Бахшҳо
06 окт 2012 04:48Иҷтимоӣ

Муаллимӣ аз ночорист

Барои қадрдонӣ аз заҳмату ранҷи омӯзгор шанбеи ҳафтаи нахусти октябрро дар Тоҷикистон ба муаллимон бахшида, онро чун санаи фархунда таҷлил менамоянд. Аммо қадрдонӣ аз омӯзгор дигар ҳамон қадар мондааст, ки чизи дигаре аз ӯ боқӣ намондааст. Пас чӣ чизе муаллимро имрӯз дар чашми волидайну фақиру дар ҷомеъа хор кардааст?

(Ба муаллимони мактабҳои миёнаи кишвар эҳдо мегардад)

Омӯзгор, муаллим ва ё устоду ё  ҳар чизе дигаре, ки онҳоро ном набарем, асоси фарҳанги ҷомеъа ва рушди кишвару ҳар миллате ҳаст. Танҳо муаллим буд, ки Синову Бедил, Эйнштейну Бисмарк, Индира Гандиву Бҳуттоҳоро тарбия карду ба камол расонд. Ҳатто паямбари акрам Муҳаммад (с)-ро низ муаллими башарият меноманд, ки ин бе сабаб нест ва аз бузургии омӯзгору ин пеша шаҳодат медиҳад. Пас устоди асил ва муаллим, сазовори ҳама эҳтирому таҳсину дастгирист, аммо имрӯзҳо ин касбу ҳирфа на барои ҳама кас хушоянд асту қабулаш доранд. Маорифи кунунии мо гирифтори норасоии муаллимони соҳибтахассусанд. Дар ростои ин, аксари омӯзгорони варзида тарки пеша намуда, ғурбату муҳоҷиратро аз зиндагии фақирона дар кишвар авло медонанд, чаро?

Муаллими тоҷик. Дастнигару нодор ва камбизоат

Тарки мактаб кардани муаллимон ва ба кори дигар шуғл варзидани онҳо асосан аз маоши пасти низоми маорифи кишвар аст. Тибқи иттилоъи расонаҳо, миёни кишварои пасошӯравӣ камтарин ҳақмузд насиби муаллими тоҷик аст. Ин дар ҳолест, ки арзиши маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон баробар бо дигар мамлакатҳо ва аз онҳо ҳам болотар аст. Таври мисол, маоши миёнаи омӯзгорон дар Русия беш аз 400 $, Украина 227 $, Қазоқистон 400 $ мебошад ва ҳукумати Қирғизистон низ эълон дошт, ки маоши ҳадди аққали муаллим на камтар аз 10-12 ҳазор сом (муодили 225-230 доллар ) бояд муқаррар гардад.  

Дар Тоҷикистон бошад, ҳамасола чанд фисаде маоши омӯзгорон дар қатори дигар кормандони буҷавӣ зиёд мешавад, вале ҳанӯз устоди бечора моҳонаро ба даст нагирифта, нархи орду рӯған, роҳкиро ва хидматрасонии коммуналӣ ба боло меҷаҳад, ки ин боз ҳамон "ду понздаҳ як сӣ"-и ҳамешагӣ аст.

Бояд бигӯем, ки маоши баландтарини муаллими мактаб дар Тоҷикистон 482 сомонӣ мебошад, ки нисфи он харҷи роҳкиро мешавад. Бо чунин маоши андаку ночиз на ҳар кас   кору фаъолият мекунад. Ин аст, ки аксари муалимони касбӣ имрӯзҳо ё дар муҳоҷиратанд ва ё дар литсею коллеҷҳои тиҷоратӣ машғӯли коранд, зеро дар он ҷо маоши бештар пардохта мешаваду омӯзгорон бо он маош бори рӯзгори хеш мекашанд. Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бошад, онҳо маҷбуранд, ки аз волидайн ба қавле "кӯмакпулӣ" ё "пули фонд" биситонанд, ки он ҳоло фарҳанг шуда ва талабаи навраси тоҷик инро як масъулият барои худу волидайни нодораш медонад. Ба дурустӣ, дастгирии муалимон дар чунин шароите аз тарафи волидон ба манфиат аст, аммо шакли дурусти супоридани он ҳам ҳанӯз коркард нашудааст ва боз як ихитилофи навро байни хонадони талабагон ва омӯзгорон эҷод кардааст, ки муаллимонро дар назди волидайн ва ҷомеъа беқадр кардааст.

Дар замони шӯравӣ муаллим аз бисёр имтиёзҳо ва дастгириҳои давлат бархӯрдор буд, ҳоло бошад қариб ки ҳеч имтиёзеро надорад. Аз ин рӯ, маоши ночизи ӯ сарфи пули барқу  обу дигар пардохтҳои коммуналӣ мешавад, ки барои рӯзгораш агар фарзанди дар Русия ва ё ҳамсари сердаромад надошта бошад, наметавонад рӯз бибарад. Табиист, бо чунин шарту шароити кор чунин шароите таълими насли наврас ва обод кардани ватан корест душвор.

Макотиби Тоҷикистон мард надорад

Шояд суоле дар зеҳнҳо чарх занад, ки чаро муаллим гуфта ман ҷинси занро дар назар доштаам, ҷавоб ин аст, ки имрӯзҳо қисмати аъзами омӯзгорони макотиби Тоҷикистонро бонувон ташкил медиҳанд ва дар мактабҳо мардон ангуштшуморанд. Мисле ки маориф ва омӯзишу парвариш имрӯз як кори занона шудааст. Иршод Сулаймонӣ, устоди ДМТ мегӯяд: "Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки истилоҳи муаллим ба истилоҳи муаллима ҷойи худро ба тамом медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2011 дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар зиёда аз 94 ҳазор  омӯзгор фаъолият доштанд, ки бештар аз 52 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд, мардҳо бошанд ҳамагӣ 42 839 нафар.  Омори омӯзгорон  дар соли 2010  94 ҳазору 867 нафарро ташкил медодд, ки  52 028 нафари онҳо муаллимаҳо мебошанд".

-Шумораи омӯзгорон дар макотиби миёнаи шаҳри Душанбе 6 ҳазору 401 нафарро ташкил медиҳад, ки  4 ҳазору 926 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.  Илова бар ин имрӯз аз 132 директори макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 85 нафари онҳо зан ҳастанд. Яъне, агар дар сатҳи ҷумҳурӣ 55-60 дарсади омӯзгоронро занон ташкил кунанд, ин омор барои шаҳри Душанбе 83-85 дарсадро дар бар мегирад,-илова кард оқои Сулаймонӣ.

Даст кашидани мардон аз касби муаллимӣ танҳо сабаби паст будани маош аст ва онҳо маҷбур ҳастанд ба дигар кор даст зананд ва ё ҳиҷрат кунанд. Занон ҳам қисмате имрӯз дар муҳоҷиратанд ва ё ба кори дигар машғул. Он заноне, ки  имкони дигар корро анҷом додан надоранд, ё ин пешаро солҳост касб кардаанд, дар макотиб ба кору фаъолият машғуланд, ки ба назари таҳлилгар ҳузури бонувон дар тарбияи насли наврас  бе таъсир нахоҳад буд.

Таълим чаро суст аст?

Имрӯз дар ҳама ҷо аз сатҳи пасти дониши талабагон ва бе таваҷҷӯҳии онҳо нисбат ба донишу илмомӯзӣ мегӯянду мушоҳида мешавад. Миллати тоҷик аз рӯзи бунёдаш ва дар тӯли қарнҳо бо илму дониш шинохта мешуду дунё мешинохташ. Пас имрӯз ба ин авлоди Синову Беруниву Бу Ҳанифа чӣ расидааст, ки аз талаби илм дар гурез аст?
Тавре коршиносон мегӯянд, чандин сабабҳое ҳаст, ки боиси паст рафтани илму дониш дар макотиби миллӣ гаштааст. Тавре  зикр шуд нахуст сатҳи пасти маоши муаллимон, ки аксар муаллимони ҳирфаӣ ва бодониш тарки макотиб кардаанд.
Дигар ин ки системаи таълимии имрӯзаи мактабҳои Тоҷикистон то ҳанӯз пурра шакл нагирифтааст ва дар ҳолати парешонӣ қарор дорад. Бархе тарзи таълими шӯравиро, ки дар асоси идеологияи коммунистӣ буд мехоҳанд то ҳанӯз идома бидиҳанд ва бо хонандагон бо фишору таадӣ рафтор мекунанд. Кӯшиш бар он аст, ки ҳар чӣ бештар дар дили атфол тарсро ҷой бикунанд, то битавонанд онҳоро "гаправу мулоим" тарбия кунанд. Имрӯз ҳам дар аксари макотиби кишвар ҳамон идеологияи кӯҳна боқист ва танҳо каме тағйир дар ному равишҳо касб кардааст. Ширкати иҷбории муаллимон дар маъракаҳои сиёсиву дигар чорабиниҳо мисоли ин гуфтаҳост, ки дар тарбияи насли наврас бе таъсир намемонад. Тавре борҳо дидаему боз хоҳем дид, тамоми интихоботҳо маҳз дар мактабҳо баргузор мегарданд ва аз ҳама бештар нозирону ширкаткунандагони интихобот аз "ғалаткорӣ"-ҳои муаллимон ҳарф мезананд ва банда чандин бор нозир будааму инро ба чашми хеш дидаам. Ҳазорон хонадагони дигар дар маршировкаву дигар корҳои сийсӣ ғайри хоҳиши худи онҳо ҷалб мешаванд.  

Муаллимӣ аз ночорист  

Дар замоне ки мо донишомӯз будему дар зери парчами ленинӣ "коммунизм" месохтем, бисёр касоне буданд, ки орзуи омӯзгор шуданро дар дил мепарвариданд. Агар иншои озоди "Касби дӯстдоштаи ман"-ро дар он солҳо варақ занӣ, бисёриҳо орзуи  муаллим шуданро дар дил мепарвариданд. Аммо имрӯз агар бо чунин  суол  ба наврасон рӯй орӣ, гумон мекунам, ки кам касе ёфт шавад, ки орзуи ин пешаро дар дил парварад. Чаро?

Дар он замон бо ҳама он бадбахтиҳое, ки ба сари ин миллат режими шӯравӣ овард, муаллим ва донишу илм мавқеи муҳим дошт. Муаллим аз ҳама ҷиҳат дар қиёс ба дигар ақшори ҷомеъа зиндагии рифоҳу осудае сазовор буд. Ҳам маоши хуб дошту ва ҳам аз имтиёзҳо бархӯрдор. Ва аз ҳама муҳим дар назари атфоли замон ростгӯтарину поктарин шахс менамуд. Ин буд, ки ҳар тифле орзуи чунин буданро мекард.  Аммо имрӯз орзуи аксари хонандагон хатми мактабу ба Русия барои мардикорӣ рафтан аст. Ҷавонони имрӯза мехоҳанд ҳуқуқшинос, духтур, ва баъзе аз соҳаҳои иқтисод ё андоз, ки ҳамаи он ба пул сару кор доранд биёмӯзанд. Дар факултаҳои фанҳои дақиқ ва ҳаётан муҳим аз назарҳо дур афтодааст. Он афроде, ки дар соҳаҳои боло зикршуда нияти хондан доранд, на ҳама орзуи духутури касбӣ ҳуқуқшиноси варзида ва иқтисоддони қавӣ шуданро мехоҳанд. Ба назари коршиносон, имрӯз фасод дар ҷомеъа мисли саратон гаштааст, ки тамоми рагу пайванди онро танидааст ва насли ҷавон низ медонад, ки ягона роҳи ба даст овардани сармоя дар ин касбҳост.

Ё ба таври дигар имрӯз ҷомеъа худ харидори илму дониш нест. Зеро ҳар нафаре, ки мехоҳад дар оянда соибкасб шаваду барои кишвару миллат кореро анҷом диҳад ва зиндагии осудае дошта бошад, онро намебинад. Маоши кам ва набудани ҷойи кори муносиб хоҳ нохоҳ аз назари наврас дур намемонад. Ин омил ба раванди таълиму тарбия бе асар намемонад ва маҳз ҳамин бекорӣ ва фасод аст, ки ба назари як ошноям имрӯз мардуми тоҷикро ба он оварда расонидааст, ки бо хоҳиши худ мардикорӣ - ғуломиро ихтиёр кунанду аз маориф дурӣ варзанд. Зеро, дар ғарибиву муҳоҷират бо ҳама мушкилот ҳам медонанд, ки соҳиби пулу моли бештар шуда метавонад ва хонадонашро аз фақру нодорӣ наҷот бахшад. Ин аст, ки имрӯз дар кишвар беш аз 2 ҳазор омӯзгор намерасаду дар деҳот бошад хатмкардаҳои мактабҳои миёна дарс мегӯянд.

Илм асоси пешрафт аст, агар онро қадр бинмоем…

Дар ҳар кишваре, ки ба илму маориф таваҷҷӯҳ кам аст, хоҳ нохоҳ дар ташаккули маънавиву иқтисодии кишвар таъсири манфӣ мегузорад. Зеро, танҳо бо дуруст роҳандозӣ кардани илму маориф мешавад ҳар миллатеву ҷомеаеро сохт. Соҳаи маорифи кишвар эҳтиёҷ ба таваҷҷӯҳи бештаре дорад, то муаллими тоҷик боз аз нав сари сабаду шамъи маҷлис бошад. Зеро бедонишӣ ва ҷаҳл ҳар миллатеро ба зулмоту нобудӣ мебарад. Муаллими бечораи тоҷик бошад маҷбур аст, ки дар ду бахш аз 35 то 40 соат дарс гӯяд, то тавонад аққалан барои рӯзгораш нони нимсерӣ пайдо кунад. Рӯзи дароз дар синфхонаҳое, ки аз нарасидани мактаб ҳадди 35-40 нафарӣ дарс мехонанд кори саҳл нест. Ин худ қаҳрамонист  ва асаби пӯлодинро тақозо мекунад. Тасаввур кардед? Масалан ман, ин бори сангинро бо ҳақмузди андак кашида наметавонам, шумо чӣ?

Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)