Бахшҳо
12 окт 2012 05:53Муҳоҷир

Путин биё, тез-тез биё!

Путин.Ин ном серталаффузтарин вожа дар як ҳафтаи ахири Душанбе буд. Сиёсатмадорон  ва коршиносон сари масоили омадану рафтан ва ҳал кардани кадом масъалаҳое атрофи номи ӯ баҳс мекарданд.Дигарон бошанд, аз омадани деринтизори ӯ, ки ҳанӯз аз моҳи май сару садо баланд гардида буд, изҳори хушнудӣ мекарданд. Аҳмад, як ронандаи худрави "Старекс"  умедворӣ аз он мекард, ки бо омадани Путин шояд қимати газу бензин поён равад: "Бубинед газ то 4 сомонӣ боло рафтааст. Ҳоло мегӯянд, ки шояд панҷ сомонӣ ҳам мешавад. Агар ҳамин Путин накунад, намедонем оқибат чӣ мешавад...Хайр мебинем- да"

Аммо Путин омаду бо таҷлили 60-сорлагии ҳамтои тоҷикаш ва ҳам дар арафаи мавлуди худ чанд созишномаро имзо кард. Аз ҷумла, барои то 30 соли дигар боқӣ мондани бе қайду шарти неруҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва бозпас рафт. Бо сари баланду бо ғурури русиаш ва ҳам бо қаноатмандӣ.Душанбе дар навбати худ аз Русия иҷозаи то 15 рӯз тамдид кардани будубоши бе қайди муҳоҷиронро дарёфт кард. Чӣ таззоде!

Аммо аз ҳама ғарибу аҷибаш тармиму таҷдиди роҳҳое буд, ки Путин бо он ҷодаҳо бояд ба пойгоҳи 201-уми ФР мерафту бо артишаш дидор мекард.Ба қавле аз омадани Путин ҳамон гуфтаи мардумӣ ба ёдам омад: "Омад-омади шаҳи Дарвоз…"

Ростӣ, ки ташрифи Путин на танҳо дар масоили сиёсиву иҷтимоии кишвар асаргузор буд. Аз толибилмон то мӯсафедони маҳаллаи "Гипрозем"-у "Военгородок"-и Душанбе мегӯянд, хуб шуд, ки Путин омаду роҳамон обод шуд. Воқеъан, кӯчаи Борбад, ки солҳо боз хати сафедро надида буд, ба таври ҳайратовар дар як шаб "соҳиби хат" шудаву тамоми чароғҳои ин ҷода рӯшан шуданд. Тармимгарони хиёбон иброз доштанд, ки Путин ба ҳамин роҳ то 201-ум дивизия мервад, барои ҳамин.   

Боз як корнамоии "роҳсозон", ки ба назари сокинони ин минтақа хандаовар ва бемасъулиятии онҳоро ҷилва медиҳад ин аст, ки дар гардиши аввали он ки бинои марказии пойгоҳ қарор дорад, роҳро мумфарш кардаанд, аммо 20 метр дуртар роҳро ба ҳоли худ партофтаанд, зеро Путин аз он ҷо убур намекунад. Савол ин аст, ки магар шаҳрвандони одии Душанбе, соҳибони аслии ин марзу бум ҳаққи дар роҳи ҳамвору бечанг гаштанро  надоранд?  Чаро пештар касе фикри онро намекард? Ё таваҷҷӯҳ танҳо бо роҳе, ки Путин меояд ва президенти Тоҷикистон мегузарад, равона мегардаду бас? Масъулини ҳукумати мо ҳамеша аз мушкилии молӣ ҳарф мезананд, аммо мо дидем, ки мешудааст!

Иловатан бояд бигӯям, ки дӯконҳои рӯзномафурӯшии сари роҳ низ бардошта шуда буданд, нӯқтаҳои фурӯши  хӯрокворӣ низ аз назди бозори "Сомон" ғайб заданд. Аз ҳар нафаре, ки дар ин маврид суол кардем, ҷавоб якто буд: Путин меояд!

Хулоса, ҳама ҷо тозаву озода ва ҳама ҷоро шиорҳои дӯстии мардуми русу тоҷик фаро гирифтааст. Бале, Русия шарики стратегии мост, аммо то кадом ҳад ва ба кадом шарту шароит инаш паҳлӯи дигари масъала.

Дустӣ ва равобити хубу ҳасана барои ҳар ду кишвар зарур аст, аммо ба назари ман, ҳамкории баробар.
Аммо бо ҳама ину он ва бурду бохт, ин ки бо омадани Путин роҳҳо каме тозаву обод шуданд, шояд сокинони Гипрозему Военгородок зери лаб бигӯянд: "Путин биё, тез-тез биё…"

Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)