Бахшҳо

Милиса дар Ёвон ҷазо гирифт

Аввалин ҳодисаи муҷозот шудани як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷаи шахси гумонбар дар Тоҷикистон, на танҳо аз сӯи сокинони кишвар, балки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳам истиқболи гарм ёфт. Ахиран, Созмони Авфи Байналмилал (Amnesty International) бо пахши изҳороте ҳукми суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлонро мояи хушбинӣ эълон кард.
Додгоҳи ноҳияи Ёвон бо эълони ҳукме Машраб Алиев, нозири минтақавии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияро барои истифодаи шиканҷа тибқи моддаи 143.1-и  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муҷрим шинохта, ӯро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Тибқи айби эълоншуда, ин нозири минтақавӣ 27-уми апрели соли 2012 ноболиғи 17 солаеро озору шиканҷа додааст.
Ёдовар мешавем, ин аввалин парвандаест, ки баъди ба қонуни ҷиноятии кишвар ворид гардидани банди марбут ба шиканҷа баррасӣ мешавад ва бори нахуст намояндаи мақомот барои содир кардани чунин ҷиноят ҷазо мегирад. Amnesty International гуфтааст, ки ин банд ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ аст. Ҳамчунин, тибқи изҳороти Авфи Байналмилал бори аввал дар Тоҷикистон шахси ҷабрдида сазовори ҷуброни муносиб гардид: "Суд дар хусуси ҷуброни 1619 сомонӣ зарари молиявие, ки зимни табобат ба вай расонида шуд, қарор кард".
Ба ҷуз ин тибқи моддаи 316-и Кодекси ҷиноятӣ нозири милисаро дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гунаҳкор донистанд. ? аз ҳаққи кор кардан дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ба муддати панҷ сол маҳрум гардид.   

27-уми апрели соли равон корманди милисаи ноҳияи Ёвон бо иттиҳоми дуздӣ ноболиғи 17 сола (номашро Хушвақт мегӯянд)- ро боздошт карда, бидуни ширкати ҳимоятгар дар шӯъбаи навбатдории милиса ӯро мавриди пурсуҷӯ қарор медиҳад. Ба навиштаи Amnesty International эҳтимолан барои ба ҷиноят иқрор шудан вай мавриди лату куб қарор гирифтааст. "Санаи 28-уми апрел ноболиғро такроран ба шӯъбаи милиса даъват намуда, тибқи иддао озору шиканҷаро давом доданд. Ноболиғ дар хусуси ин лату куб ба касе чизе нагуфт, вале 29-уми апрел қасди худкушӣ кард. Вай зинда монда, ба бемористон оварда шуд. Санаи 30-юми апрел ташхиси тиббӣ ва 28-уми май ташхиси судии тиббӣ гузаронида шуда, маълум гардид, ки ба вай зарари ҷиддии ҷисмонӣ расонида шудааст",-омадааст дар изҳороти Авфи Байналмилал.         

Бино ба қавли Ҳабибулло Воҳидов, ҷонишини Прокурори генералӣ тайи шаш моҳи соли 2012 ба Додситонии кулли кишвар 17 шикояти марбут ба истифодаи шиканҷа ворид гардидааст. Аз ин шумора шаш ҳолат тасдиқи худро ёфта ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятц оғоз гардидааст. Вале аз ин танҳо як парвандаро тибқи моддаи 143.1, яъне шиканҷа боз кардаанд. Панҷ парвандаи дигар ҳолатҳоеро дар бар мегиранд, ки қабл аз тағйири қонуни ҷиноятӣ рух додаанд, аз ин сабаб, нисбат ба он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки ин кирдорҳоро содир кардаанд, мувофиқи моддаи 316- "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" айб эълон шудааст". "Авфи Байналмилал аз ин хукм ҳамчун нишони мусбии иқдоми ҷиддии мақомоти Тоҷикистон дар самти барҳам додани амалияи устуворшудаи шиканҷа истиқбол мекунад",-гуфта мешавад дар изҳороти Авфи Байналмилал.    

Ба таъкиди Amnesty International ҳамоно маълумоти зиёде дар мавриди истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ барои иқроршавӣ ба ҷиноятро дарёфт мекунад. Ин созмони маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи башар бештар аз набудани тартиби муайяни дастрасӣ ба ҳимоятгар дар давраи тафтиши пешакӣ изҳори нигаронӣ кардааст. "Мувофиқи қонун шахс аз лаҳзаи дастгир шудан ҳуқуқи ҳимояро дорад, вале дар амал дастрасӣ ба ҳимоя аз раҳму шафқати муфаттишон вобастагӣ дорад ва онҳо метавонанд ба вохӯрии ҳимоятгарон бо муштарӣ ба муддати чандин рӯз монеъ шаванд. Дар ин марҳилаи боздошти бидуни васоити иртибот бо олами беруна хавфи мавриди шиканҷа ва дигар бадрафторӣ қарор гирифтан хеле бузург аст. Таҳқиқи Авфи Байналмилал нишон медиҳад, ки шиканҷа ва дигар бадрафторӣ дар парвандаҳои ашхосе, ки барои ҷиноятҳои марбут ба амнияти миллӣ дастгир шудаанд, зиёд ба назар мерасанд",-омадааст дар изҳорот.         
Авфи Байналмилал дар ниҳоят аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки тафтишоти фаврӣ, мустақил ва ҳаматарафаи тамоми парвандаҳои вобаста ба шиканҷа ва дигар бадрафториро таъмин намоянд.

Маврид ба тазаккур аст, дар чанд соли ахир созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз ҳолатҳои фаровони шиканҷаву озори гумонбарон изҳори нагиронӣ кардаанд. Созмони Авфи Байналмилал моҳи июл гузоришеро бо номи "Шиканҷа ва дигар бадрафториҳо дар Тоҷикистон" нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон шиканҷаву латукӯб ва бадрафторӣ бо дастгиршудаҳо як амри маъмулӣ шудааст. Дар ин гузориш аз ҷумла гуфта мешуд, ки маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳе, аз ҷумла боздоштшудагонро ба нерӯи барқ мемонанд, оби доғ мепошанд, нафасгиру латукӯб ва ё ҳатто таҷовуз мекунанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ҷой доштани шиканҷаву озорро беасос мешуморанд.

Бо ин ҳол, пуровозатарин ҳолатҳои озору шиканҷа марги мармузи Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, сокинони шаҳри Душанбе буд, ки ба гуфтаи хешовандонашон бар асари латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса ҷон додаанд. Аммо додгоҳ онҳоро танҳо бо гуноҳи "хунукназарӣ" ҷазо дод.
Коршиносон иллатҳои афзоиши шиканҷаву ҷазоро ба ҳирфаӣ набудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар марбут медонанд. Ҳамчунин, яке аз сабабҳои дигар ин аст, ки онҳо бовар доранд, касе барои ин бадрафторӣ ва озору шиканҷа онҳоро муҷозот намекунад. Воқеан, гуфта мешавад дар бештари маврид афроди гумонбар, ки нисбат ба онҳо шиканҷа раво дида мешавад, ба мақомоти дахлдор шикоят намебаранд, зеро ҳарос доранд.

Дар ҳамин ҳол, авохири моҳи феврали соли равон дар чорчуби барномаи "Мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон", ки бо ибтикори Маркази ҳуқуқи инсон ва кӯмаки дафтари САҲА барои қурбониёни шиканҷа дар ҷумҳурӣ ду телефони боварӣ фаъол шуд. Шумораи аввал 98 882 37 97 барои шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказу вилояти Хатлон ва 98 882 37 96 барои вилояти Суғд.


Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)