Бахшҳо
10 авг 2012 05:54Иқтисодӣ

Андозҳо каму фоизҳо зиёд мешаванд.

Лоиҳаи Кодекси андоз охири моҳи июни соли ҷорӣ барои баррасӣ ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Интизор меравад, ин санад аз моҳи январи соли 2013 ба ҳукми қонун даромада, мавриди амал қарор гирад.

Аз назария то амалия

Ба иттилои Вазорати молия дар рафти муҳокимаи лоиҳаи Кодекси андоз зиёда аз 2400 таклифу дархостҳо пешниҳод шудааст. Муовини авали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар таҳрири нави лоиҳаи Кодекси андоз қисми зиёди пешниҳодҳо ба инобат гирифта шуд. Бо назардошти ҳамаи ин дархостҳо лоиҳа дар таҳрири нав таҳия гашта, шумораи андозҳо аз 21 то 10 намуд кам карда шуд. Аз ҷумла ба ҳукумат пешниҳод шудааст, ки андозҳои умумиҷумҳуриявӣ аз 17 то 8 намуд ва андозҳои маҳаллӣ аз 4 то 2 намуд кам карда шавад. Вай дар робита ба ин мавзӯъ аз ҷумла афзуд: "Баъди супориши президенти кишвар дар ҷаласаи машваратӣ аз 8 майи соли 2012 ва вохӯриҳои алоҳида оид ба лоиҳаи Кодекси андоз гурӯҳи корӣ бори дигар ҳамаи пешниҳоду дархостҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба матни лоиҳа иловатан зиёда аз 1000 тағйироти такмиливу таҳрирӣ ворид кард. Ҳамчунин15 қисмҳои моддаҳои лоиҳа боз ҳам сода ва оммафаҳм гардонида шуд".

Ислоҳот дар бахши андозбандиро аксари коршиносон як амри муҳим ва зарурӣ меҳисобанд ва ахиран раисҷумҳур ҳам дар ин маврид ибрози назар намуда, баён кард, ки мақсад аз ислоҳот зиёд кардани андоз не, балки андозсупорандагон аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки мақсади ислоҳот барои бештари мансабдорони мо ҳанӯз ҳам нофаҳмо аст. Зеро дар як вақт мехоҳанд ислоҳот гузаронанд ва низ мехоҳанд буҷетро ғанитар гардонанд. Ба андешаи роҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон Константин Бондаренко дар сурате шумораи андозсупорандагон меафзояд, ки теъдоди андозҳо ва фоизи онҳо воқеан пайин бурда шаванд. Дар ин сурат аз оғози кор ба буҷет маблағи камтар ворид мегардад, лекин дар оянда аз ҳисоби сабукиву имтиёзҳои андозӣ имкон дорад, ки шумораи соҳибкорон ба маротиб афзояд. Барои чунин ислоҳот албатта фурсат лозим аст то шароити пешбурди тиҷорат фароҳам шавад ва соҳибкорон барои фаъолият ҳавасманд гарданд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан корхонаҳои хусусиву соҳибкорон бо даромади солонаи 800 ҳазор сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда (18 %) месупориданд, аммо баъди як тағйирот дар Кодекси андоз соли 2010 ин намуди андоз барои соҳибкорон аз 200 ҳазор даромади солона ситонида мешавад. Тағйирот проблемаро зиёдтар кард.  
Вале дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи муовини аввали вазири молия дар таҳрири нави Кодекси андоз баҳри дастгирии соҳибкории хурд якчанд сабукиҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ҳадди ақали даромад барои ба қайдгирӣ ба сифати супорандаи РМА (рақами махсуси андозсупоранда) аз 200 ҳазор то 500 ҳазор сомонӣ бардошта шудааст. Дар ин ҳолат ба қавли ӯ зарари буҷети давлатӣ аз 120 то 150 миллион сомонӣ дар як солро ташкил медиҳад. "Вақте мо ягон андозро кам мекунем, аз байн мебарем ё фоизаша пойин меорем, албатта зарари молӣ ҳам дорад. Зеро ислоҳот паҳлӯҳои мусбиву манфӣ дорад. Дар баробари ин ба сармоягузорон имконият дода шуд, ки фонди оинномавии муқарраргардидаро ба ҷои яку якбора дар муҳлати 12 моҳи тақсимӣ пас аз бақайдгирӣ пурра намоянд. Барои соддатар намудани тартиби ҳисоб ва пардохти андози молу мулки ғайриманқул нишондиҳандаҳои ба хонаҳои бисёрошёна ва баландшифти хона пешбинӣ шуда хориҷ карда шуданд. Он ҷо нишондиҳанда аз масоҳат ва таҳхона аз байн рафт", илова кард ӯ.

Ҳамчунин дар таҳрири нав озодкунии воридоти таҷҳизот барои ҳамаи соҳибкорон пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои соҳибкорони инфиродӣ воридоти таҷҳизоти технологӣ барои эҳтиёҷоти худ ва фурӯши минбаъда илова гаштааст ва мӯҳлати дусола оид ба истифодаи таҷҳизот пурра аз байн бардошта шудааст. Қаблан, вақте соҳибкор таҷҳизот меовард, то ду сол баҳра мебардошт, ҳоло бемӯҳлат аст ва таҷҳизот аз андоз озод аст. Ворид мекунад ва ройгон ба расмият медарорад.
Ҳамчунин, дар моддаи 160-и лоиҳа меъёри 8 фоизи ситонидани андоз аз даромад ба ҷои 100 сомонӣ 140 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев бо мақсади такмили сиёсат ва маъмурикунонии андоз, кам кардани хароҷот ва сарфаи вақти соҳибкорон ва сабук намудани расмиёти андозсупорӣ дар лоиҳа пешбинӣ карда шудааст, ки шумораи эъломияҳо аз рӯи андозҳо ва пардохтҳо ба миқдори 50 % ва ҳисоботи андозӣ 60% кам шаванд. Дар лоиҳа бо мақсади дастгирии соҳибкорони миёна пардохти ҷории ҳар моҳаи андоз аз фоида ба пардохти ҷории семоҳа табдил дода шудааст. Яъне, шумораи пардохтҳо аз 12 адад то 4 адад кам карда шудааст.

Тоҷикистон ҳоло ҳам шонс дорад

Гуфта мешавад, ки аз рӯи пешниҳоди лоиҳа теъдоди андозҳо хеле кам нишон дода шудааст, ки ба рушди тиҷорат мусоидат мекунад. Аммо коршиносон бар ин боваранд, ки ҳарчанд теъдоди онҳо кам нишон дода шудааст, вале дар асл фоизи онҳо баръакс болосту чанд андозро ба ҳам якҷоя ҳисоб кардаанд. Аз ин рӯ эҳтимол агар як намуди андоз аз байн рафтааст, вале фоизи намуди дигараш чанд дар сади дигар боло рафтааст. Агар қаблан ду ҷумлаи кӯтоҳ буд, имрӯз онро як ҷумла кардаанд, аммо ҷумлаи мураккаб аст. Константин Бондаренко бар ин назар аст, ки ҳадс задан мумкин аст, ки фоизи андозҳои асосӣ пойин бурда намешавад, баръакс имкон дорад, ки фоизи баъзеи онҳо боло равад. Аз рӯи тарҳи буҷети давлатӣ дар соли 2012 чунин пешбинӣ кардан мумкин аст. Зеро аз рӯи қонуни буҷети давлатӣ қисми даромади он ҳудуди 10 миллиарду 160 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд аст. Соли 2011 қисми даромади буҷет 8 млрд. 290 млн. сомонӣ буд. Саволе пайдо мешавад, ки сарчашмаи моли ин даромади зиёд чӣ буда метавонад? Ба ақидаи ин коршинос ҳатто агар ҳаҷми кӯмакҳои байналхалқӣ афзояд ва рушди иқтисодӣ, ки 5-6%-ро ташкил медиҳад, ба назар гирифта шавад, ҷамъоварии ин ҳама маблағ бидуни боло бурдани фоизи андоз ғайримумкин аст.

Ҷамолиддин Нуралиев дурустии маълумот оид ба якҷо шудани якчанд намуди андозҳо ё муттаҳид карда шудани онҳоро тасдиқ кард. Аммо ба қавли ӯ ин ба мақсади маъмурикунонии кор аст. Зеро ба бовари ӯ вақте шумораи андоз зиёд бошаду маъмурикунонияш дуруст набошад, хоҳу нохоҳ вақт сарф мешавад, пул сарф мешавад ва ин ҳам ба ҳамон нишондиҳандаи "Пешбурди тиҷорат" таъсир мерасонад. Вале ӯ мегӯяд, ки ҳамаи андозҳо якҷо нашудаанд, ҳаст мисолҳое, ки аз якдигар ҷудо шудаанд ва кам гаштаанд. Вай аз ҷумла гуфт: "Шумораи андозҳо аз 21 то 10 кам шуд. Амали мазкур дар асоси комилан хориҷ намудани андоз аз фурӯши чакана, хориҷ кардани пардохтҳои ҳатмие, ки тибқи муқаррароти Кодекси андоз ба танзим дароварда намешаванд (боҷҳои давлатӣ ва гумрукӣ) ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет сурат гирифтааст. Якҷоя намудани андозҳои ба якдигар наздик дар мисоли андози замин бо андоз аз молу мулки ғайриманқул, андози фурӯш бо андоз аз коркарди молҳо, андозҳои истифодабарандагони қаъри замин бо роялти барои об пешниҳод шудааст".
Масъулин ба ислоҳоти андоз даст мезананд, вале аз пешниҳоди кам кардани теъдоди андозу фоизи андоз худдорӣ мекунанд. Чун ин боис ба кам шудани даромади буҷет мегардад ва масъала ба миён мегузоранд, ки барои пӯшонидани зарари буҷет пешниҳоди алтернативӣ вуҷуд надорад. Вале ба андешаи таҳлилгарон даст ба ислоҳот задан маънои онро надорад, ки дар баробари он даромади буҷет низ кам намешавад. Баръакс натиҷаи ислоҳотро бояд дертар интизор шуд. Замоне, ки шумораи андозсупорандагон меафзояд ва соҳибкории хурду миёна рушд мекунад.

Вале дар ҳамин ҳол Константин Бондаренко ба сифати сарчашмаи алтернативии пур кардани буҷет то замони самара додани ислоҳот хусусисозии фарогири корхонаҳои давлатиро пешниҳод мекунад. Ба бовари ӯ бахшҳое мисли алоқа, хизматрасонии коммуналӣ, корхонаҳои нақлиётӣ ва ғайра бояд комилан хусусӣ шаванд. Вале хусусигардонӣ бояд аз рӯи принсипи асосӣ: фурӯши моликияти давлатӣ дар музоядаи озод ва бо арзиши на чандон баланд амалӣ карда шавад, на ин ки ба хешони наздик ва дӯстон тӯҳфа гардад. Хусусигардонӣ ба бовари вай на танҳо даромади буҷетро зиёд мекунад, балки боз хароҷоти буҷет баҳри нигоҳ доштан ва маблағгузорӣ кардании корхонаҳои давлатии рақобатнопазирро кам мнамояд. Ҳамчунин ӯ чунин мешуморад, ки хароҷоти буҷетро метавон аз ҳисоби даст кашидан аз сармоягузориҳои тамоман бефоида дар корҳое мисли қайди зодрӯзу ҷашну маросимҳо ва бунёди иншооти ҷашнӣ коҳиш дод. Зеро дар буҷети соли 2012 нисбат ба соли қаблӣ хароҷоти чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар ҷашнҳо 11 % афзуда, хароҷот барои нигоҳдории сохторҳои давлатӣ 14 дар сади дигар зиёд шудааст. Ин намоишкорӣ ва харҷи беҳудаест, дар нисбати буҷети андак ва иқтисоди заъифи Тоҷикистон. Агар ҳукумат воқеан хоҳад, ки сатҳи зиндагии шаҳрвандон беҳтар гардад, муҳимтарин дастгирӣ истифодаи ин ҳама маблағҳо барои паст кардани фоизи андозҳо мебошад, на ин ки пули мардумро барои ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ беҳуда харҷ кардан аст.       

Бо ин ки гуфта мешавад, мақомоти дахлдор ба ислоҳоти андоз машғул шудаанд, ҳанӯз тағйироти ҷиддие дар лоиҳа ба назар намерасад. Зеро дар қиёс бо кишварҳои дигаре, ки ислоҳоти андозӣ гузаронидаанд, ислоҳоти андози Тоҷикистон назаррас нест. Масалан, дар Гурҷистон баъди ислоҳоти андозӣ теъдоди андозҳо то 6 намуд кам шуда, фоизи онҳо низ пойин омадааст. Андози умумӣ аз даромад дар Гурҷистон 20 %-ро ташкил дода, бар ивази се намуди андоз дар Тоҷикистон: андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва нафақавӣ амал мекунад. Дар Тоҷикистон ин се намуди андоз 39 %-ро ташкил медиҳад.

Дур намеравем, дар Қирғизистони ҳамсоя ислоҳоти андозӣ гузашт ва теъдоди андозҳо аз 16 ба 8 намуд кам карда шуд. Ҳамчунин фоизи андозҳо ба маротиб паст гардид. Масалан, андоз аз арзиши иловашуда аз 20 ба 12% паст карда шуд. Дар ҳоли ҳозр дар Қирғизистон чунин намуди андозҳо ҷорӣ аст: андоз аз даромад дар ҳаҷми 10% (дар Тоҷикистон аз 15 то 25%), ААИ 12% (дар Тоҷикистон 18%), андози иҷтимоӣ 18% (дар Тоҷикистон 25%). Андозҳое дар мисоли андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ё андози ҳадди ақал аз даромад дар Қирғизистон вуҷуд надорад. Муқоисаи оддии системаи андозбандии ин ду кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки агар вазъи сиёсӣ дар Қирғизистон ба эътидол ояд, эҳтимол соҳибкорони тоҷик дар ояндаи наздик рафта дар ин кишвар сармоягузорӣ мекунанд. Вале ҳанӯз Тоҷикистон шонсе дорад, ки метавонад онро ба манфиати худ истифода кунад.      

Исфандиёр ХАЛИЛӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)