Бахшҳо
10 ноя 2012 05:55Гузориш

Амрико ба Қумсангир ҳам расид

Мо як синфхонаи компютерӣ дорем, ки 8 компютер тариқи телефон ба интернет пайваст шудааст ва хеле суръаташ паст аст. Солҳои пеш барқи мо хомӯш мешуд, аммо хушбахтона имсол дар вақти дарсӣ хомӯш нашуда истодааст…

Дар омӯзишгоҳи касбии техники шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангир «Маркази фарҳангии Амрикоӣ» ифтитоҳ  шуд.Барои пурра ба истифода додани ин марказ ҳудуди беш аз 13 ҳазор доллари амрикоӣ сарф шудааст. Дар ин росто сокинони ноҳияи Қумсангир аз лавозимоти хониш ва шабакаи интернет метавонанд  ройгон истифода баранд.

Наврӯз Муқимӣ, намояндаи ташкилоти «Ориёно» дар сӯҳбат бо Озодагон афзуд:   «Лоиҳаеро барои омӯзиши забони англисӣ дар байни наврасони аз 14 то 16-сола аз сар гирифтем ва он аз ҷониби сафорати ИМА дастгирӣ шуд. Як сол боз наврасон дар як синфхонаи омӯзишгоҳи касбӣ забони англисиро ба таври ройгон меомӯзанд.Инак, барои Гӯшаи амрикоӣ як синфхонаи дигари омӯзишгоҳи мазкур ҷудо шуд».  

Ба қавли оқои Муқимӣ, аз рӯи барномаи «Аксес», ки мӯҳлати он ду сол муайян шудааст, 25 нафар донишҷӯён тариқи озмун интихоб шуда забони англисиро меомӯзанд.

Боз 25 нафари дигар аз 15-уми ноябр ба таълими забони англисӣ фаро гирифта мешаванд. Баъди хатми ин барнома ба хамтмкунандагон сертификат супорида мешавад:

«Дар Гӯшаи амрикоӣ 5 компютер бо шабакаи интернет пайваст шудааст ва дар назар аст, ки 5 компютери дигар боз ба ин шабака пайваст шавад. Аммо танҳо онҳое ба курс ҷалб карда мешаванд, ки саводи кофии забони давлатиро дошта бошанд».

Гулрухсор Наврӯзова, омӯзгори забони англисӣ мегӯяд, ки онҳо ба донишҷӯён аз рӯи барномаи махсус, ки сафорати Амрико пешниҳод намудааст, дарс мегӯянд. Бону Наврӯзова фарқи барномаи мактабҳои Тоҷикистонро аз ин барномаҳо дар мушкил будани барномаҳои мактабӣ медонад. Ӯ гуфт: «Дар мактабе, ки ман дарс медиҳам, барномаҳо хело мушкил мебошанд. Барномаҳои таълимии Амрико аз содда сар мешавад. Мо тариқи озмун гузашта имрӯз ба донишҷӯён забони англисиро меомӯзонем».

Мадина, як нафар аз он донишҷӯёне мебошад, ки як сол боз курси забони англисиро меомӯзад. «Баъд аз дарс ба ин маркази таълимӣ омада, забонро аз худ мекунем.

Баъд аз оне, ки мо забони англисиро аз худ кунем, мо метавонем барои анҷоми ягон кори дипломатӣ ба дигар давлатҳои ҷаҳон сафар кунем. Дар мактаби миёна мо дарси англисӣ мемӯзем, аммо чӣ тавре, ки дар инҷо дарс медиҳанд дар он ҷо омӯзонида намешавад».

Дар маросими кушодашавии маркази мазкур Сюзан М. Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе намояндагони маориф, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Қумсангир, директори омӯзишгоҳи касбии техникӣ ва раиси шаҳраки Дӯстӣ иштирок доштанд. Дипломати амрикоӣ иброз дошт, ки ин нахустин «Гӯшаи амрикоӣ»-е нест, ки дар ноҳияи дурдасти Тоҷикистон кушода шуда бошад, пеш аз ин боз дар чанд ноҳияҳои дигар гӯшаҳои амрикоӣ фаъолият доштанд.

Ҷумахон Ҳикматов, директори омӯзишгоҳи касбии техникӣ ба зарурати ин марказ ишора карда мегӯяд, ин марказ ба мо ба он хотир лозим аст, ки омӯзишгоҳи мо якумин омӯзишгоҳ дар ноҳия мебошад ва гурӯҳи бо компютер кор карданро дар интернет дорем. «Барои дастгирии донишҷӯён, баромадан ба иттилооти ҷаҳони бениҳоят дастгирии калон мешавад. Мо як синфхонаи компютерӣ дорем, ки 8 компютер тариқи телефон ба интернет пайваст шудааст ва хеле суръаташ паст аст. Лекин дар гӯшаи мазкур интернет бо суръати баланд пайваст шудааст, ки хонандагони мо низ метавонанд аз ин истифода баранд. Солҳои пеш барқи мо хомӯш мешуд, аммо хушбахтона имсол дар вақти дарсӣ хомӯш нашуда истодааст».

Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 6 «Гӯшаи амрикоӣ» кушода шудааст ва дар назар аст, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ду ноҳияи вилояти Суғд низ гӯшаи мазкур  мавриди истифода қарор гирад.

Нилуфари КАРИМ





Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)