Бахшҳо
11 окт 2012 11:06Гузориш

Фридман: “Амрико бар ивази 1 кушташуда 100 нафарро қурбон кардааст”

“Баъзе сиёсатҳо ва эҳсосоти зидди амрикоӣ бархоста аз идеология ва таърих аст. Аммо бахши умдаи ин нигариш бархоста аз ин воқеият аст, ки даҳҳо ҳазор нафарро дар кишварҳои дигар куштаем ва онҳоро ба фикри интиқом андохтаем”.

Нумос Фредман дар шумораи рузҳои якшанбеи  “Ню Йорк Таймз”  сутуни вижае дорад. Ӯ дар сутуни ахираш навишта аст,  ки мушкили бузурге, ки мо ( Амрико) дар ҷаҳони араб ва ислом бо он рӯ барӯ ҳастем ривоят аст. Манзур аз ривоят, назари мусалмонон дар бораи нақши манфии Амрико дар минтақа аст. Ба навишати ӯ, агар мусалмонон  бо мантиқ нигоҳ кунанд,  дармеёбанд, ки сиёсати хориҷии Амрико то ҳадди зиёде ба наҷоти мусалмонон, ё талош барои озод кардани онҳо аз ситам  ва истинбод, ихтисос дошта, албатта иштибоҳоте ҳам сурат гирифта, монанди расвоии зиндони Абу ғурайб. Аммо мушкили аслӣ ин аст, ки мусалмонон аксаран  барои иҷтиноб аз масъулияти иқдомоти худ, шиорҳои  зидди исломӣ медиҳанд.  

Аммо ман (Фридман) ахиран дар конфронсе илова бар шунидани назароти мутафовит ва гуногун аз кишварҳои ҷаҳони ислом, ривояти мутафовите аз ин мавзӯъ шунидам. Дар ин конфронс илова бар шунидани назароти мутафовит ва гуногун аз кишварҳои мухталифи исломӣ, шунидам, яке аз ширкаткунандагоне, ки  аз як рӯзномаи барҷастаи Англия  буд, мавзӯъро ин тавр баён кард: агар Амрико мехоҳад тасаввури худро дар ҷаҳони ислом беҳтар кунад, бояд куштори мусалмононро мутаваққиф намояд. Ҳоло бо шунидани ин назарот фикр намекунам мавзуъ ба он соддагӣ бошад, ки Фредман баён кард. Ман бо шунидни назароти мухталиф дар ин конфронс, ба фикр фуру рафтам. Дар 30 сли гузашта Амрико чи теъдоди мусалмоноро кушта аст ва мусалмонон чи теъдод аз амрикоиҳоро куштаанд? Расидан ба посухи дақиқ ба ин савол, шояд ғайри мумкин  аст. Аммо омор ва рақамҳо дар ин бора вуҷуд дорад.

Ман қасдан омореро интихоб кардам, ки дар он шумори куштагон аз суи амрикоиҳоро бештар  барҷаста карда ва шумори куштагонро аз тарафи мусалмонон камтар арзёбӣ карда аст. Қасдан омореро барои таҳлили навишатаам интихоб кардам, ки ба суди амрикоиҳост.

Талафоти мусалмонон:

Тӯфони саҳро (1990) 5600 низомӣ ва 3500 ғайри низомӣ
Таҳрими Созмони милал алайҳи Ироқ, дасти кам 100 ҳазор
Ҳамлаи Магодишо, 18 низомӣ,  315 ниманизомӣ
Афғонистон, 920 низомӣ, то 320 ғайри низомӣ
Ироқ, 5800 низомӣ то 100 ҳазор
Ҳамалоти  11 сентябр  2819 ғайри низомӣ
Ҳамла ба ҳвопаймои  Эрон 290 ғайри низомӣ

Талафоти амрикоиҳо:

Ҳамла ба киштии USS cal , 17 низомӣ
Бомбгузории сафоратхонаҳо дар Африқо, 12  дипломот
Ҳамла ба сафорат ва пойгоҳи низомӣ дар Лубнон, 300 сарбоз ва диплӣмот
Ҳавопаймои Пан амеркиан, 180 ғайри низомӣ


Бар асоси ҳамин итилоот, ки боз таъкид мекунам итилооте бар асоси омори ҳадди аксари талафоти амрикоиҳо ва ҳадди аққали талафоти мусалмонон аст, ҳатто бо дар назар гирифтани ин омор, маълум мешавад, ки Амрико ба ивази ҳар амрикоии кушта шуда, 30 мусалмонро кушта аст. Нисбати воқеӣ албатта болотар аз ин аст. Агар бихоҳем  хадди аксари омори талафот, масалан дар заминаи ҷанги Ироқ баъд аз ишғоли соли 2003 ин кишварро дар назар бигирем, ки гуфта мешавад болои як милиюн нафар аст, он вақт дармеёбем, ки Амрико ба ивази ҳар амрикоии кушта шуда, беш аз 100 мусулмонро куштааст.

Чаро Амрико фақат ҳуҷум мекунад?

Оморе ба ин монанд бояд бо эҳтиёт таҳлил ва истифода шаванд ва мулоҳизоте дар бораи онҳо дар назар гирифта шавад. Аввал инки Амрико танҳо масъули баъзе аз ин маргу мирҳо набуда аст. Масалан дар бораи маргу мирҳои бархоста аз таҳримҳои Созмони милал алайҳи Ироқ. Садом Ҳусейн бояд масъули ин маргу мирҳо шинохта шавад. Ҳамчунин бисёре аз маргу мирҳои бархоста аз кушторҳо ва даргириҳои баъд аз соли 2003 дар Ироқ, масъул Амрико набуда аст.

Аммо ин ҳақиқатро набояд фаромуш кунем, ки Амрико дар соли 2003  бо ҳамла ба Ироқ, дар воқеъ  ба кишваре ҳамла кард, ки коре ба Амрико надош,т на ба Амрико ҳамлае карда буд, на таъарузе. Пас аз ин назар масъул аст. Нукати баъдӣ ин аст, ки гоҳе мардум дар асари сиёсатҳои дурусти Амрико кушта мешаванд, на сиёсатҳои ғалат. Ман воқеъгаро ҳастам  ва инро қабул дорам, ки гоҳе сиёсатҳои  байналмилалӣ дар айни дуруст будан, зиёнҳои маргборе доранд.

Масалн, манс арнагунии толибон дар Афғонистон ё берун рондани Ироқ аз Кувейтро дуруст медонам. Албатта бисёре  дар ин ду воқеъа кушта шудаанд. Ба ҳар ҳол ва бо вуҷуди дар назар гирифтани ҳамаи ин маворид ва воқеятҳо, бояд қабул кунем ки иддаи зиёде аз мардум кишта шудаанд. Пас агар мехоҳем бидонем, чаро мусалмонон аз Амрико ин қадар нафарт доранд, бояд ба суроғи омор ва арқом биравем ва набояд ҷадвале, ки дар ин мақола мебинемро нодида бигирем.

Мумкин аст ба ин омор ба бадбинӣ нигоҳ кунем ва масалан  бигуем, ки далелаш чи аст ва чи омиле боис шуда ва барояш асос биёварем. Аммо ба ҳар ҳол  ин омор қобили инкор нетанд. Тақрибан ҳамаи маргу мирҳои мусалмонон дар ин солҳо ва дар ин ҷадвал паёмади мустақим ва ғайри мусатқими сиёсати расмии давлати Амрико буда аст. Аммо аксари амрикоиҳо, ки тавассути мусалмонон кушат шудаанд, қурбонии гуруҳҳои террористии ғайри давлатӣ, монанди Ал-қоида будаанд.
Бояд ин нуктаро таваҷҷуҳ кунем, ки дар ҷадвали зикр шуда, омори мусалмонон ва арабҳое, ки тавассути Исроил дар Лубнон, Ғаза ва Каронаи бохтарӣ кушта шудаанд, наёмада аст. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамалоти саховатмандона ва бе қайду шарти мо аз сиёсатҳои Исроил дар муқобили ҷаҳони араб,  ба таври куллӣ ва Фаластиниён ба таври хос, мусалмонон ҳақ доранд моро масъули қурбониёни ин ҳамалот ҳам бидонанд.

Бар хилофи он чи Фридман фикр мекунад, мушкили воқеъии мо ривояти мусалмонон аз нақши Амрико дар минтақа нест, балки мавзуъи аслӣ корҳое аст,  ки мо дар солҳои ахир кардаем . Бояд воқеъбин бошем, то бубинем чаро Амрико он қадар номаҳбуб аст. Баъзе сиёсатҳо ва эҳсосоти зидди амрикоӣ бархоста аз идеология ва таърих аст. Аммо бахши умдаи ин нигариш баргирифта аз ин воқаъият аст, ки мо даҳҳо ҳазор нафарро дар кишварҳои дигар куштаем ва онҳоро ба фикри интиқом андохтаем, фақат кофӣ аст ба посухи ин савол фикр кунем, ки баъд аз ҳамалоти 11 сентябр мо чӣ кардаем?

Манбаъ: Хабаргузории Форс




Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)