Бахшҳо
06 окт 2012 03:40Сиёсат

Рақси навбатӣ дар Парлумон

Дар ҷаласаи ахири худ парлумони Тоҷикистон ширкати "Осиё экспрес"-ро аз пардохти молиёт ва андоз озод кард. Гуфта мешавад, ширкати мазкур ба Тоҷикистон 40 адад автобуси тамғаи "Манн"-и Олмонро ворид намуда, ҳамакнун вакилон бо ворид кардани тағйирот ба қонун "Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2012" барои 20 адад автобуси ин ширкат имтиёз доданд, ки маблағи он 5,6 милион сомонӣ ва ё худ 1 милион долларро ташкил медиҳад.

Бозиҳои навбатӣ дар парлумон ё ноогоҳии вакилон аз "Осиё Экпрес"

Вакилони мардумии Тоҷикистон дар ҳоле ширкати "Осиё экспрес"-ро аз пардохти молиёту андоз озод карданд, ки худ гӯиё иттилое дар робита ба мақом ва роҳбарии ин ширкат надоштанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар қабл аксари лоиҳаҳои вазорати молия дар парлумон аз ҷониби вазир-Сафаралӣ Наҷмиддинов ва ё муовини аввали вай Ҷамолиддин Нуралиев муаррифӣ мегардид. Ин навбат муовини дигари вазири молияи Тоҷикистон,  Руҳуллоҳ Ҳакимов пешнависи санадро барои вакилон муаррифӣ кард. Вай гуфт, ки ширкати мазкур ба ҷуз аз 40 адад автобус, ҳамчунин 100 адад сабукрави "таксӣ" низ ворид кардааст. Ба иттилои номбурда, қимати 1 автобуси воридгардида 190 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар зимн Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон аз ҷаноби Ҳакимов дар мавриди молики ширкати "Осиё экспрес" суол кард. Муовини вазири молияи Тоҷикистон дар ҷавоб барои ин суол хомӯширо авло донист. Сафаралӣ Раҷабов, раиси кумитаи иқтисод ва молияи МНМО низ аз шахсияти роҳбари ширкати "Осиё экспрес" изҳори беиттилоӣ кард. Шукурҷон Зуҳуровро зоҳиран ин ҷавоб хуш наомада гуфт, ки тибқи қонунгузории кишвар имтиёз танҳо барои воридоти фанновариҳои муосир пешбинӣ шудааст. Аммо ширкати "Осиё экспрес" танҳо автобус ворид мекунад.

"Дар ҷавоб барои ин имтиёз ширкати "Осиё экспрес" барои давлат ва мардуми Тоҷикистон чӣ кореро анҷом хоҳад дод? Қимати роҳкироро ҳадди ақал 10 дирам арзон мекунад? Ширкат моли кист? Дар куҷо аст? Мо чизеро намедонем. Дар давлати мо дигар ҳеч махфикорӣ набошад. Ин супориши роҳбари давлат аст", илова намуд Шукурҷон Зуҳуров. Дар ҳамин ҳол, Сафаралӣ Раҷабов, роҳбари кумитаи иқтисод ва молияи МН МО гуфт, ки хидматрасонии автобусҳои "Осиё экспрес" дар сатҳи олӣ, мислӣ ҳавопаймо мебошад. Дар ҷавоб Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки оё чунин  хидматрасонӣ барои мардуми тоҷик лозим аст ё на? Ва автобусҳои "Осиё экспрес" дар кадом хатсайр фаъолият хоҳанд кард? Вале Сафаралӣ Раҷабов ва Руҳуллоҳ Ҳакимов ба ин пурсиш посухе надоданд. Спикери парлумони Тоҷикистон гуфт, ки онҳо ин санадро дуруст шарҳ дода наметавонанд.

Пасттарин арзиши роҳкиро дар Тоҷикистон ва пиёдагардии донишҷӯён

Ҷумъахон Давлатов, намояндаи комилҳуқуқи раисҷумҳур дар парлумони Тоҷикистон дар посух ба ин пурсишҳои Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки давлат ба хотири ҳифзи хидматрасонии мусофиркашонӣ ба ширкати "Осиё экспрес" имтиёз додааст. Зеро, аз ҳама ҷои дунё дида, арзонтарин роҳкиро дар Тоҷикистон ва Душанбе мебошад.   
Ба қавли ӯ, танҳо ба хотири хидматрасонии сатҳи баланд, ин ширкат дастгирӣ ёфтааст. Мақсади ҳукумат низ ҳифзи ин намуди хидматрасонӣ мебошад. Ин гуфтаҳои намояндаи раисҷумҳурро Шукурҷон Зуҳуров зери шубҳа гирифта, илова кард, ки сатҳи зиндагии мардуми тоҷик низ аз дигар кишварҳо поинтар буда, дар аксар вақт донишҷӯёни мо пиёдагардиро аз автобуссаворӣ авло медонанд.  

Парлумон ва амали ғайриқонунии вакилон

Зуҳуров аз он нигаронӣ намуд, ки чӣ гуна парлумон надониста, нашинохта ин санадро дастгирӣ мекунад? Баъдан номбурда аз Ҷумъахон Давлатов, намояндаи комилҳуқуқи раисҷумҳур дар парлумон хоҳиш кард, ки дертар як маълумотномае дар бораи ширкати "Осиё экспрес" пешниҳод намояд. Бо вуҷуди чунин суолҳои "беҷавоб" парлумони Тоҷикистон санади ворид намудани тағйирот ба қонун "Дар бораи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2012"-ро ба овоз монда, қабул намуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба чунин амали парлумон коршиносон мегӯянд, ки нигаронии Шукурҷон Зуҳуров ва ё беиттилоии вакилон аз молики ширкати "Осиё экспрес" бозие беш набуд. Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки дар чунин шакл қабул кардани қонун аз ҷониби вакилон амали ғайриқонунӣ мебошад. Озод кардани ширкати "Осиё экспрес" аз пардохти молиёт ва андоз бо вуҷуди беиттилоии вакилон аз роҳбар ва сабти ин ширкат дар вазорати адлия ҳамзамон аз авҷи фасод дар сатҳи ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон далолат медиҳад.

"Аз нигоҳи дигар ин ҳама бозпурсиҳои Зуҳуров шояд як интрига буд. Мо медонем, ки парлумони Тоҷикистон дар қабули қонун мустақил нест. Солҳост, ки парлумон барои амалӣ кардани сиёсати як гурӯҳ бо ҳукумат шарик мебошад. Инҷо асроре ниҳон аст. Чӣ гуна парлумон барои як ширкати ношинохта чунин имтиёз медиҳад. Ба хусус ширкате, ки ба истеҳсолот машғул нест", мепурсад Файзиниссо Воҳидова. Ба андешаи номбурда эҳтимол меравад пушти ин ширкат кадом як чеҳраи бонуфуз ё мансабдори боқудрат қарор дорад, ки маълумоти кофӣ барои парлумон пешниҳод накардааст.

"Осиё экпрес"-и бесоҳиб?

Дар ҳамин маврид "Озодӣ" бо такя ба суханони Рустам Сайидов, роҳбари ширкати "Осиё экпрес" навиштааст, ки ширкати мазкур ҳеч рабте ба мансабдорони кишвар надорад. Ба маълумоти ӯ, "Осиё экспрес" яке аз шаш ширкати холдингии "Конд-групп" буда, дар бахшҳои мухталиф фаъолият дорад. Рустам Сайидов гуфтааст, ки барои имтиёз гирифтан онҳо ба раисҷумҳур муроҷиат кардаанд ва инҷо ҳеч гапе атрофи  хешутаборбозӣ нест. Вале Файзиниссо Воҳидова бо ишора ба қоидаҳои нонавиштаи тиҷорат дар Тоҷикистон мегӯяд, ки маъмулан мансабдорони тоҷик тиҷорати худро дар минтақаҳои офшорӣ ва бо исми наздиконашон ба қайд мегиранд.  

"Шоҳкориҳо"-и парлумон ва ё ширкатҳои "азиз"

Баҳонахоҳии парлумонро барои надоштани иттилои кофӣ аз шахсияти роҳбари ширкати "Осиё экспрес" коршиносон бисёр соддалавҳона ва ғайрикасбӣ арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо парлумони Тоҷикистон ба як театри сиёсӣ табдил ёфтааст. Зеро чӣ гуна вакилон тарҳи санадро дар чанд марҳила дар кумитаҳо мавриди баррасӣ қарор медиҳанду барои ошкор кардани роҳбари ширкат муваффақ намешаванд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои хабарӣ барои пайдо кардани роҳбари ширкат ва сӯҳбат бо ӯ ҳамагӣ чанд соат сарф карданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо имтиёз гирифтани "Осиё экспрес" ҳамакнун метавон феҳрасти ширкатҳои азизу номуаяйн"-ро тартиб дод. "Осиё экспрес" ягона ширкати "азизу номуаяйн" барои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон нест. Моҳи апрели соли равон Маҷлиси намояндагон ширкати тоҷикиву чинии "Ҳауксин Ғаюр семент"-ро низ аз пардохти тамоми намуди андоз ва молиёт ба маблағи 60 миллион сомонӣ озод намуд.

Ҳамин гуна амалро тақрибан се сол пеш парлумони Тоҷикистон бо қабули санаде ба барои фаъолияти ширкати пулчинаки "IRS"  анҷом дод. Ин тасмими парлумон ҳамон замон ва баъди он ҳам сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард. "IRS" дар роҳи Душанбе -Чаноқ фаъолият дошта, барои истифодаи ягона масири мошингузар миёни Душанбе ва шимоли кишвар маблағ меситонад. Коршиносон ва аксари мусофирон муътақиданд, ки ширкати "IRS" ба афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳур таалуқ дорад. Ҳамзамон дар феҳрати ширкати дигари "азизу номуаяйн"-и ҳукумат  аз ширкати "Тоҷирон" низ ном мебаранд.  

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин "шоҳкориҳо"-и парлумон танҳо дар як ҳолат метавонад хотима ёбад. Дар сурати пеш аз мӯҳлат пароканда шудани парлумон ва ё баргузории интихоботи шаффофу роҳ ёфтани номзадҳои аслӣ ба ин ниҳоди қонунбарори кишвар. Танҳо дар ин сурат мешавад гуфт, ки Маҷлиси Намояндагон дигар қавонини баҳсбарангезро қабул намекунад. Аз ҷониби дигар ба гуфтаи соҳибназарон, ҳар амалеро оғозу анҷом буда, ҳукуматҳо низ барои абад боқӣ нахоҳанд монд, фақат давлат аст, ки барои доимӣ боқӣ мемонад.

Ба ҳар сурат таҷрибаи давлатҳои хориҷ нишон медиҳад, ки дар ҳолати иваз шудани ҳукуматҳо, тамоми пинҳонкориҳои гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат барои мардум ва ҷаҳониён ошкор хоҳад шуд.

Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)