Бахшҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев: Ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатиро сазовор пешвоз мегирем

Рӯзи 30-юми июн таҳти раёсати райиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев дар «Маркази равобити пойтахт» иҷлосияи шашуми вакилони халқи шаҳри Душанбе сурат пазируфт.


Зимни ин нишаст, дар баробари вакилон, фаъолони пойтахт, раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.  
Тавре Шафкат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳри Душанбе ба «Озодагон» иттилоъ дод,  дар иҷлосия тибқи рӯзнома вакилон панҷ масъалаҳои марбут ба «Дар бораи гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №57», Дар бораи омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. дар бораи натиҷаи татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2003-2010, «Дар бораи интихоб намудани раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг ва «Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо, ки дар фосилаи байни иҷлосияҳо ба тасвиб расидаанд, дар алоҳидагӣ ва бо музокираву муҳокимаи амиқ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нахуст вакилон бо шунидани гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Ҳусноро Мирзоева бо назардошти интихоботи 29-уми майи соли 2011 дар ҳавзаҳои интихоботии № 23 ва № 57 баргузоргардида, мутаносибан ваколатҳои вакилон Исҳоқов Музаффар Сафарович ва Исупов Баҳром Назриевичро дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №57 тасдиқ намуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №1 интихоботи нав дар санаи 21 августи соли 2011 баргузор карда хоҳад шуд.
Дар робита ба масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузоришҳои раисони Комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, бо натиҷа аз онҳо аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани корҳои омодагӣ ва бо вусъати тоза сафарбар намудани потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидории муқими шаҳр дар маъракаи пешорӯ ҳар як вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ибрат ва масъулияти шахсӣ ҳиссагузор гардад.
Дар ин зимн муқаррар карда шуд, ки бо инобати 70 рӯз боқӣ мондан дар баргузории таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолият раисони ноҳияҳо дар таносуби шаҳраку маҳаллаҳо дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва шаҳрвандон дар таносуби ҳар кадом маҳалла ва биноҳои истиқоматии бисёрквартирадор ҷиҳати ободонии маҳал ва таъмири даромадгоҳҳову намуди берунаи биноҳо нақшаи муфассали иҷрои корҳоро тарҳрезӣ намуда, иҷроиши онҳоро таъмин созанд ва рафти татбиқи онҳо бо фаъол намудани корҳои мақсадноки таблиғотӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи мустақил, ки дар иҷлосия ширкат доранд тарзи шаффоф назорат карда шаванд.

Шафкат Сайидов афзуд, дар ҷаласа қайд гардид, ки қабл аз ҳама ҷойи таъкид аст, ки соҳаи тандурустии шаҳр тавассути қабули як зумра санадҳои дахлдори Раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе то ба имрӯз аз нигоҳи таъмин кардан бо лавозимоту таҷҳизоти муосири тиббӣ баҳри расонидани кӯмак ва анҷоми муолиҷа ба беморон беҳтар карда шуд, ки бо истифода аз фурсат аз номи кулли кормандони соҳаи тандурстии шаҳр ба Раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқ изҳори сипосмандӣ менамоем.  
Зимнан, дар иҷлосияи мазкур, вакилон Субҳон Сафиалоев - вакил аз ҳавзаи интихоботии № 20-ро раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо ва Зариф Шарипов- вакил аз ҳавзаи интихоботии № 42-ро раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг интихоб намуда, Қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо, ки дар фосилаи байни иҷлосияҳо ба тасвиб расидаанд тасдиқ карданд. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)