Бахшҳо
02 ноя 2012 11:41Иҷтимоӣ

Усул ба дасти нақорачӣ

Бисёр воқеъ мешавад ин ҳолат. Як ҳолату вазъият, ки инсони соҳибдилу ба камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаи ҷомеа ҳамдардро ба ғазабу нафрат меорад, беқарор мекунад ва ӯ ин фарди ҷонфидои дар гирдоби бумбастҳо мондаро ба тафаккуру андеша водор мекунад ва ин шахси баҳушу огоҳ сарриштаи ҳалли он мушкилоти сангини печдарпечро наёфта, пеши худ суол медиҳад, ки "чаро?".

Ва ин "чаро?" ҷавоб талаб мекунад ва агар он фарзонамард амиқан моҳияти мушкилоту проблемаро таҳлилу баррасӣ кунад, посухи суолашро дармеёбад. Дармеёбаду ҳайрон мешавад, ки ин камбудиву норасоӣ ба фалону фалон ваҷҳу сабаб ба зуҳур омадаву роҳат дар ҷараён аст. Пас, чаро ҳамон ваҷҳро, ки аслан дақиқан ба мизони андешаву ақл баркашем, ҳеҷ кирои муҳокимаву файсала ҳам намекунад, касе фарзи мисол, аз масъулон ё роҳбарон ба таҳқиқ пешгирӣ ё бартараф намекунанд? Минҷумла, мушоҳидаи дерин аз чӣ ҳикоят мекунад? Дар як ҷамоати деҳот тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳафт раис кору фаъолият ва лигоми роҳбариро ба даст доштаанд. Ҳафт шахси масъул як солу ду сол сарварии як деҳшӯрои бузургро ба зимма гирифтаанд, вале …

Вале дар муддати 21 соли ватандории навини мо ягон амали чашмрасе, ҳатто андаку ҷузъие ба анҷом нарасондаанд.  Ин сарварон кори худро чун дар қолабҳои пешину якранг ва якнавохт ва гузаронидани маҷлисҳои ҳамчунин дилбазану безамина, имзову муҳр мондан ба ин ё он ҳуҷҷат, дида баромадани арзу шикояти мардуми қаламрав (ин ҳам дар ҳамон рӯзҳои қабули худ) мебинанду халос.

Камбудиву нобасомониҳо зиёд ба чашм мерасанд, рӯз ба рӯзу моҳ ба моҳ ва тадриҷан сол ба сол афзун мегарданду афзун мегарданд, вале роҳбарон аз бурузи ин ҳама мушкилот худро бепарво ва дур мегиранд. Ҳолати мактабҳои 6-7 деха бас фалокатзо ва нигаронкунандаанд. Раис инро медонад, аммо ба ҳеч ваҷҳ "Оби шикамашро ҷунбондан намехоҳад", то ба талошу ҷаҳд аз паи бунёди бинои ҷадиди мактабҳо гардад. Роҳҳои асосии замоне мумфарши ҷамоат валу валангор гардида, то ба он дараҷа, ки дар мағоку чуқуриҳои ин роҳ мошинҳо дармонда, баъди тела-телаву ҷонкоҳонданҳо базӯр нолишкунон аз он варта берун мебароянд. Ин вазъи нохуш низ кайҳо ба раиси деҳшуро ошност. Вай аз ин ҳол ҳам қадри донаи ҷав парво надорад.

Дар басо ҷамъомаду маҷлисҳои ину он сокинони деҳу русто иштирок кардааст ва аз камбудиҳо сухан дар миён ояд, аввал мардуми он деҳаҳо аз нарасидану нокифоятии оби Канали Калон, ки боястӣ зироатҳояшонро шодоб намоянд, лаб ба шикоят мекушоянд. Кам не ғам не 21 сол аст, ки аз беобӣ доду фиғон мебардоранд одамон, аммо раис аз ин боб низ аслан фикри зиёдатиеро дар сар роҳ намедиҳад. Оре, ҳеч кору амале ба анҷом намерасонад раис!

7 раис ягон вайронаеро обод накардаанд.

Ва ин 7 раисро аз боло, аз ноҳия солҳои дароз таъин кардаанд. Ва ин руасо бемуҳобо сокинони тобеи қаламрави худро ба раммаи гӯсфанд ташбеҳ мекунанд ва ҳар қадар мардум шикваю шикоятро зиёд кунанд, ин ҷанобон дар хилватгаҳ  ба ҳоли онон баланд-баланд механданд ва масхараашон ҳам мекунанд, ки "Хе бечораҳо, доим ба идора омада, аз адлу инсоф, аз қарорҳои ҳукумат, аз қонунҳои қабулшуда мегӯянду мегуянд ва аз мо иҷрои он қарору қонунро талаб мекунанд. Рост, аз мо адолату инсоф ҷустан мехоҳанд. Хестӣ ки хобат! Он қарору қонунҳо барои худ асту ин амалҳои мо барои худ. Соддаҳо… хаёл мекунанд, ки аз рӯи ину он бедодгарӣ ба боло, хайр, ба ноҳия арзу шикоят баранд. Дарав чора меандешида бошанд масъулони ҳукумати ноҳия. Охир, он ҳама арзу шикоятномаҳоятонро боз ба мо, ба идораи ҷамоат  мефиристанд, ки худатон чораҷӯӣ  кунед. Ана ҳамин хел, аз қавле "усул ба дасти нақорачӣ!"

Ва ин 7 раис, ки намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар деҳотанд, ба амалҳои нангину шармандазо даст мезананд. Ободиву рушди деҳаҳои ҷамоат як тараф истад, инон камари ҳимматро сахт бастанд, аз ҳама молу амволи мавҷудаи ҷамъиятӣ пул ба даст овардан мехоҳанд, пул, пул, пул! 7 раис тӯли 21 сол дар кадом як гӯшаву канори қаламрав заминие обие, ки мавҷуд буд ба хузуру ҷасурона фурӯхтанду ба савдо заданд ва зада истодаанд. Аз ҳеч қарор, қонун ва фармонҳои боло ҳарос надоранд, аз ҳеч бало наметарсанд.

Ҳар маврид чун сухан давру бари ин масоил (талаву тороҷи замин) чарх бизанад, ин раисон бепарво ва омирона қад кашида, овоз баланд мекунанд, ки "бепарво бояд буд. Ҳеч гап намешавад. Ҳамааш дар дасти худамон". Як чунин кибру ғурур ва дилпурона сухан рондан аз куҷо? Чӣ, магар дар боло, дар ноҳия аз ин кирду рафтори он раиси ҷамоат чизе намедонанд? Наход??? Бисёр нағз медонанд ва аз ин амалҳо амиқу дақиқ хабардоранд.

Ва аммо…

Ва аммо ҳамин гунае, ки раисони ҷамоат "усулу нағма"мекунанд дар боло, дар ҳукумати ноҳия низ "кору пайкор" мекунанд ҳокимон. Иддае аз содадилон аҷаб ба ҳайрат меоянд ва мегӯянд, ки "дар боло, дар болои боло аз ин ҳама бедодгариҳои раисон хабар надоранд. Агар андак иттилоъ пайдо кунанд, ин раисонро ба зудии зуд мебаранд пушти панҷара. Афсӯс, ки…"

Чӣ ҷои афсӯсу нигаронӣ дорад ин ҳол? Раиси деҳаро раиси ҷамоат таин мекунад, раиси ҷамоатро раиси ноҳия ва билохира раиси ноҳияро ҳукумат аз марказ пешбарӣ, тавсия ва ба як сухан таъин мекунад.

Ҳосили ин "лабиринт" чӣ буда? Кору фаъолияти амалии ин "таъиноттаъинҳо" чист?

Охир, каҳолат ва бемасъулиятӣ аз ин ҳам зиёд мешавад, ки солҳои сол барои фарзандони сокинони ину он деҳу русто як мактаб бунёд карда натавонӣ? Роҳи мошингарди асосии ҷамоати деҳот ва ё шаҳру ноҳияро аз таъмир ва тармим бароварда натавонӣ?

Оби Канали Калонро, ки кишоварзон сахт ба он эҳтиёҷ доранд, назорат ва ҳадди ақал дар мавсими тобистон таъмин карда натавонӣ?

Пас, шумо ба мо бигӯед, ки чӣ гуна ва ба чӣ шева дар "болотар" аз ин ҳол хабар надоштаанд?

Чӣ тавр ҷумла заминҳои кораму ҳосилхезро ошкоро руасо дар ҳамдастӣ бо ину он гурӯҳҳои пулдор  ва доро ба савдо мезананду як ҳукумати ноҳия ё кишвар аз ин иттилое надоштааст?!

Охир, рисолати вазифадории ҳамин раисони ҷамоат ва иддае аз шаҳру навоҳӣ аз чӣ иборат бошад, дар ҳоле, ки на аз пайи ободиянду на созандагӣ?!


Як дӯсти нозукбину сухансанҷи банда телефонӣ дар тамос шуда, аз навиштаҳоям забон ба шиква кушод. Аз ину он нуқсу камбудиҳои имлоиву услубӣ ҳарф зад ва гуфт, ки чаро ба ҳангоми навишти адад пасванди "ум" ва "юм"-ро истифода намекунӣ? Ё чаро вергулро дар мавқеи даркорӣ намегузорӣ? Қавонину қавоиди  сарфу наҳвро  аслан риоя намекунӣ? Дар посух гуфтам, ки банда ончунон дар баҳри проблемаву мушкилот ва беадолатиҳои давру замон ғарқ гардидаам, ки на ҳамеша аз "ум"-у "юм" ва вергул ёдам меояд. Шумо, ки соҳибназар ва адолатшиносед, биравед аз пайи таҳқиқи дурустиву саҳеҳии забон ё чӣ хеле мегӯянд:-грамматикаи тоҷик. Шумо, ки аз ин ҳарфҳоям намеранҷед…

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)