Бахшҳо
23 ноя 2012 06:06Иҷтимоӣ

Дар тӯйхонаҳо барқ ҳасту дар хонаҳо не

Замоне, ки мардум ба барқ ниҳоят эҳтиёҷ доранд, масъулин баҳона пеш меоранд, ки маҳдудият ҷорӣ шудааст ва бояд ба ин меъёр одат кард. Вале аз чӣ бошад, ки тӯйдорони алоҳида ё баъзе нафарони «хос» истисноянд ва барои онҳо аз куҷое бошад имкони пайдо кардани барқ вуҷуд дорад. Аммо то ҳол муаммост, ки чаро барои тӯйдорон ё нафарони алохида барқ пайдо мешаваду барои мардум не?

Муаммои тақсими барқ дар водии Зарафшон
Ҳақиқати дурӯғ дар телевизион
Вақте дар телевизион маҳдудияти барқ ба таври расмӣ эълон шуд, меъёри додани барқ ба аҳолии минтақаҳо аз 5-и саҳар то 12-и рӯз ва сипас аз 17 то 22-и шаб муайян шуда буд. Яъне дар як шабонарӯз 10 соат маҳдудияти барқ эълом шуд. Вале ин меъёри эълоншуда дар водии Зарафшон, ба хусус Панҷакент риоя намегашт. Дар дигар минтақаҳо агар 10 соат барқ набошад, дар Панҷакент дар як шабонарӯз 16-17 соат барқ нест. Ҳар гоҳ дар сатри равони телевизион ин хабар пайдо мешуд, аз рӯйрост дурӯғ гуфтани масъулон завқ мебурдам. Маълум набуд, ки масъулини шабакаи барқи ноҳияи Панҷакент бо чӣ меъёру бо кадом асос ба маҳдудкунии барқ машғуланд. Як масъули шабакаи барқи ин ноҳия, ки нахост номаш зикр шавад, дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки асос барои маҳдудияти барқ барои онҳо мактуби ширкати «Барқи тоҷик»  аст. Аммо дар он мактуб ҳам меъёр дигар буду тарзи додани барқ ба аҳолӣ дар ин ноҳия ба таври дигаре сурат мегирад. Масалан, дар мактуб меъёр чунин нишон дода шудааст: субҳ аз 5, 30 то 8 ва шом аз 17 то 22. Лекин дар деҳоти ноҳияи Панҷакент тақсимот гуногун аст. Агар дар як деҳа барқро соати 5-и субҳ диҳанд, соати 6 хомӯш мекунанд ва баъди як соати торикӣ боз як соати дигар илова карда (аз 7 то 8), бо ҳамин то бегоҳ қатъ менамуданд. Яъне, аз рӯи меъёри дар боло зикршуда боз ним соат камтар барқ медиҳанд. Дар дигар деҳа меъёр боз фарқ мекунад. Бегоҳ аз соати 16 то 17,30 барқ медиҳанду дар байн 1,5 соат қатъ мекунанд ва боз аз соати 19 то 22 фурӯзон месозанд. Яъне 4,5 соат барқ медиҳанд, дар ҳоле, ки бегоҳ аз рӯи меъёр бояд 5 соат дода шавад. Хулоса дар як шабонарӯз 1 соат барқро боз сарфа мекунанд ва маълум нест, ки онро ба куҷо истифода мебаранд: ба тӯйдорон мефурӯшанд, ба нафарони «хос» медиҳанд ё…?

«Акаи тӯйдор давлат ба сарат…»
Вале ба ин ҳам қаноат намешавад. Баъзан меъёри барқи бегоҳиро ду маротиба дар байн хомӯш мекунанду ҳеч шарҳе ҳам намедиҳанд, ки чаро меъёрро вайрон карданд. Масалан, дар таърихи 18 ва 19-и ноябри соли ҷорӣ дар деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакент бегоҳ барқро ду маротиба хомӯш карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи 18-ум баъди соати 16 барқро доданд ва як соати комил нашуда хомӯш карданд. Аммо саволе ба миён меояд, ки чаро масъулин аз пеши худ ҳар чӣ хоҳанд анҷом медиҳанд ва худсарона барқро қатъ мекунанду ҳеч ниҳоде аз болои онҳо назорат намебарад?

Ҳамчунин ҳолате ҳам буд, ки барқро аз саҳар то бегоҳ хомӯш накарданд ва ҳатто шаб дербоз равшан буд. Ба қавле дар кадом деҳа тӯй будааст ва бо шарофати ӯ сокинони дигар деҳот низ аз барқ баҳравар шуданд. Афзали Муҳаммад, як сокини Панҷакент чунин гуфт, ки кош ҳар рӯз тӯйдорон барқро «заказ» мекарданд ва бо ин баҳона мардум ҳам зимистони сардро дар торикӣ паси сар намекарданд. Вай чунин андеша дорад, ки агар тӯйдорон барқро харидорӣ мекунанд, пас имкони фурӯхтан ба мардум вуҷуд дорад. Ба қавли вай мардум бе ин ҳам барои харидани ангишт, ҳезум, шамъу чароғ, муҳаррики барқдиҳанда (движок) ва бензин маблағи зиёд сарф мекунанд ва агар ин маблағро ҷамъ карда ба шабакаи барқ диҳанд аз ташвишу заҳмат ва зулмати шаб наҷот ёфта, дар гармиву равшании барқ зимистонро паси сар хоҳанд кард. Агар ба тӯйдорон фурӯхтан имкон дорад чаро ба мардум ғайримумкин бошад? Баръакс кори савоб аст, мегӯяд ӯ.

Ба қавли масъули шабакаи барқи Панҷакент ҳоло дар як шабонарӯз ба се ноҳия: Панҷакент, Айнӣ ва Масчо 700 ҳазор киловатт соат барқ медиҳанд. Аз ин ҳисоб 300 ҳазор кВ соат ба Панҷакент, 252 ҳазор ба корхонаи тиллои «Зарафшон», 140 ҳазор ба ноҳияи Айнӣ ва 8 ҳазор кВ соат ба ноҳияи Масчо тақсим шудааст. ӯ мегӯяд, ки меъёри маҳдудият ба онҳо на аз тарафи ширкати «Барқи тоҷик», балки аз вилояти Суғд бояд муайян карда шавад. Вале аз рӯи гуфтаи ӯ аз вилоят то ҳол меъёри маҳдудият муайян нашудааст. Аз вай суол кардам, ки пас бо кадом асос маҳдудият ҷорӣ карда истодаанд, дар ҷавоб гуфт, ки ҳанӯз ин маҳдудият нест, балки омодагии техникӣ барои зимистон аст. Аммо боз ҳамин суол боз мемонад, ки барои омодагии техникӣ кӣ супориш дод ва барои он асос чӣ буда метавонад?

Зимистон омаду меъёр дигар шуд
Дар мавриди ин ки омодагӣ ба зимистон баҳонаи беасос қатъ кардани барқи сокинон мегардад, печидагӣ ба назар мерасад. Ба андешаи масъулин зимистон хати барқ барои истифодаи гармидиҳандаҳо ва дигар дастгоҳҳои барқӣ тоб намеорад. Аз ин хотир барқро танзим мекунанд ва дар соатҳое ба аҳолӣ медиҳанд, ки зарурати истифода камтар бошад. Аммо андешаи дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки истифодаи дастгоҳҳо дар тобистон нисбат ба зимистон ба маротиб зиёд аст, лекин чаро хати интиқоли барқ дар ин фасл тоб меораду дар зимистон не? Масалан, мардум дар тобистон ҳезум захира шавад гуфта, саҳару чошту шом хӯроки худро мудом тавассути печка ва дигар асбобҳои барқӣ омода мекунанд. Ҳамчунин баҳору тобистон мавсими кишту кори кишоварзӣ аст ва деҳқонон насосҳои обкаширо мудом ба кор медароранд. Вале масъули шабакаи барқ мегӯяд, ки азбас дар зимистон об кам аст ва маҳдудият чорист, агар барқро замони омода кардани хӯрок ва гарм кардани хона диҳанд, ҳама баробар асбобҳои барқии худро ҳам барои хурокпазӣ ва ҳам барои гарм кардани хона пайваст мекунанд, ки дар натиҷа хатҳои барқ тоб оварда наметавонанд ва садама рух медиҳад. Лекин дар ин маврид боз шубҳа вуҷуд дорад. Чаро баъзан аз саҳар то бегоҳ ва ҳатто нисфи шаб барқро хомӯш намекунанд ва мардум хурсанд мешаванд, ки дар кадом деҳае тӯй шуда истодааст ва тамоми дастгоҳҳои барқиро ба кор медароранд, лекин ба хати интиқоли барқ вазнинӣ намеораду агар ба сокинон ба таври муназзам барқ диҳанд, садама мешудааст?

Ахиран Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон баъди гузаронидани мониторинг эълом карда буд, ки «Барқи тоҷик» бо «лимити худсарона» ҳуқуқи истеъмолгаронро поймол мекунад ва ҷадвали маҳдудияти барқро вайрон менамояд. Воқеан маълум набудани вақту соати қатъ кардани барқ ва якбора хомӯш кардани он боиси аз кор баромадани бисёр таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла компютеру телевизионҳо мегардад. Беогоҳӣ ва бенақшаи муайян қатъ мекунанд ва ба он тарафаш кор надоранд, ки чӣ мешавад. Зарари аз ин худсариҳо ба вуҷуд омадаро кӣ медиҳад? Ширкати «Барқи тоҷик» ё масъулони худписанд? Дар дигар кишварҳо агар як соат барқ хомӯш гардад барои ин амалаш ширкати таъминкунанда аз шаҳрвандон узр мепурсад ва боз ҷубронпулӣ ҳам месупорад. Дар мо бошад ба ҷои ин қадар зарар расондан боз шаҳрвандонро муттаҳам мекунанд? ки ҳаққи барқро напардохтанду сарфаро риоя намекунанд.

Исфандиёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)