Бахшҳо
01 июл 2011 05:52Гузориш

Пора ҳам «рушд» кард

Мақомоти интизомии мо ҳам ёфтааст, бечора муаллим ва духтурро. Фасодро аз ҷои дигар ҷустуҷӯ бояд кард, ҷое, ки даст ба фасоди кабира мезананд…


Қимати муносибати «махфӣ» ё ҳаҷми порадиҳӣ дар Тоҷикистон ба маротиб боло рафтааст. Сӯҳроб Шарипов, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасте таҳти унвони «Ташаккули синфи миёна чун омили суботи низоми сиёсӣ…» ин нуктаро зикр кард. Ба гуфтаи ӯ соли гузашта натиҷаи тадқиқоти кормандони ин марказ оид ба муайян кардани сатҳи коррупсия нишон додааст, ки андозаи миёнаи пора аз соли 2006 то имрӯз се баробар зиёд шудааст. Агар соли 2006 андозаи миёнаи пора 480 сомонӣ бошад, соли 2010 ин нишондиҳанда ба 1800 сомонӣ расидааст. Ин чунин маъноро дорад, ки ё ҳаҷми порадиҳӣ зиёд шудааст ё даромади мардум нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шудааст, мегӯяд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти ахири Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Вазорати маориф фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ дар Тоҷикистон дониста шудааст. Зеро масъалаи порадиҳиву порагирӣ дар макотиби миёнаву олӣ миёни муаллимон ва донишҷӯён зиёд ба назар мерасидааст.
Чанд соли пеш асосан ин «маризӣ» дар донишгоҳҳо, миёни устодон ва донишҷӯёни макотиби олӣ бештар ба назар мерасид, аммо феълан мактабҳои миёнаи умумиро ҳам сироят кардааст. Ғаюр Қаҳҳоров, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ду наберааш дар мактаби миёна таҳсил мекунанд ва сари моҳ ҳар яки онҳо 30 сомонӣ месупоранд. Лекин ҳангоми имтиҳонҳо муаллимон боз 150-200 сомонӣ талаб мекунанд.

Гуноҳи кабира ё сағира?
Дар ин маврид Ҳамза Наврӯзов, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф чунин назар дорад, ки рӯйхати хизматҳои пулакӣ дар макотиби миёна аз ҷониби ин ниҳод мушаххас шудааст, вале бори аввал аз чунин як ҳодиса хабардор шудааст, ки дар имтиҳонҳо пул мегиранд ва ин ҳам бо ҳаҷми 150-200 сомонӣ. Вай таъкид кард, ки ин мавзӯъро дида мебароянд ва агар далелҳо собит шаванд, аз чунин амалҳои ношоиста пешгирӣ хоҳанд кард.
Аммо иддае аз коршиносон бар ин боваранд, ки муаллимон ва духтурон табақаи аз ҳама дастраси аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз ҳамин хотир даст ба фасод доштани онҳо зуд ошкор мешавад. Лекин дар асл ниҳодҳои дигаре мавҷуданд, ки кормандони онҳо нисбат ба Вазорати маориф фасодзатар ҳастанд. Донишманди тоҷик, Абдунабӣ Сатторзода бар ин назар аст, ки даст ба фасод доштани муаллим, устоди бечора аз рӯи таъбирҳои диниву мазҳабӣ ин гуноҳи сағира аст, на кабира ва кирои гап намекунад. Ин мақомоти интизомии мо ҳам фақат ёфтааст бечора муаллим ва духтурро. Фасодро аз ҷои дигар ҷустуҷӯ бояд кард, ҷое, ки даст ба фасоди кабира мезананд, мегӯяд ӯ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон маориф асос ва пояи ҳамаи соҳаҳои дигар аст ва он коре, ки имрӯз устод бо шогирд дар масъалаи фасод анҷом медиҳад, барои насли ояндаи кишвар дарси ибрат хоҳад шуд ва донишҷӯи имрӯза, ки устоди фардо дониста мешавад, бо наслҳои минбаъда низ чунин амали ношоистаро раво хоҳад дид. Аз ин рӯ фасоди маорифро ҳам гуноҳи андак набояд ҳисобид. Вале ҳамзамон гуфта мешавад, ки шароити носозгори иқтисод феълан муаллимонро маҷбур ба чунин амалҳо мекунад ва агар онҳо маоши хубе ба даст оранд, ки ниёзи моддиашонро бароварда кунад, ба таври табиӣ тарки ин амалҳоро хоҳанд кард.
Исфандиёр Халилӣ
{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)