Бахшҳо
19 сен 2012 11:51Гузориш

Театр, «ҷашн» ва мо

Профессор Иброҳим  Усмонов мегӯяд, дар драматургияи муосири мо муаллифоне пайдо шудаанд, ки чӣ будани драмаро намедонанд…

«Дурнамои рушди театр дар Тоҷикистон». Таҳти чунин унвон имрӯз, 19-уми сентябр дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ бо иштироки масъулини театрҳо, ҳунамандону олимон ва намояндагони кишварҳои хориҷа баргузор гардид.

Валерий Иванович, президенти иттиҳодияи байналмилалии театрҳо зимни баромадаш дар ин ҳамоиш иброз намуд, ки дур шудани мардум аз театр на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Русия низ ҷой дорад. Ба қавли ӯ, агар ҷавонон аз театр рӯ гардонанд, ин як фоҷеаи калон аст, чун театр метавонад олами маънавии ҷавононро рушд диҳад: «Барои ҳамин мо бояд сари ин масъала конфронсу семинарҳои судманд бештар баргузор намуда, ҳалли мушкилоти соҳаро пайдо намоем».

Зимнан, профессор Иброҳим Усмонов дар нишасти мазкур аз фаъолияти драматургияи имрӯзи тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки  дар драматургияи мо муаллифоне пайдо шудаанд, ки чӣ будани драмаро намедонанд, театрро намешиносанд ва гузашта аз ин забони тоҷикиро хуб намедонанд, ки дар натиҷа коргардони театр чӣ сохтанашонро намедонанд: «Театр ин спектакл, режиссёр ва саршавии муҳити санъат аст, вале саршавии муҳити санъат аз адабиёт ва драматургия шурӯъ мешавад. Фақат асарҳои баландғоя ва асарҳое, ки воқеан таваҷҷӯҳро ҷалб карда метавонанд, мардумро ба театр оварда метавонанд. Он чизе, ки аз рӯи ҳавою ҳавас навишта шудааст, мардумро ба театр оварда наметавонад».

Ба қавли Иброҳим Усмонов, дар дрматургияи мо асарҳое пайдо шудаанд, ки онҳоро ба намоиш гузоштан мумкин нест. Ҳатто, асарҳое пайдо шудаанд, ки онҳоро дар чанд рӯзи ҷашн тамошо кардан мумкин аст, ки ин яке аз камбудиҳои асосии драматургияи мо дар солҳои охир аст.

Коршиносони соҳаи театр бар ин назаранд, ки театри имрӯзаи тоҷик аз театр дида ба ҷашнгоҳ монанд шудааст. Чун он ҷо асарҳое, ки менависанд, ҳамааш дар бораи ин ё он ҷашн аст. Намоишномаҳои театрӣ дар ин маъракаву маросимҳои давлатӣ ба намоиш гузошта мешаванд ва бо ҳамин аз саҳна нопадид мегарданд.

Нилуфари КАРИМ  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)