Бахшҳо
06 окт 2012 05:53Иқтисодӣ

То кай муҳоҷирон кори масъулинро мекунанд?

Имрӯз нақши муҳоҷирони меҳнатӣ дар иқтисоди Тоҷикистон баръало назаррас аст, аммо ҳукумати кишвар барои рушди ин бахш чӣ кори муҳиме анҷом додааст? Ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик кайҳо марзи ду миллионро убур кардааст. Суоли асосӣ ҳоло ин аст, ки оё бо таваҷҷуҳ ба заъфҳои иқтисоди мамлакат ва амалӣ нагардидани тарҳи ҷиддие барои рушди соҳа аз ҷониби масъулин, будани муҳоҷирон дар хориҷа то кай ба манфиати иқтисоди кишвар хоҳад буд?

Муҳоҷирон масъулинро танбал кардаанд

Муҳоҷирини тоҷик дар нимсолаи аввали соли 2012 аз Русия ба ватан тавассути бонкҳо қариб 1,5 миллиард доллар ворид кардаанд. Тибқи омори расмии Бонки марказии Русия, муҳоҷирон дар семоҳаи аввали соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон 551 миллион ва дар семоҳаи дуюм 851 миллион доллар ирсол намудаанд. Аммо дар миёни кишварҳое, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирони корияш аз хориҷ маблағи бештаре интиқол додаанд, дар мақоми аввал бо 2.1 миллиард доллар ӯзбакистон меистад. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давом зиёда аз 1.4 миллиард доллар фиристодаанд. Сегонаро Украина бо 1.3 миллиард доллар ҷамъбаст мекунад.

Ин оморҳо нишон медиҳад, ки имрӯз иқтисоди Тоҷикистон бевосита аз муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст, зеро соли 2011 ҳам онҳо аз Русия ба кишвар 3 миллиард доллар ворид карда буданд, ки дар қиёс ба соли 2010 800 миллион доллар (33,6%) бештар буда, баробари 45,4 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва 2 маротиба бештар аз буҷети кишвар ҳисоб гардид. Гузоришҳо ҳокиянд, ки ҳудуди 80 дарсади оилаҳо дар Тоҷикистон аз Русия пул дарёфт мекунанд ва аз ин ҳисоб ниёзи худро таъмин месозанд.

Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки сутуни иқтисоди Тоҷикистон ба китфи муҳоҷирон рост мешавад, пас, ҳукумати барои рушди иқтисод чӣ коре кардааст?

Табаралӣ Ғаниев, доктори улуми иқтисод мегӯяд, яке аз нишонаҳои ҷаҳонишавии иқтисодиёт ин аст, ки мардум ба хотири шуғли доимиву касбӣ интихоби озод доранд ва агар имрӯз сиёсати Тоҷикистон дарҳои пушида мешуду намегузошт то мардум аз ҷумҳурӣ берун раванд, ин барои кишвар як муаммои ҳам иҷтимоӣ ва ҳам иқтисодӣ мешуд: "Агар аз ин дидгоҳ нигоҳ кунем, хушбахтона маҳдудият нест ва ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад бо шартномаву имтиёз гирифтан аз давлатҳо ва дигар амалҳое, ки ба шуғли мардум вобаста аст, муҳоҷиронро беҳтар таъмин созад. Аз тарафи дигар агар аз нигоҳи микро/макро иқтисод гирем, як қатор мушкилоте ҳаст, ки аз муҳоҷират сарчашма мегирад ва ин барои ҳамаи давлатҳо маълум аст. Дар ҳақиқат ин шароити сангинро гузаронидаему давраи дигаре барои Тоҷикистон дорад меояд ва бояд имкон фароҳам овард, то мардуме, ки аз маҷбурӣ ба дигар давлатҳо сафар карданду соҳибтахассус буданд, барояшон шароити корӣ фароҳам созем, ки баргарданду дар ватан меҳнат кунанд. Зеро ин 3 миллиарди воридшуда ҳамагӣ 20 ва дар мавориде 25 фоизи маблағҳоест, ки онҳо кор кардаанд ва агар маоши онҳо дар доираи 25 дарсади ҳаҷми кори иҷрошуда бошад, онҳо 20 миллиард кор мекунанд ва 3 миллиард ба Тоҷикистон меоранд. Ҳар соле агар 17 миллиард доллар дар ин давлатҳо аз худ карда шавад, дар 10 сол 170 миллиард доллар ва дар 15 сол зиёдтар маблағҳои кор кардаи муҳоҷирони тоҷик берун аз кишвар мемонад. Агар ин маблағ яъне 170 - 200 миллиард доллар дар Тоҷикистон барои насли оянда ҳамчун сармоя мешуд, мамлакат аз нигоҳи иқтисодӣ хеле рушд мекард".

Дар ҳамин ҳол, Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон  яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошад ва маҳз ҳамин маблағҳо имконияти бартараф кардани на он қадар сиёсати бомуваффақияти иқтисоди давлатро доранд. Агар боя гон далел даромади маблағҳои муҳоҷирон коҳиш ёбад, давлати Тоҷикистонро мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ пешвоз мегирад.

"Вазорату идораҳо аз иҷрои вазифаи муҳими касбии худ намебароянд"

Даромади поин ва набуди истеҳсолот сабаб шуда, ки Тоҷикистон камтарин саҳмро дар тавлиди ММД миёни кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба худ ихтисос диҳад. Бештарин саҳми мардум аз ММД дар байни кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар соли гузашта марбут ба қазоқҳо ва ҳудуди 9 ҳазор доллар аст. Камбизоатии густарда ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонро водор сохта, то барои таъмини ҳади аққали зиндагии худ ба Русияву дигар кишварҳои ҳамсуд сафар кунанд ва ҳамзамон бо рушди 3 дарсадии ҷамъият низ дар Тоҷикистон бештари мардуми кишвар аз фақру бекорӣ ранҷ мебаранд ва ҳамасола наздики миллион нерӯи кории мамлакат барои ёфтани шуғл ба хориҷа ҳиҷрат мекунанд.

Чаро дар даврони Шӯравӣ муҳоҷирати бешумори аҳолӣ ба дигар кишвар матраҳ набуд, аммо замони истиқлолият бо суръат авҷ гирифт? Посухи доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев ба ин суол чунин аст: "Даврони Шӯравӣ ҷиҳатҳои манфии худро дошт, вале бартарии он замон дар ин буд, ки мардум дар як системаи ягона фаъолият доштанд ва дар он ҷо тақсимоти меҳнат дар дохили система набуд, вале дар дохил муҳоҷирати мардум дида мешуд. Онҳо ба хизмати ҳарбӣ ва ё барои бунёди иншоот ба дигар кишварҳо мерафтанд ва аз дигар мамолик ҳам ба ин ҷо меомаданд. Худи системаи ташкили фаъолияти меҳнатӣ, ки аслан системаи ягонаи давлатӣ буд, кулли аҳолиро дар бар мегирифт. Ин албатта бартарӣ дошту касе бекор намемонд, чун бахшҳои асоснокшудаи нақшавӣ, ки тарҳрезияшон аз марказ оғоз мегардид, вале ба ҳар ҳол тамоми аҳолиро фаро мегирифт. Барои ҳамин зарурати муҳоҷират набуд, ҳарчанд  теъдоде аз мардум ба дигар кишварҳо сафари кориву хизматӣ доштанд ва он монанди имрӯза намоён набуд".

Аз ӯ мепурсем, ки пас, мушкил куҷост, ки масъулини имрӯзаи Тоҷикистон наметавонанд теъдоди муҳоҷиронро коҳиш диҳанд?

"Системаи иҷтимоии замони Шӯравӣ аз тарафи русҳо идора мешуду онҳо муваффақ буданд. Имрӯз ҳам барои ҳар як ҳадафро ноил гаштан ҳатман бояд Тоҷикистон роҳбарону институтҳои муқтадир ва нақшаи рушди стратегиро таҳия мекардагӣ дошта бошад ва баъд вобаста аз ин иҷрокунандаи худро пайдо намояд, то низоми иқтисод рушд ёбад. Вале имрӯз мебинем, ки институтҳои таҳқиқотиву илмӣ ва истеҳсолӣ, инчунин вазорату идораҳо аз иҷрои ин вазифаи муҳими касбии худ намебароянд. Ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо мешунавем, ки гӯйё дар бахши кишоварзӣ ҷойҳои корӣ ташкил шудаанд, вале ин соҳа дақиқ назорат бурда намешавад. Бинобар ин, агар имрӯз идораҳои ҳукуматӣ аз рӯи элементи ихтисосӣ амал карда тавонанд, дигар ҳоҷат ба муҳоҷират намемонад ва бештари мардум дар дохил соҳиби шуғл хоҳанд гашт",-посух медиҳад Табаралӣ Ғаниев.

Ба пули муҳоҷирон одат кардан оқибати хуб надорад

Бештари муҳоҷирони тоҷик барои пайдо кардани кор Русияро интихоб мекунанд. Бо таваҷҷуҳ ба амалҳои ҷониби Русия, ки дар сурати ихтилофоти сиёсӣ миёни Кремлу Душанбе аз муҳоҷирон ба сифати абзори фишор истифода карда, онҳоро ба депорт кардан таҳдид мекунанд, дар маҳфилҳои Тоҷикистон ҳарфҳое баланд мешавад, ки Тоҷикистон бояд барои муҳоҷиронаш алтернативаи Русияро пайдо созад. Ҳарчанд, мақомоти кишвар аз қарордодҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои дигар, аз ҷумла Қатар барои бо ҷои кор таъмин кардани шаҳрвандони мамлакат хабар доданд, аммо аксари соҳибназарон мегӯянд, он ҷои Русияро иваз карда наметавонад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин суоли дигаре халқ мешавад, ки дар сурати аз Русия депорт шудани тоҷикон чӣ иттифоқе меафтад? Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, вақте дар як давлат нисбати ҷойҳои корӣ маҳдудият ҷорӣ мешавад, хоставу нохоста ҳолате пайдо мегардад, ки он мардум бояд ба дигар ҷо сафар кунанд ва ё ба ватани худ баргарданд ва дар сурати ба миён омадани ин вазъият бояд чораҳои таъмини мардум бо ҷойҳои корӣ андешида шавад: "Пештар бояд андеша кард, то инҳо нараванд, аз рӯи таҳқиқоти мо ҳам тақрибан 40 дарсади ин мардум дигар бар намегарданд. Асоси баргаштани муҳоҷирон зану хонаву фарзанд аст, баъзеи онҳо оилаи худро ҳамроҳ бурдаанд ва иддае дигар падару модарашон ҳаст ва баъди 10 сол агар волидайнашон аз дунё раванд, онҳо дигар ба Тоҷикистон намеоянд. Ҷавонон ҳам дар он ҷо издивоҷ мекунанду мемонанд".   

Табаралӣ Ғаниев афзуд, зидди ҳаргуна муҳоҷират мебошад: "Тасаввур кунед, ки фарзандамонро ҳамчун як нерӯи инсонӣ ва як сармояе, ки дар оянда судоварӣ дорад, ба воя мерасонем, аммо манфиаташро дигар давлат ё хонавода мебинад. Ин низоми аслии корӣ нест ва моро ҳеч гоҳ қаноатманд карда наметавонад. Ман мехоҳам, ки мардуми тоҷик дар кишвари худ ҷои кор ёфта ба ватану миллати худ хизмат кунанд. Агар дар берун ҳам бошанд, дар шакли муҳоҷирати аробакаши меҳнатӣ не, ба сурати мутахассиси касбӣ, ки миллиардҳо доллар судоварӣ дошта бошанд".

Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон бошад, меафзояд, ки: "Ман дигар ҳали ин масъаларо намебинам, ба ғайр аз озодсозии таъсири давлат ба тиҷорат. Ба фикри ман давлат набояд ҳамаро бо ҷойи кор таъмин намояд, барои он ки имконият надорад. Вале имконияти сохтани шароити мусоид ба тиҷорати шахсиро дорад, минҷумла бо роҳи паст ва кам кардани андоз, пешгирӣ аз бурократия,  фасод ва инчунин ҳимояи ҳуқуқи молу мулки шахсӣ. Бо ин шароит бизнес мустақилона ҷойҳои корӣ месозад. Иқтидори соҳибкории шахсӣ, агар имконияти рушдро дошта бошад, ҷойҳои кории ҳақиқиро ба вуҷуд меорад, ҷойҳои кории давлатӣ бошад, ҳақиқӣ нестанд".

Ҳарчанд интиқоли пул аз Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон муҳим аст, вале ҳукуматро зарур аст, то рушди иқтисоди миллиро тезонад ва вобастагияшро аз вуруди пул аз хориҷа кам кунад. Масъулин бояд маблағҳоеро, ки ҳамасола аз ҷониби муҳоҷирон ворид мешавад, ба эҷоди ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодӣ равона кунанд.

Тоҷикистон ҳамчунон аз кишварҳои фақиртарини дунёст ва барои муқобила бо камбизоатӣ саҳми бахши хусусӣ дар тавлиду санъати дохил кам аст.

Иқтисоддонҳо одат ба пули муҳоҷиронро як омили нохуб медонанд. Афзоиши воридоти пул аз хориҷ сабаби камфаъолиятии ниҳодҳои давлатӣ шуда ба ҳамин хотир ҳеч тарҳи чашмгире дар заминаи рушди иқтисодӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ дар кишвар иҷро нашудааст ва идомаи ин раванд иқтисоди дар ҳоли бӯҳронии Тоҷикистонро беш аз гузашта заиф сохта, хатароти зиёдеро барои иқтисоди кишвар ба миён меорад. Пас, масъулин ҳарчи зудтар бояд даст ба кор шаванд.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)