Бахшҳо
04 сен 2012 12:21Гузориш

Намоиши китоб дар Душанбе: гарон ва маҷбурӣ

Имрӯз дар боғи «Рӯдакӣ» бахшида ба рӯзи китоб, ки ҳар сол 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, намоиши китоб баргузор гардид, ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор китоби тозанашр ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоишгоҳи мазкур Фароғат Азизӣ муовини вазири фарҳанги  Тоҷикистон, Маҳмадсаид Пиров мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ва Абдулҳамид Самадов муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ташкилоти ҷамъятии «Истиқбол» ба нашри китобҳо ва маҷалаҳои бачагона ва нашри маҷалаи  «Истиқбол» машғул аст, ки имрӯз ба намоиш зиёда аз 100 намуд китобҳои кӯдакона овардаанд.

Мавҷудаи Соҳибназар корманди маҷаллаи «Истиқбол»  мегӯяд: «ман имрӯз мебинам аз мактабу донишгоҳҳо толибилмонро маҷбур карда ба намоиш овардаанд. Ба сухани ҳар яки онҳо гуш меандозам, мегӯянд, ки «Э инҷо китобҳои кӯдакона асту … барои чӣ моро оварданд?» Онҳо ҳамин хел мегарданду боғро тамошо мекунанду мераванд».
«Ба ҳама маълум аст, ки аз Вазорати маъориф ба мактабҳо супориш медиҳанд, ки ба намоишгоҳ аз рӯи нақша ҳамин қадар мактаб иштирок намоянд. Ин ҳамаш худнамоишдеҳӣ аст. Мо одат кардаем, ҳамаи чорабиниҳоро сатҳӣ мегузаронем, яъне, барои нақша ҳамин рӯз ҳамин чорабинӣ шуд, ҳамин қадар одам иштирок кард, тамом»-афзуд ӯ.

Бахтиёр Зоиров иштирокчии намошгоҳи мазкур аз гарон будани нархи китоб дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард.
Ӯ гуфт: «Чандмаротибамешавад, ки дар намоигоҳи китоб иштирок намуда ба худ китобҳои заруриро харидорӣ менамоям. Дар ин ҷо китобҳои нав ва дорои арзишҳои маънавии зиёдро ёфтан мумкин аст. Аммо бояд гуфт, бо дарназардошти маоше, ки дар Тоҷикистон аст, як китобро ба 30 сомон харидан хеле гарон мебошад».
Дар мавриди ҳавасманд будани ҷавонон ба китоб БахтиёрЗоиров афзуд, ки ҷавонони тоҷик ба китоб камтар аҳамият медиҳанду мақсади ба ин ҷо омадани онҳо танҳо вақтгузаронист.

Шариф Комилзода муовини директори Китобхонаи миллӣ изҳор намуд, ки дар китобхонаи онҳо беш аз 2 ҳазор нусха китоби тозанашр ба намоиш гузошта шудааст. Илова бар ин дар осорхонаи китобхонаи мазкур намоиши 95 дастхати нодири мутаалиқи асрҳои 13 ва 19 низ ба намоиш гузошта шуд, ки ҳадафи асосии намоишгоҳ ин ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷомеъа ба китобхонӣ мебошад.

Нилуфари КАРИМ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)