Натиҷаҳои мулоқоти Армен Арутюнян бо мақомоти гуногуни Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Дар робита ба ин вазири умури хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ намояндаи минтақавии дафтари комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт. Намояндаи олирутбаи СММ оид ба натиҷаҳои вохӯриҳояш бо мақомоти адлия, Суди Олӣ, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон , намояндагони ҷамъиятӣ иттилоъ дод. Зимнан, масоили ҳамкории Тоҷикистон бо дафтари мазкури СММ баррасӣ гардида, аз тавсеаи он изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Мӯҳр