Бахшҳо

"Қадам ба қадам" аз қадамзанӣ монд?

Аввалҳои моҳи апрели соли равон расонаҳо аз таъсиси созмони "Қадам ба қадам" хабар доданд. Мубтакирони он мегуфтанд, созмон бо ташаббуси 40 ҷавон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ташкил шуда ва мубориза бо маҳалгароӣ ҳадафи аслияш аст. Ба иддаои масъулин онҳо қадам ба қадам бо ин падидаи номатлуб мубориза бурда, барои иттиҳоди кулли ҷавонони кишвар талош мекунанд. Роҳандозии муколама ва муошират миёни минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон нахустин гом дар самти мазкур гуфта мешуд. Бо ин васила масъулин мехостанд, афкори ҷавонон ва ҷомеаро ба ҳам наздик намоянд.
Коршиносон мегӯянд, мубориза бо маҳалгароӣ дар Тоҷикистон кори саҳле нест. Ин мараз ба гиёҳҳои патакреша шабоҳат дорад, ки дар тамоми қишрҳо реша давондааст. Барои теша задан ба ин решаҳо солҳои тӯлонӣ ва иродаи мустаҳкам лозим меояд.
Гузашта аз ин ба қавли соҳибназарон, маҳалгароӣ ба ҳадест, ки ҳатто барои онҳое ки бо он мубориза карданӣ мешаванд, мушкил эҷод мешавад. Воқеан, баъди хабари таъсиси "Қадам ба қадам" яке аз ташаббускорони фаъоли он-Далер Шарипов мавриди ҳамла қарор гирифт. Ҳоло дақиқ нашудааст, ки сабаби аслии лату куби ин журналист чӣ буда, аммо бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки маҳз ба "Қадам ба қадам" рабт дошт. Ёдовар мешавем, Далер Шарипов шоми 7-уми май дар наздикии бинои сафорати Русия, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми Душанбе аз суйи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт.  

Соҳибназарон бар инанд, шояд гурӯҳе намехоҳад, то бо маҳалгароӣ мубориза шавад ва бо ҳамла ба яке аз ташкилкунандагони "Қадам ба қадам" онҳоро "тарс" доданд. Зимнан, баъди лату куби Шарипов созмон ҳамагӣ як маротиба ба таври оммавӣ аз худ дарак дод, замоне ки ҳаводиси Хоруғ сар зад. Баъди шурӯи амалиёти низомӣ дар маркази ВМКБ "Қадам ба қадам" бо пахши изҳороте аз ҳамаи ҷавонони Бадахшон даъват кард, ки таҳаммулпазир бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд. Муассисони созмон гуфтанд, бо ташкили ҷаласае воқеаҳои ахири Бадахшонро баррасӣ карда ва ба хулосае расидаанд, ки  аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ҷавонони бадахшӣ фаҳмонанд, то Бадахшон ҳам як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва амалиёти низомӣ на алайҳи онҳо, балки зидди гурӯҳҳои ҷиноятпеша равона шудааст.
Аммо масъулини "Қадам ба қадам" мегӯянд, онҳо аз "қадамзанӣ" боз наистодаанд. Як аъзои созмон гуфт, ҳоло рӯи барнома ва тарҳҳои муҳим, аз ҷумла "Китф ба китф", "Даст ба даст" ва "Як забон" фаъолият мебаранд. "Ҳеч монеагузорие садди анҷоми нақшаҳои мо, ки барои ояндаи миллат муҳиманд, шуда наметавонад. Мо ҳамеша барои аз миён бурдани маҳалгароӣ талош мекунем ва ба ин муваффақ низ ҳоҳем гашт", -мегӯяд як узви созмон.

Ташкили созмонеро, ки мехоҳад бо маҳалгароӣ мубориза барад, бештари одамон истиқбол мекунанд. Ҳарчанд бархеҳо гуфтанд, ки як созмони иҷтимоӣ қодир нест, бо чунин як падидаи номатлуб дасту панҷа нарм кунад. Меҳрангез Турсунзода, хабарнигори ҷавон мегӯяд, чунин як ташаббус ва он ҳам аз сӯи ҷавонон ба ин маънист, ки насли ҷавон ба ин мавзӯъ бетараф нест ва ин хуб аст: "Аммо фикр намекунам, ки "Қадам ба қадам" ба вазъият таъсири чандоне бирасонад, зеро афкори мардуми Тоҷикистонро дар мавриди маҳалгароӣ бояд аз пайванд тағйир дод. Тамоши қишрҳои ҷомеа пойбанди маҳалгароиянд. Ҳатто дар муассисаҳои олии таълимӣ низ он ба назар мерасад. Ҳар омӯзгор талош мекунад, ҳамшаҳриву ҳаммаҳаллаи худро дастгирӣ намояд, донишҷӯён бошанд, бо ифтихор "и маълими худияй, ай қишлоқмонай" мегӯянд".

Абдулсалом, як сокини Душанбе бошад, бар ин аст, ки маҳалгароиро тоҷикон аз Шӯравӣ мерос гирифтаанд: "Маҳалгароӣ дар асли худ бадӣ надорад, маҳалгароӣ ҳатто дар миёни мутамаддинтарин миллати дунё вуҷуд дорад, вале ба пешрафту дастовардҳои онҳо латмае назадааст. Дар мо қариб, ки маҳалгароӣ вуҷуд надорад, дар мо авлодгароӣ ё хешутаборбозӣ мавҷуд аст. Дӯст доштани маҳал ва эҳтиром гузоштани ҳаммаҳал ҳеч бадие надорад, ин падида ҳатто метавонад ба шаклгирии ҳуввияти миллӣ замина гузорад. Аммо дар мо, аз берун ба хусус дар замони Шӯравӣ маҳалгароии сохтаеро русҳо таҳвил доданд, имрӯз бошад, онро як қишри ҳукмрон бо намунаи бадтарин идома дода истодаанд".

Бо ин ҳол Абдусалом мегӯяд, мубориза бо маҳалгароӣ кори душвор ва сангинест, ки  ҳатто бо ягон барномаи мушаххаси давлатӣ низ хотима додани он ғайриимкон аст.
Ташкилкунандаҳои "Қадам ба қадам" изҳор доштанд, ки созмонашон ҳадафи иҷтимоӣ дошта ба ҳеҷ ҳизбеву гурӯҳи сиёсиеро мутааллиқ нест. Онҳо ба ҲНИТ таалуқ доштани созмонро комилан рад мекунанд. Ҳамчунин, тибқи баъзе маълумотҳо созмони "Созандагони Ватан"-и ҲХДТ ҳам ахиран пешниҳод карда, ки "Қадам ба қадам" бо онҳо пайвандад. Як манбаъ аз "Қадам ба қадам" гуфт, онҳо омодаи ҳамкорӣ бо аъзои ҷавони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ҳастанд, аммо ба ҳеч ваҷҳ ба дигар созмон ё ҳизбе шомил намешаванд: "Агар рӯзе чунин иттифоқ бияфтад, бо нишони эътироз "Қадам ба қадам"-ро тарк мекунам",-гуфт ӯ.

Бо гузашти чор моҳ аз эълони ташкили созмон ташаббускорон санадҳои лозимӣ барои сабти номи расмиро ба мақомоти дахлдор таслим накардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи апрел муассисон эълон доштанд, ки дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳоянд. Ҳатто изҳори боварӣ мешуд, ки то ҳафтаи ҷавонон - дар авохири моҳи май фаъолияти созмон расмӣ хоҳад шуд. Як манбаъ аз "Қадам ба қадам" гуфт: "Баъди ҳодисаи лату куби Далер Шарипов, яке аз муассисони созмон, ташкилкунандаҳо дар пайи ҷаласаи изтирорие ба хулоса омаданд, то мӯхлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба вақти дигар гузошта шавад. Фикр мекунем, ин ҳодиса барои мо як ҳушдор буд ва акнун барои рӯ ба рӯ нашудан бо чунин бархӯрдҳо ҳар як тасмими худро бештар таҳлилу баррасӣ мекунем. Қазияи ҳамла ба Далерро мо пайгирӣ дорем".
Ин манбаъ гуфт, тамоми аснод барои сабти ном омода шудааст ва дар фурсатҳои наздик ҳайати муассисон санаи пешниҳод ба мақомоти дахлдорро дақиқ хоҳанд кард.


Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)