Бахшҳо
21 сен 2012 11:08Гузориш

Меъёри рутбаи генерал гирифтан дар Тоҷикистон чист?

Барои рутбаи генералӣ, ки яке аз унвонҳои олии ҳам ҳарбӣ ва ҳам мақомоти қудратист,бояд талабот хеле зиёд бошад. Мутаасифона дар Тоҷикистон теъдоди генералҳо ба сари ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон он қадар мерасад, ки дар ягон давлати дигар чунин нест.

Фаридун МАҲМАДАЛИЕВ, сухангӯи Вазорати мудофиъа

Фард аз рӯи вазифае, ки бар ӯҳда дорад ба генералӣ интихоб мешавад. Аз сарбози қаторӣ сар карда то генерал инҳо дар вазифаи муайян қарор мегиранд. Афсаре масалан ҳаст, ки баъди хатми академия бо дарёфти рутбаи лейтенант меояду дар вазифаи масалан майор таъин карда мешавад. Вай то ба майор расидан, мӯҳлати муайяне, ки аз лейтенант то лейтенанти калон ва баъд капитану баъд майор расидан, ин давраро, ки 3 сол аст паси сар мекунад. Аммо он нафаре, ки сардори раёсат асту дар вазифаи генерал майор мешинад, бо вуҷуди вазифадор буданаш қобилияти ҳамаҷонибааш ба назар гирифта мешавад. Ҷуз ин кордонӣ ва пешравии кораш, фаъолияти он соҳаеро, ки ба ӯҳда дорад то чӣ андоза муввафақ асту то кадом ҳад пешравӣ дорад. Бо назардошти ҳамин гуна хусусиятҳо ба ин рутба пешниҳод карда мешавад. Аз рӯзи ба сардори раёсат таъин шудани шахс, ки қарор аст ба рутбаи генералӣ таъин гардад, ками кам 3 сол муввафақияти ӯ вобаста ба соҳааш назорат карда мешавад. Сардори раёсат метавонад дар вазифаи генералӣ бошаду вале рутбаи ҳарбияш полковник бошад.

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Дар баробари мавҷудияти малакаҳои касбӣ ва ҳунарҳои лозима шахсе, ки ба ин вазифа таъин мешавад, ҷудо аз лоиқ будан бояд мувофиқ бошад.Албатта ин маълум аст унвони генералие, ки ба наздикӣ ба қумандон Шоҳ Искандаров дода шуд, нишон дод, ки ӯ ба стандартҳо ҷавобгӯст. Пеш аз ҳама ӯ собит кард, ки боварибахш аст ва ба вай ва қушунҳои роҳбарӣ кардааш, такя кардан мумкин аст. Аз ҷиҳати боварибахш будан ҳукумат ба ӯ дар руйдодҳое ба монанди Ғарм ва Бадахшон такя карда метавонад.

Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ

Барои расидан ба рутбаи генералӣ шахс бояд полковник бошаду аз тарафи ҳукумат эътироф карда шавад. Рутбаи генералиро худи раис эъто мекунад. Барои ҳамин дар кори худ бояд хизмати арзанда кунанд, ки лоиқи генералӣ бошад. Талабот барои генерал шудан чунин аст. Қаблан ба якчанд одамоне ин рутбаро дода буданд, ки на ҳамаи онҳо тамоми он мароҳили лозимаро тай карда буданду сазовори чунин як унвон буданд. Онҳо ин мароҳилро тай накарда буданду бо вуҷуди ин ба онҳо ин вазифаҳоро доданд, зеро вазъият ин тавр талаб мекард, ки барои нигоҳ доштани суботу дигар чизҳо чунин унвонҳо дода шаванд.Ба марде, ки чанд рӯз пеш рутбаи генералӣ доданду ин ки оё ӯ сазовори чунин унвон буд ё на, мо намедонем, ки вай чӣ корҳое карду чӣ хидматҳое анҷом дод.

Раҳматилло ВАЛИЕВ, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Барои рутбаи генералӣ, ки яке аз унвонҳои олии ҳам ҳарбӣ ва ҳам мақомоти қудратист,бояд талабот хеле зиёд бошад. Мутаасифона дар Тоҷикистон теъдоди генералҳо ба сари ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон он қадар мерасад, ки дар ягон давлати дигар чунин нест. Агар давраи шӯравиро бо замони истиқлол қиёс намоем, барои дидани симои генерал, одамон мегуфтанд, ки ман генералро бо либосаш дидам. Вале имрӯз мутаасифона ба ҳар як каҷӣ якто генерал пеш меояд чи генерали милиса бошад ва чи ҳарбӣ.Аз дидгоҳи ман нисбати генералҳои тоҷик талабот бисёр паст аст ва он меъёру талаботе, ки бояд барои генерал бошад, дар Тоҷикистон нест. Дар дигар давлатҳо барои ин унвонро гирифтан чи қадар хизматҳову маҳорату дониши зиёд лозим аст, вале дар мо ин нест. Ба ҳамин хотир дар Тоҷикистон миқдори генералҳо нисбат ба дигар давлатҳо зиёд аст. Ин пеш аз ҳама обрӯи унвони генералист ва ин шаъну шарафи он генералҳоеро, ки дар кишвар ҳастанд, паст мекунад. Чи тавре академику номзади илм ва доктори илм дар ягон сатҳ меъёрҳоеро иҷро мекунанд, генерал низ бояд чунин бошад. На барои хизмати содиқона барои як нафари алоҳида, ки ин нафар барои 1 нафари дигар хизмати холисона мекунад, ба ӯ генерал дода шавад. Генералҳое, ки замони шӯравӣ буданд аз генералҳои замони истиқлол аз замин то осмон фарқ мекунанд. Аксари он талаботҳое, ки барои сазовор шудан ба генералӣ лозиманд, аксари онҳо ба ин унвон сазовор нестанд.Қазофӣ полковник буд ва ба ҳамин ифтихор мекард, ки полковник аст ва дар зери дасти ӯ чи қадар генералҳо кор мекарданд. Унвони генерал гирифтан маънои инро надорад он инсоне, ки инро гирифта фикрану мазмунан дигар шудаст. Чи қадаре, ки дар Тоҷикистон номзадҳову докторони илм зиёд шудаанд, ҳамин қадар генералҳо низ афзудаанд. Гап сари мазмун аст на сари либоси ҳарбие, ки чанд ситора дорад.

Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Рутбаи генералӣ ин мақоми давлати СССР буд ва аз мақомоти марказии Маскав касеро мехостанд ин унвонро медоданд ба ӯ. Рутбаи генералӣ ба ҳамаи қушунҳои ҳарбӣ вобаста буд ва яке аз талаботҳои асосӣ ин буд, ки оё мақоми ҳамон давлату маҳалл ба генералӣ меарзад ё хайр. Қаблан солҳои 1960 дар тамоми маҳаллаҳои Тоҷикистон як полис буду бас. Вале имрӯз бо рушди ҷавомеъ полисҳо ҳам зиёд шуданд. Дар солҳои охири шӯравӣ мо генерал Навҷавонов доштему тамом. Аммо имрӯз мо давлати мустақилему ин мақом талаб мекунад, ки ҳамаи он унсурҳои низомиву сиёсие, ки дар ҷомеа мавҷуданд, бояд бошад ва генерал ҳам ҳамчун академик яке аз унсурҳои ҷомеааст, ки иқтидори давлатро нишон медиҳад. Агар академик иқтидори илмӣ бошад, генерал ин иқтидори низомист. Давлат ҳаркиро ба генералӣ лоиқ медонад, ихтиёраш аст, зеро ба ин чиз талабот доштанд. Вале агар дар фалон маҳалл генерал набошаду ба ҳамин хотир ӯро дар ин унвон гузоранд, ин мақбул несту нодуруст аст. Генерал бояд ба мақом ва ниёзи давлат ба ҳамин генералӣ марбут бошад.Дар ғайри ин сурат ин як худнамоиву вазифатақсимкунии алоҳида аст. Меъёри таъини генералҳо ин ба ихтиёри президент аст ва модоме, ки дар соҳае генерал лозим бошад, таъин мекунанд, ки ҷои баҳс надорад. Аммо ин ки меъёри таъини намудани генерал ба маҳаллу ба хешутаборон табдил ёбад, ин хуб несту беқурбшавии ҳамин унвони генерал аст. Ин мақом ба ваколати президент аст ва агар дар тасмимаш хато бошад, ба гардани худи ӯст ва агар дуруст бошад ба манфиъаташ аст.

Сайидумар ҲУСАЙНӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ

Аз як мансабе шахс ба як ҷое мерасанд, ки дигар унвони генерал доштан барояш сазовор мешавад ва ба як мақоме таъин мегардад, ки ҳатман бояд рутбаи генералӣ дошта бошад. Бинобарин ба хотири мувофиқа намудани унвонаш вазифаи генералиро ба ӯ медиҳанд. Албатта солҳои ахир дуруст аст то даме, ки ба ҷои лозимӣ нарасанд, увони генералӣ гирифта наметавонанд. Вале солҳои ҷанг, ки касе ин унвонро гирифтааст, барои он аст, ки он замон бисёр корҳо мешуд, танҳо генералӣ не.

Амният АБДУНАЗАРОВ, муовини раиси ҲСДТ

Ҳар кишваре низоми худро дорад ва дар кившарҳои ҳуқуқбунёду соҳиб тамаддун барои унвони низомӣ дониши баланди соҳавӣ ва қобилияти корӣ ба инобат гирифта мешавад. Вале дар кишварҳои фосиду худкома меъёрҳо тамоман дигаранд. Барои соҳиби рутбаи баланд шудан, аввалан маҳалл, тағо ва содиқ будан ба раҳбарро ба инобат мегиранд ва андешаи меҳанпарастиву кордонӣ аз байн меравад. Онҳое, ки кордон ва дорои маълумоти академияи олӣ буданд, аз сабаби маҳаллгароӣ ва фасод дар интихоби кадрҳо дар синни 40 солагӣ рутбаҳои қудратиро тарк намуданд. Дар рӯзҳои ахир бошад, бо таваҷҷуҳ ба ширкати афсарон дар амалиётҳои махсус, ки коршиносону ҳуқуқшиносон ин амалиётҳоро асосан  зидди мардумӣ унвон мекунанд, соҳиби рутбаи генералӣ мешаванд. Аз ин лиҳоз теъдоди рутбабаландон дар Тоҷикистон хеле зиёд шуда ва эҳтирому эътироф нисбати ин тоифа куллан коста гардидааст. Ин унвон вобаста ба қобилияти корӣ ва дониши баланди соҳавӣ дода мешавад. Аммо агар маснади Вазоратро гирем, ин маснади сиёсист ва ин ҷо бояд ҷои сиёсатмадорон бошад.Аммо дигар рутбаҳои генералӣ на ба хотири фаъолияти корӣ ё заковати баланди низомӣ доштанашон, балки фақат ба хотири он ки ба раҳбарашон содиқ асту барои гирифтани ин тағову пул лозим ва ҳамзамон содиқ будан ба ин ё он фард дода мешавад, на ба ватан ва куллан масъалаи ватан аз байн меравад ва танҳо ба хотири худро нишон додан. Шоҳ Искандаров то ҳозир ҳеч унвону рутбае надошт ва ба хотири оне, ки дар Бадахшон ва бо он бародароне, ки қаблан бо онҳо дар як сангар буду имрӯз бар зиддашон силоҳ бардошт, соҳиби рутбаи хеле хуби ҳарбӣ шуд ва мумкин аз ин ифтихор дошта бошад.     
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)