Бахшҳо
27 дек 2012 10:39Сиёсат

Ишқи Афзалов ба риш, худошиносии И. Шарифов, адвокатии муфтӣ

Ба назар мерасад, ки раҳбарони ин ё он ниҳоди давлатӣ дар Тоҷикистон хеле фаъол шудаанд. Мансабдорони кишвар то ҷое масъулияти худро ҳис кардаанд, ки дар ин авохир ҳатто аз доираи салоҳияти худ фаротар мераванд. Ба эҳтимоли зиёд вазирону раисон ҳангоми мавқеъгириву пахши изҳорот баҳри гурез аз мушкилоти беҳисоби ҷомеа огоҳона ба баррасии мушкилоти дигар бахш шурӯъ мекунанд. Онҳо аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ набаромада, талош мекунанд то диққати мардумро ба дигар сӯ ҷалб кунанд. Дар мавриди мансабдорони "фаъол" мо метавонем феҳрастеро инҷо биорем.
Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлонро метавон садрнишини ин феҳраст кард. Мантиқан раисони вилоят бояд, ки тамоми неруву дониши худро барои рушди бахшҳои мухталифи минтақаашон сарф кунанд. Аз амалу гуфтаҳои ҷаноби Афзалов метавон хулоса баровард, ки дар ҷануби кишвар мардум ҳеч мушкилоте надоранд.

Сокинони ин вилоят бо барқ таъмин буда, гӯё системаи гармидиҳӣ дар шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа фаъолият бошад. Агар дар гузашта ин вилоятро бо мизони баландтарини ҷиноят мешинохтанд, пас ҳоло бо талошҳои Ғайбулло Афзалов мардуми  Хатлон дар қатори афроди "хушбахтарин"-и ҷаҳон ном гирифта мешавад. Ангор шаҳрвандони ин ноҳия бо ҷойи кор таъмин буда, муҳоҷирати дохиливу берунӣ дар ин минтақа  аз байн рафтааст. Таъсис корхонаҳои саноатӣ низ дар авҷ аст. Ин ҳамаро барои он мегӯям, ки суханони Ғайбулло Афзалов ҳангоми сӯҳбат бо сокинони ноҳияи Ёвон касро ба чунин хулоса водор месозад. "-Ман ҷиддӣ мегӯям, ки ҷавонон набояд риш дошта бошанд", бо таъкиди ин суханҳо раиси вилояти Хатлон ҳамчунин аз фаъолият ва мавъизахонии рӯҳониён интиқод кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони ин вилоят бидуни ин огоҳӣ низ бештари мавъизаҳои имомхатибон ба мавзӯъҳои истиқлол ва амнияти кишвар бахшида шудааст.

Албатта Ғайбулло Афзалов аввалин мансабдоре дар ин кишвар нест, ки аз доштани риш шикоят кунад. Аслан фикр мекунем, ки мансабдорони тоҷик аз риши шаҳрвандон ҳассосият доранд. Эҳтимолан бо дидани риш вуҷуди онҳоро ларза ва ё ҳаросе пахш мекунад, ки дигар аз шахсият ва вазифаи худ дар ин ҷомеа фаромӯш мекунанду даст ба ҳалли мушкилоти озодии мазҳаб мезананд. Вагарна дар ҷомеае, ки иддаъои демократӣ будан дорад, аз маҳкум кардани ришгузорӣ барои  мусалмонон  чӣ гуна метавон хулоса баровард? Инҷо аз Ғайбулло Афзалов суол мешавад, ки давоми 5 соли фаъолияти худ барои вилояти Хатлон чӣ хидматҳое ба анҷом расонидааст? Чӣ гуна ва дар асоси кадом қонун номбурда аз "ифротгароӣ"-и ва намуди зоҳирии шаҳрвандон шикоят мекунад? Пурсиши дигар аз ҷаноби Афзалов ҳам ин аст, ки бо доштани чунин имкон чаро барои таъсиси кадом корхонаи саноатӣ дар ин минтақа саҳм нагузошт? Ба эҳтимоли зиёд Ғайбулло Афзалов талоши ба даст овардани эътимоди ҳукуматро дорад. Агар дар ҳар кишвари дунё раҳбарони вилояту шаҳрҳо бо рушди бахши иқтисоду саноат эътимоди ҳукумати марказиро ба даст оранд, дар Тоҷикистон вазъ тамоман дигар аст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати марказии моро танҳо ифротгаро нагардидани шаҳрвандон ташвиш медиҳад. Дар мавриди рушди бахши иҷтимоиву зиндагии роҳаттари мардум онҳо ҳеч коре надоранд. Ғайбулло Афзалов низ ҳамакнун кӯшиш мекунад, то аз феҳрасти "любимчикҳои" ҳукумат берун наравад.

Бояд гуфт, ки раҳбарони шаҳру вилоятҳо то ҳадде машғули бартараф кардани "мушкилот"-и мазҳабӣ гаштаанд, ки дигар коре барои муфтии №1 -Сайидмукаррам Абдулқодирзода намондааст. Зоҳиран имрӯзҳо раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон хостори ба даст овардани мансаби дигаре аст. Зеро бо вуҷуди фаровон поймол гаштани ҳуқуқҳои мусалмонони кишвар номбурда то имрӯз боре ҳам барои дифоъ аз озодии виҷдони шаҳрвандон баромад накардааст. Борҳо бонувон бо истифода аз минбарҳои гуногун шиква аз муносибати мансабдорони давлатӣ нисбат ба рӯсариашон карданд.

Ҷавонон низ нигаронӣ аз он доштанд, ки дар солҳои охир гузоштани риш боиси баста шудани дарҳои мақомоти давлатӣ барояшон гаштааст. Ришҳои ҷавонону мардонро дар хиёбонҳову идораҳои давлатӣ "чен" кардаанд, вале муфтиро ба ин коре набуд. Гузоштани намоз дар муассисаҳои давлатӣ манъ шуда, занон низ аз масҷид берун шуданд. Имомхатибони масоҷид низ дигар ҳуқуқи мустақилона интихоб кардани мавзӯи ваъзи худро  надоранд. Ба эҳтимоли зиёд ҳангоме, ки ҳуқуқҳои мусалмонон дар Тоҷикистон як ба як маҳдуд мегардад, Сайидмукаррам Абдулқодирзода машғули таҳлили вазъи буду бошӣ шаҳрвандон дар зиндонҳо аст. Таҳлили ин масъала ва интиқоди шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазъи зиндониён то ҷойе "муллои №1"-ро ба ваҷд овард, ки дигар номбурда хомӯширо ихтиёр карда натавонист. Дар баромади охири худ Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд надошта, расонаҳои хабарӣ иғвоангез шудаанд. Аҷиб. Раҳбари Шӯрои уламо дар ҳоле мавҷудияти шиканҷаро дар маҳбасхонаҳо рад кард, ки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне додситони кулл Шерхон Салимзода ва Изатулло Шарифов, раҳбари раёсати зиндонҳои Тоҷикистон вуҷуд доштани шиканҷаро эътироф карданд.

Раҳбари шӯрои уламо дар ҳоле даст ба ҳалли масоили дигар мезанад, ки тибқи қонунгузориҳои кишвар дин аз давлат ҷудост. Илова бар ин новобаста аз вазъият ва сиёсати давлат раҳбарони шӯрои ӯламо назди мардум танҳо як вазифа доранд- ин дифоъ аз ҳуқуқҳои динии шаҳрвандон мебошад.

Тазодро бубинед,  ки Абдуқодирзода мехоҳад Шарифовро сафед  намояд ва Иззатулло Шарифов бошад амали ҷинояткоронро ба Худо месупорад. Чанд моҳе қабл Ҳамза Икромзода, сокини ноҳияи Ҳисор дар яке аз зиндонҳои пойтахт кушта шуд. Наздикони Ҳамза Икромзода барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин ҷиноят ба назди Изатулло Шарифов додхоҳӣ омаданд. Изатулло Шарифов онҳоро ноумед накард. Раҳбари раёсати зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, ки муҷримони қатли Икромзода ҳатман муҷозот хоҳанд шуд. Шояд ин ягона ҳолат ва мансабдори давлатие дар Тоҷикистон бошад, ки дар он мавҷудияти адолати худоӣ ва беҷавоб намондани ҷиноятро эътироф кард. Изатулло Шарифов ба саволҳо ва додхоҳии модари Икромзода такрор ба такрор мегуфт, ки ин ҷиноят беҷавоб намонда, қотилони фарзандашро Худо ҳатман  хоҳад зад.

Намефаҳмам. Сардори зиндонҳо гунаҳгорро ба Худо месупорад, раиси вилоят ба риши ҷавонон ҳуҷум мекунад, муфтӣ аз зиндонбонон ҳимоя мекунад, ин чӣ маъно дошта метавонад? Шояд сиёсати хирадмандона?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)