Бахшҳо
16 авг 2012 08:32Иқтисодӣ

Шариф Раҳимзода: Бо ҷорӣ шудани "Равзанаи ягона" гардиши мол меафзояд

Тоҷикистон ба хотири осон кардани тиҷорату савдо лоиҳаи системаи «Равзанаи ягона»  - ро ҷорӣ карда истодааст, ки он бо гранти Иттиҳоди аврупо ва мусоидати ташкилоти молӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) амалӣ мегардад.

Дар роҳандозии ин лоиҳа нақши калидиро Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи барномаҳои ҷорӣ намудани системаи «Равзанаи ягона» - и ба расмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ мебозад. Дар садри ин кумита вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода қарор дорад, ки фаъолияти ниҳодҳои шомили системаи «Равзанаи ягона» - ропеш мебарад ва ба танзим меорад. Дар робита бо фаъолияти ин кумита бо вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода сӯҳбате анҷом додем, ки пешкаши хонанда мегардад.

-Кумитаи ҳамоҳангсоз аз кай фаъолиятро оғоз кардааст ва чӣ нақше дар кори "Равзанаи ягона" дорад?

-Андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини истифодаи амалии муносибатҳои соддагардонидашуда ва мунтазам байни иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва давлат ҳангоми барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз паёми президенти кишвар ба Маҷлиси олӣ аз 25-уми апрели соли 2008 оғоз гардида буд. Дар ин раванд бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 29-уми майи соли 2008, № 276 дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба содда гардонидани тартиби амалиётҳои содиротиву воридотӣ дар ҳайати кормандони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони Асотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон гурӯҳи кории байни идоравӣ таъсис дода шуд. Тибқи маводи пешниҳоднамудаи гурӯҳи корӣ бо қарори ҲҶТ аз 1-уми октябри соли 2008 нақшаи чорабиниҳо оид ба содда гардонидани мамониатҳои маъмурӣ ҳангоми содирот, воридот ва транзити молҳо тасдиқ гардид. Бо мақсади истифодаи амалии муносибатҳои соддагардонидашуда ва аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда бо қарори ҳукумат аз 31 декабри соли 2008 "Консепсияи ташаккули "Равзанаи ягона" оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар ҶТ" қабул карда шуд. Дар иртибот ба иҷрои муқаррароти барномаи мазкур ҳайат ва низомномаи "Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҷорӣ намудани системаи "Равзанаи ягона"-и барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон", ки дар он вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзоёни ҳайати кумита дарҷ гардидааст, бо қарори ҳукумат аз 2-юми октябри соли 2010 муайян ва қабул гардид.

- Кумита асосан кадом корҳоро пеш мебарад ва чӣ корҳо то имрӯз ба сомон расидаву кадом корҳо нотамом мондааст?

- Ин кумита ҷиҳати омодагӣ ба ҷорӣ ва дар амал татбиқ намудани системаи "Равзанаи ягона", ки ба содда гардонидани тартиби савдои байналмиллалӣ, паст намудани хароҷоти муомилот, суръат бахшидан ба ҷараёи барасмиятдарории гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии тақсимоти захираҳо, тақвияти шаффофият ва рушди тиҷорат мусоидат мекунад. Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор баҳри дар мӯҳлатҳои муайяншуда ҷорӣ намудани системаи "Равзанаи ягона" Кумитаи ҳамоҳангсоз таъсис дода шудааст, ки қарори он барои ҳамаи мақомоти ҷалбгардида хусусияти иҷрои ҳатмиро дорад. То ин давра сор ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсоз гузаронида шудааст, ки чунин масъалаҳо баррасӣ шудаанд:
-баррасии натиҷаи иҷрои бандҳои нақшаи кории "Чорабиниҳои ташкилӣ оид ба таъсиси "Равзанаи ягона" дар Тоҷикистон": ахбороти намояндагони Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оиди шартҳои Созишнома байни Комиссияи ИА ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон имзошуда доир ба маблағгузории таъсис ва ҷорӣ намудани системаи "Равзанаи ягона": тавсияҳо доир ба таҳлили қонунгузории ҶТ оиди рушди системаи имзои рақамии электронӣ ва системаи ҳуҷҷатгузории электронӣ: натиҷаи таҳлилҳои пешакии ҷараёни маъмурии вазорату идораҳои дахлдор, ки баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаро ҳангоми барасмиятдарории содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ амалӣ намуда, реҷаи кори корхонаи воҳиди давлатии "Маркази равзанаи ягона" ва вазорату идораҳои дахлдорро то охири сол ва ё се моҳи минбаъда муайян менамояд: ҳисоботи директори КВД "Маркази равзанаи ягона" оид ба вазъи кунунии фаъолияти корхона: тавсифи умумии системаи ахборотии "Равзанаи ягона"-и барасмиятдарории амалиётҳои содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Тоҷикистон: пешниҳодҳо вобаста ба ворид намудани тағйиротҳо ба қонуни ҶТ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҶТ "Дар бораи имзои рақамии электронӣ" ва "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ": пешниҳоди Хадамоти гумрук оиди тақсимоти ҳудудии системаи "Равзанаи ягона" ва нақшаи маблағгузории КВД "Маркази равзанаи ягона": баррасии натиҷаҳо дар таҳлили пешакии рсмиёти маъмурии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва масъалаҳои истифодаи стандартҳои байналмиллалӣ дар соҳаи мубодилаи электронии маълумот ва ҳамчунин муаррифии намояндаи Хадамоти гумрук оиди роҳҳои таъмини ҳамкории системаи ягонаи иттилоотии автоматикунонидашудаи Хадамоти гумрук бо системаи "Равзанаи ягона"-и амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ бо назардошти татбиқи талаботҳои қарори ҳукумат дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назоратӣ дар гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукии Тоҷикистон мутобиқи принсипи "Истгоҳи ягона" мавриди баррасиву муҳокима ва ҳаллу фасл қарор дода шуданд.    

- Кадом ниҳодҳо узви ин кумитаянд ва байни онҳо то куҷо ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад? Дар сурати кам ё зиёд шудани ваколату ӯҳдадориҳои сохторҳо байни онҳо норозигӣ ба вуҷуд намеояд?

- Тибқи қарори ҳукумат аз 2-юми октябри соли 2010 ҳайат ва низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҷорӣ намудани системаи "Равзанаи ягона" вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои  аъзоёни ҳайати кумита дарҷ гардидааст. Ба ин ҳайат вазири рушди иқтисод ва савдо, сардори Хадамоти гумрук, муовинони вазирони адлия, молия, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директории Агентии "Тоҷикстандарт", сардори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба фаъолияти фармасевтӣ, сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, сардори Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ, сардори Хадамоти назорати давлатии байторӣ ва раиси Палатаи саноат ва савдо шомил мебошанд.
Айни замон дар сохтори Хадамоти гумрук мутобиқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3-юми декабри соли 2010 КВД "Маркази равзанаи ягона" фаъолият дорад, ки ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имкон медиҳад, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои стандартиро ба мақомоти ваколатдори дахлдор бо истифодаи шабакаи ягонаи рухсатдиҳанда, бо мақсади иҷрои ҳамаи талаботи танзимкунанда вобаста ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ пешниҳод намоянд.
Дар робита ба кам ва ё зиёд шудани салоҳияти мақомоти дахлдор метавон гуфт, ки таъсири ҷиддӣ надорад, танҳо тартиби пешниҳоди хулосаҳоро ба танзим дароварда, мӯҳлати пешниҳоди онҳоро тавассути шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар вақти камтарин ба сомон мерасонад.
-Аз шумораи ҳуҷҷатҳои мавҷуда бояд 50-фоизи он коҳиш ёбад. Ин кор то куҷо амалишаванда аст?
-Дар ояндаи наздик дар назар аст шумораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ марбут ба намудҳои молу маҳсулоти содиршавандаву воридшаванда теъдоди мухталифро дар бар мегиранд, то ҳадди имкон кам карда шаванд.

- Роҳандозии системаи "Равзанаи ягона" ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

- "Равзанаи ягона" табодули ахбори саривақтиро байни ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои бақайдгирии амалиётҳои содиротӣ, воридотӣ ва ҳамлу нақл дар ҳамаи шаклҳои электронӣ ва хаттӣ таъмин намуда, баҳри расидан ба натиҷаҳои назаррас мусоидат мекунад. Аз ҷумла, якҷоя намудани ҷараёни назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, "Тоҷикстандарт", санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, нақлиёт, кам гардидан ва суръатбахшии мӯҳлати назорати мол ва воситаҳои нақлиёт, афзудани интиқоли молҳои аз ҳудуди Тоҷикистон таҳвилшаванда, зиёд шудани гардиши мол аз давлатҳои ҳамҷавор ва бештар гаштани қобилияти интиқолдиҳӣ, вусъат ёфтани самаранокии назорат аз рӯи интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт, баланд гардидани сифати хизматрасониҳо ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ, марказонидани назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ, паст гардидани омилҳои коррупсионӣ, шаффофияти тартиби баамалбарории назорат аз ҷониби мақомоти давлатӣ, баланд гардидани имиҷи Тоҷикистон, муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо давлатҳои ҳамҷавор, ки ба рушди минбаъдаи иқтисод шароит фароҳам меорад.

- Барои роҳандозии "Равзанаи ягона" Иттиҳоди Аврупо грант ҷудо кардааст. Пас аз роҳандозӣ шудани ин система хароҷоти таҷдиду азнавкуниро кӣ ба ӯҳда мегирад?

- Маблағгузории чорабиниҳо ҷиҳати таъсис ва ҷорӣ намудани системаи "Равзанаи ягона" дар се марҳила аз соли 2008 то соли 2012 дар ҳаҷми 2 миллион доллари ИМА аз ҷониби ташкилоти олмонӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) анҷом дода шуда, хароҷоти хизматрасонии минбаъдаи "Равзанаи ягона" ва хароҷот барои нигоҳдории шумораи воҳидҳои кори иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои хироҷи гумрукӣ ва маблағҳои махсуси Хадамоти гумрук, ки ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молия ворид мегарданд, амалӣ карда мешаванд. Барои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ хизматрасонии КВД "Маркази равзанаи ягона" бепардохти маблағ (ройгон) пешниҳод карда мешавад. Идоракунии системаи "Равзанаи ягона" аз ҷониби КВД "Маркази равзанаи ягона" анҷом дода шуда, имкон медиҳад, ки фаъолияти марказ дар асоси принсипҳои умумии истеҳсолӣ амалӣ гардида, ҳамгироии минбаъдаи низоми "Равзанаи ягона"-ро бо Системаи ягонаи иттилоотии автоматикунонидашудаи сохторҳои Хадамоти гумрук таъмин намояд.
Бо Комиссияи Аврупо ҷиҳати маблағгузории барнома оид ба татбиқи "Равзанаи ягона" ҷиҳати бастани қарордод мувофиқа ба даст омадааст. Аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии техники лоиҳаҳои USAID ва GIZ раванди таҳлили қонунгузории ҷорӣ бо назардошти ҷараёнҳои амалкунандаи баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақомоти ҷалбгардида шурӯъ шуд, вале иҷрои қисмати асосии корҳо ҳоло дар пеш аст. Айни замон аз ҷониби Бонки Рушди Осиё лоиҳаи инвеститсионӣ дар ҳаҷми 10,4 млн. доллари ИМА пешниҳод шудааст, ки татбиқи он дар давоми солҳои 2013-2017 дар назар аст.
Хулоса "Равзанаи ягона" қадами навбатӣ дар роҳи сода кардани расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ, сарфаи вақту маблағҳои соҳибкорон, таъмини шаффофияту аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ муҳайё кардани шароити мусоид барои рушди иқтисод мебошад.

Мусоҳиб Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)