Бахшҳо
05 дек 2012 11:28Гузориш

Шубҳа дар шеваи таъмир

Таъмири бинои Маркази саломатии деҳаи Бостони шаҳри Ваҳдат, ки тули се моҳ давом дошт, ба анҷом расида имрӯз он  мавриди истифода қарор дода шуд. Ба гуфтаи масулини сохмон барои таъмири бино 15 ҳазор доллари амрикоӣ сарф гардид, аммо намуди зоҳирии бино ин гуфтаҳои масъулинро зери шубҳа қарор медиҳад.

Ба чашми оддӣ ҳам намоён буд, ки дар рӯзи авввали фаъолият (05-декабри соли 2012) аллакай нуқсонҳои ҷиддие ба назар мерасад, ки аз сифати пасти таъмири бино гувоҳӣ медиҳад. Дастаҳои дар аз кор баромада буданд ва маълум буд, ки барои таъмир маҳсулоти пастсифат истифода шудааст. Чун маблағгузори таъмири бинои мазкур сафорати ИМА дар Душанбе буд, дар маросими ба истифода додани он, сафир Сюзан Эллиот ҳузур дошт. Дипломати амрикоӣ гуфт: «Мо барои беҳтар намудани шароити аҳолии Тоҷикистон кӯшиш менамоем. Фарзанд, ки солим бошад, ҷомеа низ солим мешавад. Ман худ пеш аз дипломат шудан ҳамшираи шафқат будам ва медонам, ки ин чӣ хел кори душвор аст. Ва барои табибон ва ҳамшираҳои шафқат бояд дар мадди аввал шароити дурустро фароҳам овард».

Бояд зикр намуд, ки масъули таъмири бинои мазкур Ташкилоти «Couter part internetional» мебошад. Ин созмон яке аз ташкилотҳои байналмиллалие мебошад, ки дар қаламрави зиёда аз 65 мамлакат фаъолияти гуманитарии худро ба мардуми ниёзманд мерасонад. Он аз соли 1998 дар Тоҷикистон фаъоляит мекунад. Барномаҳои асосие, ки ташкилотро муаррифӣ месозад, барномаи кӯмаки башардустона мебошад. Дар давоми ин барнома лоиҳахои хурди барқарорсозӣ дорад, ки маблағгузории асосии лоиҳаҳои асосӣ сафорати Амрико мебошад.

Мӯмин Сиддиқов, директори ташкилоти мазкур ба хабарнигорон иброз дошт, ки аз ҷониби сафорати Амрико барои ҳар як лоиҳаи хурд 15 ҳазор доллар ҷудо мегардад.

Дар ин лоиҳа низ барои барқарор сохтани бино 15 ҳазор доллар сарф шудааст. Ӯ гуфт: «Пеш марказии саломатӣ фарсуда буд. Мо дар ин ҷо бомпӯш, қувваи барқ, қубурҳои об гузарондему  дару тирезаҳои пластикӣ насб кардем».

Ба қавли Хуршед Сабуров, сардухтури маркази саломатии деҳаи Бостон, бинобар набудани барқ дар фасли зимистон ба онҳо бештар шаҳрвандон бо бемориҳои роҳи нафас муроҷиат мекунанд. Ӯ аз ин нигарон аст, ки бо сабаби кам будани маоши табибон маркази саломатӣ аз норасоии кадрҳо танқисӣ мекашад: «Дар марказ мо 5 утоқи асосӣ дорем, барои занон, утоқи сардухтур, доругузаронӣ, бақайдгирӣ ва утоқи дандонпизишк. 8 нафар табибон дар бино фаъолият мекунанд, ки аз набудани мутахассисон танқисӣ мекашем. Худи ман ба ҷои ду духтур кор мекунам».

Маврид ба ёдоварист, ба маркази саломатии деҳаи Бостони шаҳри Ваҳдат беш аз 10 ҳазор аҳолӣ аз ду деҳа барои муолиҷа муроҷиат мекунанд.

Нилуфари КАРИМ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)