Бахшҳо
29 окт 2012 05:19Гузориш

Эй, «Парӣ» боз ою андар гӯшаи чашмам нишин…

Дар  шаҳри  Алмаато ҷашнвораи 1V-уми байналмилалии театрҳои  кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом ёфт. Дар ин ҷашнвора намоишномаи  «Парӣ» -и Театри ба номи Меҳрубон Назарови  вилояти мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  соҳиби ҷоиза  барои мусиқии олӣ шуд.

Ҷашнвора бо ширкати беҳтарин театрҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбакистон як ҳафта идома кард ва ба ҷашни ҳақиқии ҳунари мардуми минтақа табдил ёфт. Ҳар рӯз дар толори театрҳои пойтахти ҷанубии Қазоқистон тамошобинон намоишномаҳои зебову пурмазмуни   кишварҳои гуногунро дида  ҳаловат мебурданд ва ҷаҳони маънавии хешро ғанитар мекарданд. Ҳар як намоишнома ба гунаи худ зебо ва мафтункунанда буд ва таваҷҷуҳи тамошобинро ба худ ҷалб мекард. 

Ба вижа, ҳангоми тамошои намоишномаи « Парӣ»- и ҳунармандони тоҷик, ки онро коргардон Хусрави Умед хеле зебо ба саҳна гузоштааст,  тамошобинон ба маънои томаш ангушти ҳайрат газиданд . Зеро ин намоишнома ҳам бо мавзӯъ ва ҳам ороиши саҳнаву мусиқии олии хеш  фарқ мекард. Ҳарчанд  мавзуъи он ба ишқ-- ин мавзуъи ҷовидонӣ бахшида шудааст, вале ин ишқу ошиқии одӣ нест ва он пайванд бо неруҳои осмонӣ дорад. Ин ишқи одаму парист, ки  мазмуни он сарчашма  аз  асотири ориёӣ мегирад. Ҳамчунин дар намоишнома тамошобин ба ҷузъ ишқи пок боз  дардҳои имрӯзии мо,  хории аҳли ҳунар  ва коста шудани ахлоқи ҷомиа  ва паймоншикании одамонро мебинад, ки фарҷоми  чунин паймоншиканӣ   қурбонии Имрон--ошиқи шайдои паридухтар Мино мегардад. Ба гунаи дигар  Имрон бо ишқ ва нафаси гарми Минои парӣ ҷон ба саломат мебарад ва дар охир чун  паймоншиканӣ мекунад,  Мино ӯро тарк мекунад ва  Имрон аз дарди дурии   дӯстдоштааш  ба ҳалокат мерасад.

Басо  ҷолиб ин буд, ки ҳама рӯйдодҳои чӣ шодиву сурур ва чӣ ғаму сӯг дар намоишнома бо оҳангу тарона ва рақсҳои дилангезу муассиркунанда пайваста идома мекард ва ин пайванди маънӣ ва мусиқӣ  намошномаро боз ҳам пуртаъсиру ҷаззоб сохта буд. Ба вижа, тарона ва рақсҳое, ки ҳангоми сӯг  иҷро гардиданд, барои тамошобинони Алмаато як саҳнаи пуртаъсир ва ғайриодие буд, ки монандашро дар ҷое надида буданд. Аз ин хотир, ҳангоми намоиш, ки дар театри номдори шаҳри Алмаато  ба номи Мухтор Авазов баргузор шуд, борҳо тамошобинон ба ҳунари волои  Надима Юсуфова(Мино), Саидназар Аловатов( Имрон),  Ҷобир Хубоншоев( Халифа(мулло), Лангар Соҳибнзаров(падари Имрон), Шарифа Давлатбекова( модари Имрон), Парпишо Қиматшоев( падари Мино), Фирӯз Бахтулҷамолов( амаки Мино)  ва Мутриб Шоискандаров (Сарбоз ) кафкӯбӣ карданду ҳамду сано ва офарин хонданд ва дар охири намоиш онон бо садоҳои «Браво!Браво!» ҳунармандони тоҷикро гулборон карданд.

«Парӣ»-и дар ҳақиқат парӣ…

Воқеан «Парӣ» ба маънои томаш ба дилу дидаи ҳамагон биншаст  ва онон аз он  як ҷаҳон таассурот ва аз дидор бо ин намоишномаи зебо лаззати беандоза гирифтанд.

Ин нуктаро дар ҷараён ва  поёни ҷашнвора борҳо доварон ва созмондиҳандагони ҷашнвора таъкид карданд ва ширкати Театри ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғро  дар ҷашнвора як рӯйдоди фараҳбахш арзёбӣ карданд. Барои худи ҳунармандон ҳам сафари ҳунарӣ ба Алмаато арзиши хоссаеро доро буд. Ба гуфтаи ҳунарманди хушсалиқа Надима Юсуфова дар ҷашнвора онон баробари намоиши ҳунари хеш ҳамчунин бо ҳунар ва дастовардҳои театрҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ошно шуданд, ки ин барояшон мактаби хубест дар роҳи рушди ҳунарашон. Ба Надима аз ҳама бештар намоишномаи театри немисии Қазоқистон бо номи «Тест»( Пурсишнома) писанд омадааст ва ин намоишнома воқиан яке аз беҳтаринҳо дониста шуд. « Мо ҳам, албатта, дар пояи ҳунар аз онон пас намемонем, вале мо басо имконоти молии маҳдуд дорем, дар ҳоле, ки онон аз имконоти басо фаровони моливу маънавӣ бархурдоранд», мегӯяд Надима. Ҳампешаи ӯ Фирӯз Бахтулҷамолов бошад, ин сафарро ба Алмаато ҳамчун рӯйдоди таърихӣ дар ҳаёти аҳли театр медонад. «Мо чандин сол аст, ки  аз Тоҷикистон берун  набаромада будем ва дар ҳамон чор девори кӯҳҳо банд будем ва акнун имконе даст дод, ки дар чунин ҷашнворае ширкат кунем». Ҳарчанд ин сафар, ба гуфтаи ӯ, пас аз рӯйдодҳои сангин  дар Бадахшон иттифоқ афтод ва онон  ва худи ӯ ҳам дар ҳолати ногувори рӯҳӣ қарор доштанд, зеро ба асари он рӯйдодҳо  баъзе пайвандонашонро аз даст дода буданд ва духтари Фирӯз ҳам захмӣ шуда буд, вале алорағми ин ҳама онон тавонистанд бо ҳунари волои хеш дар саҳнаи қазоқ бидурахшанд. Онон умедворанд, ки ин сафари ҳунарии хориҷӣ оғози кор аст ва минбаъд онон боз ба чунин сафарҳои эҷодӣ ва мулоқот бо тамошобинон дар хориҷ аз кишвар борҳо даст хоҳанд ёфт. Тамошобинони тоҷики дар ғурбат буда, ки ташнаи чунин дидор бо олами ҳунар ва зебоӣ ҳастанд, ононро бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат пазироӣ хоҳанд кард ва хоҳанд гуфт: «Эй, «Парӣ» боз ою андар гӯшаи чашмам нишин»…

Насибҷон Амонӣ, шаҳри  Алмаато
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)