Бахшҳо
13 ноя 2012 04:42Гузориш

Ҳимоятгарони Искандари Фирӯз ба прокуратураи генералӣ шикоят мебаранд

Ба қавли ҳимоятгарон, ба сабабҳои номаълум дар таҳқиқи парвандаи мазкур аз ҷониби масъулини тафтишот кашолкорӣ ба назар мерасад. Биноан, вакилони мудофеъ тасмим гирифтаанд, ки ба додситонии кулл бо аризаи хаттӣ муроҷиат намоянд…

Фахриддин Зокиров, ҳимоятгари Искандари Фирӯз афзуд: «Аз таърихи рӯзи 19-уми октябри соли равон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба садамаи нақлиётӣ боз шудааст ва  мӯҳлати тафтишот 2 моҳ муайян шудаасту то 19-уми декабр идома хоҳад кард. Мо вобаста ба ҳаракатҳои муфаттиш аввали моҳи ноябр аз рӯи моддаи 53 дархост пешниҳод намудем. То ин ки санҷишии парвандаро ҷоннок кунанд. Имрӯз барои дарёфти посух  рафтем, аммо он тайёр нест. Ҳозир бошад, аз ҳисоби ҷониби ҷабрдида талаботи қонунро риоя карда, дархостҳоямонро хаттӣ ба прократураи генералӣ мебарем. Ҷабрдидаҳоро бо маводҳо шинос накарда истодаанд. То ҳол парвандааш пӯшида нашудааст».

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Озодагон бо Саъдулло Юнусов муфаттише, ки тафтиши ин парвандаро ба ӯҳда дорад, дар тамос шуд ва тақозои шарҳи қазияро кард. Аммо муфаттиш аз ироаи ҷузъиёти парванда худдорӣ намуда, афзуд, ки дар ин маврид ба дафтари матбуотии ВКД муроҷиат кунед.

Маҳмадулло Асадуллоев, сардори Хадамоти матбуотии вазорати мазкур дар мавриди ранги дигар гирифтани парванда, яъне иваз шудани ному насаби ронандаи «Тойота Ландкрузер» гуфт: «Вақте ки Айёмиддин Раҳмиддинзода, бо мошини Нусратулло Шарифов ин садамаи нақлиётиро содир мекунад, аз ҷониби кормандони БДА ҳуҷҷати ронандагии Шарифов гирифта шуда, ба ӯ (ба Айёмиддин Раҳмиддинзода) ҳуҷҷатҳои муваққатӣ дода шудааст. Аз сабаби он ки Раҳмиддинзода боваринома надоштааст,     худашро соҳиби автомашина муаррифӣ мекунад».

-Ҳамин тавр, кормандони милитсия аснои қайди садама ва ҳолатҳои рух додани он ва бо иллати он ки Айёмиддин Раҳмиддинзода ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсияташро надошт, онро бо номи Нусратулло Шарифов сабт менамоянд. Ҳангоми таштишот муайян карда мешавад, ки ин кас Нусратулло Шарифов набуда, Айёмиддин Раҳмиддинзода мебошад,- афзуд Асадуллоев.

Ба қавли сухангӯи ВКД рӯзҳои наздик тафтиши пешакии парванда ба анҷом расида, он ба суд ирсол мегардад.

Ёдрас менамоем, Искандари Фирӯз, хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ, ҳамроҳи писараш Ҷавоншер дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаби 9-уми октябр ба бемористони Қарияи Боло оварда шуда буд. Писари журналист чанд рӯз қабл аз беморхона мураххас шуд. Вазъи Искандар ҳарчанд рӯ ба беҳбудӣ дорад, аммо ӯ то ҳол дар ҳолати беҳушист.

Феълан, Искандар дар ҳолати кома (беҳушӣ) мебошад ва таҳти муроқибати пизишкони беморхонаи Ибни Синои пойтахт қарор дорад.

Нилуфари КАРИМ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)