Бахшҳо
17 ноя 2012 06:09Сиёсат

Боз як парвандаи сиёсӣ?

Хомӯшии мақомоти Тоҷикистон, мавқеи норӯшани парлумони Тоҷикистон ва ҳеч гуна тасмими ҷиддӣ ва ё тасими ниҳоӣ нагирифтани аҳзоби сиёсии кишвар аз масъалаҳое буданд, ки баъд аз нигаронии Манижа Шаҳбозбекова , ҳамсари Шерик Карамхудоев, масъули ҲНИТ дар Хоруғ, ки ҳоло дар боздошт ба сар мебарад миёни коршиносон садо дод.

Манижа, ҳамсари Шерик Карамхудоев ду рӯз пеш зимни як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигрон  аз он изҳори нигаронӣ кард, ки барои дидорбиниву мулоқот бо шавҳараш мақомот ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки ин амалӣ мақомотро  чанд тан аз ҳуқушиносон зимни сӯҳбат ба Озодагон мухолиф ба қонунгузории Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Ба қавли Манижа Шаҳбозбекова ҳамсараш бегуноҳ аст ва  мақомот ба дӯши ӯ иттиҳомотро бор мекунанд, ки ин амали онҳо ӯро нигарон намудааст ва гузашта аз ин ҳоло бо гузашти чанд моҳ аз боздошти шавҳараш ба ӯ иҷоза намедиҳанд, то аз аҳволи ҳамсари худ  бохабар шавад.

Ин дар ҳолест, ки тавре худи Манижа гуфт, ҳар боре ки ба СИЗО меравад, занеро мебинад, ки ба назди фарзандаш меравад ва давоми ин муддат панҷ маротиб  назди фарзандаш даромада аст, вале мутаасифона ба Манижа  як бор ҳам барои дидори ҳамсараш  иҷоза надоданд: «Он зан гуфт, ки ба мо дар понздаҳ рӯз як бор иҷозат медиҳанд, ки фарзандамро бубинем. Бубинед, нафарони дигар барои мулоқот бо ҳамсар ва ё фарзанди худ имконияти бештаре доранд. Мо низ шаҳрвандони Тоҷикистонем, аммо ба онҳо қонун дигар асту ба мо дигар».

Манижа Шаҳбозбекова таъкид намуд, ки ҳамсараш як одами бечора буда,  на тоҷир асту на каси номдор ё лидер, ки ӯро боздошт карда нигоҳ доранд.

Дар ин нишаст Манижа илова намуд, ки мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба номаҳои ӯ ва хонаводааш ҷавоб надода, воқеияти боздошти ин масъули ҲНИТ дар Хоруғро баён накардаанд ва хонаводааш аз вазъи Шерик Карамхудоев огоҳии комил надоранд: «Дар тӯли тақрибан панҷ моҳи боздошташ танҳо як бор модараш ӯро аз наздик дидаасту халос».

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик дар сӯҳбат ба Озодагон чунин бархурди мақомотро нисбати ҳамсари  Шерик Карамхудоев як навъ поймол намудани ҳуқуқи инсон унвон намуда, таъкид намуд, ки аслан Кодекси мурофиявии ҷиноятии Тоҷикистон вазифаю ӯҳдадории иштирокчиёни парвандаи ҷиноятиро муқарар кардааст, ки
тибқи он хешутабори боздоштшуда дар як моҳ як бор барои вохӯрӣ иҷоза дода мешаванд.

Номбурда мегӯяд, ин қонун аст ва муфатиш ҳуқуқи поймол кардани ин талаботро надорад: « Чун имрӯз сару садоҳҳо хеле зиёд аст, ки гуё ин парванда (Парвандаи Шерик Карамхудоев) як парвандаи сиёсӣ аст, новосбата аз категорияи ҷиноят, ки он ҷинояти вазнин, махсусан вазнин  ва ё ҷиноятҳои муқобили давлат аст ё сиёсӣ муфатиш вазифадор аст, ки давоми як моҳ як маротиба барои вохӯрӣ ба хешутаборонаш иҷоза диҳад. Ҳамин талаботро  бе маҳдудият қонун пешбинӣ намудааст, бино бар ин он сару садоҳе, ки гуё ба ин парванда ранги сиёсӣ додаанд, проблемаи мақомот аст, лекин ҳуқуқи инсон  бояд аз ҳама чиз олӣ бошад ва мақомот ҳуқуқ надорад, ки дар раванди тавтиши парванда ҳуқуқи дигар хешутаборон ва наздикони айборшавандаро поймол созанд».

Вобаста ба парвандаи Шерик Карамхудоев ин ҳуқуқшинос мегӯяд, имрӯз мавқеи давлат аллакай муқарар гардидааст,  албатта дигар ниҳодҳо  пеш аз ҳама ҷонибдори мавқеи давлат ҳастанд, бино бар ин  на парумони Тоҷикистон ва на аҳзоби сиёсии кишвар бар муқобили онҳо баромада наметавонанд, зеро медонанд, ки кӯшишҳояшон  натиҷа намебахшад: «Бубинед, баъди ҳодисаҳои Хоруғ, ки бо ин парвандаҳо Қумитаи амният сару кор дорад,  ягон кас намехоҳад бо Кумитаи амният сар ба сар шавад. Медонед, ки имрӯз парлумони мо мушкиле, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба миён меояду чунин мушкилиҳо чи тавре ки дар дигар кишварҳо баррасӣ мешаванд, дар

Парлумони яккаҳизбии Тоҷикистон ягон натиҷа ба даст овардан имкон надорад».

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, масъули Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Шерик Карамхудоевро «маҳбуси сиёсӣ» номид.

Номбурда зимни суҳбат ба мо   «маҳбуси сиёсӣ» будани онро чунин шарҳ дод: «Вақте як инсонро дастгир мекунанд ӯро сокини Хоруғ ва ё вилояти Бадахшон намегӯянд ва мегӯянд ин раиси бахши ҳизб дар Хоруғ аст пас дигар чӣ мемонад, ҷуз гуфтани ҳадафи онҳоро сиёсӣ надонистан. Ин ҷо бархурд дар заминаи сиёсӣ аст, на ҷиноӣ».
Бояд зикр намуд, дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми маҳбуси сиёсӣ, ки ҳоло ин масъули ҲНИТ  Шерик Карамхудоевро «маҳбуси сиёсӣ» унвон намуд, вуҷуд надорад,
Бо таваҷҷӯҳ ба ин Файзинисо Воҳидова илова намуд, ки ҳарчанд дар қонунгузории ҷиноӣ мафҳуми маҳбуси сиёсӣ вуҷуд надорад, аммо мақомот имрӯз  намехоҳанд  эътироф кунанд, ки ҳоло дар маҳбасхонаҳои мо ҳазорон маҳкумшудагон барои андешаҳои сиёсияшон ба маҳкама кашида шудаанд, ки ин ҳам як корчалонии мақомот аст, ки ба онҳо дигар намуди ҷиноятҳоро мечасопонанд, то  ҳамчун маҳбуси сиёсӣ арзёбӣ нагардаданд.

Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, ин ҳам як ҳиллаию найранги мақомот аст, бино бар ин барои исбот кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ин ё он кас барои андешаҳои сиёсияш маҳкум шудааст, хеле душвор аст.

Бештари ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки парвандаи Шерик Карамхудоев бояд дар доираи қонунҳои пешбинишудаи кишвар баррасӣ гарардад ва ба таваҷҷӯҳ ба иҷоза наддодани ҳамсари ӯ барои мулоқот бо шавҳараш таъкид мекунанд, ки сабаби чунин амалро карданашонро масъулин ҳар чи зудтар бояд  рушан намоянд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мегӯяд, вобаста ба ин масъала ҳоло тасмимӣ ниҳоӣ надоранд, зеро мунтазиранд, ки мақомот дар охир нисбати ин парванд чи эълон мекунанд ва дар кадом замина парвандаи мазкурро ба суд интиқол медиҳанд: « Яъне мо ҳоло тасмими ниҳоиро интизорем ва баъдан ҳизб мавқеашро рушан мекунад. Иҷоза надодани ҳамсари ӯро барои мулоқот ба ӯ ҳар чи ки мегӯем мисли дигарон аст, яъне то имрӯз мақомот ҳар касеро, ки дастгир мекунанд, агар то ҳадафи хешро пиёда накунанд, касеро барои мулоқот  иҷоза намедиҳанд, ки ин бародари мо низ чунин аст».

Ба қавли  Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода бо вуҷуди талошҳои зиёд ҳоло касе имкони бо  Шерик Карамхудоев робита карданро пайдо накардааст, ки дар куҷо ва дар чи аҳвол аст.

Қарор аст, мурофиаи додгоҳии Шерик Карамхудоев моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор гардад.

Мавриди зикр аст, ки Карамхудоев рӯзи 24-уми июл, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, боздошт шуд ва Додситонии кули Тоҷикистон  ӯро айбдор кард, ки алайҳи мақомот муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.

Алишер Зарифӣ













Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)