буд. Ҷаноби Зуҳуров гуфт, ки ба хати асосии нурӣ тир расида ва дар натиҷа боиси қатъи ҳамаи намуди алоқа дар Бадахшон шудааст.

Акнун баргардем боз сари маҳдудсозии сомонаҳо, ки дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест.
Моҳи март вақте "Звезда.ру", торнамои русӣ зери унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" ном мақолаеро ба табъ расонд, дастрасӣ ба он маҳдуд шуд. Ба дунбол сомонаи "Tjknews.com" низ масдуд ва то имрӯз боз карданаш имкон надорад. Ҳамчунин, чанд муддат вуруд ба шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" низ номумкин шуд. Ба таври мустақим боз кардани сомонаҳои "Фергана.ру" ва "Сентразия.ру" ҳам имконнопазир аст.

Аммо пурвокуништарин ҳолати масдудшавии торнамоҳо дар ду соли пеш буд. Моҳи октябри соли 2010, ки дар водии Рашт амалиёти нерӯҳои қудратии кишвар алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ идома дошт, дастрасӣ ба сомонаҳои "Тоҷнюс.tj" ва "Авесто.tj" маҳдуд шуд. Масъулин сабаби ин иттифоқро дар мушкили фаннӣ арзёбӣ карданд, дақиқтар гуфта шуд, ки ноқили интернет гусастааст. Дар робита кормандони хабаргузории "Тоҷнюс.tj" ноқили 10-метраеро ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия бурданд.
Созмонҳои дохиливу хориҷӣ бо пахши изҳоротҳо аз мақомот талаб мекарданд, ки дастрасӣ ба сомонаҳои интернетиро барқарор созад.

Қабл аз он ки матлабро дар ихтиёри муҳаррир гузорам, як бори дигар сомонаҳоро аз назар гузарондам, "Азия Плюс", Би-Би-Си, "Озодагон", "Наҳзат.tj" боз мешаванд, Ютюб, "Вести.ру" ва "Лента.ру" ҳамоно дастнорасанд.
Дақиқ гуфтан мушкил аст, ки ин торномаҳо кай қобили хондан мешаванд, ҳамон гуна, ки касе намедонад, ин навбат "сабабҳои техникӣ" боз кадом сомонаро дастнорас мекунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)