Бахшҳо
13 окт 2012 07:02Иҷтимоӣ

Муҷиддинов чаро ҳирфавиёнро чашми дидан надорад?

Як гурӯҳи ҷавонони боистеъдод, ки аз сирки давлатӣ бо сабабҳои гуногун ронда шудаанд, аз амалҳои номатлуби роҳбари он Ҷамолиддин Муҷиддинов ба мо шикоят карданд. Яке аз онҳо Татяна Висотская мебошад. Ин бонуи ҷавон, ягона зане дар кишвар ба шумор меравад, ки дар жанри дорбозӣ 110 кг вазнро  дар болои сараш нигоҳ дошта метавонад. Ҳамзамон ду духтари  яке 50 килло ва дуввумӣ 25 киллоро  низ болои сараш мебардорад.  Аммо имрӯз то андозае рӯҳафтода шудааст, ки мегӯяд, дигар бовар надоранд, ки дигар сирк лозим аст:- Ман хеле дилшикастаам аз сирк. Меҳнати 12- солаам ба бод рафт. Қаблан фикр мекардам, ки дар мо нафаронеро, ки истеъдод ва таҷриба доранд, қадрдонӣ мекунанд, аммо иштибоҳ кардам. Мо нафароне будем, ки сиркро аз таҳти дил дӯст медоштему барои мардуми диёрамон хизмат мекардем, дар кӯча мондем. Гарчанде маоши ночиз 120- сомонӣ мегирифтем, аммо барои паст нашудани обрӯи сирки тоҷик аз талаботи зиёд ҳам даст кашидем. Ҳунарманд ҷаҳони дигар дорад, вақте каме аз кораш розӣ мешавад, ба дигар чизҳо камтар таваҷҷӯҳ мекунад, - мегӯяд мусоҳибам.

Ба қавли Татяна, ин рӯҳафтодагии кормандони сирк дар намоишҳояшон баръало эҳсос мешавад. Фарқ нест, ки онҳоро дорбозӣ мекунанд, ё мазҳака нишон медиҳанд. "Ҳунармандоне, ки он ҷо рӯи саҳна меоянд, ҳавас надоранд ва ҳолати бозиро бо қалб эҳсос намекунанд, бовар кунед ин фоҷиа аст"- мегӯяд, Татяна.

Ин шикояти ҳунарманд дар ҳолест, ки Ҷамолиддин Муҷиддинов, раҳбари "Сирк"- и давлатӣ дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки ҳеч касро бегуноҳ аз сирк нарондааст. ӯ афзуд, ин  нафарон на 25- нафар, балки10- нафарро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи Муҷиддинов, онҳо  гарчанде истеъдод доранд, вале  одоб надошта, корашон фақат гурӯҳбозӣ асту халос:

- Бовар кунед, ин ҷавонон касеро писанд намекарданд, ба калонсолон эҳтиром намегузоштанд, худро аз коллетив ҳамеша дар канор мегирифтанд. Ин хонаи на падари ману на падари онҳост, ҳар чӣ хоҳанд мекунанд. Ин бинои давлатӣ аст, вале онҳо фақат як гап доштанд: Мо як команда ҳастем!

Аммо ҳунармандон дар посух мегӯянд, ки онҳо воқеан ҳам як командаи хеле пурқувват  буда, фаъолияти хубу фарқкунанда доштанд. Ҳамаи асарҳои устод Ашӯр Раҷабов (устоди ин гурӯҳ)  хеле умедворкунанда ба саҳна гузошта шуда буданд, ки шоҳид фақат тамошобинонанд:

- Магар команда ташкил кардан ҷиноят аст? Мо командаро танҳо ба хотири эҳё намудани мактаби сирк ташкил кардем. Магар гуноҳ кардем, ки ба тамошобинон  умед додем? Чунин иқдомро  дар тамоми дунё барои пурқувват кардани саҳна  истифода мекунанд. Дар пайи ин мактаб нафари ҳирфаӣ дар саҳна мемонаду нотавон аз он берун мешавад. Вале таҷрибаи сирки тоҷик хеле аҷибу таърихист, нафари профессионал берун мешаваду беҳунарро қадр мекунад,- бо афсӯс мегӯянд, ҷавонон.
Дар ҷавоб ба ин Муҷиддинов мегӯяд, ӯ наметавонад танҳо ба хотири ҳирфаӣ будани ин гурӯҳ ба онҳо доим гузашт кунаду муҳити эҷодиро вайрон созад.

- Бубинед, онҳо муаллимони ин даргоҳи бузургро дар роҳравҳо чун медиданд, ба ҷои салом додан, туф мекарданд, ана ин аст командаи Раҷабов! Дигар худатон қазоват кунед, ман бояд чӣ кор мекардам?,- мепурсад роҳбари сирк.

Вале "команда"- и Раҷаббов ба ин ҳарфҳо розӣ нестанду онҳоро  тӯҳмат мешуморанд. Маҳмадалии Саидҷалол, ки  хонандаи синфи 9- мактаби миёнаи №76 аст, мегӯяд, ӯ дар жанри перш, жанглёр ва накатушкаро  хеле моҳирона иҷро мекард. Маҳмадалӣ ҳанӯз 3- сола будааст, ки волидайнаш ӯро барои  таълим додан ба назди муаллим Ашӯр Раҷабов овардаанд. Ин писари ҷавон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон  дар яке аз намоишҳояш, ки бо кӯшишҳои Раҷабов анҷом шудааст, дорои дипломи байналмилалии сирк гардидааст:

- Маҳз чунин сафарҳоро устод Ашӯр  ба хотири мубодилаи таҷрибаву афкор анҷом медод. Аммо баъд аз рафтани устод Раҷабов, кормандони сирк дигар дар ягон озмун иштирок накардаанд- нақл мекунад ӯ. Ва меафзояд, ки Ашӯр Раҷабов  аз кораш ҳеч гоҳ қонеъ намегардид ва фақат насиҳат мекард, ки бояд аз ин бештар кор кард. "Ростӣ, имрӯз ба меҳнатам дилам месӯзад, ки бе ягон гуноҳ аз кор ронда шудам" афсӯс мехурад, Маҳмадалӣ.

Суоли дигаре, ки ин гурӯҳи ҳунармандон пешорӯ мегузоранд ин аст: чаро  шогирдони дигар муаллимон аз кор ронда нашуданд тӯли чандин солҳо, гарчанде хеле беистеъдоданд? Онҳо ҳамчунин мисол меоранд, ки аз сабаби надонистани нозукиҳои касбӣ, ҳатто як ҳунарманд, ки тақрибан 16 ё 17 сола будааст, аз баландӣ ба замин афтидааст, ки дар натиҷа дасту пояш ҳам шикастааст, аммо раҳбарияти сирк баъдан ба расонаҳо хабари дурӯғ дар хусуси ӯ пахш кардааст.

Пас, худи Ашӯр Раҷабов кист?

Раҷабов нафаре аст, ки коллеҷи шаҳри Тошкандро хатм кардааст. ӯ тақрибан дар тамоми намоишҳои  сиркҳои давлатии ҷахон фаъолият кардааст. Ҳатто ду маротиба аз Ҷумхурии Исломии Эрон даъвати кор кардан аз рӯи шартнома ба муддати 2- солро низ дарёфт кардааст. Аммо ба гуфтаи шогирдони Раҷабов  вай ҳамаи ин даъватномаҳоро рад кардааст, ба хотири пешрафти сирки давлатии Тоҷикистон. Воқеан ҳам баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ, сирки Тоҷикистон пурра ба қавле "мурда" буд.

Сирки тоҷикро маҳз Раҷабов зинда кардааст, мегӯянд шогирдони ӯ. Аммо тибқи гуфтаи баъзеҳо чун  Раҷабов одами боистеъдод буд, Муҷиддинов  гӯё аз касбӣ буданаш тарсидааст ва ба баҳонае ӯ ва сафи шогирдонашро аз  сирк пок кардааст. Ҳангоми намоишиҳои идона маслиҳатҳои Раҷабовро ба назар намегирифтааст. Хуллас бо фишорҳои гуногун аз ҷониби раҳбарият,  Раҷабов низ тарки кор мекунад. Гарчанде Раҷабов меравад, аммо ӯ тавонист дар муддати 12- соли кориаш шогирдони зиёди боистеъдод тайёр  кунад. Аммо акнун шогирдонаш, ки наздик ба 25-  нафарро ташкил медиҳанд, имрӯз дар сирк нестанд. Ҳатто ин шогирдон нақл мекунанд, ки онҳоро қабл хориҷ шудан аз ҷои корашон, ба саҳни сирк ворид шудан  намемонданду аз дарбон фақат як чизро мешуниданд : "Аз боло фармон шудааст, ки шумо ба сирк надароед. "

Аммо шогирдони Ашӯр Раҷабов мегӯянд, ки баъд аз рафтани устодашон  бисёре аз жанрҳои сиркӣ низ аз байн рафтанд. Сирк то омадани  ин мутахассис  жанрҳои гимнаст дар тасма, торбозон, трапесия, ҳалқаи гимнастика, жанглёр эквирибрист дар латушка, каучук, тори озод, эквилибристика бо қуттӣ, зинапояи гузариш, перш, акробат волтижерҳо, гимнастика дар моҳ, скакалка, моносикл, бозӣ бо асп ва баъзе рипризаро надошт.  Гарчанде баъзеи аз онҳо имрӯз мавҷуд бошанд ҳам, вале хеле дар сатҳи паст ба намоиш гузошта мешаванд, мегӯянд онҳо.

Аммо Муҷиддинов мегӯяд, ки қасосгирӣ ҳам ҳад дошт. "Бо нависонавис ҳес кас ба мақсад намерсад. Ман ростӣ ба ҳамаи ин камбудиҳо  дар аввал чашм пӯшидам. Охир ман роҳбарам, бояд ҳама чизро таҳаммул кунам, вале нашуд. Имконияти зиёд  ба  Раҷабов ва командаи дӯстдоштааш ҳам додам, ӯро ҳамчун мутахассис хеле қадрдонӣ  кардам, ки боз ҳам нашуд" мегӯяд, Муҷиддинов.

Ҳунармандони тоҷик аз фазои номусоиди ба амал омада дар сирки тоҷик афсӯс мехӯранд, зеро бе ин ҳам вазъи фарҳангиён дар Тоҷикистон хуб нест. Аз ҷониби дигар тарбияи кадрҳои нав дар замони ҳозира кори осон нест. Пас, бояд ҳам раҳбарияти сирк ва ҳам вазорати фарҳанг сари ин масъала ҳамаҷониба андеша кунанд. Аммо ҳунармандонро ин  ба ташвиш меорад, ки дар бораи қазияи ба амал омада дар сирк матлабҳои зиёде дар расонаҳои хабарӣ чоп шудааст ва масъулини вазорати фарҳанг аз асли воқеъа бохабаранду тадбире намеандешанд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)