Анастасия Петрик, намояндаи 10 солаи Украина баррандаи озмуни кӯдаконаи «Евровидение-2012» гардид.
Таронаи «Осмон» (Небо)-и Анастасия бо 138 имтиёз аввалин шуд. Мақоми дуюмро намояндаи Гурҷистон гуруҳи «The Funkids», ки соли 2011 дар зинаи аввал қарор гирифта буд, ба даст овард. Compass Band, ҳайати Арманистон сеюм шуд.
Озмуни кӯдаконаи «Евровидения» имсол барои даҳум маротиба доир гардид. Соли равон намояндаҳои 12 кишвари дар он ширкат доштанд. Мизбониии озмун бар души Амстердам буд.
Дар ин озмун беҳтаринҳо тариқи овоздиҳии тамошобинон ва доварони ҳирфаӣ баргузида мешаванд.
Мӯҳр