Бахшҳо
10 авг 2012 04:59Иқтисодӣ

Раҳимзода норозист, Наҷмиддинов исрор мекунад

Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода аз 15 дар сад ихтисор шудани кормандони ниҳодаш изҳори нигаронӣ мекунад. Ба қавли ӯ, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо 170 кас ифои вазифа мекунанд, ки ихтисори 15 дар сади онҳо 25 нафар хоҳад буд, аммо аз кор рафтани ин қадар мутахассис иҷрои корҳоро сангинтар месозад.


Ё "Ба ҷои сала калла"

Зиёд кардани музди меҳнат ва нафақа асосан аз ҳисоби ихтисори то 15%-и кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва аз байн бурдани раёсату шӯъбаҳои такрории вазорату идораҳо ба роҳ монда хоҳад шуд. Раисҷумҳур бо таъкиди ин нукта ҳамчунин гуфт, ки бо мақсади такмили сохтор ва кам кардани хароҷоти идоракунии давлатӣ ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати то 15% фоиз ихтисор кардани кормандони мақомоти идораи давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, сохтору ҷадвали воҳидҳои кори ҳар як вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо дар назардошти пешгирӣ кардани такроршавии вазифаҳои хизматӣ то моҳи июли соли ҷорӣ ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ кунанд.
Ба қавли раисҷумҳур ҳоло дар баъзе вазоратҳо ва дастгоҳҳои мақомоти ҳукумати вилояту шаҳрҳои калон шумораи кормандони хизматӣ он қадар зиёд аст, ки на вазир корманди худашро мешиносад, на сохтори дурусти худашро сарфаҳм меравад, на мулоқоту вохӯрӣ мегузаронад ва на ҳисоботи сардори раёсату мудири шӯъбаро мешунавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба такроршавии вазифаҳо дар Вазорати иқтисоду Вазорати молия ва Кумитаи сармоягузорӣ гуфт, ки дар баъзе вазоратҳо сохторҳое ҳастанд, ки вазифаҳои якдигарро такрор мекунанд. Вай аз ҷумла афзуд: "Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар Кумитаи сармоягузорӣ, дар Вазорати молия ва дигар сохторҳо чунин ҳолат ба назар мерасад. Бояд такроршавии вазифаҳои хизматӣ аз байн бурда шавад. Маблағҳои аз ин ҳисоб сарфашаванда бояд барои таъминоти иҷтимоиву ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддиву техникии сохтору мақомоти зикршуда равона шаванд".
Ҳамчунин, президент ваъда дода буд, ки агар соҳибкорон ва андозсупорандагон содиқона фаъолият кунанд ва ба пинҳонкорӣ роҳ надиҳанд, ихтисори то 50 дар сади кормандони Кумитаи андозро метавонад ба миён гузорад.

Ихтисори кормандон ба манфиати  нафақахӯрон?

Ёдовар мешавем, ки аз якуми сентябри соли равон музди меҳнати омӯзгорони мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хонаинтернатҳо барои пиронсолону маъюбон 60 дар сад, соҳаи фарҳанг 50%, соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои бахши маориф 40%, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд 30 фоиз зиёд карда шавад. Ин ҳама аз ҳисоби аз байн бурдани раёсату шӯъбаҳои такрории вазорату идораҳо ва кормандони онҳо то 15 дар сад амалӣ хоҳад шуд. Ин нуктаро раисиҷумҳур дар паёми солонааш ба Парламент иброз дошт ва афзуд, ки бо дар назардошти рушди иқтисоди мамлакат ва зиёдшавии имкониятҳои молӣ марҳилаи дуввуми зиёдшавии музди меҳнат амалӣ мегардад ва инчунин музди меҳнати ҳадди ақал дувуним баробар зиёд карда шуда, андозаи он аз 80 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар мегардад. Ба ғайр аз ин ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа ба андозаи 30% зиёд карда шуда, нафақаҳои меҳнатии дар асоси собиқаи кории пурра таъингардида, ки аз 150 сомонӣ кам мебошанд, ба 150 сомонӣ баробар карда мешаванд.

Раисиҷумҳур гуфт, ки дар соли 2011 ҳукумат дар назди худ вазифа гузошта буд то давоми се соли наздик музди меҳнати кормандони иҷтимоиро ду баробар зиёд намояд. Соли гузашта дар доираи татбиқи ин ҳадаф музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи маориф ва илмӣ-соҳавӣ 30 %, илмҳои академӣ аз 100% то 3,3 баробар, фарҳангу варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиву тандурустӣ 40% ва ҳамаи намуди стипендияҳо 40% зиёд карда шуд. Барои идомаи ин кор ба ҳукумати малакат, Вазорати молия, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки доир ба татбиқи чорабинии мазкур, яъне минбаъд зиёд намудани музди меҳнат ва нафақа таҳлилҳои асоснок гузаронида, якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ва роҳбарони сохтору муассисаҳои буҷетӣ дар хусуси таъмини маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ чораҳои мушаххас андешанд ва дар буҷети давлатӣ барои соли 2013 маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд.

Шабдолов: Вазоратҳоро бояд кам кард

Бештари коршиносон аз байн бурдани ниҳодҳои такрорӣ ва кам кардани шумораи кормандони сохторҳои давлатиро ҷонибдорӣ мекунанд ва ҳамзамон бархе бар ин назаранд, ки 15-20 дар сад кам кардан ҳанӯз нокифоя аст ва бояд бештар ихтисор шаванд. Раиси Ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов чунин ихтисорҳоро тахминӣ меҳисобад ва бо баёни ин ки наметавон масъаларо бо ин роҳ ҳал кард, изҳор медорад, ки бояд теъдоди вазоратҳоро ҳатман бояд кам кард. То ин кор анҷом напазирад, бо 5-10 ва 15 фоиз ихтисор кардан ягон натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.
Ба андешаи ӯ замони шӯравӣ ба ғайр аз телефон ва факс дигар дастгоҳи иттилоотӣ набуд, имрӯз интернету технологияҳои иттилоотиву назоратӣ ниҳоят зиёд аст ва кори чанд нафарро як компютер метавонад анҷом диҳад. Аммо вай ба сифати кор таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, мегӯяд, ки бояд кормандони "қаторӣ" ихтисор шаванд ва мутахассисони варзидаву ботаҷриба ба кор ҷалб гарданд.

Дар ҳамин ҳол вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода мегӯяд, ки сарвари давлат дар паёми солонааш ба Парламент аз хусуси то 15 дар сад ихтисор кардани кормандон то моҳи сентябр сухан карда буд ва онҳо барои иҷрои ин супориш 12 корманди худро ба ихтисор пешниҳод карданд. Вале салоҳияти ихтисори кормандон ба дӯши Вазорати молия вогузор шудааст ва масъулони ин ниҳод ба чунин пешниҳоди масъулини Вазорати иқтисод ҷавоби рад дода, исрор кардаанд, ки бояд 25 нафар ихтисор шаванд.
Ташвиши Шариф Раҳимзода аз он аст, ки ба Вазорати иқтисод дар 5 моҳи вазирии ӯ 6504 ҳуҷҷат ворид шудааст ва аз ин теъдод 2900 ҳуҷҷат аз вазорат баромадааст. Аз рӯи ин нишондиҳанда дар як рӯз 53 ҳуҷҷат ворид мешавад, 22 ҳуҷҷат мебарояд. Ҳуҷҷатҳо заҳматталабанд ва болои онҳо зиёд кор кардан лозим меояд. Баъзеи онро дар мӯҳлати 15 рӯз, баъзеи дигарашро дар муддати як моҳ мутахассисон омӯхта мебароянд ва ҷавоб менависанд. Ба андешаи вазир дар давоми ин қадар соле, ки Вазорати иқтисод фаъолият дошт, сохторҳое зиёди зертобеи онро бурида ҷудо карданд. Тоҷикстандарт, Агентии захираҳои давлатӣ, Агентии давлатии хариди мол, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Агентии амволи махсус ва ғайраро аз Вазорати иқтисод ҷудо карданд.

"Вазорати молия худро нишон медиҳад"

Раҳимзода бо баёни ин ки ҳарчанд масъулият ва кор зиёд аст, аммо худи Вазорат хеле хурд шуда мондааст, афзуд: "Дастгоҳи сарвари давлат бояд ин корро анҷом медод, вале ба салоҳияти Вазорати молия вогузор шудааст. Мо навиштем, ки сарвари давлат то 15% ихтисорро дар назар доранд ва мо 12 нафар кам кунем, рад карданд. Мо боз пешниҳод кардем, ки аз 16 нафар зиёдро кам карда наметавонем, зеро кор зиёд аст. Боз талаб карданд, ки 25 нафар кам карда шавад. Ҳоло қарор шуд, ки 25 нафарро кам кунем ва мо бояд ин қадар одамро аз кор ҷавоб диҳем. Ман фикр мекунам, ки ин кори хуб нест. Имрӯз кор зиёд шуда истодааст ва дар як рӯз се ҳуҷҷате, ки танҳо имзо кардан не, балки болояш кор кардан лозим аст, кори саҳлу сода нест. Аммо Вазорати молия ҳаракат мекунад, ки худро нишон диҳад".

Бо ин вуҷуд вазир мегӯяд, ки муҳим сифатнокии кор аст ва бо он кормандони боқимонда аз ӯҳдаи ин корҳо мебароянд. Вай изҳор дошт, ки бо ин теъдоди ками мутахассисон низ ҳаракат мекунад, ки ин вазорат дар ҳақиқат татбиқкунандаи сиёсати иқтисодии давлат бошад. Ба бовари ӯ ҳама сиёсатҳои дигаре, ки ба иқтисод дахл доранд, таҳти сиёсати умумии иқтисодиянд. Аз ҷумла, сиёсати қарзӣ, молӣ, аудит, ҳисобдорӣ, коғазҳои қиматнок ва умуман ҳамаи сиёсатҳое, ки ба иқтисод рабт доранд, таҳти сиёсати иқтисодӣ қарор доранд ва сиёсати иқтисодиро онҳо бояд дар ин вазорат омода кунанд ва талош варзанд то сиёсатҳои сатҳи поён ба манфиати умумии сиёсати иқтисодӣ бошад.

Вале вазири иқтисод дар ҳоле аз сифатнокии кор ҳарф мезанад, ки теъдоди мутахассисони ин вазорат коҳиш меёбад ва ҳоло барои дар як рӯз се ҳуҷҷатро омӯхта баромадан норасоии 25 мутахассис эҳсос мешавад. Раисҷумҳур ихтисори то 15 %-и кормандонро дар асоси таҳлилу баррасӣ ва дар ҳолати такрор будани вазифаҳо талаб кардааст ва ин чунин маъное надорад, ки ҳар як вазорат муваззаф аст 15 дар сади кормандонашро аз кор пеш кунад. Агар чанде вазифаи ин кормандон такрорӣ набошад ва алтернативае надошта бошанд. Ин амал масали "ба ҷои сала калла"-ро ба ёд меорад.
Вале аз ҷониби дигар ҳуҷчатҳои грантиву қарзие, ки Вазорати молия пешниҳод мекунад, дар ҳисоботи Вазорати иқтисод ва Кумитаи сармоягузорӣ низ меояд ва аз ин нуктаи назар воқеан корҳо дар вазоратхонаҳо такрор мешаванд. Аз ин рӯ, ихтисори ниҳодҳои ва вазифаҳои такрорӣ саривақтист. Вале муҳим ин аст, ки ин раванд то куҷо дурусту шаффоф амалӣ мегардад.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)