Бахшҳо
23 ноя 2012 04:03Гузориш

Тоҷикистон дар қазияи Фаластин чи гуна мавзеъ гирад?

Беш аз як ҳафта аст, ки ҷанги тамомайёр аз сӯи режими Исроил алайҳи мардуми Фаластин идома дорад. То имрӯз беш аз сад нафар фаластинӣ ба шаҳодат расида, ки аксари онҳо кудакон ва занон буданд. Ҳамчунин беш аз ҳазор нафар захмӣ шуданд. Дар ин миён бархе кишварҳои пуштибони режими ишғолгари Исроил воқеъиятро нодида мегиранду мардуми мазлуми Фаластинро маҳкум мекунанд. Дар ин миён мавзеъи бархе кишварҳо то имрӯз мушаххас нашудааст, ки дар ин миён кишвари мо низ ҳаст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳолат аз коршиносон ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар пурсидем:

Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон:

 

Имрӯз қазияе, ки бар сари мардуми бедифои Фаластин омадааст бояд ҳеч инсони рӯи сайёраи заминро бетараф нагузорад. Амалиёти ишғолгаронаи режими Исроил алайҳи Фаластин, ки боиси кушта шудани беш аз сад нафар ва захмиву бехонумон гаштани ҳазорон гаштааст бояд ҳеч касро бетараф нагузорад. Дуруст аст, ки мо аз мардуми Фаластин хеле ҳам дурем ва дасти кӯтоҳ ҳам дорем боли ҳамраъйи бо мардуми Фаластин боиси пуштибонӣ аз якдигар мешавад. Дар робита ба мавқеи ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати мо чандон дар фикри мардуми худаш, ки нест фикри мардуми Фаластинро чи кунад. То ба имрӯз ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ ҳарфе нагуфтааст ва муҳри хамушӣ бар лаб гузоштааст. Ҷойи хушнудӣ ин аст, ки дар баробари ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар гузашта ҳам ва имрӯзҳо ҳам аз мардуми бедифоъи Фаластин ва ба хусус ҳаракати Ҳамоси ин кишвар ин мардум ҳиммат ба амал меовард, имрӯз кишвари арабие чун Миср, ки дар гузашта аз тарафи Ҳусни Муборак, дастнишондеҳи абарқудратҳои ҷаҳонӣ идора мешуд, имрӯз роҳро ба рӯи мардуми Фаластин боз кардааст. Дигар марзҳои оҳанине, ки байни ин ду кишвар буд, яъне Мисру Фаластин боз шудааст ва мардум бо истифода аз кишвари Миср имрӯз аз мардуми кишвари Миср пуштибонӣ меёбанд ва имрӯз ҳам ҳукумати Миср ва раисҷумҳури Миср ба хотири беҳ шудани вазъият дар Фаластин ба хотири сари мизи музокира нишондан ба хотири қатъи амалиёти низомӣ болои мардуми Фаластин хеле корҳоеро анҷом додааст. Ҳамчунин кишвари Туркия ҳам, ба хусус сарвазири ин кишвар давлати Исроилро ҳамчун як давлати террористӣ унвон кард, хиёнат ва ҷиноятҳои ин кишварро ба мардуми ҷаҳон ифшо кард. Имрӯз дар тамоми кишварҳо муносибат ва режими саюнистии Исроил тағйир ёфтааст ва фикр мекунам, ки оянда ин тағйирҳо бештар хоҳад шуд ва имрӯз танҳо кишварҳои Амрикову Ингилистон аз амалиёти низомии Исроил агар пуштибонӣ мекарда бошанд ва имрӯз сафи онҳое, ки аз мардуми Фаластин, аз муборизаҳои мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунанд, рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

Ҳошим Холзода, рӯзноманигор
Маълум аст,ки моҷарои Фаластин як моҷарои дерин ва дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Фаластин ва пойтахти таърихии он -Байтулмуқаддас танҳо маконҳое дар ин кураи хокӣ ҳастанд, ки барои ҳама динҳои илоҳӣ муқаддас мебошанд ! Афзун бар ин кашмакаши яҳудиёни ҷонибдори ғоя сионистӣ(бисёранд дар дунё яҳудиёне, ки тарафдори ин ғоя нестанд!) ва истиқлолталабону озодихоҳони Фаластин  даҳсолаҳост,ки идома дорад. Ба ҳамин хотир бисёре аз андешамандон ва назарияпардозони ҷаҳонӣ аслитарин моҷарои ҷаҳони кунуниро масъалаи Фаластин медонанд....

Бо назардошти ин воқеятҳо ва се далели асосӣ Тоҷикистонро лозим аст мавқеъи хоси худро дар масъалаи Фаластин дошта бошад:

1-Тоҷикистон ба унвони як кишвари соҳибистиқлол ва узви баробарҳуқуқи СММ наметавонад ва набояд дар баробари масъалаҳои байналмиллалие  назири қазияи Фаластин  сукут кунад.

2-Байтулмуқаддас қиблаи аввали мусалмонон ва бахши ҷудоинопазир аз олами ислом аст. Пас чигуна мешавад кишваре, ки 97 дарсади мардумаш мусалмон ва узви фаъоли Созмони ҳамкории исломӣ аст (ёдовар мешавем, ин созмони байналмиллалӣ маҳз ба хотири дифоъ аз Фаластин ва Байтулмуқаддас поярезӣ шада буд) аз ин макони муқаддас ва ин бахш аз ҷаҳони хоси хеш ғофил бимонад?

Мавзеъгириҳое бамаврид ва шоистае, ки ин охирҳо ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи  маҳкумияти куштори ҳамдинон дар Сурия, Миянма ва таҳқир ба Пайғамбари поки ислом дар мисоли филми " Бегуноҳии мусалмонон" анҷом дод, ин навидро медиҳад,ки Душанбеи расмӣ оҳиста-оҳиста дар ҳоли пайдо кардани ҷойгоҳи арзандаи худ дар сатҳи ҷаҳонист.

Дар фарҷом метавон гуфт вақти он кайҳо расидааст, ки давлатмардони Душанбе қолабҳои шахшуда ва ба мерос монда аз даврони пешинро дарҳам шикананд ва ҳарфҳои мантиқӣ ва мутобиқ ба ҳаққи табиии худ ба ҳайси бахше аз пайкараи ҷаҳонӣ ва як сарзамини мусалмоннишин перомуни масоили ҷаҳониро матраҳ кунанд,то заррае ҳам бошад дар сулҳи ҷаҳонӣ нақш гузоранд ва пойбандии худро ба фармудаи   бузургнамояндаи миллати хеш нишон диҳанд:

...Чу узве ба дард оварад рӯзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор.


Умед Ҷайҳонӣ, равшанфикр
Бояд чунон аз фаластиниҳо, ки ҳамдинаш ҳастанд пуштибонӣ кунад, ки яҳудиён, ки дар миёнашон зодагони Тоҷиикистон низ кам нест, аз мо наранҷанд. Яъне на сих сӯзаду на кабоб.

Ҷанги Фаластину Исроил садсолаҳо идома хоҳад дошт ва моро аз он на суд аст ва на зиён. Мо сарзаминҳои ишғолии худамонро фаромӯш накунем, ки солҳост тоҷиконро хапу хомӯш геносид мекунанд.

Зоҳири Давлат – шарқшинос
Барои Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мусулмоннишин ва узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ беҳтар аст, ки ошкоро аз мавзеъгирии он дар баробари рӯйдоди ахири Ховари Миёна пуштибонӣ кунад. Зеро шинохти авзоъ барои кишварҳои ҳамҷавор бо Фаластин ба маротиб осонтару возеҳтар аст то барои кишварҳои дуртар. Аз он лиҳоз, ки бо мардуми як кишвар иддаои ҳамдинӣ ва бародарии имонӣ мешавад, бояд аз ҳамдинон пуштибонӣ ба амал ояд. Дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои исломӣ дар Ҷибутӣ дар таърихи 15-и моҳи равон муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидов аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои мусулмониро ба таъкид расонд. Модом, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ пураҳамият аст, ҳамбастагӣ ва дар канори ҳам будани кишварҳои мусулмонӣ мантиқист.  

Ҳама дидем, ки мавзеъгирии Туркияву Эрону Мисру дигар кишварҳои арабӣ дар қиболи ҳаводиси ахири Фаластин чӣ гуна аст. Ҳамагӣ ҳамлаҳои маргбори Исроилро маҳкум мекунанд. Ҳама медонанд, ки Исроил барои 2-3 нафар 100 касро мекушад, ба занону атфоли бегуноҳ раҳм намекунад, мардуми осоиштаро дар муҳосира мегирад, қароргоҳи расонаҳои байналмилалиро мушакборон мекунад, ба хотири як гурӯҳ ҳамаи фаластиниҳоро даҳшатафкан мехонад. Агар воқеият ҳамин аст, Тоҷикистон ва мардуми мусулмони он бояд мавзеъгирии худро дар қиболи чунин аъмоли бераҳмона ва террористӣ возеҳу бепарда аён намояд. Аммо сари ин масъала, ки онҷо беш аз 70 сол боз бозии бузурги абарқудратҳо бе танаффус идома меёбад, феълан андешидану эҳтиёт кардан дигар мантиқӣ нест. Ба воқеияти имрӯз бояд баҳои воқеӣ бидиҳем ва ҷониби ҷинояткорро маҳкум намоем.  

Ҳуриниссо Ғафорова, роҳбари созмони ҷамъиятии «Оштии миллӣ»
Фаластин ин қазияи дирӯзу имрӯзу фардо нест. Агар аз нуқтаи назари ҷомеаи исломӣ бингарем чун мо як кишваре ҳастем, ки 99 фоиз зиёдамон мусалмон аст. Вале бояд мо нуқтаи назар ва нигаронии худамонро ба қазияи Фаластин бигӯем. Чун дар онҷо гап дар бораи он меравад, ки дар он сарзамине, ки худи фаластиниҳо соҳиби он сарзамин ҳастанд ва мардуми Исроил ишғол намудаанд. Ва ҳаққи дар сарзамини худ озод гаштан ва зистанро надоранд.  Қазияи Фаластин на аз нуқтаи назари мо ҳал шуда метавонад на аз дигар кас. Умуман кишварҳои абарқудрат мехоҳанд дар онҷо даст дошта бошанд, ки махсус агар аз нуқтаи назари таърихӣ бубинем Исроилро дар онҷо ба таври сохтаву маснуъӣ ҷойгир карданд. Ба назарам ихтилофи Фаластину Исроил имрӯз ё фардо ҳал шуданӣ нест. Дар он ҳолат ихтилофи онҳо ҳал мешавад, ки агар Амрико бихоҳад. Чун ки Амрико ва Аврупо тарафдори он ҳастанд, ки дар он минтақа ҳама вақт ихтилоф бошад. Чунки сарзамини Фаластин имрӯз як пойгоҳе ҳаст, ки ҳам Амрико ва ҳам Аврупо ва чанд давлати дигар мехоҳанд  силоҳи  худро аз озмоиш гузаронад. Вале он сарзаминро шикаста наметавонанд, на Исроил на Амрикою ва на Аврупо. Он сарзамин озодии худро ба даст меорад, чунки ин дар китоби муққадаси мусалмонон омадааст.

Агар аз нуқтаи назари геополитикӣ гирад Тоҷикистон бояд он мавзеъеро интихоб кунад, ки ҳам лаъл ба даст ораду ҳам ёр наранҷад.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос:
Ман аз номи ҳукумати Тоҷикистон чизе гуфта наметавонам, зеро дар ин бора масъулини ҳукумати Тоҷикистон ҳақи гуфтан доранд. Вале аз дидгоҳи шахсии ман ҳамчун як фарди мусалмон мо тарафдори бародари фаластинӣ ҳастем аз дидгоҳи диниамон аз дидгоҳи инсонӣ ҳам гирем фаластиниҳо мазлум ҳастанд, зеро яҳудиҳову исроилиҳо омада сарзамини инҳоро ишғол карданд. Тибқи эътирофҳои созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Созмони милали мутаҳид Исроил ҳамчун як кишвари ишғолгар аст ва боз мехоҳад, ки мардуме, ки 60 сол инҷониб ва як қисмати баъдияш 40 сол инҷониб дар зери ишғоли Исроилиҳо ҳастанд Исроил намехоҳад, ки ин сарзаминҳоро раҳо кунаду истиқлолияти фаластиниҳоро диҳад ва аз сӯи дигар боз талаб дорад, ки ин мардум ҳеч гуна иқдоме барои озодшуданашон накунанд, яъне ҳаққи муқовиматро бар зидди ишғолгар эътироф намекунанд. Исроилиҳо ба кӯчактарин амали фаластиниҳо як бар ҳазор маротиба бо неруҳои низомиашон ҷавоб мегӯянд, яъне агар фаластиниҳо бо ракетаҳои худсохти кӯчакашон ягон зарбае зананд ба тарафи Исроил, ки аз сад то яктоаш ҳам ягон зараре мерасонад ё не, онҳо бо ҳавопаймоҳову ракетаҳои замонавӣ ҷавоб мегӯянд, яъне аз ин тараф ҳам ҳақ бар ҷониби фаластиниҳо аст.

Холмаҳмад Cамиев, сиёсатшинос:
Фаластин барои ҳимояи манфиатҳои худ мубориза бурда истодаст ва Исроил худро ҳамчун давлати таҷовузкор нишон дода истодааст. Мувофиқи эъломияи Созмони миллали мутаҳид Фаластиниҳо ҳақ доранд, ки давлати худашонро ташкил кунанд, вале Исроил ҳадафҳои таҷовузкорона, ки дорад, намегузорад, ки фаластиниҳо давлат созанд. Ба назари ман табиист, ки Тоҷикистон манфиатҳои Фаластинро ҷонибдорӣ кунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)