Бахшҳо
15 дек 2012 04:53Иҷтимоӣ

Танқид - меваи истиқлолият?

Ин ҳақиқатро дар телевизиони тоҷик магар ба дурустӣ дарку фаҳм накардаанд?

"Додрасу" "Тозиёна"-ро муш бурд?

Тайи чанд соли охир таваҷҷуҳу рағбати мардуми тоҷик тадриҷан коста гардида ва чаҳор шабакаи телевизион аслан натавонистанд барномаҳои ҷолибу ҷаззоби диданӣ ва шавқбарангез таҳияву пахш созанд. Албатта, аз як идда барномаҳое то ҷое навҷўёнаи адабӣ наметавон чашм пўшид, бахусус "Сайди маънӣ"-и шоир Давлати Раҳмониён. Аммо маълуми масъулони телевизион бод, ки бо як гул баҳор намешавад.

Ҷустуҷўву ковишҳои ҳирфаӣ, мусоҳибаву гузоришҳои ҷадиди диққатҷалбккунанда ва таҳияи барномаҳои проблемавию танқидӣ банудрат ба чашм бармехўранд. Ҳол он ки тамоми воситаҳои ахбори омма, мустақилу озод ва ҳукуматию расмӣ боя д ва барои ҳамеша бо созмон додани маводу матлаб ва барномаву намоишҳои дилангез, ки дарунмояи онҳоро таҳлилу муҳокимаҳо ва ҳаллу фасли ину он мушкилот ва масоили доғи ҳаёти рўзмарраи мардум ва дар маҷмуъ, ҷомеа фаро гирифта бошанд, талошу пайкор намояд. Агар аз ин зовия бо намоишҳои чанд соли охири телевизиони тоҷик назар бидўзем, ошкоро мебинем, ки чаҳор шабакаи он аз баёну зикри сухану воқеияти талхи зиндагӣ, дарду мушкилоти райияти заҳматкаш ва ба як сухан, ифшои камбудиву норасоиҳои фаровони маълуми ҷойдошта парҳез ва иҷтиноб меварзанд. Пурсида мешавад, ки чаро?

Магар дар 21 соли даврони соҳибистиқлолӣ кули мушкилот ва проблемаҳои рўзгори ҷомеа ба пуррагӣ роҳи ҳалли худро ёфтанд? Оё дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ ба дастовардҳои бениҳоят бузургу тасаввурпнопазир ноил гардидем, ки дигар аз ситоиш, васфу мадҳиясароӣ ва пахши барномаҳои каммоя ва якнавохту дилзананда ҳеҷ намехоҳем ё наметавонем даст бикашем? Наход? Чаро телевизион аз басо мавзуоти дардзо ва наздик ба дили мардум худро канор мегирад? Солҳое қабл, бо ибтикори журналист Давлат Сафаров (тақрибан солҳои 2002-2003) барномаи танқидию ҳаҷвии "Додрас" рўи навор баромада буд, ки дар ошкору фош намудани камбудиҳову норасоиҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи вақти кишвар нақши мондагаре мебозид. Кормандони телевизион, ки барномаи мазкурро омода ва пахш мекарданд, бавижа, дар дарёфти биноҳои фатаротгардидаву садамавӣ ва аз ҳам рехтаи мактабҳои деҳот, бемористону бунгоҳҳои тиббӣ, нарасидану нокифоятии масъалаҳои доғ, чун камбуди оби ошомиданӣ, мавҷуд будани роҳҳои валу валангор, бемасъулиятию фориғболии роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва монанди ин, дарвоқеъ, маҳорату ҳунари баланд зоҳир намуда, барои рафъи камбудиҳо талош ва пофшифӣ мекарданд. Чунон ки омўзгори мактаби №51-и ноҳияи Рўдакӣ Насриддин Давлатов иброз медорад, соли 2003 маҳз ба василаи барномаи "Додрас", ки кормандони он аз мактаби деҳа дидан карда буданду намоиши муассире таҳия карда буданд, муддате ба сарварони ноҳияи Рўдакӣ маҷбур гардиданд, ки бинои ҷадиди мактабро сохта ба истифода бидиҳанд.

Ё то ҳол сокинони деҳаи Мачитони шаҳри Ваҳдат аз он барномаи танқидӣ ба некӣ ёд меоранд, ки маҳз тавассути рўи навор омадани бинои фартуту аслан рўи таъмирро надидаи бемористони касалиҳои сил дар телевизион мақомот ба таъмиру тармим ва азнавсозии иморати он шурўъ карданд ва ҳамакнун ба ин бинои озода ва бо дастгоҳу асбобҳои навтарини муосири тиббӣ муҷаҳҳаз бингариста кас ҳеҷ гумон намекунад, ки он ҳамон бемористони фарсуда бошад. Аз ин гуна мисолҳо, аз дигар шаҳру навоҳӣ метавон фаровон иқтибос кард. Аммо муҳим ин сифатчинӣ набуда, балки таъкиду пешниҳод ба кормандони феълии чаҳор шабакаи телевизион ва сарварони онҳо мебошад, ки чашми ҳақбини хешро калонтар бикшоянду аз дарду мушкилот ва шикоятҳои мардум сухан дар миён андозанду намоишҳои писанди хотири мардум тайёр намоянд. Ҳатто барномаи ҳаҷвии "Тозиёна" низ аз байн рафтааст, ки мўҷиби нигарони тамошогари имрўзист. Тавре ба назар мерасад, ки роҳбарияти телевизиони мамлакат ба ҳеч ваҷҳ намехоҳад, ки дар барномаву гузорише аз танқид кор гирифта шавад. Бо чунин сабку шева амалу фаъолият кардан маънои аз даст додани тамошогарони дилбохтаву писандидаро дорад. Бовар кунед!

 

Нигоҳи ҳунармандонаи рўзноманигорӣ куҷост?

Маъмулан, дилхоҳ рўзноманигор боястӣ нигоҳи хосаи ҳунармандонаи ҳирфаӣ дошта бошад. Бахусус, ҳангоми дарёфти ину он мавзуъ проблема ва мушкилоти ташвишбарангези мардум. Мисол бисёр аст дар ин боб. Бигирем азобу сарсониҳо ва оворагиҳои муҳоҷирони тавилдарагиро, ки тайи 9 моҳ мушкилоташон ҳаллу фасл он тараф истад, балки осон намегардад. Бархе агар ба ноҳияи Қумсангир муҳоҷир шуда бошанд, аслан барояшон шароитҳои зарурӣ, ба мисли гузаронидани хати барқ, таъмини оби нўшокӣ ва роҳои мумфарш билкул мавҷуд нест. Ва ин вазъ касеро аз роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳияи мазкур ба ташвиш наовардааст.

Исмонбек Шукуров, як нафар ҷабрдидаи заминларзаи субҳи 13-майи соли равон дар Тавилдара борҳо ба мақомоти масъул то дастгоҳи иҷроияи Президент арзу шикоят бурдааст, аммо мақомоти иҷроияи Ҳукумати нҳияи Тавилдара муроҷиатҳои бешумори ин ҷавонмардро ба як пули пучак нагирифтаасту намегирад. Ҳол он ки вақти ташрифи худ ба маҳаллоти офатдида Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба модари Исмоилӣ-Сайрамбии 94-сола вохўрда гуфта буд, ки шуморо бесарпаноҳ намемонам. Ҳамагӣ бо хонаву дар, манзили зист ва ҳавлӣ таъмин карда хоҳед шуд. Баъд чӣ шуд?

Ҳайати кормандони ҳодисаҳои фавқулодаи ноҳия аз наздик бо вазъи садамавию аз ҳам рехтаи бинои манзили зисти пиразан шинос ҳам нагардида, хулосаи шигифтангезе бароварданд, ки хонаи Сайрамбибӣ ҳамагӣ 30 дар 100 зарар дидаасту халос. Ва ба онон бад-ин хотир, ягон хел замини назди ҳавлигӣ ҷудо ва кўмак низ карда нашудааст. Ба ҳоли зори ин хонавода, махсусан, деворҳои кафидаю тарқида ва дару тирезаҳои харобгардида бингариста реш мегардад дили кас. Пас, оё роҳбарони ноҳия амри Президентро бо ҳамин наҳва ба сомон мерасониданд?

Дирўз буд, ки Усмоналӣ аз Тавилдара занг зада, бо садои маҳзун ва ғам дар гулў мегуфт, ки баҳри зимистон хостем ба мақомот муроҷиат кунем, то хонадони моро бо ангишт таъмин кунанд. Аммо роҳбарият арзи моро шунидан он тараф истад, арбада бардошта, гуфтааст, ки "аз ин ҷо дафъ шавед, умуман, аз Тавилдара баромада биравед". Кунун суоли матраҳ ин аст, ки магар телевизиони тоҷик наметавонад, ба дарду машаққати ин мардум расидагӣ кунад? Оё сокинони ҷабрдидаи ноҳияи Тавилдара дар шумули шаҳрвандони Тоҷикистон дохил намешаванд?

Ва чунин мураккабиву ноҳамвориҳо дар ҷомеаи имрўзаи тоҷик бас зиёд ба чашм мерасад, ки перомуни сабабу зуҳури он масоил мешавад барномаҳои таҳлилию танқидии ҳадафманд омода ва пахш намуд. Вале телевизион ҳамеша пойбанди амру фармон ва қарору нишондодҳои Ҳукумат, маътал ба ишораву ҳидоятҳост. Ҳамин рўз Ҳукумат мавзўи ғорат ва тороҷи заминро ҳамчун моликияти истисноии давлат ба миён гузошт, дар соат телевизион ва ташкили намоишҳои проблемавӣ камари ҳиммат мебандад. Оё кормандон ва роҳбарияти садову симо наметавонанд ба гунаи мустақил ва эҷодкорона худ ин масоилро пайгирӣ ва пешниҳод намоянд ба тамошобин? Дурандешиву канора ҷустан чаро? Чашми нозукбин куҷост, ки аз бедодгариҳои руасои ҷамоат ва мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ бонги изтироб баланд кунад? Ҷасорату иродат ва ҳақиқатнигорӣ оё вуҷуд дорад дар байни ҳайати эҷодии ин ниҳод ё хайр?

 

Филмҳои тасвирии булаҷаб

Дар суҳбати як нафар сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ-Юсуфов, ки муаллими таҷрибаманду собиқадори мактаби миёнаи №11 нигаронӣ кард, ки телевизиони "Баҳористон" бо намоиши филмҳои тасвирии беҳадаф, ки бахши аъзами онҳо ба синну соли наврасон мувофиқат намекунанд, ба зеҳну тафакури мактабиён латма ворид мекунанд. Мавсуф гуфт, аз намоишҳои такрор ба такрор ва бетанаффуси ин гунна филмҳо беҳтар набуд, ки вохўриву мулоқот бо адибон, муаллифони китобҳои дарсӣ ва гузоришҳову очеркҳои пурмуҳтавою рангин дар хусуси омўзгорону устодони варзида таҳия ва пахш шаванд? Мешавад, ки дарсҳои алоҳидаи муаллимон аз фанҳои гуногун чун намуна ба хонандагони макотиби имрўза пешкаш гарданд.

Танҳо ин гунна барномаҳо бояд шавқовару ҷолиб ва дар сатҳи баланди касбӣ эҷод ва мураттаб карда шаванд. Аммо ҳоло ин ҳама пешниҳод номаълум аст, ки кай амалӣ хоҳанд шуд.

 

Филмҳои туркӣ: бошанд, ки бошанд?!

Мушоҳидаҳои солҳои охир бозгўи онанд, ки қисмати зиёди шаҳрвандон дигар майлу рағбати амиқи тамошои барномаҳои қолабӣ ва панду насиҳатии якранги телевизионро надоранд. Онон ё аз тамошои намоишҳои гуногунмавзўи телевизиони моҳвараӣ баҳра мебаранд ё бештар ба силсилафилмҳои туркӣ рў меоранд. Халои иттилоотӣ, набудани мавзўҳои серпаҳлўи пурғунҷоиш ва таҳлилҳои бавусъат атрофии проблемаҳои мавҷуда мардумро кайҳост аз тамошои барномаҳои телевизион дилсард гардондааст. Сари ин мушкил ҷиддан бояд андеша кард.

Мо алҳол аз ҷиҳатҳои сиёсии масъала ҳарфе дар байн наандохтем.

Озодии комили сухан дар телевизион ҳанўз вуҷуд надорад. Намояндагони созмонҳову иттиҳодияҳои мухталиф ва ҳизбу ҳаракатҳо ба ифшои нуқтаи назари созандаи худ дар шабакаҳои телевизион ҳаққи қонунӣ доранд. Ё не?!

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)